Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

АЙНӢ РУҲОНӢ НАБУД

Муборизаи байни илм ва хурофоти динӣ, байни рушноӣ ва торикӣ аз қадим давом карда меояд. Ҳанўз пеш аз пайдоиши динҳои ҷаҳонӣ, дар давраи бисёрхудоӣ, дар Юнони Қадим, байни материалистон ва идеалистон дар масъалаҳои пайдоиши олам, материя, шуур, рўҳ, ҷон ва ғайра мубориза мерафт.

Таърихи инсоният шоҳиди бисёр хунрезиҳои ходимони мутаассиби динӣ мебошад. Масалан, олимони машҳури ҷаҳон Николай Коперник, Xордано Бруно, Галилео Галилей ва ҳазорон донишмандони дигари рушанфикрро ҳомиёни хурофотзадаи дини католикӣ ба ҷазоҳои мудҳиш гирифтор карда буданд.

Дар ҳама замонҳо адабиёти бадеӣ дар мубориза бар зидди хурофоти динӣ ва рўҳониёни мутаасиб яке аз аслиҳаҳои беҳтарин ба шумор мерафт. Шоирону нависандагони пешқадам ва озодфикри ҷаҳон, тамоми норасоиҳои замон, аз ҷумла ҷабру зулми аз тарафи дин ва рўҳониёни ҷоҳил содир шударо дар асарҳояшон тасвир намуда, тамоми сиру асрори онҳоро ифшо намудаанд.

Бузургони илму адаби мо, аз ҷумла Носири Хусрав, Абўалӣ Сино, Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолиддин, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъору навиштаҳои худ бар зидди мутаасибони хурофотӣ муборизаи беамон бурдаанд ва дар фош сохтани макру дурўғи онҳо хидмати пурарзиш намудаанд.

Ин анъанаро сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айни идома додааст. Осори устод Айнӣ саршор аз афкори мутараққӣ ва созанда мебошад. Ў дар асарҳои худ, хусусан дар «Ёддоштҳо» тамоми фисқу фасоди ҷомеаи феодалӣ ва сохти пўсидаи давлатдории Аморати Бухороро зери танқид қарор дода, ҳаёти пуразоби мардуми он замонро тасвир менамояд.

Дар «Ҷаллодони Бухоро» Айни ҳодисаҳои мудҳиштарини он давр, аз ҷумла одамкушӣ, азобу машаққат додани меҳнаткашонро дар зиндонҳои амирӣ, инчунин макру фиреби рўҳониёнро ба таври барҷаста тасвир намудааст. Ў дар тасвири воқеаҳои мудҳиши соли 1918 ҳамчун воқеанигори реалӣ баромад мекунад ва симои рўҳониёни ҷоҳил фиребгари он даврро кушода медиҳад. Албатта хислатҳои ҷоҳилӣ, фиребгарӣ, бадмастӣ ва мардумфиребӣ танҳо ба Қорӣ Ибоду шайх Пирзода хос набуд. Ин хислатҳо ба ҳамаи мутаасибони мазҳабии он замон тааллуқ дошт.

Нависанда дар боби «Соҳибони шариат»-и асари худ аз забони Ҳайдарча ном ҷаллод ҳикоятеро меорад, ки дар он кирдорҳои бади яке аз рўҳониёни мутаасиб – Қорӣ Ибод тасвир ёфтаанд. Қорӣ Ибод ҳам монанди дигар ҳамкасбонаш доимо ба бадахлоқӣ, дуздӣ ва ҳатто ба одамкушӣ машғул мешавад. Аммо бо вуҷуди бадкирдориаш дар охир ў худро диндортарин кас нишон дода, дар кўча мардумро ба ҳимояи дини ислом даъват мекунад. Нависанда ҳамаи ин сохтакориҳои рўҳониёнро дида онҳоро ҳатто аз ҷаллодон, ки ҳар рўз хуни даҳҳо одамонро мерезонданд, пасттар мешуморад. Бисёрии ҷаллодон ба касби худ надониста, нафаҳмида, ё зўран дохил кунонида шудаанд. Онҳо аз ин кори худ пушаймонанд, вале аз тарс чизе гуфта наметавонанд. Онҳо ҳамаи бедодгариҳоро дида, ҳис мекунанд, ки хуни ноҳақ рехта истодаанд.

Нависанда пеш аз ҳама макони ба майдонорандаи ин морҳои заҳрнок – мадрасаҳои он замонро ба зери танқид мегирад, зеро ҳама гуна кирдорҳои бадро рўҳониёни ҷоҳил аз ҳамон ҷо меомўхтанд. Аз тасвири зерини нависанда, ки аз забони Ҳайдарча меорад, маълум мешавад, ки муассисаҳои динӣ ва хонандагони он ҷо ба чӣ корҳо машғул будаанд:

«Мадрасаи Кўкалтошро ҷаннати рўи дунё гўи ҳам мешавад. Дар он ҷо ғайр аз пойи мор ва шири мурғу ҷони одам ҳама чиз ёфт мешавад. Хушрўйҳои олампаноҳро оварда дар он мадраса базм мекунанд».

Ҳайдарча, ки муаллиф суханро аз забони ў овардааст, тавсифи мадрасаро давом дода мегўяд, ки дар он ҷо:

…Дутор гўи, пиво гўи, танбўр гўи, мусалласи шаръӣ гўи, арақи яҳудӣ гўӣ, вино гўӣ, коняк гўӣ, банг гўӣ, барш гўӣ, чакида гўӣ, тарёк гўӣ, кўтоҳаш ҳар чизе ки аз асбоби кайфӣ гўӣ, дар он ҷо ёфт мешавад. Аз ин сухани Ҳайдарча Қурбони- девона дар ҳайрат афтода, мепурсад:

… Дар он ҷо пойи мор набошад ҳам, худи мор будааст, ки ин қадар морбачагонро тарбия карда мебаровардааст-дия гуфта Рўзӣ- сарносӣ сухани Ҳайдарчаро бурид». (Куллиёт. Ҷ.1 с-).

Аз мисолҳои боло дида мешавад, ки нависанда барои кушода додани симои намояндагони дин ва муассисаҳои он роҳи хеле хуби тасвирро истифода бурдааст. Нависанда ба ин восита нишон медиҳад, ки дар мадрасаҳои Бухоро ба ҷойи илмомўзӣ аксарияти муллобачаҳо ба корҳои беҳуда машғул шуда, дар он ҷо роҳҳои дуздӣ, ғоратгарӣ, мардумфиребиро меомўхтанд. Устод Айнӣ ба воситаи гуфтугўи ҷаллодон ниқобро аз рўи муллою эшонҳои қаллобу фиребгар канда, онҳоро фош мекунад. Қорӣ Ибод ҳам яке аз ҳамин гуна диндорон буда, дар мадрасаи Кўкалтош ба сар мебарад. Масалан, вай дар вақти дар мадраса буданаш писаракеро якчанд рўз дар хонааш нигоҳ дошта боиси норозигии дигар олуфтаҳои мадраса мегардад.

Хислату характери рўҳониёни ислом ва бо кадом роҳҳо соҳиби шариат шудани онҳо аз мисоли ҳамин Қорӣ Ибод маълум шуда меистад. Қорӣ Ибод бо вуҷуди ҳамон қадар кирдорҳои зишт дар охир муллои калон ва соҳиби шариат шуда мемонад. Ин фикрро нависанда аз забони Ҳайдарча дар ҷавоби сухани Қодири буз ки тарафдори муллоён буд, чунин баён мекунад:

Ҳамин Қорӣ Ибод мурдори вайрон, ки ба мурдорӣ ва вайронии ў худат ҳам қоил шудӣ, рафта-рафта муллои калон ва соҳиби шариат шуд. Мол, ҷон, номус ва обрўи халқро ба дасти худ гирифт».

Аз ин намунаҳо, ки нақл кардем, маълум мешавад, ки тақдири халқи тоҷик дар шароити тираю тори амирӣ дар дасти чунин ҳомиёни фосиқи дину шариат, аз қабили Қорӣ Ибодҳо буда, онҳоро ҳароина ғорат мекардаанд. Қорӣ Ибод, ки аз хислатҳои инсонӣ дар ў нишонае боқӣ намонда буд, соли 1917 дар вақти ҳуррият талабии ҷадидон саллаи худро бар гардан печонда: «Во, шариато! Во, исломо! Во, дино! Гўён фарёд мекард».

Устод Айнӣ, ки бо идея ва ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ буд, тавонистааст, ки тамоми қабоҳату разолати диндорони хурофотию мутаасибро чуқур ва ҳаматарафа кушода диҳад.

Айнӣ дар асарҳои худ ҳамчун маҳкумкунандаи ҳама гуна ақидаву одатҳои хурофотии динӣ баромад мекунад. Мо ин гуна амали нависандаро дар ҳикояи «Аҳмади девбанд», ки дар мубориза бо хурофотзадагию ифротгароӣ ва тарбияи мардум дар рўҳияи ҷасоратмандию тафаккури созанда ва ҷаҳонбинии илмӣ нақши муҳим дорад, бармало мушоҳида менамоем.

Устод Айнӣ ақидаҳои зиддихурофотии худро ба воситаи образҳои бадеӣ ифода намуда, дар кушодани сирру асрори рўҳониёни мутаасиб аз онҳо истифода бурдааст. Яке аз воситаҳои муҳимми фошкунӣ, ки нависанда онро қариб дар тамоми эҷодиёташ истифода бурдааст, ҳаҷв мебошад.

Нависанда ин чунин хислат, характер, хулқу одоб, рафтору кирдори баъзе ҳомиёни динро аз забони намояндагони халқ ифода намуда, бо ин роҳ чихел муносибат доштани оммаро нисбатан ба рўҳониёни мутаассиб хеле боварибахш нишон медиҳад. Як хусусияти фарқкунанда дар осори устод Айнӣ дар танқиди чунин ашхос дар ин аст, ки нависанда дар бораи дин ва рўҳониён ба таври умумӣ сухан наронда, балки он нафаронеро ба зери танқид мегирад, ки дар ҳаёт вуҷуд доштанд ва бо кору кирдори разилонаи худ «машҳур» гардида буданд.

Мақсади асосии таълифи ин мақола як вокунишест ба маърўза, гузоришҳо ва чорабиниҳое, ки вақтҳои охир дар кишварамон бахшида ба зодрўзи С. Айнӣ ва 90-солагии асари сарнавиштсози ў - «Намунаи адабиёти тоҷик», дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва маҳфили «Гуфтугўйи тамаддунҳо» сурат гирифт. Зеро дар ин чорабиниҳо як гуруҳ адибону донишмандон ба устод Айнӣ баҳои яктарафа дода, бо оварадани нақлу ривоятҳои бадеиву сохта хостанд, ки аз вай як чеҳраи диниву рўҳонӣ бисозанд. Чунин муносибати ғалати иртиҷоӣ ба С. Айнӣ ва осори ў албатта дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон кори хубе нест. Баръакс мо бояд дар мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, таасуби динӣ, мазҳабиёни ифротгаро ва хурофотӣ аз осори гаронбаҳои адиби нотакрор Қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ дурусту самаранок истифода намоем.

Абдуламини Маљнун

Бознашр аз ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» №19 (9445) 12.05.2016