ВОКУНИШ
ҲНИ ҲИЗБИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ
- Подробности
- Опубликовано 27.09.2018 14:33
Ташкилоти экстримистию террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба иқрори худи масъулини ин ҳизби маъншуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, вале сиёҳдилии онҳоро мардум дарк карданд, ки билохира ҳизби наҳзат шикаст хурд. Сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оиди ташкили табадулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон татбиқ нагардид.
ТЕРРОРИЗМ ВА ТЕРРОРИСТ - ДУШМАНИ МИЛЛАТ.
- Подробности
- Опубликовано 27.09.2018 09:34
Терроризм имрӯз дар ҷаҳони муосир доман паҳн кардааст, ки мақсади ягонааш халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мебошад.
Терроризм чун рӯйдоди хавфноку мушкил дар замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисороти молию маънавиро низ ба миён оварда, нобоварию бадбиниро нисбати гурӯҳҳои иҷтимоию миёни кишварҳо тавлид менамояд.
Имрӯз ҳизби наҳзати ислом дар хориҷ ва дохили кишвар чунин амалро таҳти роҳбарии пешвои гурезаашон Муҳиддин Кабирӣ ба душ дорад, ки мехоҳад ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор намояд.
Мардуми тоҷик аллакай дӯстро аз душман ҷудо намудааст ва фирефтаи чунин шахсони бадхоҳи миллат намешаванд, гарчанде ки Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои хабарӣ иғвоҳои зиёдро мебардорад.
Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол дар амалисозии ниятҳои нопокашон ҳатто аз техникаву технологияи муосир истифода мебарад.
Дараҷаи хатар, ки терроризм дорад, кишварҳои абарқудратро водор намудааст, ки қонунҳо қабул намоянд то ба онҳо имкони амалиёт надиҳанд.
Аз ҷумла Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм бетараф нест.
Коллективи омӯзгорони муассисаи рақами 10 низ доири ин масъала мавқеи роҳбарияти кишварро пурра дастгирӣ намуда, ба фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳамчун ҳизби террористӣ баҳо мегузорад.. Пас аз тамошои филмпораҳо даҳшати кори нопоки террористон ба мо бори дигар аён шуд.
Бори дигар мо амалҳои нопоки терроризм ва эктремизмро маҳкум менамоем. Мо набояд фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳҳои шайтон шавем ва мо то ҷон дар рамақ дорем, бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон мебарем, зеро онҳо душманони аҳли башаранд.
С. Сафар,МТМУ рақами 10
КАБИРӢ-МАНФИАТТАЛАБЕ ДАР ХИРҚАИ ИСЛОМ
- Подробности
- Опубликовано 25.09.2018 11:42
Дин новбаста аз ранги пусту гуногунии забон ба тамоми башарият тааллуқ дорад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза бадхоҳону манфиатталабон аз сустиродагиву ноогоҳии ҷавонон истифода бурда, тавассути ҷилва додани арзишҳои динӣ онҳоро ба гирдоби найрангҳои худ мекашанд.
ПЕШАИ ТТЭ ҲНИ ТАНҲО ХИЁНАТКОРИСТ
- Подробности
- Опубликовано 25.09.2018 11:44
Ибтидои солҳои дуҳазорум ба суханҳои болохонадору аз Худову Расул ҳарф задани роҳбарони ҳизби наҳзати исломро шунида тарафдориашон мекарданд ва касе кас гумон намекард, ки онҳо ба ҷуз террористу экстремист будан дигар касе нестанд. Мо, мардуми ноҳияи Файзобод низ баъди аз чандин қатлу ғоратгарии ин ҳизб даракдор шудан аз кӣ будану чӣ кора будани онҳо шинос шудем. Фаҳмидем, ки онҳо на барои ободии кишвари азизамон кӯшиш мекунанд, балки думболи манфиятҳои ифлоси худ медаванд.
ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲОИ ТЕРРОРИСТ
- Подробности
- Опубликовано 21.09.2018 14:45
Ба ҳамагон маълум аст, ки бисёр кишварҳои олам тавассути роҳандозии барномаҳои мушаххас ба пешрафту тараққӣ ноил шудаанд ва фарҳангу маданияти худро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд. Кишвари азизамон Тоҷикистон низ тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол рушду тараққӣ карда, дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намуда истодааст ва имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои орому осуда ба ҳисоб меравад.