ВОКУНИШ
ЁДИ МОДАР
- Подробности
- Опубликовано 01.06.2016 10:10
Инак, боз баҳор бо қадамҳои неки худ ба сарзамини мо ворид шуд. Ин баҳор гулафшону зебост. Аммо медонӣ, модарҷон, ин ҳама зебоиҳою шукуфтанҳо бе ту маъние надоранд. Чунки баҳори нотакрорам, мушку анбарам, файзи хонадонам дар бари ман нест.
Будӣ дунёи мову рафтӣ зи дунё, Модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, Модарам.
Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дурё, Модарам.
Вақте «Модар»-гӯйии касеро мешунавам, дилам реш мешавад. Гиря гулӯямро меҷафад, наметавонам садо кунаму «Модар!»-гӯям ва худро дар оғӯши пур аз меҳру муҳаббатат ҳаво диҳам. Он лаҳза мехоҳам кӯдаке бошаму аз саргардониҳо фориғ.
Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавонӣ хандарӯст,
Гирярӯям дар ғамат дар боғи гулҳо, Модарам.
Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардоштӣ,
Бекасам бигзоштӣ дар роҳи фардо, Модарам.
Аз кӯдаке пурсиданд: «Бигӯ, дар оянда мисли кӣ шудан мехоҳӣ?». Гуфт: «Мисли модарам». Пурсиданд: «Чаро?». Гуфт: «Ӯ дили начандон калон дорад, аммо тамоми некиҳои ҷаҳонро дар он ҷой карда метавонад. Чашмони хира дораду ғаму андӯҳи ҳамаро бо чашми дил мебинад».
Ранҷи дунё баркашидам, арзиши Модар нашуд,
Симу зарро бар кашидам, қиммати Модар нашуд.
Он ки хӯрдам дар лазизӣ дар тамоми умри худ,
Лаззати шири сафедаш қиммати тилло нашуд.
Сад ҳазорон савту созе ҷамъ кардам он қадар,
Ҳеҷ як дар форамӣ чун аллаи Модар нашуд.
Модар боғест ягон фасл онро хазон карда наметавонад. Ва фарзанд мисли як хӯша ангури ғазал аст дар ин боғ. Дар фаҳмиши ман ҳеҷ атре ва ҳеҷ боғе мисли ҳарфҳои Модар хушбӯ нест. Ҳеҷ гулобе ҷойи накҳати сухани Модарро намегирад.
Поктарин, муаттартарин ҷисм Модар аст барои фарзандон ва фарзанд аз ҳарфҳои Модар хуша мебандад. Дар ҳавои муаттар хушаи эътиқод, хушаи ростӣ, хушаи калом.
Модар дигарасту бӯи Модар дигар аст,
Моҳ аст базебу рӯи Модар дигар аст.
Сад мӯи сиёҳу кокули ёр як сӯ,
Як тори сафеди мӯи Модар дигар аст.
Оҳ, Модарҷон! Намедонам ин ситоишҳоямро, ин қадар васфкуниҳоямро мешунавӣ ё на. Лекин хаёл мекунам, ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳамроҳам ҳастӣ.
Қади зебову рӯи париат дар хобу дар бедорӣ ҷилва мекунанд.
Навои булбул омад ёд кардам аллаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам, ёд кардам Модари ҷонам,
Садоятро, навоятро, ҳама меҳру вафоятро.
Парвина ШАРАПОВА.омӯзгори МТМУ№ 18.