ВОКУНИШ
РАДИКАЛИЗМИ ИСЛОМӢ ВА АМНИЯТИ КИШВАР
- Подробности
- Опубликовано 15.12.2017 15:07
Ба амнияти шаҳрвандон ва давлатҳо хатарҳое таҳдид намуда истодаанд, ки на танҳо таъсироти моддӣ, балки мафкуравӣ ё худ идеологиро ба миён оварда, ба ҳастии миллату тамаддунҳо осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ин хатарҳо хеле гуногун буда, яке аз онҳо радикализм мебошад. Ин равия дорои ҷанбаи муқтадири мафкуравист ва новобаста аз муборизаҳо ва аксулҳаракатҳо, бадбахтона, дар инкишоф аст.
Чунонки собит шудааст, радикализм маҳсули эҷоди идораҳои иктишофии давлатҳои абарқудрат дар нуқтаҳои муҳими даргир буда, коргардонҳояшон макон, вақт, сабаб, ҳолатҳои ихтилоф, оғози табаддулот ва ҷангҳои таҳмилиро тарҳрезӣ намуда, аз ин бадбахтиҳо барои давлатҳои худ фоидаи калон ба даст меоранд.
Ислом ҳамчун дин ва идеология то ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба ҳайати давлати Россия арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, вобаста ба шароитҳои таърихӣ тағйир меёфт. Пайдо гаштани ҳаракати маорифпарваронаи «ҷадидия» характери динӣ-идеологӣ дошт. Дар ибтидои таъсисёбии ҳокимияти Шӯравӣ дар манотиқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ислом ба сифати рақиби асосӣ ва душмани идеологияи коммунистӣ муқобили давлати Шӯравӣ мубориза оғоз намуд. Ин муқовиматҳо дар шакли ҳарбӣ-сиёсӣ бо номи «босмачиҳо» оғоз гардида, бештар аз номи ислом фаъолият намуданд. Дар ибтидои асри ХХ дар натиҷаи ҳодисаву воқеаҳои маълум ислом ҳамчун як раванди муташаккил ва институти иҷтимоӣ дар бисёр самт ва равандҳои зиндагии ҷомеаи тоҷик аз нав рушд ёфт ва муаррифӣ гардид.
Баъди шикасти давлати Шӯравӣ ислом ҳамчун идеологияи навбатӣ рӯи кор омад. Истифода намудан аз ин дин бо мақсади ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ барои хоҷагон осон ва мақсаднок буд. Мардум ба ҳар иғвову дасиса зуд бовар намуда, аз надоштани дониш ва маълумоти динӣ ва надонистани исломи ноб ба зоҳирпарастиву бегонапарастӣ оғоз менамоянд. Ин раванд хоси мусулмонҳои тамоми дунёст. Дар ибтидои даврони бозсозӣ бо шиорҳои даъватии мисли «Аз хоби гарон хез!» тӯдаи одамони гумроҳу ғофил аз шароитҳои ба вуҷудомадаи «демократӣ», ки хоҷагон барояшон муҳайё намуда буданд, ба по хестанд. Воқеаҳои февралии соли 1990 дар шаҳри Душанбе тахрибкориро оғоз бахшиданд. Шӯришгарон ба ин васила, таъсиррасонӣ ба ҳукумат ва ишғоли онро вазифаи худ қарор доданд. Воқеаҳои фоҷеабори солҳои навадум ҷони ҳазорҳо одамро рабуда, тараққиёти Ватанамонро даҳсолаҳо ба ақиб кашид. Ин ҳаводису бадбахтиҳо ба мо дарси ибрати таърих нагашта будааст магар, ки Ҳоҷӣ Ҳалим бо дастури собиқ ҲНИТ майли табаддулоти давлатӣ намуд. Хушбахтона, тири нобакорон хок хӯрду ноком ва шармандаи олам гардиданд.
Раванди инкишофи миллат дар ҳама вазъу шароитҳои таърихӣ ба мавқеъ ва вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ вобастагӣ дошта, дар навбати худ инсонҳо худ шароитҳои мувофиқ баҳри рушд ва инкишофро ба миён меоранд. Яъне, чӣ гуна зистан, ҳаёти шоиста намудан ба тафаккуру ақл ва ҷаҳонбинии инсонҳо вобаста аст. Ҳар қадар ҷомеа моили ҷаҳолату афкори нобасомон гашта бошад, ҳамон қадар хатари реалии ифроту радикализм зиёд гардида, озодандешӣ ва бедории фардӣ аз миён рафта, маънии зиндагӣ дигар мегардад.
Дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротиву радикалӣ надорад. Муаллифони сенарияҳои давлатҳои абарқудрат, намояндагони худро ба ҳайси сайёҳ, донишҷӯ, тоҷир, корманди корхонаҳои байналхалқӣ, варзишгар фиристода, маълумоти заруриро, аз қабили теъдоди аҳолӣ, таърих, ҷуғрофия, маданият, расму оин, зарфияти ақл, мансубият ба дину мазҳаб, макон, замон, ҳолати воқеӣ, масоил, қувваҳои ҳаракатдиҳанда, нозукиҳо ва мушкилотҳои тез барангезандаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро чунон ҳадафмандона амалӣ менамоянд, ки гӯё ҳодисаҳо ба таври воқеӣ суръат мегирифта бошанд.
Барои давлатҳои абарқудрат ташкили ҳизби исломӣ ва ё ташкили давлат зери ниқоби ислом манфиатбахш аз он хотир аст, ки ҳукуматҳои динӣ таъсиргузор ба мардуми содаву мусулмон буда, идора намудан ва ҳар чӣ фоида ситондан аз ин кишварҳои ҷангзада ба манфиати абарқудратҳо қарор мегирад. Имрӯз ваҳшоният ва ҷиноятҳое, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё, аз қабили Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ба вуқӯъ омадаанд, наметавонанд ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузоранд.
Ба мақсади дар оянда вайрон намудани мувозинати диниву мазҳабӣ, сиёсиву идеологӣ ва аз байн бурдани суботу амният аз ҷониби кишварҳои бегона ба Осиёи Миёна, алалхусус, ба Тоҷикистон ворид намудани гурӯҳҳои ифротгаро дар заминаҳои эътиқодоти динӣ ба нақша гирифта шудааст, ки яке аз мушкилоти на танҳо минтақа, балки умумиҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, намояндагони ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мехостанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намуда, сипас давлатро соҳибӣ намоянд. Воқеаҳои фоҷеабори солҳои навадум дар Чумҳурии Тоҷикистон маҳз натиҷаи он талошҳои ниқобпӯшонаи гурӯҳе аз наҳзатиён буданд, ки ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нагардидаанд.
Гурӯҳҳои мансабталошу иғвогар дар шаклҳову равияҳои мухталиф ақидаҳо ва мақсадҳои худро амалӣ месозанд. Яке аз гурӯҳҳои иртиҷоӣ равияи салафия ба шумор меравад. Имрӯз аксари гурӯҳу дастаҳои ифротӣ дар олами ислом худро ба салафия марбут медонанд. Ба гурӯҳи салафия «Ихвон-ул- муслимин» бо тамоми гурӯҳ ва зергурӯҳҳояш, аз қабили «Ат-Такфир в-ал-ҳиҷра», «Ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут- таҳрир Ал-исломия», «Ҳизб-ут таҳрир ал-исломия», «Ал-Қоида», «Ас-салафия Ал-ҷиҳодия» дохил мешавад. Дар навбати худ салафия боз ба се гурӯҳ ҷудо мешавад. Ин гурӯҳҳо мақсаднок барпо шуда миссияҳои худро доро мебошанд.
Ҳаракат ва фаъолияти салафия, пеш аз ҳама, ба идеологияи миллӣ, пояҳои ҳувият, дастовардҳои фарҳангӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо таъсир расонида, дар ибтидо дар шакли мудохила таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангӣ намуда, баъдтар таъсиргузории сиёсиро рӯи кор оварда, зарар ба пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расонида метавонад.
Яке аз омилҳои ҳифзи пояҳои давлати миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа ва рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ пешгирии амалҳои номатлуб ва ҷилавгирӣ аз ифрот ва ақидаҳои бегона ба ҳисоб меравад. Вазифаи ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари азиз, аз он иборат аст, ки бо талошҳои ҳамарӯзаву ҳарлаҳзаина нагузорем, ки ақидаҳои носолиму ихтилофӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ёвон