Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ТАВАҚҚУФГОҲ НАМЕРАСАД Ё МАЪРИФАТ

Вазъи хзматрасонии соҳаи нақлиёт яке аз мушкилоти рӯз дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Бо бадастории Истиқлолияти давлатӣ, аниқтараш, пас аз солҳои 2000-2005 бо беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум воридоти воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ба кишвар зиёд гардид. Имрӯз теъдоди он панҷоҳ фисади (шояд зиёдтар) аҳолии ноҳияро дар бар гирад.

Роҳи марказии шаҳраки ноҳия, ки қариб ҳамаи корхонаҳои давлативу хусусӣ, бонкҳо, ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдову бозору дигар хизматрасониҳои маишӣ атрофи ду канори роҳ ҷойгиранд, ҳамарӯза серодам аст. Табиист, ки ҳар корафтодае, ки аз маҳаллу рустои дурдасти деҳоти ноҳия барои иҷрои коре ба марказ меоянд, ҳатман аз воситаҳои нақлиётӣ шахсӣ ё ҷамъиятӣ истифода мекунанд. Хусусан дар рӯзҳои кории ҳафта. Дилхоҳ нафар агар соате назди бозори марказӣ истода ба омаду рафти бевоситаи нақлиёт аҳамият диҳад, бидуни шубҳа норасоии таваққуфгоҳ ва сарсону саргардонии ронандаҳову нозирони роҳро бештар аз дигар проблемаҳои рӯз вомехӯрад. Дар маркази ноҳия ҳамагӣ ду таваққуфгоҳ ва як терминали мусофиркашонӣ шабонарӯзӣ барои нигоҳдории воситаи нақлиёти шахсиву ҷамъиятӣ фаъолият менамояд. Ғунҷоиши майдони ҳарсеи он каму зиёд ҳамагӣ тавони ҷо кардани 100 воситаи нақлиётро дораду бас. Аммо теъдоди воситаҳои нақлиёти дар роҳи марказӣ ҳаракаткунанда дар як рӯз наздики 500-600 ададро фаро мегирад. Табиист, ки таваққуфгоҳҳои зикршуда имконияти мувақатан ҷо кардани шумораи болозикрро надорад. Бинобар ин, ронандагон маҷбур мешаванд, ки дар канори роҳ бар хилофи аломати огоҳикунандаи роҳ воситаи нақлиёти худро гузоранд. Ана ҳамин монеаҳо боиси тамбашавии роҳ мегардад. Агар хонанда дар хотир дошта бошад, соли 2014 “Набзи Файзобод” вобаста ба “Селхозтехника” кӯчонидани терминали мусофиркашонӣ матлаб пешкаш карда буд. Он вақт бо қарори раиси ноҳия расман терминал ба ин мавзеъ кӯчонида шуд ва хатсайри иловагӣ ҳам дар маркази ноҳия бо арзиши 50 дирам барои як мусофир ба роҳ монда шуд. Бо сабаби аз бозори марказӣ дур будан ва дигар мушкилиҳову гарониҳо терминали мазкур як моҳ ҳам фаъолият накард.

Воқеан ҳам, маркази шаҳраки ҳар шаҳру ноҳия таҷассумгари он ба сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи кишвар аст. Маркаази шаҳраки диёри файзбори мо ҳам айнан ҳамин хосиятро дорад. Яъне, он симои ноҳияро ба бегонагон муаррифӣ месозад.Ноҳияи мо имсол ду иқдоми созандаро пешвоз мегирад. Яке эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дигаре ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки дар ҳарду ҳам ташрифи меҳмонон ба диёри зебоманзарамон дучанд мегардад. Албатта бо ин аҳвол мо наметавонем меҳмонону сайёҳонро қабул намоем.

Дар ин замина, соле пеш бо иқдоми раиси ноҳия назди ҳарду бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маркази савдои “Дӯстӣ” барои гузоштани воситаи нақлиёти кормандону савдогарон майдони атрофи биноҳои маъмурӣ тахту ҳамвор ва мумфарш карда шуд. Лек, ҳанӯз ҳам аз дарёчаи оби лояк боло ҳарду канори роҳи маркази ноҳия воситаҳои нақлиёт мисли ҳалқаҳои занҷири ба ҳам пайваст қаторанд. Инҷо наметавон аз хизмати шабонарӯзии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия чашм пӯшид. Шояд аксари хонанда ҳам рафтуомади мошини полисро давоми рӯз дар маркази ноҳия ба чашми сар дида бошад. Онҳо ҳар лаҳза таъкидан аз ҳаракат кардан ва ё нагузоштани воситаи нақлиёт дар ҷойи ғайри қоидаи ҳаракат дар роҳ ронандагонро огоҳ менамоянд. Воқеан, агар лаҳзае садои уштаки нозирони роҳ набарояду ё автомашинаи полис аз назарҳо дур бошад, ҳатман тамбашавиро дар ин макон эҳсос мекунӣ. Агар аз як сӯ набудани таваққуфгоҳ мушкилоти мазкурро ба миён оварда бошад, аз сӯйи дигар фарҳанги пасти ронандагии мо, шаҳрвандон боиси халадор гардидани дигар воситаҳои нақлиёт дар роҳ аст. Рафти омӯзиши мавзӯъ мо борҳо ҳолатҳоеро мушоҳида намудем, ки шаҳодати густохиву дағалӣ ва қоидавайронкунии ронандагон буд. Давоми як ҳафтаи таҳқиқу баррасии мавзӯъ ҳолатҳоеро низ дидем, ки дар таваққуфгоҳҳо ҷойи холӣ буду ронандагони ба қавле “таксист” воситаи нақлиёти худро сари гардишу канори роҳ монда “клиент” ҷеғ мезаданд. Ин ҷо як нуктаи дигарро ба хонанда рушанӣ андохтанием, ки вазифаи кормандони БДА танҳо танзими ҳаракат дар роҳ аст. Танзиму дар як чорчӯбаи муайян даровардани воситаҳои нақлиёт ба дӯши масъулини Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт (Литсензия) вогузор шудааст. Мутаассифона, давоми тадқиқоти чандрӯзаи худ мо саҳми ҳеҷ яке аз масъулини соҳаро дар бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта надидем. Илова бар ин ҷиҳати рафъи мушкилоти мазкур тӯли чанд моҳ аст, ки дар пушти бинои корхонаи Хизмати маиши (КБО)-и маркази ноҳия корҳои сохтмонӣ барои бунёди терминали мусофиркашонӣ ҷараён дорад. Мавриди истифода қарор додани ҳарчи тезтари он умед аст, ки то андозае мушкилоти мазкур ҳалли худро меёбад. Аз сӯи дигар агар ҳамин масъулияти ронандагиву маърифати шаҳрвандиамон бошад, бо ба истифода додани даҳҳо чунин терминалу таваққуфгоҳҳо вазъ чунин хоҳад монд. Ба ин хотир ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта танҳо маърифати баланди ронандагиву шаҳрдорӣ лозим асту бас!