Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲУШДОР. 7 НИШОНАИ АСЛИИ САЛАФИЯ, КИ БОЯД БИДОНЕМ

Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти вазъи ҷаҳони муосир таъкид доштанд, ки: “Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”.

Воқеан ҳам ваҳдату ягонагӣ асли рушду камол ва оромию пойдории ҷомеа ва давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ моро зарур аст барои ба даст овардани чунин неъмат аз тамоми имконот истифода барем ва барои аз даст надоданаш камари ҳиммат бандем.Худои мутаъол мо мусалмононро ба ваҳдату ҳамбастагӣ хонда, дар сураи “Оли Имрон” ояти 103 чунин амр намудааст: “Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он раҳонид! Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад ки роҳ ёбед.” Яъне барои аз даст нарафтан ва ҳифзи ваҳдату ҳамбастагӣ камари ҳиммат бандем. Ҳамчунин ояти 105 –и сураи “Оли Имрон” ба ҳамин далолат мекунад, ки: “Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст”.

Вақте назар ба таърих меандозем фирқаҳои зиёде монанди қадария, хавориҷ, рофизия, ҷаҳмия, ҷабария, мурҷия, ваҳҳобия, салафия, ҲНИТ ва ғайраҳо зуҳур карда ақидаҳои ботили худро ба мардум ҳақ нишон дода китобҳо ва мазҳабҳои худро тасниф мекунанд. Андаке аз мардум тарафдори ақидаҳои онҳо гаштанд. Ва бехабар аз он, ки Худованд дини худро барқарор монда он мазҳабҳои ботил заволёфта ва аҳли он ба фано интиқол менамоянд. Дар сураи Фотир ояти 43 ”... ба сабаби саркашӣ дар замин ва бадандешӣ. Ва ваболи бадандешӣ ба ҷуз ба аҳли он (ба касе) фуруд намеояд. Пас, ба ҷуз оини (уқубати) пешиниён (чизеро) нигарон нестанд. Пас, дар оини Худо табдиле нахоҳӣ ёфт ва дар оини Худо тағйире нахоҳӣ ёфт”. Ва бояд ҳар мусалмоне, ки дар ин фазои тинҷу оромӣ зиндагӣ мекунад, дарк кунад, ки дар ташкили ин равияҳо ғаразҳои нопок нуҳуфта мебошад, ки на ба фоидаи дин ва на ба фоидаи ҷомеа мебошад, ки ғарази онҳо шикастани ваҳдат миёни давлату миллат буда, ба ин роҳ ба мақсадҳои нопоки худ расидан аст. Ва умед ас, ки мусалмонони кишвари мо ба пайравӣ аз гузаштагони неку пиндори худ ва адами тавҳин ва забондарозӣ ба дигар гурӯҳҳои мусалмонон намегузоранд онҳо ба мақсади нопоки худ расанд, агар назаре ба таърихи суханҳои аҳли суннат ва ҷамоат андозем, дармеёбем, ки соҳибназарон ва бузургони ин мактаб (яъне аҳли суннат ва ҷамоат) дар баробари мухолифони худ танҳо ба посухгӯӣ иктифо кардаанд. Ва ҳеҷ гоҳ аз кофир ҳукм кардани мусалмонон ва раво шумурдани куштани мусалмонон ба баҳонаи ширк ва амсоли он сухане ба миён наёварданд ва агар хонандаи ин сатрҳо сар дар ҷайби таафаккур фурӯ занад, дарк мекунад, ки яке аз бузургтарин ифтихори аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки ба ростӣ ва унвони парчамдорони гуфтумон дар миёни уммати исломӣ ба шумор мераванд. Ва чӣ хуб ва гуворо мешавад, ки шахсиятҳои фикри ботил дошта нисбати давлату ҳукумат ва мусалмонон аз матни равшани дин ва дар сояи пайравӣ аз шахсияти волои Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва бузургони миллату ислом даст аз тундравӣ ва ҳукм аз куфр ва мушрикхонӣ кардан бардошта ва аз ба миён овардани масоили ихтилофангез бипарҳезанд, то ҷомеаи мо тинҷу орому осуда ва ваҳдату якдилии миллати мо побарҷо бошад.

Ногуфта намонад, ки бар мо пайравони мазҳаби Ҳанафӣ зарур аст, ки ҳамеша шукргузор бошем, ки Худованд фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бар мо роҳбар гардонидааст. Ва ин фарзанди фарзонаи миллат пайваста пуштибони дину мазҳаби мост. Ҷаноби Олӣ он кореро давом доданд, ки онро бунёдгузори давлатӣ Сомониён Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (849-908) карда буданд. Дар он аср вақте ки бероҳону бидъаткорону фосиқон дар Самарқанду Бухоро зуҳур карданд, пешвоёни он замон ҷамъомада гуфтанд: “Бобоён ва падарони мо ба роҳи аҳли суннат ва ҷамоат буданд, акнун имрӯз гурӯҳҳо мисли имрӯза ваҳҳобӣ, салафӣ, шиа ва ғайра пайдо шуданд. Моро зарур аст, ки мазҳаби худро ҳифз кунем” ин суханро ба амири одил Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ арз карданд ва подшоҳи одил ҳимоят аз миллату мазҳаб карда он гуруҳҳоро саркуб намуданд. Хулоса аҳли суннатро лозим аст, ки фирқаҳои роҳгумзада ва ифротиро аз рӯйи нишонаҳое, ки дар поён зикр мегардад шиносад, зеро одати онҳо ин аст, ки ақидаи худро ба мардум хуб нишон дода ба роҳҳои гуногун дигаронро хусусан онҳое, ки аз илму дониши мазҳабӣ дуранд, ба сӯи ақидаҳои ботили худ даъват намоянд. Ҳоло ба андешаи ин ҷониб чанде аз нишонаҳои салафия ва ваҳоббия инҳоянд:

1. Инкори тавассул (дархост аз Худованд ба хотири паёмбар ва авлиёи Худо);

2. Ба куфр ва ба ширк ҳукм кардани мусалмонон;

3. Дуо ва эҳсонро барои мурдагон қабул надоранд;

4. Каромоти авлиёро инкор мекунанд ва ботилу нораво медонанд;

5. Мавлуд хонданро манъ мекунанд (бидъат мешуморанд);

6. Дуои баъди намозро инкор мекунанд (бидъат медонанд);

7. Зиёрати қабри анбиё ва авлиёю солиҳонро ҳаром мешуморанд;

Бо дарназардошти нишонаҳои зикршуда моро зарур аст, ки ҷонибдорони чунин гурӯҳҳои террористиро шинохта бошем. Ба он бикӯшем, ки пеши фаъолияти онҳоро ҳамаҷониба баста намоем.

Кароматулло Салимов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Хоҷаи Ҳотами ноҳияи Файзобод