Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ЗАРУРАТ БА ШАХСИЯТ ВА СЕ ОМИЛИ МУАЙЯНКУНАНДАИ ОН

(Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов

«Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ», «Тоҷикистон», №14, 7.04. 2016)

Дар мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» дар баробари масоили дигари иҷтимоӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо назардошти рушди психологияи миллӣ зарурати Пешвои миллӣ дар давраи тақдирсоз аз назари фалсафию иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Муаллиф эҳтиёҷ ба Пешвои миллиро чун зарурияти мубрами таҳкими давлати миллӣ ва якпорчагию субот таъкид карда қайд мекунад: «Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи олии рафори ватанхоҳона дар ин раванд аз муҳимтарин омилҳост. Аммо, эътирофи он нукта зарур acт, ки мушкилтарин масъала барои халқу миллатҳо доштани сарвар, шахсияти воқеан таърихӣ бо тавоноии таъмини якпорчагии сарзамини ачдодӣ, сулҳу субот ва ягонагии миллат дар давраи фоҷеабори таърихӣ мебошад. Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бемуболиға, яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, аллакай чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаст. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон давлати ҷавони тоҷик ба чунин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Дар таҳкими пояҳо ва устуворсозии бунёди давлати миллӣ маҳз Пешвои миллӣ чӣ дар арсаи дохили ва чӣ дар арсаи байналмиллалӣ рисолати таърихиро иҷро мекунад.

Таҳлили амиқи фаъолияти бисёрсоҳаи сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалкӣ ва дохилӣ баррасии васеъро талаб мекунад. Ба арсаи сиёсат омадани эшон дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодире буд, ки ватанпарасте дар шароити душвор ба майдон омад, дар гирудори ҳаводиси мураккаб обутоб ёфта ва бошандагони Тоҷикистон соҳиби Пешвои миллат гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи сиёсӣ аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Академик Евгений Примаков дар бораи сарвари кишвари мо навишта буд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва мамлакатро бо рохи дуруст бурд. Ҳамчунин, вай дар муътадилсозии авзои дохилӣ мусоидат намуд».

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намуна барои роҳбарони халқҳову мамоли дигар таъкид намуда гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорониИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми чидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд.».

Лозим ба ёдоварист, ки баргузор гардидани иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди тақдирсозе буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи буҳронӣ рахо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд.

Вакте сухан аз истиқрори Сулҳу субот ва Ваҳдат меравад, қабл аз ҳама мо бояд омилҳоеро муайян намоем, ки дар истиқрори Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд. Маъмулан, дар ин замина се омили муҳимтаринро метавон зикр кард.

Якум, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду омили дар зер номбаршуда баробар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд.

Дуюм, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини ӯ иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ намуд;

Сеюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар истиқрор ва бе бозгашт намудани сулҳ саҳми арзандае гузоштаанд.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи чангзада Афғонистон дар тӯли зиёда аз ҳазор километр сарҳад дорад. Ҳифзи сарҳад заиф шуда буд ва табиист, ки дар даврони буҳронӣ ва пурфоҷиа, ки тақдири халқ дар вартаи парешонӣ ва ноумедӣ афтода буд, ба чунин шахсияте зарурат пайдо шуд, ки халқро бо амал ва кору фаъолияи пурсамари худ ба ояндаи нек умедвор созад.

Сарвари даавлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро он вақт лозим буд, ки борҳо ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба мукоти доғи ҷумҳурӣ сафар намояд, ғоияҳои сулҳофаринии худро ба мардум расонад. Таваҷҷуҳ ва дили мардуми озурдахотирро нисбати сиёсати давлати марказӣ гарм намуда, тафаккури оштӣ ва созишро дар ҷомеъа бедор созад ва тахким бахшад. Ҷомеаи дар он давра парешон ва ба манотиқи муқовимат табдилёфтаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон таҳти таъсир ва нуфузи ғояҳои мухталифи сиёсӣ қарор дошт. Бо давлати марказӣ робитаи камтар доштанд, роҳҳо ва кӯпрукхо хароб гардида буданд. Як қисми мардум аз фаъолияти Ҳукумати марказӣ иттилооти каме дар ихтиёр доштанд. Боварии як қисми қишри чомеа низ бар асари бесарусомониҳо нисбат ба ҳукумат коста шуда буд. Дар ҳамин гуна шароити буҳронӣ танҳо шахсияте метавонист, то ғояи асосии худро ғояи сулҳ эълон намояд, мардумро сарҷамъ кунад ва дар ақлу зеҳни ҳар як сокини кишвар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва ифтихори ватандориро бедор намояд. Аз иҷрои ин вазифаи бузург ва пурмасъулият Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ баромад. Аз ин рӯ, халқ дар шахсияти ӯ роҳбар ва сарвари олиҳиммати худро пайдо намуд.

Комёбиҳои назаррасии ё он кишварро ба ин ё он шахсият нисбат дода, дар натиҷа шахсияти роҳбар ба дараҷае бардошта мешавад, ки ҳатто аз заминаи воқеӣ дур шуда, ба дараҷаи ғайритабиӣ расонда мешавад ва дар ҷомеа тафаккури шахспарастӣ зуҳур мекунад. Вале нақши шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти амалии худ чун лидери эътирофшудаи умумимиллӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо намуд. Вазъи фалокатбори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷанбаи маҳалгароӣ низ дошт, зарурати зуҳури лидери умумимиллиро ба вуҷуд овард. Хусусияти хоси ҷуғрофии Тоҷикистон, хайати этникии ахолии он, рӯҳия ва тафаккури кабилагароӣ ва маҳалчигӣ низоми пештараи тоталилтарӣ ба зуҳури лидери умумимилӣ монеъ мегардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки зуҳури лидери умумимилӣ аз бисёр ҷиҳат ба сифатҳои шахсии сарварон низ вобастагӣ доранд. Сифатҳои шахсии роҳбар бояд аз назари мардум дур намонад. Халқ лидери худро бояд хуб донад. Ба кори ӯ, ба фаъолияти амалии ӯ баҳо дода тавонад. Аз тарафи дигар зуҳури лидери умумимилӣ ба тафаккури миллӣ ва ифтихороти миллӣ иртибот дорад. Зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар то андозае инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣ дар ҷомеа заминаи муайян ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, тафаккури умумимиллӣ метавонад лидери умумимилиро тарбия намояд.

Бояд гуфт, ки лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Ва имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми ақшори ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст.

Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология,профессор,

устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №21 (1167) аз 25.05.2016