ВОКУНИШ
ИН ЧӢ ГУРӮҲЕСТ ШАЁТИННАЖОД
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2018 10:30
Саною ҳамди бепоён Худоро,
Ки сунъаш дар вуҷуд овард моро.
Илоҳо, Қодиро, Парвардигоро,
Каримо, Мунъимо, Омӯрзгоро.
Сулаймони Тамимӣ бобои Муҳаммад ибни Абдулваҳоб хоби ҳавлноке дид, ки аз пушташ оташе берун омад ва ҳамаи дунёро ба оташ кашид ва таъбири муаббирин он буд, ки аз насли ту фарде ба дунё меояд, ки дунёро ба фасод ва табоҳӣ мекашад. Ин ишорае буд ба таваллуди Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ва пайдоиши тариқаи ваҳҳобият.
ҲНИТ: АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗАРАРИ ИСЛОМ
- Подробности
- Опубликовано 15.08.2018 15:03
Мақсад аз навиштани ин сатрхо даъвати хамдиёрони азиз, хусусан насли ҷавони кишвар ба эҳтиёт аз як фитнаи навбатӣ мебошад, ки имрӯзҳо ҲНИТ бо амалҳои хеш ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби низову бесуботӣ роҳнамоӣ мекунад. Рӯирост ҳамла кардан аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ ба сайёҳони хориҷӣ касро ба андеша меорад, ки ин гуна муроҷиати таҳдидомез ба кадом мақсад бошад.
ФИТНАИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИТ БОЗ КОР НАДОД
- Подробности
- Опубликовано 08.08.2018 08:57
Ҳар гоҳ ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ташаббусу дастгирӣ ва раҳбарии Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудии мардум, осоиштагии рӯзгори онҳо, амнияту якпорчагӣ ва ваҳдати он амалеро анҷом доданӣ мешаванд, душманони аёну ноаён ва баъзан пасипардагии ин миллати воҳид тавтиаеро роҳандозӣ месозанд. Чунин як амали ғайриинсонии навбатии онҳо куштори гурӯҳи дучархаронҳои хориҷӣ аст, ки 29-уми июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе анҷом дода шуд.
ИН АМАЛИ НАНГИН ҶОМЕАРО ҲУШДОР ДОД
- Подробности
- Опубликовано 14.08.2018 11:56
Дар вазъияте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои ҳамешагии худ пайи он аст, ки то Тоҷикистонро ба оламиён шиносанду, тоҷикро ҳамчун миллати сарбаланд муаррифӣ намоянд, ёфт мегардад баъзе ашхоси намакносипосу нокасе, ки амалҳои ноҷавонмардона ва беномусонаи худ ба ин ҳама кушишҳои шабонарӯзии ин шоҳсутуни миллат халал ворид созанд.
ТТЭ ҲНИТ- САБАГОРИ НООРОМИҲО ВА АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КИШВАР
- Подробности
- Опубликовано 03.08.2018 16:48
Солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифгани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷузъи муҳими низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтанд, ба касе пӯшида нест.
Аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ минтақа дорои захираҳои бойи табиӣ, мисли нафт, газ, об ва ғайра буда, метавон аз имконоти роҳҳои байналмилалӣ, ки давлатҳо ва бандарҳоро ба ҳам мепайванданд, ба таври васеъ истифода бурд.