Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ТАҲАММУЛПАЗИРИИ КАБИРӢ КУҶО ШУД?

Саҳифаҳои иҷтимоиро дар шабакаи Интернет варақ мезадаму чашмам ба суҳбати раиси ҳизби мамнуъгаштаи ҲНИТ афтод, ки дар ҳамин рӯзҳо баргузор шудааст. Бозаш кардам ва шунидам.

Хеле суҳбати дурудароз ва батафсиле кардааст. Чун ҳамешагӣ ва бо хислати ба худаш хос аз боби истилоҳоти баланде суханпардозӣ мекунад. Дар бораи миллат мегӯяду бедории он, истиқлолияту арзишҳои миллӣ, зулму инсофу мушкилоти иҷтимоӣ ва монанди инҳо. Танҳо ҳамаи инро бо оҳанги шигифтолуда, шеваи пушаймонӣ ба забон меоварад. Дар мушкилиҳои миллат огоҳона ва бо забон ҳукуматро гунаҳгор месозад, лекин дар асл аз гуфтораш эҳсос мегардад, ки ба сад дар сад гунаҳгор буданаш худаш қоил аст. Танҳо ӯро намемонанд, ки дар ин бора рӯирост гӯяд. Ӯ медонад, ки ба чӣ ҷинояти мудҳише ҳамҳизбонашро тела дод. Худаш ҳам қоил мешавад, ки нисбати онҳо баровардани ҳукми ҳабси абадро «интизор будааст».

Албатта медонист! Номзади илмҳо бошад, мардумро дониста ҷониби таббаддулот ва ғасби ҳукумати қонунӣ барад, албатта медонад, ки дар сурати шикаст кадом сарнавишт онҳоро интизор аст.

Албатта медонист! Агар намедонист ҳеҷ гоҳ худу пайвандонашро қаблан берун намекашид ва дигаронро ба ин пайроҳаи ҷиноят раҳнамун намесохт. Пайроҳае, ки аз нахуст ҷониби ҷиноят мебурд.

Барои иддае, ки мафкураи динӣ дар мағзашон пурра ғолиб омадааст, арзишҳои миллӣ, худи миллат ва асолату ҳувияти он ҷойгоҳе надоранд. Онҳо дар ҳама давру замонҳо муқобили ин арзишҳо ҷангидаанд ва баҳри нестиашон кӯшидаанд. Баъзе таҳрифнависони таърих дар солҳои «навсозии горбачёвӣ» ва давраи тоза ба истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавонистанд ҷаҳолатҳо ва даҳшатҳоеро, ки хилофатҳои аввалини исломӣ нисбат ба миллатҳои дигар, алалхусус тоҷикон анҷом дода буданд, то андозае аз хотироти мардум тоза намоянд ва бо истифодаи эътиқодоти динии қишри осебпазири ҷомеа, дар майнаи онҳо ғояҳои ғаразноки исломи сиёсиро ҷойгузин созанд. Маҳз дар ҳамин давра Ҳизби наҳзати исломӣ сар баровард. Аз нахуст, тарҳрезону созмондиҳандагони ҳизб, ки албатта бо хориҷи кишвар пайвастагӣ доштанд, мақсадашон шикасти давлати миллӣ ва барқарор кардани шариати исломӣ буд.

Бо он фаъолиятҳое, ки ин ҳизб дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон анҷом дода буд, бояд аслан дигарбора ба арсаи сиёсат намеомад. Хуни ҳазорон ҳазор бегуноҳ маҳз дар гардани ҳамин ҳизб мебошад, танҳо бозии сиёсат буд, ки ин ҳизби ҷанговар ба худ чеҳраи «сулҳовар»-ро гирифт. Вале онро ҳам канор мегузорем. Тамоми ормонҳои ҳизби мазкур маҳз тавассути давлати имрӯза, бештар аз он ки наҳзатиҳо интизор доштанд, амалӣ гардиданд. Озодона гузоштани маросимҳои асосии динӣ, сохтани масҷидҳо ва озодии анҷом додани намоз, обод кардани маконҳои муқаддаси хусусияти динидошта, аз қабили мазорҳо ва зиёратгоҳҳо, адои маросими ҳаҷ, нашри бемаҳдуди адабиёти динӣ ва ғайра ба ин мисол шуда метавонанд. Дар ин ҳошия, наҳзатиҳо бояд мустақилона рисолати таърихии худро анҷомёфта меҳисобиданд ва ба фаъолияти худ дар чунин шароити ҳассос, дар замоне, ки ними ҷаҳону минтақаро манфиатхоҳон ба ҷангҳои динӣ-мазҳабӣ кашидаанд, анҷом мебахшиданд. Вале не. Баръакс. Маҳз дар чунин шароит онҳо якбора фаъол гаштанд. Мансубияти худро ба «Ихвонулмуслимин», алоқамандиашонро бо соири давлатҳои исломӣ ошкор карданд. Рӯшод маълум сохтанд, ки мавҷудияташон бо боварӣ ва ҳадафи эшон нисбати хилофат ва сохтани давлати фаромиллии исломӣ тавъам аст.

Ҳодисаҳои ахири сиёсӣ нишон доданд, ки дар ин роҳ наҳзатиҳои тоҷик аз ҳамандешони худ дар «Давлати исломӣ» ва «ал-Қойида»-ю дигар созмонҳои террористӣ тафовуте надоранд.

Ахиран собит шуд, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва сарварони он на танҳо ҳидоятгари маънавӣ, балки пуштибони молии гурӯҳи террористии ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода низ будаанд. Қазияи бевосита ба ӯ дода шудани як миллиону дусад ҳазор доллари ИМА аз ҷониби Тиллозода Руҳуллои Муҳиддин – писари Муҳиддин Кабирӣ пардаро аз болои сирҳои зиёди нуҳуфта бардошт. Пеш аз ҳама, сабаби сафари Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ баъди мағлубияти миёншикани ҲНИТ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва тасмими мондани ӯ дар хоки бегона фош шуд. Маълум гардид, ки ин шикаст, умедҳои наҳзатиҳову таҳрикдиҳандагони берунаашонро оиди барқарор сохтани шариати исломӣ дар Тоҷикистон барбод дод. Мардуми тоҷик ҷонибдори сохтори дунявӣ будани худро бори дигар тасдиқ карданд ва бозгаштро ба қарнҳои ҷаҳолату торикӣ, ки бӯю нишонаашон дар ақидаҳои шахшудаи исломгароҳо, аз ҷумла наҳзатиҳои тоҷик, маҳфуз мондаанд, рад намуданд. Аз ин рӯ, Кабирӣ бо амри «хоҷагони маънавиаш» аз роҳи охирин истифода бурданӣ

шуд. Расидан ба курсии ҳукуматдорӣ тавассути зери по кардани ҷасадҳои дар хоку хун жӯлидаи ҳамдиёрону ҳамватанон.

Қазия ошкор кард, ки Мухиддин Кабирӣ, он шахси ботамкин, ботаҳаммул, босавод ва фурӯтану хушгуфторе нест, ки ҳамеша бо чунин симо худро дар назди ҷомеа намоиш медод. Ҳамаи ин танҳо ба хотири моилсозии мардуми аз сиёсат бехабар ба шахсияти худу ҳизбаш будааст. Чун амбитсияҳои сиёсиаш дарҳам шикастанд, чеҳраи аслиаш бурун зад. Чеҳраи террористона. Чеҳрае, ки тайёр аст, ҳашт миллион ҳаммиллаташро қурбон кунаду ин сарзаминро ғуломи ғайр.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломиро ҳизби террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро манъ кард. Гуноҳи пешвоёни ҲНИТ ва ширкати бевоситаи онҳо дар балвои Назарзода пурра собит шуд. Онҳо ҳар яке мувофиқи ҷинояти содиркарда пушти панҷараи зиндон хоҳанд рафт. Акнун Муҳиддин Кабирӣ аз дур талош дорад ба ҳамҳизбонаш расонад, ки ӯ онҳоро фаромӯш накардааст. Вале ҳамин баромадаш ҳам, аз рӯи шеваи гуфтору рафтор ҳокӣ аз он аст, ки то ҳол фармониҷрокунӣ дорад. Фармони онҳоеро, ки дар конфронс даъваташ мекунанд, пулаш медиҳанд, ҳидояташ мекунанд. Гӯё аз забони онҳо мегӯяд: «Сабрам дорад ба поён мерасад». Яъне сабри ӯ не, сабри онҳо. Барои миллионҳои барои Кабирию ҳизбаш бенатиҷа сарфкарда сабрашон «дорад ба поён мерасад». Имрӯз ҳатто «доранд» донишҷӯёнашонро барои ҳифзи «наҳзатиёни дучори зулмгашта», ки ҷинояткору террористе беш нестанд, ба қавли худашон «баланд мекунанд». Танҳо ҳамаи ин суде надорад. Барои сурх кардани як рӯйи сиёҳгашта муддати мадиде лозим аст. Муддате, ки як умри инсонӣ басанда нест.

Амруллоҳи Қурбон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Минбари халқ» №21 (1053) аз 25.05.2016