ВОКУНИШ
САДОҲОИ ҶАВОНОН ЗИДДИ КАБИРИВУ ҲАММАСЛАКОНАШ БАЛАНД МЕШАВАД
- Подробности
- Опубликовано 29.05.2018 16:09
Терроризм ва экстремизм хусусан тайи солҳои охир хеле ривоҷ ёфтаву ҳамчун манбаи як хатари глобалӣ сокинони сайёраро хеле ба ташвиш овардааст. Ҳамин аст, ки зимни суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018 шаҳри Душанбе) бори дигар таваҷҷуҳи ҳамагонро ба ин мавзуъ ҷалб сохта барои пешгирӣ аз он дастурҳои мушаххас доданд.
Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳои худ аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ба тамоми сокинони сайёра гушрас намуда таъкид сохта буданд, ки терроризм-ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад.
Ин таъкиди Пешвои миллат зидди онҳоест, ки айни ҳол дар миқёси дунё терроризмро ба дини мубини ислом нисбат медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки чунин тарзи муносибат хеле хатарноку ғаразнок аст вале мутаассифона, тарафдорони худро низ дорад.
Ҳол онки ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолати муҳими имонӣ медонад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баландтарини олам аз дини мубини ислом арҷгузорӣ намудаву қатъиян зидди ба терроризму экстремизм нисбат додани он ва хостори тавсеаи ҳамкориҳо миёни давлатҳои мусалмонӣ мебошанд .
Боис ба ёддоварист, ки чи тавре аз ВАО огоҳӣ дорем эътирози як гуруҳ сокинони шаҳри Душанбе дар назди сафоратхонаи ҶИЭ нисбати дастгирии ин мамлакат аз ҳизби мамнуъи наҳзати исломи Тоҷикистон ва саркардагони он бори дигар далолат бар он мекунад, ки сокинони кишвари мо медонанд, ки сабаби ошубҳои сентябрии соли 2015-и генерали хиёнатпеша Ҳалим Назаров маҳз дастгирии ин кишвар будааст. Умуман ТТЭ ҲНИТ асосан аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон, ба хусус аз ҶИЭ маблағгузорӣ мешуданд, ки мехостанд миён ҷомеаи мо тафриқаандозӣ намоянд.
Мақсади баъзеи ин хоҷагони хориҷӣ як миллати ҳамфарҳангу ҳамзабони худро зери нуфузи худ қарор диҳанд. Мардуми моро ба ҷанг кашанд ва кишварро бо дасти фарзандонаш ноором сохтаву чанд нафаре сари қудрат биёянду як кишвари ҳамдину ҳамзабонро мутеъу фармонбардор созанд.
Чун тирашон хок хурд, акнун бо сарварии роҳбари дар хориҷа фирори гардидаашон Муҳиддин Кабирӣ минбарҳои баланди кишварҳои Ғарб, хусусан нишастҳои САҲА-ро «иҷора» гирифтаву зиди давлати мо ва роҳбаронаш суханронӣ менамояд. Аммо чи тавре дар халқ мегӯянд: лойи қоқ дар девор намеистад.
Ободиву пешрафт ва огоҳии мардуми тоҷик ба хотири пешрафти кишвар ҳамагонро водор месозад, ки зидди ТТЭ ҲНИТ ва сарпарастонашон аз ҶИЭ садо баланд кунанд. Ин садо садои ватандӯстӣ баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ мебошад. Ҳушдор аз он аст, ки ҷавонони мо имрӯз дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ бо донишу фарҳанги воло ба воя расидаву зидди Кабириҳо чунин садо баланд хоҳанд кард: Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» ва бо муроҷиат ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор мекарданд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд», «Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣҷой нест!», «Фарзандони моро аз гуруҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед!», «Ба баргаштани фарзандони мо монеъ нашавед!»
НАСИМ РАҲИМ