Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АЗ БОЛОИ ҲАРГУНА АМАЛҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ҒОЛИБ АСТ

Дар Паёми ба Маҷлиси Олии кишвар барои соли равон ироа намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки: «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. 

Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.

Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.»

Воқеан ҳам аз ин таъкидҳои  Сарвари давлат  эҳсос мекунем, ки   Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  рӯз аз рӯз шукуфону ободтару зеботар гардида, натанҳо барои тоҷикистониён, балки барои тоҷикони тамоми олам мояи ифтихору сарбаландӣ гаштааст. Пойдории сулҳу Ваҳдат дар мамлакат, тинҷию оромӣ моро ба он дилпур месозад, ки кишвари биҳиштосои мо дар як муддати начандон тӯлонӣ ба қатори кишварҳои пешрафтаи олам ворид хоҳад гашт. Барои ин  ҳамаи  тоҷику тоҷикистониёнро зарур аст, ки аз як гироебон сар бароварда, зери парчами Тоҷикистон баҳри ба ҳадафҳои олие, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлатамон бармеояд, садоқатмандона меҳнат намоем.

Зери роҳбарии давлату ҳукумати кишвар акнун боз ҳам муқтадир гардидаву ҳомии якпорчагии Тоҷикистону мардуми азизаш  бошем. Он сулҳу Ваҳдате, ки бистсол муқаддам ба даст омада буд ,   барои ҳар як сокини мамлакат азиз аст ва баҳри ҳимояи он ҳамагон омодаем. Лозим  ба ёддоварист, ки соли 2016 дар китоби зиндагиномаи  ҳар фарди ватандӯст нақши гӯёеро дорад. 

Дар ин сол  ба таърихи ба ҳам омаданҳову  пирӯзии Ваҳдати миллӣ бист  сол пур шуд. Бист  соле, ки  баробари қарнҳост. Давлату миллат  ва Ваҳдату истиқрори сулҳи офаридаи  моро ин бист   сол дар саросари  дунё муаррифӣ намуд. Ово   дод, ки миллати сарбаланде бо номи Тоҷик бо забон, таъриху тамаддуни  бойю оламшумул ва аҷдодони  некномаш садсолаҳо аз ҷабри таърих ноаён  вуҷуд дошт, ки бо хиради азалӣ ва  таҷрибаи сулҳу ваҳдат офараш бори дигар дар олам шинохта гардид.

Шукри ана ҳамин даврони   соҳибистиқлолӣ Ваҳдати сартосарӣ, ва бо шарофати  фарзанди фарзонаву абармарди майдони сиёсат Исмоили Сомонии даврони навин Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҷаҳон кишвареро бо номи Тоҷикистон шинохт. Дар қатори   дусад давлати дунё  парчами  он  бо рангҳои сурху сафеду сабз ва тоҷу ҳафт ситора, ки рамзҳои ба худ хоси аҷдодии мост  дар назди Созмони Миллали Муттаҳид парафшонӣ дораду миллатамонро муаррифӣ. 

Дар ҳама кунҷу канори Тоҷикистони биҳиштосо мардум  аз ин ҷашн сазовор истиқбол карданд. Садҳо коргоҳу иншооти иҷтимоӣ    бунёд шуд.  Ҳама ҷо сухан аз якпорчагию ваҳдати сартосарӣ мерафт. Нангу номуси ватандорӣ    моро маҳкамтар  фаро гирифт.

Шояд барои ҳар як сокини  кишвар санаи 29 октябр  ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашавад. Ва он боз як рӯзи таърихи мамлакат, рӯзи ҷомапӯшонданҳои орзуву омоли чандинсолаи мардумонаш буд. Дар ин рӯз аз баста шудани маҷрои дарёи Вахш ва оғози корҳои сохтмонӣ  дар сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабарҳо парвозӣ шуданд.

Ва фаромӯшнашавандатарин воқеаи охири соли 2016, ки бори дигар миллату давлати моро дар саросари дунё шинохта гардонд, ин қабули қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ  таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал -«Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд,  ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи ин дигаргуниҳо   аз шарофати Ваҳдати миллист, ки  моро   ба сӯи  умедҳои зиёд, дигаргуниҳои зиёд раҳнамун месозад. Ва мо ҳам бояд дар ин ин роҳ устувор қадам  ниҳем.

Зеро читавре дар Паёми ба тозагӣ ироа намудаи худ  Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.»

Воқеан ҳам тафаккури ифротӣ,  гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.

Тавре маълум аст, гурӯҳҳои муосири ифротгароии динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, хусусан пайравони мазҳаби шиъа ва тамоми шохаву равияҳои онҳоро дар ҷумлаи мусулмонон ҳисоб намекунанд.

Дар баробари ин террорҳои бешумор дар Покистон, Афғонистон, Туркия, Ироқ, Сурия ва дигар минтақаҳо баёнгари он аст, ки  озодии зиёди мазҳабӣ  таассубро дар ҷомеа зиёд карда ҷавононро  ифротӣ месозад. Чунки мардум ҳам зери бори таассуби динӣ  монда дар баробари мавъизаҳои ҷиҳодии таблиғгаронии мазҳабӣ хомӯширо интихоб мекунанд ё қисме бо қадри имкон ба онҳо ёрӣ мерасонанд.

Гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» дар кишварҳои чандмазҳабӣ нишон додаст, ки онҳо аз таъқибу фишор ва қатли оми пайравони мазҳабҳои дигар худдорӣ намекунанд. Масалан, дар чанд муддати дар Афғонистон ба ҳокимият расидани гурӯҳи «Толибон» дар чандин минтақа қатли омми қавми ҳазора, ки аз аҳли ташайюъ ҳастанд, сурат гирифт. Дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин   амалҳои зиддифарҳангӣ ва зидди тамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамагон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо  чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд.

Умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ,  нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти ин гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарин чун илм, огоҳӣ, раҳму шафқат, ҳамзистӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд.  Яъне, фаҳмиши онҳо аз ислом як фаҳмиши дур  аз фарҳанг ва дур аз арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як «Ислом»-и  холӣ, тира ва торики худро сохтаанд, ки умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ доир ба ин масъала ба аҳли башар гушрас намуда таъкид сохтааст, ки терроризм-ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад.

Бинобар ин имрӯз вазифаи шаҳрвандӣ ва давлатдории мо ин аст, ки бояд чунин тафаккури миллаткуши гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз ба Тоҷикистон роҳ наёбад. Зеро ин масъала барои мардум ва давлати Тоҷикистон на як «баҳси байни мазҳабӣ», балки як масъалаи буду набуди давлату миллат хоҳад буд.

Имрӯз зарурати он расидааст, ки мардуми кишварамон бо маънавиёти пешрафтаву худогоҳона дар муқобили ҳар гуна ифродгароӣ ва зуҳуроти номатлуби замони худ қарор гирад.Тоҷикистониён на бояд аз рӯи эҳсос бо масъалаҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ бархурд кунанд, балки дар муқобили ҳар гуна мушкилот шуҷоатмандона истодагарӣ намуда дар шинохти нуқтаҳои заифу камбудиҳо ба хотири пирӯзӣ бар онҳо тарҳу барномаҳои мушаххас дошта бошанд.

Аҳли зиё пайи он бошанд, ки  ҳамаи ақидаву нақшаҳои ифротии террористонро миёни мардум ифшо намуда, сурати аслии онҳоро барои ҳаммилатонамон кушода, роҳи ростро аз каҷ барои ҷавонон нишон диҳем. Ба қадри Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ расиданро дар ниҳоди насли навин тарбия намоем. Ин аст вазифаи муқаддаси ҳар шахси ватандӯст. 

Зеро Ваҳдати миллӣ бар болои ҳамагуна амалҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дастболост.

                                                                Меҳрнӯши Вашгирд