Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲОИ ТЕРРОРИСТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки бисёр кишварҳои олам тавассути роҳандозии барномаҳои мушаххас ба пешрафту тараққӣ ноил шудаанд ва фарҳангу маданияти худро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд. Кишвари азизамон Тоҷикистон низ тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол рушду тараққӣ карда, дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намуда истодааст ва имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои орому осуда ба ҳисоб меравад.

Чи тавре ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва шарҳи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, 29-уми июли соли равон як гурӯҳи ҷинояткор ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуданд, ки амали разилонаи онҳо чандин тан куштаву захмаӣ барҷо гузошт. Табиист, ки мо-мардуми мусулмони Тоҷикистон амали ноҷавонмардонаи ин тоифаи бехираду бадкирдорро шадидан маҳкум менамоем.

Ин меҳмонони хориҷӣ, ки барои саёҳат ва ошноӣ бо фарҳангу маданияти кишварамон омада буданд, чӣ гуноҳ доштанд?

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ, ки ба ин амали разилона ва зиддиинсонӣ даст задааст, ба Ватан хиёнат карда, мехоҳад, ки ин суботу амниятро халалдор созанд. Тибқи иттилои ниҳодҳои дахдори кишвар дастандаркорони ин ҷиноят аъзои Ҳизби экстремистию террористии наҳзати ислом буда, дар хориҷ таълими идеологӣ ва ҳарбӣ-диверсионӣ гирифтаанд, ки ин амали ваҳшиёнаи онҳо боз як бори дигар исбот кард, ки ин ҳизби террористӣ аз ниятҳои шуми худ ҳаргиз даст кашиданӣ нест ва сулҳу суботи кишвари азизамонро дидан намехоҳад.

Итминони комил дорем, ки ҳеҷ як хоин ва бадхоҳе наметавонад бо чунин амалҳои пасту разилонаи худ нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад. Чунки ҳамагон медонанд, ки кишвари Тоҷикистон макони амну субот буда, шароити мусоид барои сайёҳӣ комилан муҳайё аст ва тавре ки аз суҳбатҳои телевизионии сайёҳони хориҷӣ маълум гардид, ин фоҷиа монеи сафари дигар сайёҳон ба Тоҷикистон нахоҳад шуд.

Саъдулло Асоев, директори МТМУ№6.