Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ХИЁНАТ БА ВАТАН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ

Замин–модархудои мутлақи мо – ба хотири оромию осоиши ҷони инсонҳо  якмаром дар гирди меҳвари худ давр мезанад, чун модари  гаҳвораҷунбон шабзиндадорӣ мекашад, ки тифлонаш қисмати нек ёбанду фирефтаи “андешаҳои” бофтаю тофта нашуда, дар дунёи рӯшан барои худ ҷаннат бунёд кунанд ва ҳаёти хуррам ороянд. Фарзандони некбину тарбиятдида дар ивази некиҳои ин сайёраи хушбин бо дасту дили пок ба модархудои хеш аз дилу ҷон, бо амри имону виҷдон хизмат мекунанд, то ба гулҳои даршукуфти зиндагии худ обу ғизо бахшанд.

Афсӯс, ки дар баҳору табиати нотакрори ин Замини нозпарвар хорҳои нешдор мерӯянду бӯю таровати онро халалдор мекунанд.

Банда бо ин образ фарзандони нохалаферо дар назар дорам, ки ба модархудои  мутлақи худ хиёнат мекунанд, бо рехтани хуни ноҳақ замини нозанинро доғдор мегардонанд, накҳату таровати онро коҳиш медиҳанд.

Ин сатрҳо баъди тамошои филми телевизионӣ дар хусуси куштори Сафаралӣ Кенҷаев  ва дигар фарзандони асили Ватан аз ҷониби генерали лаънатшунида Ҳалим Назарзода рӯйи қоғаз рехтанд. Ҳар каси ин наворро дида ангушти ҳайрат мегазад, ки Назарзода то ба ин дараҷа ҷаҳолатмаоб будааст. Воқеан, ӯ чеҳраи манфур ва тинати ноҷури худро 4 сентябри соли 2015 аён карда буд. Табаддулоти давлатии ин гургбачаи палангшуда чанд ҳафта фазои кишварро ноором гардонда, халқи осоиштаро ба таҳлука андохт. Хуни ноҳақи чандин нафар фарзандони Ватан дар гардани ӯст! Ду тан аз ҷавонмардони файзободии ташнаи зиндагӣ Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифов қурбони ошӯби барангехтаи Назарзода шуданд. Албатта, хешу ақрабои Исмоилу Раҷабмурод ҳамеша сӯйи гӯристони ӯ дасти лаънат мебардоранд.

Ҳалим Назарзода байни кӯҳу камар ба қатл расид, ба сахтӣ ҷон ба Ҷаббор супурд.

Номи ин гуна генералҳои ордендор дар саҳифаи таърихи миллат бо хати ғафси сиёҳ сабт мешавад!

Терроршудагони дасти Назарзода Ҳалим, аз ҷумла Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон буданд. Номбурдаҳо бо амалҳои некашон баҳри халқу Ватан шуҳрат доштанд. Онҳо метавонистанд ба хизматҳои кардаашон хизматҳои арзандатар зам намоянд.

Се тан аз дастгиршудагон, кушандаҳои Сафаралӣ Кенҷаеву дигарон, иқрор мешаванд, ки намояндаҳои пешсафи илму фарҳанги кишварро бо супориши хоҷагони хориҷии худ ба қатл мерасонданд. Онҳо муҷозоти худро аз сӯйи қонунҳои кишвар мебинанд. Вале сангинтарин ҳукм лаънати халқ аст, ки имрӯзҳо, баъди тамошои ҳамон навор аз даҳони пиру ҷавон садо медиҳанд. 

Мо ба мардуми Эрон хешии забонӣ дошта, ба ин хотир муносибати самимонаи дӯстона мепарварем. Ба руҳонияти Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ, Фирдавсии бузург, ки зодагони ин сарзамин буда, ҳамчун классикони адабиёти форс-тоҷик  писандида мешаванд, ба Эрон бо назари неку дили пок менигарем. Медонем, ки турбати Хайёми фалсафасарои мо дар Нишопур ба зиёратгоҳи ин халқ табдил ёфтааст. Мо бошем, ба Мир Алии Ҳамадонӣ ихлосу эҳтироми хоса нишон медиҳем. Воқеан, шахсиятҳои бузург чун Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳида  маҳдуд нестанд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун рафта, баҳри хидмати аҳли башар шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Мир Саид Алии Ҳамадониро на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, инчунин дар Покистон, Ҳиндустон, Афғонистону Ӯзбекистон ва мамолики шарқ ба хубӣ эътироф мекунанд. Ба ифтихори ин шахсияти олии илму ирфон ёдгориҳои арзандаи меъморӣ бунёд мешавад. Мақбараю гунбади ӯ дар шаҳри Кӯлоб равшании ифодаҳои болост. Ногуфта намонад, ки моҳи сентябри соли 1995 600-солагии ин мутафаккири равшанзамир дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта шуд. Дар маҷлиси ботантанаи баргузоргардида Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Пас чаро ёрони  носипоси мо барои аз байн бурдани фарҳанги ҳазорсолаҳои халқи тоҷик дасту остин бар зада, ба ин кор маблағ ҷудо мекарда бошанд?! Кош арвоҳи Саъдию Ҳофизу Хайём дар хоби ин тоифаи инсонҳо ба мисли “алабиҷӣ”, ба сурати аждаҳо дарояду талхакафашон кунад!

Дар ин навор аз забони террористони дастгиршуда номи Абдуллои Нурӣ ба бадӣ зикр шуд. Кас дар ҳайрат мемонад: шахсе, ки дар истиқрори сулҳи умумии тоҷикон ҳисса дораду дар музокираҳои расмии байни ҳукумату неруҳои мухолифин аз хонавайронии фарзандони модари тоҷик, хору залиливу овораю саргардониҳои “муҷоҳидин” бо дилсӯзӣ ҳарф мезад, ин қадар дилсардона рафтор доштааст!

Мо, халқи тоҷик, пас аз ҳазору чанд сол соҳиби давлати мустақил шудем. Шояд дӯстони дар нохунаки мо инро намехостаанд, ки баъди ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони бегуноҳи модари тоҷик аз ҷанги бародаркушии кишвар раҳо ёфтанамон ҳам бо дили пурғараз торику рӯшан, аёну ноаён ба сӯямон санг мепартоянд. Онҳо ақли фарзандониноасли моро харидорӣ карда ба пояҳои фарҳанги дар тараққиамон теша мезананд, мехоҳанд ба сохтори имрӯза халал диҳанд. Чаро ба садои баланд нагӯем, ки дирафш ҳеҷ гоҳ ба пӯлод кора намекунад, ду-се нафар ватанфурӯш шуд, ҳазорону милёнҳо  дар ҳифзи Ватан, дар сангари номуси он истодаанд, то рушду нумӯи Ватан халадор нагардаду дасти нопоке ба моҳу ситораи дурахшони ин сарзамин расоӣ надошта бошад.

Дар хотимаи сухан гуфтан мехоҳам, ки хиёнат ба Ватан хиёнат ба модар аст! Ҳар кӣ субҳашро бо ин ният оғоз мекунад, рӯзаш ба шаби тор табдил меёбад.

Маъруфи МАРОФЕЪ,

 рӯзноманигор.