Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

АҚЛИ СОЛИМ МАҒЛУБ НЕСТ ВА ИНСОНИ КОМИЛ ФИРЕФТА НАХОҲАД ШУД

 

Замоне, ки мо ҳаёт ба сар дорем пур аз таззоду таҳавулот аст.  Ҳар рӯзу ҳар соат дар ақсои олам зуҳуроти номатлуб ё дасисае сар мезанад, ки ҳушу хаёли мардум ба он нигаронда мешавад. Ва ба ин раванди зиндагӣ инсонҳо дар доираи ақлу фаҳмишу саводи худ баҳогузорӣ мекунанд. Сари хат бояд зикр намуд, ки танҳо ақли солим, малакаи хуби кору дониш, ба тарзи дигар саводи казоӣ доштан дар арсаи сиёсат ба ин падидаҳо баҳои сазовор дода метавонад. Дар акси ҳол чӣ ҷавон , чи марду зани рузгордидаву солхурда фирефта ба ин баҳсу мунозираҳои сиёсӣ ва дар доми гурӯҳи ҷоҳталабу мансабхоҳ дода мешавад. Вожаҳои экстремисту терорист ё тероризм солҳои охир чи дар расонаҳо ва чӣ дар миёни мардум зиёд корбаст мешавад.

Подробнее...

ШОИРРО НАҲ НАЗАНЕД

                   

Мо аз маросими видои шоири абадзинда устоди Худобиомурзамон Бозор Собир баргашта, тасодуфан бо ҷавоне вохӯрдем, ки бо оҳанги танз гуфт: «Рост аст, ки Бозор Собир шапкаи Ленинро аз саллаю дастори руҳониён боло гузоштааст?». Ҷавобаш гардондам: «Вазнинтарашро гуфтааст».

Подробнее...

БАДХОҲРО ХУДО ЗАНАД!

Ҳоло, вақте ки сирру асрори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (имрӯз мамнуъ ва, ҳазор шукрона, ки маҳв шуд) рӯи об мебарояд, нафрати кас ба ин ташкилоти муғриз зиёд мешавад. Ду-се сол пеш намедонистем, ки Эрони дӯсту бародару ҳамзабон аз рӯ механданду дар пас мепесонанд. Бинед, ки наҳзатиёни Тоҷикистон беҳтарин шахсиятҳои кишвари мо – олимон, адибону журналистонро бо дахолати «бародарони ҳамзабон» ба қатл мерасондаанд. (Албатта, тақводорони дар нохунаки тоҷикистонии мо ин корро ҳамту, бе музд намекунанд).

Подробнее...

ТЕРРОРИСТОН БА МОДАРОНИ ХУД РАҲМ НАДОРАНД

Хабари соле пеш аз дасти фарзанд ба қатл расидани модареро, ки бо ивази ҷон фарзандашро ба дунё оварда сари мӯи уро бо сарвати дунё иваз намекард, ба ёд оварда аз худ бехуд мешавам. Лаҳзае, ки силоҳбадасти бистсола Али Сакр-ал Қосим модари чилсолаи худро, ки то нафасҳои охирин бо чашми умеду меҳрубонӣ ва насиҳатомезу илтиҷоомез ба ӯ менигарист, бо дастони худ ба қатл мерасонад, замину осмон ба гумонам ба ларза омад.

Подробнее...

САДОҲОИ ҶАВОНОН ЗИДДИ КАБИРИВУ ҲАММАСЛАКОНАШ БАЛАНД МЕШАВАД

Терроризм ва экстремизм   хусусан тайи солҳои охир  хеле ривоҷ ёфтаву   ҳамчун манбаи як  хатари глобалӣ  сокинони сайёраро хеле ба ташвиш овардааст.  Ҳамин аст, ки зимни суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018 шаҳри Душанбе) бори дигар таваҷҷуҳи ҳамагонро   ба ин мавзуъ ҷалб сохта барои пешгирӣ аз он дастурҳои  мушаххас доданд.

Подробнее...