ВОКУНИШ
БА ИНСОНҲОИ ҒАРАЗНОК НАФРАТ ДОРАМ
- Подробности
- Опубликовано 01.09.2018 11:10
Филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро аз телевизион тамошо карда, ба навиштани чунин сатрҳо шуруъ намудам.
Инсон барои он ба дунё меояд, ки зиндагии осуда бубинад. Вале шахсиятҳои нобакор, гурӯҳҳои ифротгар, сарварони давлатҳо ин оромиро халалдор мекунанд. Ғарази онҳо аён аст. Худ зинда бошанду дигарон фано шаванд.
«БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ» ЧОДАРИ НАЙРАНГРО ДАРИД
- Подробности
- Опубликовано 29.08.2018 13:44
Хиёнату бадкорӣ ва дигар аъмоли ношоиста доимӣ зери парда рупӯш намемонад. Рӯз аз рӯз сокинони мамлакат тариқи воситаҳои ахбори умум аз амалигардонии нақшаҳои шуми ТТЭ ҲНИТ ошноӣ пайдо мекунанд. Филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки ба қарибӣ намоиш дода шуд, давоми ифшошавии найрангу ҳиллаҳои бадхоҳони миллат, аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби ниҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАЛАБИ РӮЗ
- Подробности
- Опубликовано 24.08.2018 15:08
Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдорҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон нишон медиҳад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммосолҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.
ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ВА ОХУНДҲОИ ЭРОНӢ
- Подробности
- Опубликовано 29.08.2018 13:37
БАЪДИ ЯК МОҲИ ФОҶЕА
Инак аз фоҷеаи ки 29 июли соли ҷорӣ дар шоҳроҳҳои Душанбе –Кӯлоб, дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод расо як моҳ сипарӣ гардид. Воқеаи ба амал омада аз вазнинтарин амалҳои террористии давоми ду даҳсолаи охир маҳсуб меёбад, ки бар асари он 4 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд, ки онҳо бо мақсади саёҳат аз чандин давлатҳои олам гузар кардаву ба Тоҷикистон омаданд ва читавре аз мусоҳибаҳои пеш аз воқеъа дар саҳифаҳои интернетии худ нигоштаанд: «Тоҷикистону мардумашро беҳтарин»- ҳангоми сафари хеш дарёфтаанд.
НОШУКРӢ НАБОЯД КАРД АЗ ИН ДИЁР
- Подробности
- Опубликовано 23.08.2018 17:14
"ҚАҲРАМОН"-И ФИЛМИ «БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ» ИН ГУФТАРО СОБИТ КАРД
Ҳамарӯза ҷомеаи мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Илму техника дар ҳоли рушди босуръат мебошад. Агар ба таръихи ҳаёти инсоният назар намоем, маълум мегардад, ки инсон барои як амалро иҷро намудан ба чӣ гуна мушкилиҳои тоқатфарсо рӯ ба рӯ мешуд. Барои мисол: барои аз як ҷой то ба ҷойи дигар рафтан, сару либос, аз ҳоли якдигар бохабар будан, пайдо намудани хурока, маҳали зист барин мушкилиҳо пеш меомад.