ВОКУНИШ
ҲУШДОР. 7 НИШОНАИ АСЛИИ САЛАФИЯ, КИ БОЯД БИДОНЕМ
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 10:34
Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти вазъи ҷаҳони муосир таъкид доштанд, ки: “Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”.
Воқеан ҳам ваҳдату ягонагӣ асли рушду камол ва оромию пойдории ҷомеа ва давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ моро зарур аст барои ба даст овардани чунин неъмат аз тамоми имконот истифода барем ва барои аз даст надоданаш камари ҳиммат бандем.Худои мутаъол мо мусалмононро ба ваҳдату ҳамбастагӣ хонда, дар сураи “Оли Имрон” ояти 103 чунин амр намудааст: “Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он раҳонид! Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад ки роҳ ёбед.” Яъне барои аз даст нарафтан ва ҳифзи ваҳдату ҳамбастагӣ камари ҳиммат бандем. Ҳамчунин ояти 105 –и сураи “Оли Имрон” ба ҳамин далолат мекунад, ки: “Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст”.
Вақте назар ба таърих меандозем фирқаҳои зиёде монанди қадария, хавориҷ, рофизия, ҷаҳмия, ҷабария, мурҷия, ваҳҳобия, салафия, ҲНИТ ва ғайраҳо зуҳур карда ақидаҳои ботили худро ба мардум ҳақ нишон дода китобҳо ва мазҳабҳои худро тасниф мекунанд. Андаке аз мардум тарафдори ақидаҳои онҳо гаштанд. Ва бехабар аз он, ки Худованд дини худро барқарор монда он мазҳабҳои ботил заволёфта ва аҳли он ба фано интиқол менамоянд. Дар сураи Фотир ояти 43 ”... ба сабаби саркашӣ дар замин ва бадандешӣ. Ва ваболи бадандешӣ ба ҷуз ба аҳли он (ба касе) фуруд намеояд. Пас, ба ҷуз оини (уқубати) пешиниён (чизеро) нигарон нестанд. Пас, дар оини Худо табдиле нахоҳӣ ёфт ва дар оини Худо тағйире нахоҳӣ ёфт”. Ва бояд ҳар мусалмоне, ки дар ин фазои тинҷу оромӣ зиндагӣ мекунад, дарк кунад, ки дар ташкили ин равияҳо ғаразҳои нопок нуҳуфта мебошад, ки на ба фоидаи дин ва на ба фоидаи ҷомеа мебошад, ки ғарази онҳо шикастани ваҳдат миёни давлату миллат буда, ба ин роҳ ба мақсадҳои нопоки худ расидан аст. Ва умед ас, ки мусалмонони кишвари мо ба пайравӣ аз гузаштагони неку пиндори худ ва адами тавҳин ва забондарозӣ ба дигар гурӯҳҳои мусалмонон намегузоранд онҳо ба мақсади нопоки худ расанд, агар назаре ба таърихи суханҳои аҳли суннат ва ҷамоат андозем, дармеёбем, ки соҳибназарон ва бузургони ин мактаб (яъне аҳли суннат ва ҷамоат) дар баробари мухолифони худ танҳо ба посухгӯӣ иктифо кардаанд. Ва ҳеҷ гоҳ аз кофир ҳукм кардани мусалмонон ва раво шумурдани куштани мусалмонон ба баҳонаи ширк ва амсоли он сухане ба миён наёварданд ва агар хонандаи ин сатрҳо сар дар ҷайби таафаккур фурӯ занад, дарк мекунад, ки яке аз бузургтарин ифтихори аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки ба ростӣ ва унвони парчамдорони гуфтумон дар миёни уммати исломӣ ба шумор мераванд. Ва чӣ хуб ва гуворо мешавад, ки шахсиятҳои фикри ботил дошта нисбати давлату ҳукумат ва мусалмонон аз матни равшани дин ва дар сояи пайравӣ аз шахсияти волои Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва бузургони миллату ислом даст аз тундравӣ ва ҳукм аз куфр ва мушрикхонӣ кардан бардошта ва аз ба миён овардани масоили ихтилофангез бипарҳезанд, то ҷомеаи мо тинҷу орому осуда ва ваҳдату якдилии миллати мо побарҷо бошад.
Ногуфта намонад, ки бар мо пайравони мазҳаби Ҳанафӣ зарур аст, ки ҳамеша шукргузор бошем, ки Худованд фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бар мо роҳбар гардонидааст. Ва ин фарзанди фарзонаи миллат пайваста пуштибони дину мазҳаби мост. Ҷаноби Олӣ он кореро давом доданд, ки онро бунёдгузори давлатӣ Сомониён Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (849-908) карда буданд. Дар он аср вақте ки бероҳону бидъаткорону фосиқон дар Самарқанду Бухоро зуҳур карданд, пешвоёни он замон ҷамъомада гуфтанд: “Бобоён ва падарони мо ба роҳи аҳли суннат ва ҷамоат буданд, акнун имрӯз гурӯҳҳо мисли имрӯза ваҳҳобӣ, салафӣ, шиа ва ғайра пайдо шуданд. Моро зарур аст, ки мазҳаби худро ҳифз кунем” ин суханро ба амири одил Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ арз карданд ва подшоҳи одил ҳимоят аз миллату мазҳаб карда он гуруҳҳоро саркуб намуданд. Хулоса аҳли суннатро лозим аст, ки фирқаҳои роҳгумзада ва ифротиро аз рӯйи нишонаҳое, ки дар поён зикр мегардад шиносад, зеро одати онҳо ин аст, ки ақидаи худро ба мардум хуб нишон дода ба роҳҳои гуногун дигаронро хусусан онҳое, ки аз илму дониши мазҳабӣ дуранд, ба сӯи ақидаҳои ботили худ даъват намоянд. Ҳоло ба андешаи ин ҷониб чанде аз нишонаҳои салафия ва ваҳоббия инҳоянд:
1. Инкори тавассул (дархост аз Худованд ба хотири паёмбар ва авлиёи Худо);
2. Ба куфр ва ба ширк ҳукм кардани мусалмонон;
3. Дуо ва эҳсонро барои мурдагон қабул надоранд;
4. Каромоти авлиёро инкор мекунанд ва ботилу нораво медонанд;
5. Мавлуд хонданро манъ мекунанд (бидъат мешуморанд);
6. Дуои баъди намозро инкор мекунанд (бидъат медонанд);
7. Зиёрати қабри анбиё ва авлиёю солиҳонро ҳаром мешуморанд;
Бо дарназардошти нишонаҳои зикршуда моро зарур аст, ки ҷонибдорони чунин гурӯҳҳои террористиро шинохта бошем. Ба он бикӯшем, ки пеши фаъолияти онҳоро ҳамаҷониба баста намоем.
Кароматулло Салимов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
Хоҷаи Ҳотами ноҳияи Файзобод
ФАТВОИ МУФТӢ: ТАЪСИСИ ҲИЗБИ СИЁСИИ ДИНӢ ҲАРОМ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 10:24
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як мақола бо истинод ба сураҳои Анфал ва Оли Имрони Қуръон таъсиси ҳизбҳои сиёсии диниро ҳаром ҳукм кардааст. Ба ақидаи муфтӣ, "сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорадва танҳо натиҷаи таъсиси ҳизбҳои динӣ парокандагӣ хоҳад буд.”
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон дар як мақола бо номи "Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ”, ки рӯзи 17 январ дар сомонаи Кумитаи дин нашр шуд, навиштааст, таҷрибаи фаъолияти аҳзоби динӣ дар кишварҳои мухталиф нишон медиҳад, ки "ҳеҷпешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳова ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи иниттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ баавҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.”
Абдулқодирзода аз ҷумла Афғонистони 40 сол боз дар даруни ҷанг, ҳамчунин Либия, судон, Ироқ, Сурия, Тунис, Филиппинро мисол оварда, навиштааст, ки омили асосии гирудорҳои сиёсӣ дар ин кишварҳо муборизаи ҳизбҳои динист "Ба инмаъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣмехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассутиинтихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкилитабаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд."
МуфтииТоҷикистондаридомаимақолаашнавиштааст, киайниҳаминсенарияромехостанддарТоҷикистоннизбаиҷробидароранд, валемуваффақнашуданд. Ӯ дар ин маврид тибқи маъмул дигарбора ба танқиди ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) пардохта, менависад, "ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид ."
Саидмукаррам Абдулқодирзода навиштааст, ки ҲНИТ дар ин роҳ танҳо нест, балки бо созмонҳои, ба таъбири муфтӣ, "тундгаро ва иғвоангезе”, чун "Гуруҳи 24”, "Салафия”, "Ваҳҳобия”, Ҳизбуттаҳрир аз як гиребон сар баровардааст. Абдулқодирзода Сайидюнуси Истаравшаниро низ ба ҳамин хайл ҳамроҳ кардаааст.
Ӯ дар айни замон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки "дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд.”
Абдулқодирзода афзудааст, бар хилофи тасвири Кабирӣ ва ёронаш дин дар Тоҷикистон комилан озод аст: "Воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки бақонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.”
Бахши дигари мақолаи Саидмукаррам Абдулқодирзода иборат аз барои пазироияш аз Кабирӣ ва кумакҳояш ба ҲНИТ аст: "Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард.”
Муфтӣ дар хулосаи мақолааш навиштааст, ки дин бояд аз ҳар навъ ҳизбу гуруҳ пок бошад, чунки "сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.” Ӯ дар охир бо истинод ба ояттҳои Анфол ва Оли Имрон фатво додааст, ки тахсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст: "Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад»(Анфол; 46). Ё ин ки:«Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд»(Оли Имрон; 105).
Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.”
Матни пурраи мақолаи Абдулқодирзодаро инҷо бихонед:
Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.
Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид.
Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Гурӯҳи 24»,«Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Дар ин миёна барои яке аз мафкурапардозони онҳо – Сайидюнуси Истаравшанӣ ҷойи махсусе таъйин шудааст. Ӯ аз номи дини мубини ислом ва «ҳақиқатҳои исломӣ» чунон даъвоҳое пеш мегузорад, кикасро ба ҳайрат мегузорад. Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накӯкирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад. Мактуби як гурӯҳ намояндагони мардуми Истаравшан ба номи сафири Эрон дар Тоҷикистон, ки чанде пеш дар матбуот чоп шуд, гувоҳи он аст, ки ин шахсият он нафаре набудааст, ки худро вонамуд месозад. Ӯ яке аз таҳрикгарони ҷунбиши навест, ки ҷонибдорони он мехоҳанд ҳақиқатҳои маълумро аз нав санҷиш кунанд ва гӯиё «адолат»-ро барқарор намоянд.
Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯиё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад.
Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки бақонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.
Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад:«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад»(Анфол; 46). Ё ин ки:«Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд»(Оли Имрон; 105).
Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.
Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст.Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…
Саидмукаррам Абдуқодирзода,
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲНИТ!! ХУНИ ШАҲИДОНИ МО, МЕЧАКАД АЗ ЧАНГАТОН!!!
- Подробности
- Опубликовано 08.01.2018 10:10
(Аз қатли Муҳиддини Олимпур 22 сол пур гардид)
Аксари донишҷуёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира ”-и ДДМТ субҳи хунини 13- уми декабри соли 1995-ро ёд доранд. Он субҳи тираи борони цасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои филология ва журналистикаю шаркщиносй мехобид.
Имруз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содца менамояд ва онро кори дасти се-чор кртили касбӣ(киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд.
Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шуҳраташро зиёд кард, омода кардани барномахри телевизионие бо номи "Ситораҳои Шарк,” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод.
Ва ҳатто соли кушта шуданаш, ки дар хиёбонҳои Душанбе хун мерехт, Сатторро ба Тоҷикистон оварда буд.
Албатта, ба кӣ ва кадом кишвар аз ҳунармандону шоирону нависандагони фирорияшон нақл карданаш писанд набуд, дарк кардан кори душворе нест.
Шояд бо назардошти ин хафв сентябри соли 1995 Саттор маънидорона дар суханронии кутоҳе, ки дар "Кохи Борбад” дошт, аз аҳли толор хоҳиш кард, ки “Олимпурро эҳтиёт кунед”...
Солҳо гузаштанд...
Соли 2001 аз чор нафар қотилони Олимпур ду нафар ва баъдтар соли 2005 қотили сеюм боздошт шудаву ба курсии айбдорӣ нишастанд ва ба гуноҳи хеш иқрор шуданд. Маълум шуд, ки ин куштор бо дасти аъзои гуруҳи мусаллаҳи наҳзатӣ, таҳти фармондеҳии Нозим Юнусов ("Эшони Нозим”) сурат гирифта будааст. Агар ӯ имрӯз зинда мебуд, шояд мегуфт, ки дар навбати худ ин амрро аз куҷо гирифтааст. Вале соли 1999, дар натиҷаи як амалиёт қумондони номбурда кушта шуду бо ҳамин асрори кӣ будани фармоишгарро бо худ бурд.
Соли 2012 масъалаиқатли Муҳиддини Олимпур дубора дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Интизор мерафт, ки ба муносибати 15-солагии Иститиқлол афви тиллоӣ эълон мегардад. Ба ин муносибат вакили парлу- мони он замон Муҳиддин Кабирӣ рӯйхате аз 161 нафар размандагони маҳбуси ҲНИТ-ро таъсис дода, аз Президент хоҳиш кард, то онҳо афв бишаванд. Ин руйхат авввал баъзе аз худи размандагони ҲНИТ-ро ба эътироз водор кард. Ба кадом роҳе шикояти собик, кумондони ҲНИТ Садриддин Тошев ба расонаҳо роҳ ёфт. Номбурда шиква аз он дошт, ки номи баъзе ду маротиба, - таҳти рақамҳои 57-58-59 ва рақамҳои 98-99-102 оварда шудааст ва номи қумондонҳои ба ҲНИТ “хизматкарда” чун Нозим Қурбоналиев нест. Номҳои такроршуда дар номаи эътирозии Тошев набуд ва табиист, ин даъвои Тошев рӯзноманигоронро водор кард, то ба ин рӯйхат таваҷҷуҳ намоянд ва фаҳманд, ки ин “эркаҳои раиси ҲНИТ” киҳо ҳастанд.
Барои рӯзноманигорон шигифтовар он буд, ки номҳои такрорӣ дар он нома ба номи Президент... қотилони Муҳиддини Олимпур буданд! Чаро Муҳиддин Кабирӣ маҳз ба такрор аз онҳо мегӯяд? Чаро? Ин талаб реша аз куҷо мегирифт? Наход раҳбари як ҳизбе, ки дар муқоиса бо дигар сиёсатма- дорон миёни доираҳои журналистӣ аз ҳама фаъол худро ҳисоб мекард ва бисёр мехост ба журналистон ҳамеша писандида бошад, дидаву дониста, барои қотилони журналисте озодӣ хоҳад, ки Олимпур барои онҳо як идеали зиндагӣ ва эҷод ҳисоб мешавад?
Охир, ҳамон тавре пешвоёни маънавиашон барои онҳо қадру қиммат доранд, барои ҳар нафари рӯзноманигор Муҳиддини Олимпур ҳамин гуна қадр дорад!
Болои ин, набудани ному насаби '‘қумондони демократ” Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки ба муҳити журналистон наздиктар буд, аз ҲНИТ канор рафта буд, андешаеро қавитар мегардонд, ки ин рӯйхат тасодуф пайдо нашудааст.
Ёдам намеравад, ки он замон Кабирӣ дар аввал изҳор дошта буд, ки ба мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ овора буду рӯйхатро муовинонаш омода кардаанд. Баъдтар гуфт, ки рӯйхат саросемавор омода шудааст ва он ҳама хатоӣ техникӣ аст. Вақте ин андешаро ба яке аз муовинонаш гуфтам, лабханд заду ба суоли ман суол дод:
- Ба андешаи ту, раҳбари якҳизби сиёсӣ, ки даъвои Ҳукумат дорад, ба ҳуҷҷати муҳиме, ки ба Президент ва ҷомеа пешниҳод карданӣ аст, нахонда имзо мекунад? Оё намедонад, ки озодии киро мехоҳад? Дар паси ҳар номи ин рӯйхат нафаре ё манфиате меистад?
Ин фақат як мисоли зинда барои онҳое аст, ки бут тарошидан ва бутпарастию дастбусиро дӯст медоранд. Ба ранги “галстукҳои аврупоӣ” фирефта мешаванд, хатоеро, ки соли 1992 бо интихобашон, - думравӣ аз онҳое, ки афви қотилонашонро мехоҳанд, такрор мекунанд.
Барои мисол, як маърӯзаи ахири шоир ва журналист Темур Варқӣ дар шаҳри Венаро зикр мекунам. Ҳамкасби мо ба ҳадде дуруғ мегӯяд, ки ҳатто ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор мегузорад. Ӯ даъво мекунад, ки нашрияҳои «Рӯзгор», «Овоза ва ҳақиқат», «Нигоҳ» аз ҷониби ҳукумат баста шудаанд.
Хушбахтона, соҳибони ин расонаҳо ва доираҳои журналистӣ посухаш доданд, вале фикр мекунам барои “справкаи Кабирӣ" (то ҷое шунидам, агар маълумотномаи ин шахс дар бораи мухолифи давлат будани паноҳҷӯй набошад, касе наметавонад дар Аврупо паноҳгоҳ гирад) барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсй ба ин ҳад ҳамкасбони хешро туҳмат задан нашояд.
Дар ин маврид вобаста ба дигар ҷузъиёти маърӯзаи Темур Варқӣ журналист Додоҷони Атовулло менависад; «Яке аз бонувони рӯзноманигори тоҷик, ки ба далели таҳдидҳо маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуда ва паноҳандагии сиёсй дар яке аз кишварҳои урупоӣ дарёфт намудааст, дар яксуҳбати хусусӣ, барои ман (Темур Варқӣ дар назар аст) нақл кард, ки як корманди амниятӣ ӯро маҷбур ба нишастан дар мошини хидматии худ карда ва чанд соат нагузошта ӯ аз мошин берун ояд ва ҳатто иҷоза надода ба ҳоҷатхона биравад ва бар ӯ фишори руҳӣ ворид месохта ва бадараш мекарда ва тахдидаш менамуда, ки ӯро дар зерзамини КДАМ ва ё дар берун аз шаҳр бурда ва ба номусаш таҷовуз хоҳад кард».
«1. Ин бону кист, ки иҷозаташ надодаанд ба ҳоҷатхона биравад, пас чӣ гуна руйхат додаанд, ки ба хориҷа бигурезад?
- Агар ин «хонуми озодманиш ва журналисти бебок» гурехтааст ва статуси паноҳандагӣ дар Аврупо гирифтааст, чаро номашро ниҳон медорад ва аз кӣ меҳаросад, ки саргузашташро танҳо ба гуши Варқӣ мегӯяд? Ё ин саргузашт афсона аст ва ё дар Аврупо ҳам ӯро намемонанд, қазои ҳоҷат кунад?
- Агар ин бону номусашро ҳанӯз ҳам ҳифз карда бошад, чаро худаш хомӯш аст? Шояд ин саҳфаи ҳасби худаш беҳтарин гузориш ё мақолаи ӯ мешуд. Гуфтани ҳақиқат аз рисолати асосии пешаи журналистист. Дигар ҳама баҳона ё афсона барои паноҳандагӣ гирифтан асту бас!»
Баргардем сари мавзуъ:
Дар ҳамон дархост Кабирӣ ба Президент навишта буд: «Ҷашни 15- солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои афви ин шаҳрвандон ва ҳадяи идона ба ҳазорон падару модар ва фарзандон дар арафаи ин санаи таърихй мебошад. Шакке нест, ки ин амали хайр як саҳифаи навро дар корномаи сулҳофаринии Шумо ва хотираи неки миллат изофа хоҳад кард».,,
Фикр мекунам ин дархост тире буд ба ҷигари ҳар рӯзноманигоре, ки Олимпурро мешинохт, ҳар нафаре барномаҳои ӯро боре дида буд, ҳар нафаре дар ҷодаи журналистикаи касбӣ қадам мебардорад. Эҳтиёт бошед, рӯзноманигорон, аз сиёсатмадоре, ки маҳз дар назди шумо ҷилва мекунад ва медонад, ки фардо маҳз шумо он хиромидан ва он ҷилваро тасвир хоҳед кард. Мисли тасвири ҷасади хунини Олимпур...
Хуни шаҳидони ҳамкасби мо ҳанӯз аз чангатон мечакад, эй ҷанобони наҳзатӣ!
Хуршед АТОВУЛЛО
«Фараж»,№52, 27 декабри соли 2017.
ФАТВОИ МУФТӢ: ТАЪСИСИ ҲИЗБИ СИЁСИИ ДИНӢ ҲАРОМ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 19.01.2018 15:54
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як мақола бо истинод ба сураҳои Анфал ва Оли Имрони Қуръон таъсиси ҳизбҳои сиёсии диниро ҳаром ҳукм кардааст. Ба ақидаи муфтӣ, «сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорадва танҳо натиҷаи таъсиси ҳизбҳои динӣ парокандагӣ хоҳад буд».
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон дар як мақола бо номи «Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ», ки рӯзи 17 январ дар сомонаи Кумитаи дин нашр шуд, навиштааст, таҷрибаи фаъолияти аҳзоби динӣ дар кишварҳои мухталиф нишон медиҳад, ки «ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳова ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи иниттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ баавҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст».
Абдулқодирзода аз ҷумла Афғонистони 40 сол боз дар даруни ҷанг, ҳамчунин Либия, судон, Ироқ, Сурия, Тунис, Филиппинро мисол оварда, навиштааст, ки омили асосии гирудорҳои сиёсӣ дар ин кишварҳо муборизаи ҳизбҳои динист: «Ба инмаъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣмехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассутиинтихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкилитабаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд».
Муфтии Тоҷикистон дар идомаи мақолааш навиштааст, ки айни ҳамин сенарияро мехостанд дар Тоҷикистон низ ба иҷро бидароранд, вале муваффақ нашуданд. Ӯ дар ин маврид тибқи маъмул дигарбора ба танқиди ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) пардохта, менависад, «ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид».
Саидмукаррам Абдулқодирзода навиштааст, ки ҲНИТ дар ин роҳ танҳо нест, балки бо созмонҳои, ба таъбири муфтӣ, «тундгаро ва иғвоангезе», чун «Гуруҳи 24», «Салафия»,«Ваҳҳобия», Ҳизбуттаҳрир аз як гиребон сар баровардааст. Абдулқодирзода Сайидюнуси Истаравшаниро низ ба ҳамин хайл ҳамроҳ кардаааст.
Ӯ дар айни замон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки «дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд».
Абдулқодирзода афзудааст, бар хилофи тасвири Кабирӣ ва ёронаш дин дар Тоҷикистон комилан озод аст: «Воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки бақонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист».
Бахши дигари мақолаи Саидмукаррам Абдулқодирзода иборат аз барои пазироияш аз Кабирӣ ва кумакҳояш ба ҲНИТ аст: «Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард».
Муфтӣ дар хулосаи мақолааш навиштааст, ки дин бояд аз ҳар навъ ҳизбу гуруҳ пок бошад, чунки «сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад». Ӯ дар охир бо истинод ба ояттҳои Анфол ва Оли Имрон фатво додааст, ки тахсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст: «Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46). Ё ин ки: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд». (Оли Имрон; 105).
Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.
Матни пурраи мақолаи Абдулқодирзодаро инҷо бихонед:
ХАТАРИ ҲИЗБҲОИ ДИНӢ
БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.
Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид.
Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Гурӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Дар ин миёна барои яке аз мафкурапардозони онҳо – Сайидюнуси Истаравшанӣ ҷойи махсусе таъйин шудааст. Ӯ аз номи дини мубини ислом ва «ҳақиқатҳои исломӣ» чунон даъвоҳое пеш мегузорад, кикасро ба ҳайрат мегузорад. Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накӯкирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад. Мактуби як гурӯҳ намояндагони мардуми Истаравшан ба номи сафири Эрон дар Тоҷикистон, ки чанде пеш дар матбуот чоп шуд, гувоҳи он аст, ки ин шахсият он нафаре набудааст, ки худро вонамуд месозад. Ӯ яке аз таҳрикгарони ҷунбиши навест, ки ҷонибдорони он мехоҳанд ҳақиқатҳои маълумро аз нав санҷиш кунанд ва гӯиё «адолат»-ро барқарор намоянд.
Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯиё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад.
Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки бақонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.
Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад:«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо баравад» (Анфол; 46). Ё ин ки: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон; 105).
Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.
Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст.Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…
Саидмукаррам Абдуқодирзода,
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АЗ БОЛОИ ҲАРГУНА АМАЛҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ҒОЛИБ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2017 16:44
Дар Паёми ба Маҷлиси Олии кишвар барои соли равон ироа намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки: «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.»
Воқеан ҳам аз ин таъкидҳои Сарвари давлат эҳсос мекунем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯз аз рӯз шукуфону ободтару зеботар гардида, натанҳо барои тоҷикистониён, балки барои тоҷикони тамоми олам мояи ифтихору сарбаландӣ гаштааст. Пойдории сулҳу Ваҳдат дар мамлакат, тинҷию оромӣ моро ба он дилпур месозад, ки кишвари биҳиштосои мо дар як муддати начандон тӯлонӣ ба қатори кишварҳои пешрафтаи олам ворид хоҳад гашт. Барои ин ҳамаи тоҷику тоҷикистониёнро зарур аст, ки аз як гироебон сар бароварда, зери парчами Тоҷикистон баҳри ба ҳадафҳои олие, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлатамон бармеояд, садоқатмандона меҳнат намоем.
Зери роҳбарии давлату ҳукумати кишвар акнун боз ҳам муқтадир гардидаву ҳомии якпорчагии Тоҷикистону мардуми азизаш бошем. Он сулҳу Ваҳдате, ки бистсол муқаддам ба даст омада буд , барои ҳар як сокини мамлакат азиз аст ва баҳри ҳимояи он ҳамагон омодаем. Лозим ба ёддоварист, ки соли 2016 дар китоби зиндагиномаи ҳар фарди ватандӯст нақши гӯёеро дорад.
Дар ин сол ба таърихи ба ҳам омаданҳову пирӯзии Ваҳдати миллӣ бист сол пур шуд. Бист соле, ки баробари қарнҳост. Давлату миллат ва Ваҳдату истиқрори сулҳи офаридаи моро ин бист сол дар саросари дунё муаррифӣ намуд. Ово дод, ки миллати сарбаланде бо номи Тоҷик бо забон, таъриху тамаддуни бойю оламшумул ва аҷдодони некномаш садсолаҳо аз ҷабри таърих ноаён вуҷуд дошт, ки бо хиради азалӣ ва таҷрибаи сулҳу ваҳдат офараш бори дигар дар олам шинохта гардид.
Шукри ана ҳамин даврони соҳибистиқлолӣ Ваҳдати сартосарӣ, ва бо шарофати фарзанди фарзонаву абармарди майдони сиёсат Исмоили Сомонии даврони навин Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаҳон кишвареро бо номи Тоҷикистон шинохт. Дар қатори дусад давлати дунё парчами он бо рангҳои сурху сафеду сабз ва тоҷу ҳафт ситора, ки рамзҳои ба худ хоси аҷдодии мост дар назди Созмони Миллали Муттаҳид парафшонӣ дораду миллатамонро муаррифӣ.
Дар ҳама кунҷу канори Тоҷикистони биҳиштосо мардум аз ин ҷашн сазовор истиқбол карданд. Садҳо коргоҳу иншооти иҷтимоӣ бунёд шуд. Ҳама ҷо сухан аз якпорчагию ваҳдати сартосарӣ мерафт. Нангу номуси ватандорӣ моро маҳкамтар фаро гирифт.
Шояд барои ҳар як сокини кишвар санаи 29 октябр ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашавад. Ва он боз як рӯзи таърихи мамлакат, рӯзи ҷомапӯшонданҳои орзуву омоли чандинсолаи мардумонаш буд. Дар ин рӯз аз баста шудани маҷрои дарёи Вахш ва оғози корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабарҳо парвозӣ шуданд.
Ва фаромӯшнашавандатарин воқеаи охири соли 2016, ки бори дигар миллату давлати моро дар саросари дунё шинохта гардонд, ин қабули қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал -«Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, ба ҳисоб меравад.
Ҳамаи ин дигаргуниҳо аз шарофати Ваҳдати миллист, ки моро ба сӯи умедҳои зиёд, дигаргуниҳои зиёд раҳнамун месозад. Ва мо ҳам бояд дар ин ин роҳ устувор қадам ниҳем.
Зеро читавре дар Паёми ба тозагӣ ироа намудаи худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.»
Воқеан ҳам тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.
Тавре маълум аст, гурӯҳҳои муосири ифротгароии динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, хусусан пайравони мазҳаби шиъа ва тамоми шохаву равияҳои онҳоро дар ҷумлаи мусулмонон ҳисоб намекунанд.
Дар баробари ин террорҳои бешумор дар Покистон, Афғонистон, Туркия, Ироқ, Сурия ва дигар минтақаҳо баёнгари он аст, ки озодии зиёди мазҳабӣ таассубро дар ҷомеа зиёд карда ҷавононро ифротӣ месозад. Чунки мардум ҳам зери бори таассуби динӣ монда дар баробари мавъизаҳои ҷиҳодии таблиғгаронии мазҳабӣ хомӯширо интихоб мекунанд ё қисме бо қадри имкон ба онҳо ёрӣ мерасонанд.
Гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» дар кишварҳои чандмазҳабӣ нишон додаст, ки онҳо аз таъқибу фишор ва қатли оми пайравони мазҳабҳои дигар худдорӣ намекунанд. Масалан, дар чанд муддати дар Афғонистон ба ҳокимият расидани гурӯҳи «Толибон» дар чандин минтақа қатли омми қавми ҳазора, ки аз аҳли ташайюъ ҳастанд, сурат гирифт. Дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зидди тамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамагон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд.
Умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти ин гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарин чун илм, огоҳӣ, раҳму шафқат, ҳамзистӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд. Яъне, фаҳмиши онҳо аз ислом як фаҳмиши дур аз фарҳанг ва дур аз арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як «Ислом»-и холӣ, тира ва торики худро сохтаанд, ки умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ доир ба ин масъала ба аҳли башар гушрас намуда таъкид сохтааст, ки терроризм-ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад.
Бинобар ин имрӯз вазифаи шаҳрвандӣ ва давлатдории мо ин аст, ки бояд чунин тафаккури миллаткуши гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз ба Тоҷикистон роҳ наёбад. Зеро ин масъала барои мардум ва давлати Тоҷикистон на як «баҳси байни мазҳабӣ», балки як масъалаи буду набуди давлату миллат хоҳад буд.
Имрӯз зарурати он расидааст, ки мардуми кишварамон бо маънавиёти пешрафтаву худогоҳона дар муқобили ҳар гуна ифродгароӣ ва зуҳуроти номатлуби замони худ қарор гирад.Тоҷикистониён на бояд аз рӯи эҳсос бо масъалаҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ бархурд кунанд, балки дар муқобили ҳар гуна мушкилот шуҷоатмандона истодагарӣ намуда дар шинохти нуқтаҳои заифу камбудиҳо ба хотири пирӯзӣ бар онҳо тарҳу барномаҳои мушаххас дошта бошанд.
Аҳли зиё пайи он бошанд, ки ҳамаи ақидаву нақшаҳои ифротии террористонро миёни мардум ифшо намуда, сурати аслии онҳоро барои ҳаммилатонамон кушода, роҳи ростро аз каҷ барои ҷавонон нишон диҳем. Ба қадри Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ расиданро дар ниҳоди насли навин тарбия намоем. Ин аст вазифаи муқаддаси ҳар шахси ватандӯст.
Зеро Ваҳдати миллӣ бар болои ҳамагуна амалҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дастболост.
Меҳрнӯши Вашгирд