Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

Таҳқиқе номуваффақ дар қолаби фантазияи сиёсӣ (вокуниш ба матлаби С. Истаравшанӣ)

Матлаби тавтеабарангези яке аз ходимони маъруфи наҳзатӣ ҷаноби Сайидюнуси Истаравшаниро таҳти унвони «Худкардаро тадбир нест (1)» дар пойгоҳи иттилоотӣ-таҳлилии «KEMYAESAADAT» (аз  05.10.2017) мурур кардам. Ростӣ, ба ҳунари дурўғофаринӣ ва иғвогарии ин марди сухан бовар кардам. Бо ин сатҳи дониш ва мутолеаи фарохе, ки Истаравшанӣ дорад, айб аст чунин навъи таҳлил ва баҳогузорӣ ба матолиби расонаӣ, ки бар мабнои гумону тахминҳо ва ҳассосиятҳои нобаҷо дуруст шудаанд. Барои посух ёфтан ба масоили мусоҳибаи ахири сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур бо додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шамс Азизов Истаравшанӣ ба суроғи «таҳқиқи майдонии дақиқе» меравад ва асрори мусоҳибаро гўё кашф мекунад. Хулосаҳои қисмати аввали худро Истаравшанӣ дар қиболи мусоҳиба манзур месозад.

Таъкиди калидии Истаравшанӣ бештар сари сабти гуфтугўи Абдуқаҳҳори Давлат бо Абдулазиз Ҷалов — муовини собиқи раиси КДАМ тамаркуз мекунад ва пофишории ў бар он аст, ки муовини собиқи Кумитаи амнияти миллӣ (манзур А. Ҷалов аст)-ро бо С. Ятимов шўронаду аз ин дасисакорӣ ҲНИТ холи сиёсӣ ба даст биоварад. Ин аст, ки ҳадафи мусоҳибаи Ш. Ҳамдампурро ба як навъ «расондани як паём ба як шахс» маънидод мекунад. Зиёда аз ин, бо овардани «паёмак»-и «23 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Human Rights Watch (HRW), бо ирсоли номае ба вазоратхонаҳои молия ва хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хостори ворид кардани исми ҷаноби Саймўмин Ятимов (раиси КДАМ) ба «Феҳристи Мангитский» шуданд» С. Истаравшанӣ нидои пирўзӣ мезанад. Бехабар аз он ки ин гуна созмонҳои байналмилалӣ, ки ғолибан дар бозиҳои сиёсӣ шариканд ва манофеи худро доранд, мувофиқи ҳолу ҳавои сиёсати ҷаҳонӣ амал мекунанд ва аз ҳар гурўҳи ифротгарое назири наҳзат ҳимоят менамоянд. Шояд онҳо аз вазъи кунунии Тоҷикистон ва минтақа огаҳӣ надоранд ва «нақш»-и ҲНИТ-ро дар ташаккули хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар минтақа нодида бигиранд. Ин кори онҳост ва ҳоло ин созмонҳо, агарчи статус-мақоми байналмилалӣ доранд, барои сиёсати ҷаҳонӣ ва муколимоти байналмилаии сиёсӣ эталон маҳсуб намеёбанд. Ба дунболи ин, Истаравшанӣ ба ҷониби С. Ятимов – раҳбари КДАМ бешармона сангпартоиро шурўъ мекунад. С. Ятимов ба сифати садри мақомоти амнияти миллӣ бояд дар баробари расвоиҳои наҳзатӣ, тахрибу вайрон кардани шууру тафаккури миллӣ, тавҷеҳ додани мазҳаб ва диният бар илму дунявият ва дар ниҳоят, мағшуш сохтани зеҳни мардуми тоҷик сукут меварзид, то шумо ва дастандаркорони шумо пружаи наҳзатро мегустурданд ва ҷомеаи тоҷикиро ба бадбахтии таърихӣ – ба вуҷуд овардани салатанати исломи сиёсӣ ва қудрати динӣ-мазҳабӣ дар минтақа «раҳнамун» месохтанд. Хобатонро ба об гўед. Дар ягон мамлакати дунё, новобаста аз низоми динӣ ва дунявӣ мақомоти амниятӣ намегузоранд, ки гурўҳҳои табаҳкор рахна ба давлат зананд ва вазъро муташанниҷ созанд. Аз ин ҷост, ки С. Ятимов дар доираи ваколат ва вазифааш амал карда, ҷилави «нағмаву найрангҳо»-и мазҳабиро, ки таърихи тўлонӣ доранд, гирифт. Албатта, пеши роҳи хуруҷи наҳзатро гирифтани Ятимов ва тими амнияти миллӣ барои шумо маъқул нест, чаро ки ҳасрати ба қудрат расиданро дар дил доред ва раиси амнияти миллӣ ин «ормон»-и шуморо барбод дод. Баръакси шумо, барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аҷдоди онҳо асрҳои аср зери бори истисмор ва истибдоди динмадорон (шайху мулло, эшону қозӣ, муфтиву муҳтасиб ва дар маҷмўъ, иерархияи исломӣ) ба сар бурдаанд, аз саҳнаи сиёсӣ рафтани элитаи сиёсии наҳзатиро хуш пазируфтанд ва онро нишонаи тантанаи низоми дунявӣ ва адолати миллӣ унвон кардаанд.

Истаравшанӣ аз маҳдуд шудани озодиҳои маданӣ ва озодии расонаҳо, тарки миҳан намудани ҳазорон шаҳрванд ва бахусус, мағзҳо ва рукуди иқтисодӣ сухан дар миён оварда, ин авоқиби ба қалам додаашро насанҷида ба рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ рабт медиҳад. Бубахшед, ҷаноби Сайиюнус! Фазо ва муҳити ғайриилмӣ ва комилан мазҳабӣ бар асари шиорпароканиҳои раҳбарияти наҳзатӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир дар ҷомеаи тоҷикӣ ба вуқўъ пайваст, ки ин, бешубҳа, аз «хидмати» элитаи манфиатхоҳи наҳзатӣ ва махсусан шахси Кабирӣ ва зиндониёни ҷинояткори наҳзатӣ бармеояд. Маҳз сиёсати динмадоронаи наҳзатӣ боиси мағшушоти фикрӣ ва тавсеа ёфтани таассуби динӣ дар кишвар гардид. Ба ин танҳо ҲНИТ, раҳбарият ва пуштибонони дохилию хориҷии он манфиатдор буданду халос.

Чизи дигар, нишасти Варшава, ки бо «ҳузур»-и Кабирӣ гўё рангин шуд, бурди сиёсӣ нест. Дар доираи он бисёр муътаризони дигар давлатҳо ҳам ширкат ва суханронӣ карда метавонанд. Аз он ба сифати минбари калидии сиёсӣ ном бурдан хандаовар аст. Аввалан, ширкати ҳангомабарангез ва дар айни замон воҳимадори раҳбарияти ҲНИТ-ӣ дар Варшава ба чӣ далеле муҷиби ташвиши раҳбарияти олии ҷумҳурӣ мешудааст? Дар он ҷо чанд нафар, ки ба ҷурми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ аз кишвар фирор карда, аз озодиву истиқлолияти сиёсию мадании урупойӣ истифода(балки сўйистифода) намуда, дар минбари озод «доди» сухан медиҳанд, ҳоло маънии заъфи давлати миллиро нишон намедиҳад. Дигар ин ки ин чанд нафар, аслан таҷаммўъ нестанд ва ба ҷуз воҳима андохтан, тавтеа сохтан ва сиёҳ кардани давлати Тоҷикистон коре аз дасташон барнамеояд. Чунин навъи ҷаласот дар Урупои демократик ва дунявӣ, ки, мутаассифона, исломи наҳзатӣ аз он сўйитифода мекунад, ҳар рўз доир мегардад ва инро сенсатсия кардан ва худро муваффақ шумурдан камоли ҳунармандӣ ва боақлӣ нест. Аз ҷониби дигар, САҲА дар ҳудуи Тоҷикистон кори қобили мулоҳизае анҷом надодааст ва табиист, ки ҳамчун ниҳоди байналмилалии бонуфуз дар бозиҳои геополитикӣ бевосита ё бавосита шарик аст ва дар пайи минбар додани раҳбарияти наҳзатӣ манофеи худро меҷўяд.

Бояд дар назар дошт, ки политтехнологияи нави наҳзатӣ дар қиболи Ҳукумати Тоҷикистон дуруст кардани тавтеаҳо аст ва ин корро наҳзатиҳо аз роҳи ба низоъ кашидани элитаи сиёсӣ дар шахси Озода Раҳмон ва Саймумин Ятимов амалӣ кардан мехоҳанд. Ин бозии навбатӣ ва моҳиятан, ғайриҳирфавии наҳзатӣ дар расонаҳои зиддидавлатӣ, минҷумла «Payom net» ва сомонаҳои ба ҲНИТ наздик як соли ахир ба ҳукми анъана даромадааст ва бо истифода аз ин приёми сиёсӣ доираҳои фирории наҳзатӣ ва хоҷагони пасипардагии онҳо картаи нави худро ба бозӣ медароранд, то аз ин тариқ гўмагўҳоро дар миёни элитаи сиёсии Тоҷикистон ба вуҷуд оваранд ва дар муҳити расонаии ватанӣ ҳангома созанд. Ҳадафи ниҳоӣ аз ин василаҳои муборизаи иттилоотӣ, ки наҳзат ба роҳ андохтааст, бадном кардани С. Ятимов мебошад. С. Ятимов нафари мақомдори амниятиест, ки бо истифода аз фаросати таҳлилӣ, диди коршиносона ва диққати ихтисосӣ сари вақт ҲНИТ ва найрангҳои наҳзатиро ташхис дод, фош кард ва аз ҳаракати фарогири зиддимиллӣ ва зиддидунявӣ, ки дар раъси он элитаи сиёсии наҳзатӣ қарор дошт, ҷилавгирӣ кард. Ана, ин ҷост «хатти маши» норизоиятии  раҳбарияти наҳзатӣ ва пуштибонони дохилию хориҷии онҳо аз раиси КДАМ. Ҳарчанд ки ин приёми номашрўи сиёсӣ самар надода истодааст, бо вуҷуд, «нухбагони» наҳзатӣ дар симои Сайидюнус аз ин шева корбаст мекунанд, то ҳисобро бо хукумат ва шахси Ятимов ҳадди ақал дар доираи расонаҳои мустақил ва фазои маҷозӣ тасфия кунанд. Мутаассифона, на дар яку ду, балки дар садҳо нишастҳои САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ширкат, баромад ва суханронӣ кардани Кабирӣ имиҷи сиёсии ўро, ки кайҳо аз байн рафтааст, барқарор карда наметавонад. Бар илова, кишварҳои урупоӣ ва ҷомеаҳои мадании ғарбӣ исломи сиёсиро аз Кабирӣ ва кабириҳо садҳо маротиба зиёдтар медонанд ва онро ҷиддӣ намегиранд. Танҳо аз он ба сифати абзори иқтисодӣ ва сиёсӣ дар бозиҳои геополитикӣ истифода мебаранд. Ҳамон тавре ки режимро дар ҶИЭ ба таври пинҳонӣ пуштибонӣ мекунанд(барои тадовуми манофеи иқтисодӣ, фаннӣ ва сиёсӣ дар минтақа), вале дар зоҳир аз он сахт интиқод менамоянд, ҲНИТ-ро, ки зодаи корпоратсияи охундист, ҳимоят менамоянд. Ба ин мутмаин бошед, ҷаноби Сайидюнус. Мантиқ ин аст, ки ки шумо медонед, вале худро ба нодонӣ мезанед. Мо медонем, ки донистан ва фош сохтани ҳақиқати наҳзатӣ, қабл аз ҳама, ба манфиати шумо нест. Аниқтараш, ба манфиати молию мафкуравӣ ва амниятии шумо нест.

Дар идомаи дурўғи сайидюнусӣ, ҷумлаи «ворид шудани исми раиси КДАМ ба «Феҳристи Магнитский» ба гўши Эмомалӣ Раҳмон расида ва ўро нороҳат ҳам карда» меояд ва муаллифи матлаб, сареҳан аз дурӣ ҷустани кишварҳо аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мегўяд. Ба қавли шоир: «Дар таҳайюр мондаем андар ду кор». Ҷаноби Истаравшанӣ аз куҷо иттилооти дурўғ мегирад? Балки иттилооти дурўғ мебофад ва мепароканад. Зеро фантазияи бой дорад. Дар доираи фантазияи Истаравшанӣ ин ҷур идеяҳо меғунҷанд ва офтобӣ кардани андешаҳои «ноби наҳзатӣ» Истаравшаниро аз нороҳатиҳои зиёди равонӣ ва фикрӣ эмин медорад. Дигар ин ки Эмомалӣ Раҳмон ҲНИТ ва элитаи кунунии онро хуб мешиносад ва дар ҷараёни фаъолияти густурдаи раҳбарӣ ва мудирияти сиёсӣ шикастурехти мафкураи исломи сиёсиро таҷриба кардааст. Ин аст, ки бидуни нишондоди касе, худ тавассути ҳадс ё ба истилоҳ, «чутё»-и сиёсӣ аз ҳадафҳои пасипардагии ҲНИТ огоҳӣ пайдо карда, бар пояи ақлу мантиқ дар қиболи элитаи сиёсии наҳзатӣ тасмимоти ҷиддӣ гирифт.

 Пойинтар Истаравшанӣ ба домани шеърписандӣ ва шеърнависии Вазири умури дохилӣ Р. Раҳимзода часпида, вазирро рақиби С. Ятимов талаққӣ мекунад ва бар асоси ин, ҳадси бемаъние мезанад, ба ин манзур, ки Президент шоиронро хуш надорад. Аҷабо, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз шеър хушаш меояд ва дар Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврўз, ки бо ширкати шоирону адибони кишварҳои ҳамзабон дар Кохи Борбад 18 марти соли 2015 доир гардида буд, расман эълом дошт, ки шоиронро на танҳо эҳтиром мекунад, балки дўст медорад. Ин хислати зотӣ-сириштии тоҷикӣ аст. Илова бар ин, ин ду ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ тавонистанд алайҳи хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки тавассути саркардагони наҳзатӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонида буд, муборизаи муваффақона бубаранд ва ниҳоятан ба пирўзӣ бирасанд. Гузашта аз ин, С. Ятимов ва Р. Раҳимзода дар ду ниҳоди қудратӣ, ки ихтисосан, мутафовитанд, раҳбаранд ва ҳар ду дар як масир – таъмини амнияти миллию мардумӣ, таҳкими раванди сохтмони давлати дунявӣ ва ташаккул додани биниши илмӣ дар минтақа ҳаракат мекунанд. Ин ҷо, мантиқан бухлу ҳасад далели ҷиддӣ буда наметавонад ва аслан, вуҷуд ҳам надорад. Аммо барои С. Истаравшанӣ сохтану бофтани далелҳо кори осон аст, чунки дар ин замина фантазияи ғанӣ дорад.

Истаравшанӣ боз муовини собиқи Кумитаи амнияти миллӣ А. Ҷаловро ҳамчун приманка ё доми сиёсӣ истифода намуда, муносибати ўро бо доираҳои хонаводагии Президент Эмомалӣ Раҳмон мисол мезанад ва аз ин роҳ ба гўшбақиморон мерасонад, ки овоза ва шоеи мазкурро, ҳар қадар метавонед, интишор диҳед, то саранҷом ба гўши шахсиятҳои калидӣ бирасад ва дар мавриди С. Ятимов тасмими ҷиддӣ бигиранд. Далели Истаравшанӣ ин аст, ки гўё А. Ҷалов аз соли 2012 ба  Саймўммин Ятимов муқовимат нишонмедодааст. Бинобар ин, бо роҳҳои гуногун ва бо истифода аз абзорҳои дастраси сиёсӣ ва иттилоотӣ андохтани иғвою дасиса дар ҷомеа, раддаҳои сиёсӣ ва идории давлатӣ меъёри муборизаи сиёсӣ ва иттилоотии наҳзатӣ қарор мегирад.

    Хулоса, Сайидюнусти Истаравшанӣ, ки дар сухандонӣ ва фазлфурўшии ў шакке нест, тавассути риторикаи сиёсӣ ба ҷомеаи маданӣ ва элитаи сиёсие, ки бо радду бадали расонаҳои дохилию берунӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сари кор доранд, таъсир расонидан мехоҳад. Дақиқтараш, аз роҳи парокандани анбўҳи дурўғу риё таҳти таъсири равонӣ, фикрӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ қарор додани ҷомеаи маданӣ ва элитаи сиёсии ҷумҳуриро ба сифати ҳадафи ниҳойӣ дар барномаи сиёсӣ-мафкуравиаш ҷой додаст ва дар ин росто мубориза мебарад. Аз ҳама муҳим, вай мехоҳад миёни нухбагони сиёсии кишвар ва давлати миллӣ шикофу таниш эҷод намуда, аз ин тариқ ноамнию бесуботиро дар ҷомеа ба вуҷуд биёварад. Бо ин ният, ба воситаи мақолоти худ ва ҳампаймононаш дар фазои маҷозӣ иғво меандозад ва дасиса дуруст мекунад. Таассуби динӣ-мазҳабӣ ва идеологии Истаравшанӣ ба ҳаддест, ки дар баҳсҳои фейсбукӣ аз намуна ва мисолҳои зиндае, ки аз сарчашмаҳои исломӣ, мисли Қуръон, Суннат, Ҳадис ва амсоли инҳо барои интиқоди мунсифонаи ақоиди ў корбарони рўшанбин меоваранд, имдан имтиноъ меварзад ва мутаассибона танҳо худро ҳақ мешуморад. Матлаби С. Истаравшаниро бо як ҷумла метавон хулоса кард: Таҳқиқе номуваффақ дар қолаби фантазияи сиёсӣ.

Бо ин тарзи биниши примитивии динӣ-феодалӣ, ки бар мабнои далоили ирфонӣ ва тасаввуфӣ дар сафаҳоти сомонаи «KEMYAESAADAT» чида  мешаванд ва дуруштию дағалии мафкураи исломи сиёсиро як навъ суфта месозанд, чӣ гуна метавон ҷомеаи адолатхоҳ ва дунявӣ сохт? Боқӣ қазоват аз шумост, хонандагон ва корбарони матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ. 

Нодир Зиё