Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

Дурӯғи думдори Кабирӣ

Яке аз талаботи асосии низоми сиёсии ҷомеаи демократӣ озодии виҷдон ва ақида мебошад. Мафҳуми демократия маҳз ҳамин чизро тақозо мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳар ифротиву тундгаро барои ибрози андешаи ғаразноки худ ба нишасту ҷаласаҳои созмонҳои ба ном демократӣ даъват шавад. Раҳбари дар рӯйхати мақмоти ҷустуҷӯи байналхалқӣ қарордоштаи ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» - Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дарҳошиягии созмони Human Rights Watch (HRW) ва ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Варшава рафтааст. Вай гӯ маҷбур шудааст, то суханонашро бо як хабари нохуш оғоз кунад ва касоне, ки дар ин нишаст бояд ширкат мекардаанд ва аз Кабирӣ узр хостанд: «Ҳамин алъон ба ман хабар расид, ки хонаводаҳои ин афрод аз онҳо хоҳиш кардаанд, ки аз ширкат дар ин нишасти ба қавли мақомоти Тоҷикистон «зидди тоҷикистонӣ» худдорӣнамоянд».

Мақсади баромадашро «Мехоҳам ба як нуктаи муҳим ишора кунам, ва он ин ки: мо бояд ба интихобот як нигоҳи дигаре дошта бошем. Яъне, на фақат ба унвони ҳаққи мардум ба он нигоҳ шавад, балки ҳамчунин ба унвони як омили субот ва амният ба он нигоҳ кунем, бахусус дар манотиқи мо» медонад.

Раҳбари фирории «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» - Муҳиддин Кабирӣ дар бораи интихобот пешниҳод мекунад: «Интихобот, ки озод ва шаффоф баргузор намешавад, ин амр сабаби ноумед шудани мардум бахусусҷавонон мегардад. Ва ҳамин масъала боис мегардад, киҷавонон рӯй ба гурӯҳҳои ифротӣва родикол оваранд». Кабирӣто ҳол пай набурдааст, ки аз нутқу гуфторашмардум безор шудаанд. Ҳоло низ суханони бофтааш чун гузашта боқӣ мондааст.Воқеан ҳам, дар давраи интихоботҳо «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» аз номи дину шариат истифода мебурд, сӯистифода аз номи ислом мекард ва ба он тобиши сиёсӣ медод. Масалан, ҳаводорони «ҲНИТ» аслан аз пайравони шариативу мазҳабӣ иборатанд. Маълум аст, ки аксарияти кулли мардуми Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд ва боварӣ ба дини ислом доранд ва худро мусулмон меҳисобанд. Мо низ бар онем, ки ислом дар ҳизбсозиву ифротгароӣ, боварӣ ба ҳизбу созмонҳои динӣ нест, ислом дар эътиқоду боварӣ аст.

Вай даъво мекунад, ки ҳизбаш 15 сол дар порлумон намоянда дошта, худаш 10 сол намояндаи порлумон будааст. «Фаъолияти ҳизби моро, ки дар соли 2015 мутаваққиф карданд – албатта, на танҳо мутаваққиф, балки як гурӯҳи теруристӣва экстримистӣҳам эълон карданд — ин боис шуд дар кишвари мо хатари падидаи терроризм ва экстремизм боло биравад». Кабирӣ Ҳарчанд ҳаракат мекунад, бо забоне барои мардум андешаҳои муғризонаашро пешниҳод намояд, вале касе дар ин миён чизеро хостори аз забони Кабирӣ шуданиданӣ нест. Ин баромади Кабирӣ аз гуфтори қаблиаш тафовуте надорад. Бо мурури вақт танҳо дар ин миён замони баромадаш тағйир ёфтааст.

Яке аз сафсатаҳои ӯ ин аст, ки имрӯз дар Ироқ ва Сурия беш аз ду ҳазор нафар ҳамватанони мо дар саффи гурӯҳҳои террористӣҳузур доранд: «Дар ҳоле, ки қабл аз баста шудани ҳизби мо, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна ба унвони як кишвари дорои субот ва демукротик маъруф буд ва дар он замон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар, афроди бисёр андаке дар суфуфи гурӯҳҳои теруристӣва родикол ҳузур доштанд. Вале алъон мутаассифона аз ҳамаҷилавтар ҳастем». Аз ин зиёдтар бемантиқиву сафсатагӯиро ҳаргиз вонахӯрдаему вонахоҳем хӯрд.

Заифнолии Кабирӣ аз он иборат аст, ки халқ барои манъ кардани фаъолияти ҳизби хусусияти динидошта раъй дод, дигар ҳизби назҳати ислом наметавонад фаъолият кунад, халқро гумроҳ намояд ва ба осиёи бадхоҳони  кишвари мо об резад. Вай акнун роҳи дигарро пеш гирифт: то метавонад, Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи онро танқид кунад ва худро ба дигарон наздик нишон диҳад. Онҳо ҳам барои ин хушомадгӯияш ба вай маблағ медиҳанд. Ин кор ҳеҷ аҷобате надорад, агар кас хоини Ватан набошад. Зеро вай ба давлати худ, ба кишваре, ки модараш зодаасту хуни нофаш рехтааст, рӯирост туҳмат мекунад. Ҳатто виҷдонашро ба пули ночиз фурӯхтааст. Чунки пайваста дурӯғ мегӯяду қаллобӣ мекунад.

Халқи тоҷик кишварашро дӯст медорад, вай дигар фирефтаи душманони миллат намешавад, бо роҳи нишондодаи давлату миллат пеш меравад ва тараққӣ мекунад. Танҳо Кабирӣ аст, ки сарсону саргардон, дур аз Ватан, дар ғарибӣ ба ватанфурӯшӣ машғул аст. 

Рустам Раҳимов

Таҳқиқе номуваффақ дар қолаби фантазияи сиёсӣ (вокуниш ба матлаби С. Истаравшанӣ)

Матлаби тавтеабарангези яке аз ходимони маъруфи наҳзатӣ ҷаноби Сайидюнуси Истаравшаниро таҳти унвони «Худкардаро тадбир нест (1)» дар пойгоҳи иттилоотӣ-таҳлилии «KEMYAESAADAT» (аз  05.10.2017) мурур кардам. Ростӣ, ба ҳунари дурўғофаринӣ ва иғвогарии ин марди сухан бовар кардам. Бо ин сатҳи дониш ва мутолеаи фарохе, ки Истаравшанӣ дорад, айб аст чунин навъи таҳлил ва баҳогузорӣ ба матолиби расонаӣ, ки бар мабнои гумону тахминҳо ва ҳассосиятҳои нобаҷо дуруст шудаанд. Барои посух ёфтан ба масоили мусоҳибаи ахири сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур бо додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шамс Азизов Истаравшанӣ ба суроғи «таҳқиқи майдонии дақиқе» меравад ва асрори мусоҳибаро гўё кашф мекунад. Хулосаҳои қисмати аввали худро Истаравшанӣ дар қиболи мусоҳиба манзур месозад.

Таъкиди калидии Истаравшанӣ бештар сари сабти гуфтугўи Абдуқаҳҳори Давлат бо Абдулазиз Ҷалов — муовини собиқи раиси КДАМ тамаркуз мекунад ва пофишории ў бар он аст, ки муовини собиқи Кумитаи амнияти миллӣ (манзур А. Ҷалов аст)-ро бо С. Ятимов шўронаду аз ин дасисакорӣ ҲНИТ холи сиёсӣ ба даст биоварад. Ин аст, ки ҳадафи мусоҳибаи Ш. Ҳамдампурро ба як навъ «расондани як паём ба як шахс» маънидод мекунад. Зиёда аз ин, бо овардани «паёмак»-и «23 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Human Rights Watch (HRW), бо ирсоли номае ба вазоратхонаҳои молия ва хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хостори ворид кардани исми ҷаноби Саймўмин Ятимов (раиси КДАМ) ба «Феҳристи Мангитский» шуданд» С. Истаравшанӣ нидои пирўзӣ мезанад. Бехабар аз он ки ин гуна созмонҳои байналмилалӣ, ки ғолибан дар бозиҳои сиёсӣ шариканд ва манофеи худро доранд, мувофиқи ҳолу ҳавои сиёсати ҷаҳонӣ амал мекунанд ва аз ҳар гурўҳи ифротгарое назири наҳзат ҳимоят менамоянд. Шояд онҳо аз вазъи кунунии Тоҷикистон ва минтақа огаҳӣ надоранд ва «нақш»-и ҲНИТ-ро дар ташаккули хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар минтақа нодида бигиранд. Ин кори онҳост ва ҳоло ин созмонҳо, агарчи статус-мақоми байналмилалӣ доранд, барои сиёсати ҷаҳонӣ ва муколимоти байналмилаии сиёсӣ эталон маҳсуб намеёбанд. Ба дунболи ин, Истаравшанӣ ба ҷониби С. Ятимов – раҳбари КДАМ бешармона сангпартоиро шурўъ мекунад. С. Ятимов ба сифати садри мақомоти амнияти миллӣ бояд дар баробари расвоиҳои наҳзатӣ, тахрибу вайрон кардани шууру тафаккури миллӣ, тавҷеҳ додани мазҳаб ва диният бар илму дунявият ва дар ниҳоят, мағшуш сохтани зеҳни мардуми тоҷик сукут меварзид, то шумо ва дастандаркорони шумо пружаи наҳзатро мегустурданд ва ҷомеаи тоҷикиро ба бадбахтии таърихӣ – ба вуҷуд овардани салатанати исломи сиёсӣ ва қудрати динӣ-мазҳабӣ дар минтақа «раҳнамун» месохтанд. Хобатонро ба об гўед. Дар ягон мамлакати дунё, новобаста аз низоми динӣ ва дунявӣ мақомоти амниятӣ намегузоранд, ки гурўҳҳои табаҳкор рахна ба давлат зананд ва вазъро муташанниҷ созанд. Аз ин ҷост, ки С. Ятимов дар доираи ваколат ва вазифааш амал карда, ҷилави «нағмаву найрангҳо»-и мазҳабиро, ки таърихи тўлонӣ доранд, гирифт. Албатта, пеши роҳи хуруҷи наҳзатро гирифтани Ятимов ва тими амнияти миллӣ барои шумо маъқул нест, чаро ки ҳасрати ба қудрат расиданро дар дил доред ва раиси амнияти миллӣ ин «ормон»-и шуморо барбод дод. Баръакси шумо, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аҷдоди онҳо асрҳои аср зери бори истисмор ва истибдоди динмадорон (шайху мулло, эшону қозӣ, муфтиву муҳтасиб ва дар маҷмўъ, иерархияи исломӣ) ба сар бурдаанд, аз саҳнаи сиёсӣ рафтани элитаи сиёсии наҳзатиро хуш пазируфтанд ва онро нишонаи тантанаи низоми дунявӣ ва адолати миллӣ унвон кардаанд.

Истаравшанӣ аз маҳдуд шудани озодиҳои маданӣ ва озодии расонаҳо, тарки миҳан намудани ҳазорон шаҳрванд ва бахусус, мағзҳо ва рукуди иқтисодӣ сухан дар миён оварда, ин авоқиби ба қалам додаашро насанҷида ба рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ рабт медиҳад. Бубахшед, ҷаноби Сайиюнус! Фазо ва муҳити ғайриилмӣ ва комилан мазҳабӣ бар асари шиорпароканиҳои раҳбарияти наҳзатӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир дар ҷомеаи тоҷикӣ ба вуқўъ пайваст, ки ин, бешубҳа, аз «хидмати» элитаи манфиатхоҳи наҳзатӣ ва махсусан шахси Кабирӣ ва зиндониёни ҷинояткори наҳзатӣ бармеояд. Маҳз сиёсати динмадоронаи наҳзатӣ боиси мағшушоти фикрӣ ва тавсеа ёфтани таассуби динӣ дар кишвар гардид. Ба ин танҳо ҲНИТ, раҳбарият ва пуштибонони дохилию хориҷии он манфиатдор буданду халос.

Чизи дигар, нишасти Варшава, ки бо «ҳузур»-и Кабирӣ гўё рангин шуд, бурди сиёсӣ нест. Дар доираи он бисёр муътаризони дигар давлатҳо ҳам ширкат ва суханронӣ карда метавонанд. Аз он ба сифати минбари калидии сиёсӣ ном бурдан хандаовар аст. Аввалан, ширкати ҳангомабарангез ва дар айни замон воҳимадори раҳбарияти ҲНИТ-ӣ дар Варшава ба чӣ далеле муҷиби ташвиши раҳбарияти олии ҷумҳурӣ мешудааст? Дар он ҷо чанд нафар, ки ба ҷурми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ аз кишвар фирор карда, аз озодиву истиқлолияти сиёсию мадании урупойӣ истифода(балки сўйистифода) намуда, дар минбари озод «доди» сухан медиҳанд, ҳоло маънии заъфи давлати миллиро нишон намедиҳад. Дигар ин ки ин чанд нафар, аслан таҷаммўъ нестанд ва ба ҷуз воҳима андохтан, тавтеа сохтан ва сиёҳ кардани давлати Тоҷикистон коре аз дасташон барнамеояд. Чунин навъи ҷаласот дар Урупои демократик ва дунявӣ, ки, мутаассифона, исломи наҳзатӣ аз он сўйитифода мекунад, ҳар рўз доир мегардад ва инро сенсатсия кардан ва худро муваффақ шумурдан камоли ҳунармандӣ ва боақлӣ нест. Аз ҷониби дигар, САҲА дар ҳудуи Тоҷикистон кори қобили мулоҳизае анҷом надодааст ва табиист, ки ҳамчун ниҳоди байналмилалии бонуфуз дар бозиҳои геополитикӣ бевосита ё бавосита шарик аст ва дар пайи минбар додани раҳбарияти наҳзатӣ манофеи худро меҷўяд.

Бояд дар назар дошт, ки политтехнологияи нави наҳзатӣ дар қиболи Ҳукумати Тоҷикистон дуруст кардани тавтеаҳо аст ва ин корро наҳзатиҳо аз роҳи ба низоъ кашидани элитаи сиёсӣ дар шахси Озода Раҳмон ва Саймумин Ятимов амалӣ кардан мехоҳанд. Ин бозии навбатӣ ва моҳиятан, ғайриҳирфавии наҳзатӣ дар расонаҳои зиддидавлатӣ, минҷумла «Payom net» ва сомонаҳои ба ҲНИТ наздик як соли ахир ба ҳукми анъана даромадааст ва бо истифода аз ин приёми сиёсӣ доираҳои фирории наҳзатӣ ва хоҷагони пасипардагии онҳо картаи нави худро ба бозӣ медароранд, то аз ин тариқ гўмагўҳоро дар миёни элитаи сиёсии Тоҷикистон ба вуҷуд оваранд ва дар муҳити расонаии ватанӣ ҳангома созанд. Ҳадафи ниҳоӣ аз ин василаҳои муборизаи иттилоотӣ, ки наҳзат ба роҳ андохтааст, бадном кардани С. Ятимов мебошад. С. Ятимов нафари мақомдори амниятиест, ки бо истифода аз фаросати таҳлилӣ, диди коршиносона ва диққати ихтисосӣ сари вақт ҲНИТ ва найрангҳои наҳзатиро ташхис дод, фош кард ва аз ҳаракати фарогири зиддимиллӣ ва зиддидунявӣ, ки дар раъси он элитаи сиёсии наҳзатӣ қарор дошт, ҷилавгирӣ кард. Ана, ин ҷост «хатти маши» норизоиятии  раҳбарияти наҳзатӣ ва пуштибонони дохилию хориҷии онҳо аз раиси КДАМ. Ҳарчанд ки ин приёми номашрўи сиёсӣ самар надода истодааст, бо вуҷуд, «нухбагони» наҳзатӣ дар симои Сайидюнус аз ин шева корбаст мекунанд, то ҳисобро бо хукумат ва шахси Ятимов ҳадди ақал дар доираи расонаҳои мустақил ва фазои маҷозӣ тасфия кунанд. Мутаассифона, на дар яку ду, балки дар садҳо нишастҳои САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ширкат, баромад ва суханронӣ кардани Кабирӣ имиҷи сиёсии ўро, ки кайҳо аз байн рафтааст, барқарор карда наметавонад. Бар илова, кишварҳои урупоӣ ва ҷомеаҳои мадании ғарбӣ исломи сиёсиро аз Кабирӣ ва кабириҳо садҳо маротиба зиёдтар медонанд ва онро ҷиддӣ намегиранд. Танҳо аз он ба сифати абзори иқтисодӣ ва сиёсӣ дар бозиҳои геополитикӣ истифода мебаранд. Ҳамон тавре ки режимро дар ҶИЭ ба таври пинҳонӣ пуштибонӣ мекунанд(барои тадовуми манофеи иқтисодӣ, фаннӣ ва сиёсӣ дар минтақа), вале дар зоҳир аз он сахт интиқод менамоянд, ҲНИТ-ро, ки зодаи корпоратсияи охундист, ҳимоят менамоянд. Ба ин мутмаин бошед, ҷаноби Сайидюнус. Мантиқ ин аст, ки ки шумо медонед, вале худро ба нодонӣ мезанед. Мо медонем, ки донистан ва фош сохтани ҳақиқати наҳзатӣ, қабл аз ҳама, ба манфиати шумо нест. Аниқтараш, ба манфиати молию мафкуравӣ ва амниятии шумо нест.

Дар идомаи дурўғи сайидюнусӣ, ҷумлаи «ворид шудани исми раиси КДАМ ба «Феҳристи Магнитский» ба гўши Эмомалӣ Раҳмон расида ва ўро нороҳат ҳам карда» меояд ва муаллифи матлаб, сареҳан аз дурӣ ҷустани кишварҳо аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мегўяд. Ба қавли шоир: «Дар таҳайюр мондаем андар ду кор». Ҷаноби Истаравшанӣ аз куҷо иттилооти дурўғ мегирад? Балки иттилооти дурўғ мебофад ва мепароканад. Зеро фантазияи бой дорад. Дар доираи фантазияи Истаравшанӣ ин ҷур идеяҳо меғунҷанд ва офтобӣ кардани андешаҳои «ноби наҳзатӣ» Истаравшаниро аз нороҳатиҳои зиёди равонӣ ва фикрӣ эмин медорад. Дигар ин ки Эмомалӣ Раҳмон ҲНИТ ва элитаи кунунии онро хуб мешиносад ва дар ҷараёни фаъолияти густурдаи раҳбарӣ ва мудирияти сиёсӣ шикастурехти мафкураи исломи сиёсиро таҷриба кардааст. Ин аст, ки бидуни нишондоди касе, худ тавассути ҳадс ё ба истилоҳ, «чутё»-и сиёсӣ аз ҳадафҳои пасипардагии ҲНИТ огоҳӣ пайдо карда, бар пояи ақлу мантиқ дар қиболи элитаи сиёсии наҳзатӣ тасмимоти ҷиддӣ гирифт.

 Пойинтар Истаравшанӣ ба домани шеърписандӣ ва шеърнависии Вазири умури дохилӣ Р. Раҳимзода часпида, вазирро рақиби С. Ятимов талаққӣ мекунад ва бар асоси ин, ҳадси бемаъние мезанад, ба ин манзур, ки Президент шоиронро хуш надорад. Аҷабо, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз шеър хушаш меояд ва дар Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврўз, ки бо ширкати шоирону адибони кишварҳои ҳамзабон дар Кохи Борбад 18 марти соли 2015 доир гардида буд, расман эълом дошт, ки шоиронро на танҳо эҳтиром мекунад, балки дўст медорад. Ин хислати зотӣ-сириштии тоҷикӣ аст. Илова бар ин, ин ду ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ тавонистанд алайҳи хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки тавассути саркардагони наҳзатӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонида буд, муборизаи муваффақона бубаранд ва ниҳоятан ба пирўзӣ бирасанд. Гузашта аз ин, С. Ятимов ва Р. Раҳимзода дар ду ниҳоди қудратӣ, ки ихтисосан, мутафовитанд, раҳбаранд ва ҳар ду дар як масир – таъмини амнияти миллию мардумӣ, таҳкими раванди сохтмони давлати дунявӣ ва ташаккул додани биниши илмӣ дар минтақа ҳаракат мекунанд. Ин ҷо, мантиқан бухлу ҳасад далели ҷиддӣ буда наметавонад ва аслан, вуҷуд ҳам надорад. Аммо барои С. Истаравшанӣ сохтану бофтани далелҳо кори осон аст, чунки дар ин замина фантазияи ғанӣ дорад.

Истаравшанӣ боз муовини собиқи Кумитаи амнияти миллӣ А. Ҷаловро ҳамчун приманка ё доми сиёсӣ истифода намуда, муносибати ўро бо доираҳои хонаводагии Президент Эмомалӣ Раҳмон мисол мезанад ва аз ин роҳ ба гўшбақиморон мерасонад, ки овоза ва шоеи мазкурро, ҳар қадар метавонед, интишор диҳед, то саранҷом ба гўши шахсиятҳои калидӣ бирасад ва дар мавриди С. Ятимов тасмими ҷиддӣ бигиранд. Далели Истаравшанӣ ин аст, ки гўё А. Ҷалов аз соли 2012 ба  Саймўммин Ятимов муқовимат нишонмедодааст. Бинобар ин, бо роҳҳои гуногун ва бо истифода аз абзорҳои дастраси сиёсӣ ва иттилоотӣ андохтани иғвою дасиса дар ҷомеа, раддаҳои сиёсӣ ва идории давлатӣ меъёри муборизаи сиёсӣ ва иттилоотии наҳзатӣ қарор мегирад.

    Хулоса, Сайидюнусти Истаравшанӣ, ки дар сухандонӣ ва фазлфурўшии ў шакке нест, тавассути риторикаи сиёсӣ ба ҷомеаи маданӣ ва элитаи сиёсие, ки бо радду бадали расонаҳои дохилию берунӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сари кор доранд, таъсир расонидан мехоҳад. Дақиқтараш, аз роҳи парокандани анбўҳи дурўғу риё таҳти таъсири равонӣ, фикрӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ қарор додани ҷомеаи маданӣ ва элитаи сиёсии ҷумҳуриро ба сифати ҳадафи ниҳойӣ дар барномаи сиёсӣ-мафкуравиаш ҷой додаст ва дар ин росто мубориза мебарад. Аз ҳама муҳим, вай мехоҳад миёни нухбагони сиёсии кишвар ва давлати миллӣ шикофу таниш эҷод намуда, аз ин тариқ ноамнию бесуботиро дар ҷомеа ба вуҷуд биёварад. Бо ин ният, ба воситаи мақолоти худ ва ҳампаймононаш дар фазои маҷозӣ иғво меандозад ва дасиса дуруст мекунад. Таассуби динӣ-мазҳабӣ ва идеологии Истаравшанӣ ба ҳаддест, ки дар баҳсҳои фейсбукӣ аз намуна ва мисолҳои зиндае, ки аз сарчашмаҳои исломӣ, мисли Қуръон, Суннат, Ҳадис ва амсоли инҳо барои интиқоди мунсифонаи ақоиди ў корбарони рўшанбин меоваранд, имдан имтиноъ меварзад ва мутаассибона танҳо худро ҳақ мешуморад. Матлаби С. Истаравшаниро бо як ҷумла метавон хулоса кард: Таҳқиқе номуваффақ дар қолаби фантазияи сиёсӣ.

Бо ин тарзи биниши примитивии динӣ-феодалӣ, ки бар мабнои далоили ирфонӣ ва тасаввуфӣ дар сафаҳоти сомонаи «KEMYAESAADAT» чида  мешаванд ва дуруштию дағалии мафкураи исломи сиёсиро як навъ суфта месозанд, чӣ гуна метавон ҷомеаи адолатхоҳ ва дунявӣ сохт? Боқӣ қазоват аз шумост, хонандагон ва корбарони матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ. 

Нодир Зиё   

ТО ТАБАДДУЛОТ СЕ РӮЗ МОНДА БУД. Мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд

Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти  террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани инқарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асосиҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтаниҲНИТ қабул кардааст, омодагӣ зоҳир намуд, ки ба саволҳои шореҳи «Тоҷикистон» посух гӯяд.

 

-Муҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб  қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?

-Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба ҳар  масъалаи мавриди баҳс назарҳо  гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои  моҷароҷўёна  иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии  масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.  Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ,  миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва  ё  барои бо роҳи зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд,  манъ аст.

ҲНИТ  4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз  кард.  Яъне, дар ҳамон давра, гурўҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.

Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

— Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?

— Албатта не. Сабаби асосии аз ҷониби Суди Олӣ бастани фаъолияти ҲНИТ низ дар ҳамин буд.

—  Агар ин воқеият дорад, метавонед чанд далел пеш оред?

— Далелҳо зиёданд, ҳамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноӣ нисбати амалҳои террористию эктремистии аъзои ҲНИТ оварда шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои Иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои гурўҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст. Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ў аз 21 январи соли 2011 барои  иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.

Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин  фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ  дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали  дастҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.

Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, бо истифодаи силоҳи оташфишон — автомати тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Номбурда барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зўроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ  аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бошад, 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ безарар гардонида шуда, автомати  тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров”-и ба ў тааллуқдошта мусодира шуданд. Иштироки фаъолонаи С. Мамадризоев дар амлаҳои террористӣ ҳамчунон бо нишондоди шоҳидон, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои эътимоднок дар парвандаи ҷиноӣ тасдиқи худро ёфтаанд.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзои Ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, худашон низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуда буданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва А. Турсунов дастгир гардида, бо ҳукми Суди вилояти Суғд барои содир кардани амалҳои ҷиноятиашон маҳкум  карда шуданд.

11-уми августи соли 2015 даҳ нафар сокини шаҳри Норак дар кўпруки деҳаи Чашма-1-и ш.Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурўҳ 5 нафарашон, яъне Саидов Д. Фозилов Д. Пиров Қ. Хоҷамуродов Т. ва Ҷ. Абдуллоев аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак алоқаи бевосита дошт. Номбурдагон бо ҳукми Суди вилояти Хатлон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

— Шумо ҷиноят ва ҷинояткоронеро зикр намудед, ки фаъолияти онҳо метавонад ба ҲНИТ иртиботе надошта бошад.

— Рафти баррасии парванда собит намуд, ки аз ин роҳбарияти ҲНИТ на танҳо огоҳ буд, балки онро раҳномоӣ мекард. Агар чунин нест, пас чаро амали онҳоро маҳкум накард? Ман метавонам аз ин бештарро гӯям.

-Аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурўҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад 1 дарёфт шуданд.Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурўҳи 40 — нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурўҳи 25 — нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурўҳи 30 — нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурўҳи 25 — нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурўҳи 40 — нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

-Кабирӣ зимни суханрониаш  дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт.  Айнан хабари сомонаи “Payom net”- ро, ки тааллуқ ба ҳизбимамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам:

“Дар ин сабт,ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви  Раёсати  олии ҲНИТ ва Абдулазиз Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё  ӯ  ба ин  ки ҲНИТ  дар кудато (табадуллотред.) даст  дорад  бовар  мекунад?    Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд  посух  мегӯяд, ки ҲНИТ дар“кудато” даст надорад”.

Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби  рутбаи  баланд  мегӯяд. Шояд мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  дар  овардани  далелҳо ба сохтакорие роҳ доданд?

— Аз як ҷониб нишондоди Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат  айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам”” (https://www.youtube.com/watch?v=2NZE_NwGulU). Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ,  пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад.  Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим.

Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд.  Такрор ба такрор “Шумо далел надоред”- гуфтани Кабирӣ ҳарфҳоест, ки  дар мағзаш дигарон ҷой кардаанд. Ба ӯ ва пуштибонони хориҷиаш боз чӣ далел лозим аст? Мисоли мустақими дигаре меорам: дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ доир ба ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли  2015, тавассути сабтҳои аудио-видеоӣ ва нишондодҳои шоҳидон исбот карда шуд, ки 1-уми сентябри соли 2015 писари Кабирӣ  Тиллозода Руҳулло Муҳиддин, ронандаи Кабирӣ Сайфов Ҳикматулло Тешаевич шавҳари хоҳари ҳамсари М.Кабириро ба хонаи худашон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Хайрулло Мирзоев, гузаргоҳи 3-юм, хонаи 69 даъват намуда, супориши падарашро мерасонад, ки ба бинои ҶСП “Бинокорсервис” (ширкати худи М.Кабирӣ) рафта, ба шаҳрвандон Нарзуллоев Ҷамшед Исматуллоевич, зодаи ноҳияи Файзобод, писари аммаи М.Кабирӣ, директори ҶСП “Бинокорсервис” ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ Тешаевич, бародари ҳамсари М.Кабирӣ, сардори шуъбаи кадрҳои ширкати номбурда расонад, тамоми маблағҳои дар ихтиёрашон қарордоштаро ҷамъоварӣ намоянд. 2-юми сентябри соли 2015, худи Р.М. Тиллозода бо ҳамроҳии Сайфов Ҳ.Т. ба  ҶСП “Бинокорсервис” меравад. Маблағи 400 ҳазор доллари ИМА ва 200 ҳазор сомониро аз Ҷ.И. Нарзуллоев ва М.Т. Раҳматуллоев гирифта, дар шоҳидии се нафар сейфи ба худаш тааллуқдоштаро кушода, маблағи 1 миллиону 180 ҳазор сомониро аз он ҷо берун меорад. Сипас, ба Назарзода А.М. занг зада мегӯяд, ки тибқи дастури падараш маблағи баробар ба 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ҷамъоварӣ намудааст ва бояд ба ӯ диҳад. Баъди гуфтугӯи телефонӣ, Р.М. Тиллозода ва Ҳ.Т. Сайфов бо автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, рақами давлатиаш 7288 СА01, маблағи зикршударо ба хонаи А.М. Назарзода бурда, ба ӯ медиҳанд.

Маҳз баъди гирифтани маблағи мазкур, шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015 дастаи ҷинояткори А.М. Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд.

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт.

А.М. Назарзода бо гурўҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намуданд. Муовини вазири мудофиа ва командири қисми ҳарбии № 08050-и  вазоратро гаравгон гирифтанд. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятиро дар маҳаллаи собиқ “Хлебзавод” бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт,  автомати тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардониданд.Ҳамзамон, ғайриқонунӣ ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа ворид гашта, бо роҳи зӯроварӣ 180 адад силоҳи оташфишони АК, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро гирифтанд.

Баъдан, аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ, таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон машғул буданд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Д.Х. Саъдуллоев, Р.Х. Орипов, Д.Г. Буриев, А. Ҷобиров, И. Пиров, Н.А. Каримов, Ш.М. Шарипов, Д.Г. Ёров, М.Ш. Ҳасанов ва М.С. Саидов (10 нафар) ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин амалиёте, ки аз ҷониби назарзода сурат гирифт, қариб 50 нафар нобуд гашт. Ин ҷо ҳама талафоти ҷонӣ, фарзандони мардуми тоҷик ҳастанд.

Шумо парвандаҳои ҷиноиро зикр кардед, ки замина барои парвандаи шаҳрвандӣ — манъи фаъолияти ҲНИТ фароҳам оварданд. Ҳастанд далелҳои мушаххас, ки шаҳодат аз тасмими табаддулоти давлатӣ медиҳанд?

— Магар мисоли дар боло овардаам шаҳодат аз ин намедиҳад? Мисоли мустақими дигар меорам: ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ ва террористӣ, табадуллоти давлатӣ  доштанд, мусодира гашт. Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд.  Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост…”

Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан, таблиғоти зидди давлатӣ бурдан. Вазорати адлия борҳо дар ин хусус ҲНИТ-ро огоҳ кардааст. Аммо чуни ҳадафҳо дигар буданд, эътибор намедоданд, худро  нодида мегирифтанд, афкори ҷомиаро алайҳи давлат сафарбар менамуданд, кўшиш ба харҷ медоданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд.

— Агар шумо чунин далелҳо доред, ҳамаи онҳо дар парвандаҳо сабт шуда бошанд, сабаб чист, ки қарори Суди Олӣ дар бораи ҳизби террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ аз ҷониби дигар кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф нагардид?

— Чӣ хел эътироф нагардид? Баъд аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015 ред.), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай,  дар мувофиқат бо  Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии  3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.

8-уми июни соли 2016 ҷаласаи Кумитаи котибони Шўроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рўйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд,  мувофиқа намуда, ҲНИТ-ро дар қатори чунин  созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти №65 ба он ворид намуд.

Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард.

— Боз ҳам созмон ва кишварҳое ҳастанд, ки онро эътироф намекунанд.

— Аз лиҳози талаботи моддаи 1-и Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994 қабул карда шудааст, моддаи 5-уми Конвенсияи Шўрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, қонунҳои қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва эктремизм ҳаракатҳо ва амали ҲНИТ мутобиқ ба он аст, ки ҳамчун  ташкилоти террористӣ- экстремистӣ шинохта шавад. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари ин кишварҳо муносибатҳои духўраро ба миён овардааст. Агар чунин ҷинояте ҳамсони амалкардҳои наҳзатиҳо дар кишварҳои аврупоӣ содир гардад, ҳамоно бо вокуниши сахти мақомоти салоҳиятдор рў ба рў мегардад ва ҷазои сахттарин нисбат ба унсурҳои ҷинояткор татбиқ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатҳои худ ин кишварҳо ҳатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористӣ рўй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд.

Филми ҳуҷҷатии Вазорати корҳои дохилиро ба хотир оред. Дар он ҷо факту далелҳои раднопазир оид ба даст доштани хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ дар амалҳои террористии аз тарафи аъзоёни ҲНИТ анҷомёфта намоиш дода шуданд. Лекин чун муносибатҳо тавре дар боло зикр шуд, дугона ҳастанд ва онҳо манфиатҳои худро аз муносибатҳои судманди муштарак болотар мегузоранд, ҳозир нестанд гуноҳи кардаашонро бипазиранд ва роҳҳои нави беҳбудии робитаҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Айнан чунин ҳолатро мо дар ҳамоишҳое мебинем, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд.

— Аслан нишасти онҳо ҷои нигаронӣ нест. Омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд. Бюроҳои алоҳида низ ҳанӯз САҲА нестанд, онҳо танҳо минбар медиҳанд. Бигзор муроҷиаткунанда ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ бошад. Минбар додан ҳанӯз маънии эътироф карданро надорад.

Мехостам дар як масъалаи дигар назаратонро фаҳмам. Шумо дар оғози суҳбат изҳор кардед, ки қарори Суди Олӣ бар манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст. Аммо ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки ҲНИТ бояд баста намешуд.

— Ин ҳаводорони ҲНИТ бояд бо парвандаҳои ҷиноӣ шинос шаванд. Онҳо бо думи мор бозӣ доранд, вале ҳанӯз заҳри неши морро начашидаанд. Инро ман ҳамчун судяе мегӯям, ки парвандаи ҲНИТ- ро баррасӣ кардааст. Будани ҲНИТ фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон аст.

— Мегӯянд, ки шумо таҳти фишор чунин қарор баровардед.

— Магар далелҳое, ки ман дар боло зикр кардам шаҳодат аз қарори зери фишор медиҳанд? Бо ин далелҳо ва боз даҳҳо далели дигар ҲНИТ-ро агар сад бор ҳам бандед, кам аст.

— Бисёриҳо аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, аммо шумо боҷуръатона сухан мегуед.

— Вақте ки далел ҳаст, куҷо ҷои тарс аст. Санаде, ки мо қабул кардем, ба ҳукми қонун даромад. Агар нодуруст аст, чаро эътироз намекунанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба мо муроҷиат карданд, мо посух додем ва онҳо лаб ба хомӯшӣ бастанд.

— Шояд як камбудӣ он буд, ки мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт?

— Мурофиа озод, паси дарҳои боз сурат гирифт. Дар он беш аз 70 рӯзноманигор иштирок доштанд. Ҷои таасуф аст, ки на ҳама рӯзноманигорон воқеиятро объективона рӯи қалам оварданд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад

Бознашр аз ҳафтаномаи

“Тоҷикистон”,  27.09.2017

ҲНИТ — як шохаи «Ихвон-ул-муслимин»

Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан ал-Банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри  Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Ҷомеаи бародарони исломӣ» ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки ба қавли пешвоёнашон Ҳасан-ал-Банно ва Саид Қутб, бояд аз Испания то Филиппину Индонезия густариш ёбад.

Тибқи  принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин»  ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дас-ти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла, «Ваҳҳобия», «Ал-қоида», «Салафия», «Ҳизби таҳрир», «ДОИШ» фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи худ, аз усули хос «қадам ба қадам» истифода мебаранд. Принсипҳои асосии ин усул инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд, тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла, калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо, ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, демогогияи (авомфиребии)  «Ихвон-ул-муслимин», исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло» ва қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Ихвониҳо дар кишварҳои мухталиф ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд. Онҳо барои расидан дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷӯён, бонкҳои исломӣ, меҳмонхонаҳо, ширкату марказҳои туристӣ ва созмонҳои миссионерӣ таъсис дода, ба ин восита фаъолияти худро пеш мебаранд. Ҳамин аст, ки «Ихвон-ул-муслимин» ба шабакаи байналмилалӣ табдил ёфта, даромадҳои худро аз ҳисоби аъзоҳаққӣ, хайрияҳо ва дастгирии молиявии аъзоён ва тарафдоронаш, ки дар кишварҳои нафтхези халиҷи Форс мустақаранд, ба роҳ мондаанд.  Қудратҳои ҷаҳонӣ бошанд, барои манфиатҳои худ ва таҳти нуфуз нигоҳ доштани минтақаҳои муайяни мусулмоннишини ҷаҳон аз исломи сиёсӣ, махсусан, аз «Ихвон-ул-муслимин» ва шабакаҳои ба он тобеъ дар ҳолатҳои зарурӣ  истифода мекунанд ва онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин менамоянд.

ҲНИТ як шохаи «Ихвон-ул-муслимин» буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ Саид Қутб ва  Ҳасан ал-Банно ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён, чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар шурӯъ аз солҳои 70-уми асри 20 дар шакли пӯшида ва пинҳонӣ гурӯҳҳо  таъсис дода, дар солҳои охири мавҷудияти давлати Шӯравӣ, ки бозсозию ошкорбаёнӣ ба вуҷуд омад, ба муборизаи ошкоро гузаштанд ва Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминаи он ба расмият дароварданд.

Мусаллам аст, ки роҳбарони ҲНИТ чун аз хориҷи кишвар, махсусан, аз ҷониби «Ихвон-ул-муслимин» дастгирӣ меёфтанд, дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори демогогӣ (авомфиребона) дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо карданд. ҲНИТ пурра методҳои ихвониро истифода намуда, дар саросари Тоҷикистон ячейкаҳо ва гурӯҳҳои худро таъсис дод. Ҳамчунин, тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори умумро сармоягузорӣ карда, шахсиятҳои мазҳабӣ ва   тарзи рӯзгори мазҳабӣ; пӯшиши ҳиҷоб ва амсоли инро таблиғ намуда, фазои иттилоотии кишварро то ҷое дар зери таъсири худ гузошта буд.

ҲНИТ аз яке вижагиҳои усули «қадам ба қадам» — ҳамкории байнимазҳабиро (шиъа ва суннӣ), ки дар Баҳрайн, Эрон ва Хамосу Фатҳ ва Фаластин истифода мешавад, ба кор бурд. Ҳамин аст, ки наҳзатиҳо дар тӯли фаъолияти худ гоҳ дар оғӯши Эрон ва гоҳ дар оғӯши Туркия ва гоҳҳо дар оғӯши  ихвониёни мисрӣ ва дигар кишварҳо қарор доштанд. Барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир  оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро  дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд. ҲНИТ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифтааст. Сараввал, сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис дода, дар баробари ин ба ҷамъоварии эҳсону хайрия шуғл меварзиданд. Баъдан, бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои одитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд. Оҳиста – оҳиста онҳо дар зеҳни гурӯҳҳои муайяни кишвар худро чунон вонамуд карданд, ки гӯё маҳз онҳо аз ислом сухан мегӯянд ва ҳизби онҳо ҳизби Худост. Яъне, бо роҳи ақидатӣ «қадам ба қадам» бо демогогияи худ зеҳни мардумро вориди террори ақидатӣ қарор доданд. Аъзоёни ҲНИТ ба мисли ихвониҳо аз демогогия зиёд истифода мебаранд ва шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён мегузоранд, ки ин гуна  шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ тадбиқнашавандаанд. Агарчи онҳо дар як давраи кӯтоҳ то замони расидан ба ҳадафҳои худ аз ин шиорҳо истифода намоянд ҳам, вале ҳангоми қудратро ба даст гирифтан баръакс амал менамоянд. Масалан, Муҳаммад Мурсӣ, ки худ ихвонӣ буд, дар муддати кӯтоҳи роҳбарии худ ҷиҳати аз байн бурдани принсипҳои демократӣ дар Миср амал карда, ҳатто ба тағйир додани конститутсияи ин кишвар иқдом кард ва як қатор қарорҳоеро қабул намуд, ки зидди принсипҳои демократия ва озодӣ буданд.

ҲНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд карданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола намуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва ҳамчун демократия ба намоиш гузоштанд. Айни ҳол сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнӯи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Барои амалӣ намудани демогогияи худ ва роҳ ёфтан ба мағзҳои хуфта роҳбарони ин ҳизб бо галстуку сарулибоси ғайримазҳабӣ дар чорабиниву расонаҳо ҳозир мешаванд. Ҳамчунин, пайваста дар матбуоти даврии вақт таблиғ шудани шахсиятҳои исломӣ ва нашри фатвоҳои пешвоёни динӣ яке аз ҳадафҳои дигари «ором-ором» табдил додани ҷомеаи дунявӣ ба ҷомеаи динии сиёсӣ аст. Аз таърихи ихвониҳо маълум аст, ки усули «қадам ба қадам», ки бо роҳи «ором-ором» исломӣ кардани ҷомеа сурат мегирад, доимӣ нест ва он танҳо дар шароите ба кор бурда мешавад, ки ҳукумати рӯз қудратмандтар аз ихвонҳо бошад. Дар ҷумҳуриҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 70-ум, ки ҳукумати вақт ниҳоят пурқудрат буд, ихвониҳо усули «қадам ба қадам»-ро истифода намуданд ва ҳаракатҳои исломие, аз қабили гурӯҳҳои исломии Тошканд ва Ҳалқаи ҳиндустонӣ асосан барои паҳн кардани  адабиёти исломӣ дар байни аъзои ҷомеа, бахусус, ҷалби ҷавонон ва донишҷӯён ба ин гурӯҳҳо сафарбар шуда буданд. Дар солҳои 90-ум бо суст шудани қудрати сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ усули нав, яъне, «сиёсати зӯроварӣ»-ро пеш гирифтанд. Дар ҳамин замина Ҳизби наҳзати исломии Шӯравӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро фаъ-ол намуданд, бо истифода аз «сиёсати зӯроварӣ» вазъиятро дар Қафқоз ва хосатан дар Тоҷикистон тезутунд намуданд. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сиёсати зӯроварии ихвонипешаи ҲНИТ дар кишвар буд. Дар Россия низ гурӯҳҳои террористии Ибни Хаттоб, Шамил Бассаев, Маҷлиси олии ҳарбии шӯрои қувваҳои мусаллаҳи Кавказ, ки ячейкаҳои «Ихвон-ул-муслимин» буданд, ба амалҳои террористӣ даст заданд, ки ин боиси куштору ноамнӣ дар минтақаи Кавкази Федератсияи Россия гардид.

Ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015-и ҷумҳурии мо низ бозгӯкунандаи он аст, ки ҲНИТ ячейкаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва дар ҳар вазъияте аз усулҳои хос истифода менамояд. Пешвоёни ҲНИТ дар моҳи сентябр мутақоид буданд, ки онҳо дар кишвар бо усули «қадам ба қадам» тарафдорони зиёдеро соҳиб гардидаанд ва баъдан фазои  дигари сиёсии худ «сиёсати зӯроварӣ»-ро шурӯъ карданд ва тавассути гумоштаи хеш — генерал Назарзода даст ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ  заданд. Онҳо муътақид буданд, ки дар муддати кӯтоҳ ошӯби онҳо дастгирию ҳамовозӣ пайдо мекунад ва онро баъдан ба инқилоби исломӣ табдил медиҳанд. Амалҳои террорис-тие, ки солҳои 90-ум аз ҷониби дастандаркорону пайравони ҲНИТ содир шуда буданд, (амсоли даҳшатноктарин навъҳои куштори инсон дар вилояти ҳамонвақтаи Қӯрғонтеппа, террорҳои пай дар пайи шахсиятҳо) боиси он гардид, ки табаддулоти онҳо   ба шикаст мувоҷеҳ гардад.

Хулоса, ҲНИТ тӯли замони мавҷудияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои «Ихвон-ул-муслимин» ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИТ аз рӯи усули «қадам ба қадам» буда, ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят кард. Онҳо кӯшиш намуданд, ки то андозае гурӯҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ моил намоянд. Дар бахши амалӣ бошад, ҲНИТ мисли «Ихвон-ул-муслимин» аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷиаи солҳо 90-ум ё террори ақидатӣ дар солҳои 1991-1997 ва бо роҳи зӯроварӣ иваз кардани ҳокимият дар соли 2015 гардид.

Айни ҳол ин ҳизби мамнуи терористӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон   аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва  тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд, ки зеҳнҳоро мағшуш намояд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи

технологии Тоҷикистон

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ- ВАБОИ АСР

Инсоният дар оғози қарни навин ба марҳилаи ҷаҳонишавӣ, ки омили муҳими баҳамназдикшавии кишварҳо ва халқҳои сайёра, рушди илму техника ва технологияҳои муосир мебошад, ворид гардидааст.

Дар баробари ин, равандҳои навин ба пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ, кӯч бастани садҳо ҳазор шаҳрвандони давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни олам мусоидат намудааст.

Ин тамоилҳои манфӣ, аз ҷумла бӯҳрони чаҳонии молиявӣ ва болоравии сатҳи экстремизми сиёсӣ ва динӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд.

Дар дохили кишвар низ баъзан чунин гурӯҳҳои ба халалдор сохтани зиндагии орому осудаи сокинони кишвар манфиатдор ошкор шудаву безарар гардонида мешаванд.

Ҳодисаи рӯзҳои 4-16 сентябри соли 2015 аз ҷониби хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик даст задан ба амалҳои террористӣ ва халалдор намудани оромии кишвар тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд.

Кирдори нангини хоинона аз ҷониби ин гурӯҳи террористӣ тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ шуда, хушбахтона ин мақсади нопоки хиёнаткоронаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон бо шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи мазкур ба Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон муносибати бевосита дошта, ҳама амалҳои он аз ҷониби роҳбарияти ҳизби мазкур тарҳрезӣ ва роҳбарӣ карда мешуд.

Солҳои охир аъзоёни он даст ба қонунвайронкуниҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои террористиву экстремистидошта содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд.

Аз ҷумла танҳо дар зарфи 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, 17 нафар аз онҳо бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳамин аст, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлату давлатдории миллӣ аз ҳар як фарди огоҳу бедордили ҷомеа ва тамоми афроди бонангу номуси миллат тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошанд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад карданд.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръони Маҷид бо забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп карда шуда, дастраси шаҳрвандон гаштааст. Имрӯз, дар тамоми хонаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ китоби Қуръони Маҷидро дарёфт кардан мумкин аст.

Инчунин, дар давраи истиқлолияти ҷумҳурӣ зиёда аз даҳ баробар зиёд шудани микдори намозхонҳо, садҳо маротиба афзудани миқдори ҳоҷиён,   фароҳам овардани шароит барои бе ягон мамоният адо намудани ҳама фароизи динӣ дар кишвар нишони эҳтиром ва арҷ гузоштани роҳбари кишвар ба арзишҳои муқаддаси динӣ мебошанд.

Тавре ки маълум аст, мақсадҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёт, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Бо вуҷуди мавҷудияти душвориҳо, бахусус буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, мухолифиатҳои геополитикӣ, мушкилии таъсиси миқдори зарурии ҷойҳои корӣ ва ғайра, мо барои амалӣ намудани ин мақсадҳо имконияту шароити мусоид, аз ҷумла захираҳои азими энергетикӣ, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қимматбаҳо, заминҳои кишт ва ҳамзамон неруи баланди ақлонӣ ва таҷрибаи таърихӣ дорем.

Аз ин хотир боварии комил дорем,  ки мо ба ин ҳадафҳои бузургу созандаи худ  комёб хоҳем шуд.

Исмоилзода У.С.,  и.в. прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.