ВОКУНИШ
АРЗИШҲОИ МЕҲВАРӢ
- Подробности
- Опубликовано 15.06.2016 09:38
Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов "Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ
(Дар доираи шуури муқаррарӣ)"
Яке аз муҳимтарин омилҳои тақвияти ваҳдат, устувории давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи кишвар ин аст, ки аксари афроди ҷомеа дар мавриди интихоби мавқеи сиёсӣ доир ба масъалаҳои усулӣ, аз ҷумла тамомияти арзӣ, Истиқлолияти давлатӣ, амну суботи сиёсӣ тавофуқи назар дошта бошанд. Зеро масъалаи муайян кардани арзишҳои меҳварӣ ва тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи эҳтирому эътиқод ба ин арзишҳо, аз қабили масъалаҳои бунёдиест, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷомеа ҳангоми таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба он ҳамеша осебпазир хоҳад буд.
Дар ҷомеаҳое, ки арзишҳои меҳварӣ ва умумимиллӣ ҳанӯз ташаккул наёфтаанд ва аҳли ҷомеа волоияту авлавияти ҳеҷ як арзишеро ҳамчун арзиши дахлнопазир эътироф накардааст, табиист, ки қишрҳои мавҷудаи ҷомеа ҳар яке аз рӯи ҳадафҳои худ арзишҳои мухталиферо ҳамчун арзишҳои асливу меҳварӣ ба тамоми ҷомеа таблиғ ва талқин мекунанд. Маълум аст, ки дар чунин ҷомеаҳо наметавонад фазои фикрӣ ва сиёсӣ бе кудурат ва бархӯрдҳо бошад.
Боиси таассуф аст, ки аксарияти афроди ҷомеаи мо нисбат ба арзишҳои милливу давлатӣ муносибати бетарафона ва ҳатто манфӣ доранд. Аксари мардум ба бегонапарастӣ одат кардаанд ва нисбат ба арзишҳои ғайримиллӣ эътиқодманданд. Ин аст, ки мафҳуми ватанпарастиву миллатдӯстӣ барои онҳо мисли як шиори хушки минбарӣ садо медиҳад ва дар умқи дилу ҷавҳари ҷони онҳо ҷойгузин нашудааст. Чунончи, С. Ятимов менависад: «Иқрор бояд гашт, ки хиёнат ба Ватан, муддатҳо зери асорат мондани миллат, аз даст рафтани бутунии қаламрави кишвар, ба ҷангу хунрезӣ кашидани мардум, зери шубҳа гузоштани мавҷудияти давлати миллӣ, ташвиқу тарғиби ҳисси бегонапарастӣ ба рӯҳияи миллӣ ва характери миллӣ бетаъсир намемонад. Дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя онро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Дар асоси ҳамин таҷрибаи таърихӣ, таҳлил ва арзёбии воқеият яке аз асосгузорони материализм барҳақ таъкид мекунад: «Аз оне, ки полякҳо аз худ камбудӣ ба намоиш мегузоранд, гуноҳи ғосибони сарзамини онон мебошад».
Гуногунмеҳварии арзишҳои як ҷомеа олату абзори тафриқаангезии бозингарони сиёсии сатҳи байналмилалӣ аст. Ин гуна вазъи ақидатӣ ахиран боиси ба бунбасти низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ кашидани ҷомеаҳои пароканда таркиб хоҳад шуд. Коргардонҳои саҳнаи сиёсати байналмилалӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани лаҳзаҳои кулминатсионии ҷангҳои хунин қаблан ҷангҳои сардро тарҳрезӣ мекунанд, ки ин ҷангҳои сард маҳз аз тафриқаангезии ақидатии ҷомеаҳо шурӯъ мешаванд. Гуногунмеҳвар кардани арзишҳои як ҷомеа метавонад дар шакли ихтилофҳои диниву мазҳабӣ, қавмиву маҳаллӣ ва амсоли инҳо роҳандозӣ шавад. Равандҳои сиёсии солҳои охир дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бозгӯи он аст, ки ҳатто дар ҷомеаҳое, ки арзишҳои меҳварии устувор доранд, ин лоиҳаҳо ба осонӣ метавонанд татбиқ карда шаванд. Аз ин рӯ, паёмадҳои махуфи мушкилоти мазкурро дар ҷомеаи мо, ки дар он ҳанӯз арзишҳои миллӣ, мутаассифона, ба арзишҳои меҳварӣ табдил наёфтааст, бояд ҷиддӣ ба эътибор гирифт. Таъкиди С. Ятимов дуруст аст, ки мегӯяд: “Дар хотир бояд гирифт, ки омили психологияи ҷамъиятӣ тавъам бо шуури рӯзмарра - сатҳ, сифат, мундариҷа ва майлони он дар муносибат бо манфиатҳои миллӣ аз мавзӯъҳое мебошанд, ки доимо дар мадди назари мухолифони давлатдории миллии мо ҳастанд. Кӯшишҳои суистифода аз нуқтаҳои заъфи он тавассути душманони давлатдории миллӣ ба тарзи доимӣ мадди назар гирифта мешавад. Ин аксуламалро дар муқобили ҳар зуҳурот ва ташаббусе, ки метавонад ба рушди миллӣ, сулҳу субот дар ҷомеа созгор бошад, мушоҳида кардан мумкин аст. Фазо ва замон барои озмоиши ин фарзия ҳама вақт имкон медиҳад”.
Яке аз масъалаҳои бунёдии амнияти миллӣ он аст, ки миллат воқеияти олами ҳастӣ, аз ҷумла воқеияти таърихӣ, манфиатҳои миллӣ, муҳимияти истиқлолияти сиёсӣ, омилҳои суду зарар ва амну хатари худро, ки боиси афзоиши қудрат ва ё иллати зиллати он мегардад, бояд дуруст дарк намояд. Дар ҳолати дуруст дарк накардани ин масъала ва ё баръакс тасаввур кардани он амнияти миллӣ аз бунёд ба вартаи хатар меафтад. Ҳеҷ хатаре барои амнияти миллӣ ҷиддитар аз хатари дохилии бунёдӣ нест.
Ҳаргиз набояд гумон кард, ки ба ҳайси арзишҳои меҳварӣ таблиғ гардидани арзишҳои миллӣ маънии инкори арзишҳои диниро дошта бошад. Арзишҳои динӣ дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи худро доранд. Муносибати давлат бо дин дар ҷомеаҳои мутамаддин вобаста ба моҳияти сиёсат сурат мегирад. Чун сиёсат василаи идора кардани ҷомеа ва миллионҳо нафар одамон ва дин низ идеология буда, василаи таъсир бар зеҳну амалу андешаи мардум аст. Умуман, дар сиёсат бояд аз ҳамаи неруҳои мавҷудаи ҷомеа ҳатталимкон ба навъи давлат истифода гардад.
Барои он ки рӯҳониён нисбат ба давлати миллӣ он гуна муносибат надошта бошанд, ки бо давлати Сомониён дар мавриди ҳуҷуми аҷнабиён доштанд, зарур аст, ки барои табақаи рӯҳонии миллат низ мақоми арзишҳои миллӣ ҳамчун арзишҳои меҳварӣ муътабар бошад. Дар ҷомеае, ки фазои сиёсиву идеологии он беш аз ду қутб дорад, наметавонад ба таври муътамад ва воқеӣ ваҳдати иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд.
Дар низоми маориф бояд ба хотири ташаккули ҷаҳонбинии густурдаи насли наврас омӯзиши фанҳо бо назардошти робитаи мутақобилаи моҳиятии онҳо беҳтар аз пештар ба роҳ монда шавад. Таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олии кишвар ва ҳатто омӯзгорони мо агарчи доир ба фанҳои мухталиф маълумоти муайян доранд, аммо ин маълумотро, мутаассифона, аксаран дар зеҳни худ дар шакли парокандаву бенизом ҳифз карда, онҳоро ба ҳам робитаи таҳлилӣ ва моҳиятӣ дода наметавонанд. Онҳо маълумоти зиёди илмӣ доранд, аммо дар амри ба ҳам рабт додани маълумот ва дарки илмии ягонагии ашё ва воқеаҳо мушкилӣ мекашанд. Мо толибилмонро бо донишҳои фаннии мухталиф мусаллаҳ менамоем, аммо дар зеҳни онҳо ин донишҳоро ҳамчун як низоми тому мукаммал ба ҳам алоқаманд наменамоем. Ҳатто аксарияти омӯзгорони фанни таърих ва гузашта аз ин, масъулони осорхонаву мамнуъгоҳҳои таърихӣ низ иттилооти таърихиро бидуни ҳадафҳои идеологӣ ва созгории он бо ғояҳои миллӣ мавриди корбурд қарор медиҳанд, ки ин аслан ба набудани дастурамали мушаххаси умумӣ дар самти пешбурди корҳои идеологӣ марбут аст. Ҳол он ки қишри мазкур аслан бояд идеологҳои давлат бошанд. Барои ҳар як миллат ғайр аз нишонаҳо ва василаҳои муттаҳидсозе, чун забон, расму анъанаҳои умумӣ, фарҳанг ва амсоли инҳо, инчунин доштани неруи ҳаракатдиҳанда аз муҳимтарин омилҳои рушд ва бақо маҳсуб меёбад, ки он рӯҳияи миллист. Дар ҳолати набудани ин неру бақои миллат ҳамчун низоми том зери хавф мемонад. Миллат шавқи талошҳои ҳадафмандонаро аз даст медиҳад ва тавонмандии худмуҳофизативу муқовимати он ба таъсиргузориҳои дохиливу хориҷӣ мекоҳад.
Барои рушди миллату пойдории давлат тарбияи насли созанда аз зумраи муҳимтарин омилҳост. Аммо насли созанда маҳз дар заминаи афкори созанда ба вуҷуд меояд. Пас, муҳимтарин кори имрӯзи давлат ва ҷомеаи мо бояд иршоду тарбият ва таълими насли наврас тибқи меъёрҳои миллӣ бошад. Таъхиру беэътиборӣ ва ё камтаваҷҷуҳӣ ба ин масъала мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи моро қадам ба қадам бештар мекунад ва ҳатто метавонад истиқлолияти сиёсии миллатро ба вартаи хатар андозад. Дар ин бора таъкиди зерини С. Ятимов бисёр бамаврид аст: «Дар кори созандагии рӯҳшиносӣ ва маънавиёти миллӣ, шароити мусоиди таърихӣ баъд аз ҳазор сол ҳамакнун фароҳам омадааст. Набояд онро аз даст дод».
Назрӣ АСАДЗОДА, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» №95 аз 19-уми майи соли 2016