Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ШОИРРО НАҲ НАЗАНЕД

                   

Мо аз маросими видои шоири абадзинда устоди Худобиомурзамон Бозор Собир баргашта, тасодуфан бо ҷавоне вохӯрдем, ки бо оҳанги танз гуфт: «Рост аст, ки Бозор Собир шапкаи Ленинро аз саллаю дастори руҳониён боло гузоштааст?». Ҷавобаш гардондам: «Вазнинтарашро гуфтааст».

Воқеан, устод дар шеъри «Дар Душанбе ҷойи ҳайкали Ленин холист» садо медиҳад: «Ҳазорон саллаю дастори руҳонӣ. - Бо он як «шапка»-и Ленин намеарзад».

Не нагӯед, магар арзиши надорад шапкаи Ленинро аз саллаю дастори наҳзатиёни хиёнаткор боло гузорем? Охир, Ленин ҳукумати подшоҳии Россияро барҳам заду ба мардуми заҳматкаш озодӣ дод. Наҳзатиён чӣ кор карданд? – ба умеди ташкили давлати исломӣ ва қудрати ҳукуматӣ пайдо намудан кишвари оромро дар вартаи ҷанг андохтанд! Ва ба ҷони 100 ҳазор ҷавонмард ҷабр карданд. Бисту панҷ ҳазор занро бева, зиёда аз 50 ҳазор кӯдаконро сағира карданд. Устоди мо ана ҳамин тоифаро дар назар дорад. Мегӯед, ки «шоир Бозор Собир куфр гуфт», худатон кофир мешавед.                      

Ҷ.БАҲОРОВ.