ВОКУНИШ
ПАЙДОИШ ВА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ
- Подробности
- Опубликовано 10.07.2018 13:32
-ДУНЁИ АНДЕША-
Мафҳуми террор, ки имрӯз чун истилоҳ қабул гардидааст, аз вожаи лотинӣ «terror» гирифта шудааст. Дар забони тоҷикӣ он маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Ибтидои пайдоиши онро дар шакли терроризм гурӯҳе ба замони атиқа маҳсуб медонанд. Баъзе онро зуҳуроти охири асри 20 меҳисобанд.
“ РЕШАҲОИ НОАЁН» СИМОИ АСЛИИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ-РО ЧУН ОИНА РАВШАН КАРД
- Подробности
- Опубликовано 03.07.2018 16:49
Шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён”дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд. Дар филм,ки аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст,воқеаҳои солҳои 90 ро кори дасти “хиёнаткорон” унвон мекунанд,ки бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” чунин рӯзҳои мудҳишро ба сари мардуми мо оварданд ва дар ин радиф Саид Абдуллоҳи Нурӣ,Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Саид Қиёмиддин номбар мешаванд. Тамошои филм сафҳаи ба пуррагӣ зудуданагаштаи андешаро дар бораи воқеоти гузашта боз як бори дигарварақгардон кард.
ВАТАНХОҲӢ БА ГУФТОР АСТ...? Ё ЧАРО РАФТОРУ ГУФТОРИ САРВАРОНУ ЯЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ ЯК НЕСТ!
- Подробности
- Опубликовано 19.06.2018 14:16
Чӣ тавре аз шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ дорем, амалҳои мудҳиши террористӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, алалхусус Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико рух дода, қариб рӯзе нест, ки сокинони ин кишварҳо қурбони ҷиноятҳои террористӣ гарданд.
Террористон худро дар ҷомаи ислом дида, корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки дар ақли солим намеғунҷад. Аз амалҳои террористони исломӣ бар меояд, ки онҳо худӣ ва бегонаро аз ҳам ҷудо накарда, ҳазорҳо шахсиятҳои бегуноҳро ба коми марг мекашанд ва ҷиҳод ном гузошта саркардаҳои онҳо аз ин амалашон кайфият мебардоранд ва ин амали носавоби онҳоро Қуръони маҷид ва дигар ҳадисҳову китобҳои динӣ маҳкум мекунанд.
ВАҲДАТ ПОЯИ СУЛҲ
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 15:43
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ва кулли тоҷикзабонони сайёра таърихи басо хушу зиндагисозро ҳадя кард. Пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқта гузошт. Албатта, ҳар оғозеро анҷоме дар пай аст. Ҳамаи ҷангҳо, чӣ хурду чӣ бузург, аз худ қатлу куштор ва хунрезӣ боқӣ мегузоранд. Аз ин нигоҳ ҳодисаҳои дохили кишвари мо низ истисно нест. Насли солҳои 90-уми асри гузаштаи мо ҳама ранҷу азоби ҷанги шаҳрвандиро диду дар кому ботини худ заҳрашро чашид. Садои фарёду фиғони кӯдакону модарон, дуди сиёҳи хонаҳои сӯхтаву валангор, ҷонсупорӣ дар талоши як пора нон ба фалак ҳамовоз мешуд. Ин ёдоварии талх бояд барои ҳар яки мо зангулаи садои бедорӣ бошад.
ТЕРРОРИЗМ ШАБЕҲИ ФИДОКОРӢ НЕСТ
- Подробности
- Опубликовано 13.06.2018 09:18
Баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз тариқи телевизион тамошо намудам. Дар он ҷаноби олӣ вобаста ба терроризу экстремизм ва ҷангҳои Сурияву Ироқ таъкид намуданд, ки: “Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд”.