Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ХИЁНАТ БА ВАТАН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ!

         --- ДУНЁИ АНДЕША ---

 

Замин–модархудои мутлақи мо – ба хотири оромию осоиши ҷони инсонҳо  якмаром дар гирди меҳвари худ давр мезанад, чун модари  гаҳвораҷунбон шабзиндадорӣ мекашад, ки тифлонаш қисмати нек ёбанду фирефтаи “андешаҳои” бофтаю тофта нашуда, дар дунёи рӯшан барои худ ҷаннат бунёд кунанд ва ҳаёти хуррам ороянд. Фарзандони некбину тарбиятдида дар ивази некиҳои ин сайёраи хушбин бо дасту дили пок ба модархудои хеш аз дилу ҷон, бо амри имону виҷдон хизмат мекунанд, то ба гулҳои даршукуфти зиндагии худ обу ғизо бахшанд.

Афсӯс, ки дар баҳору табиати нотакрори ин Замини нозпарвар хорҳои нешдор мерӯянду бӯю таровати онро халалдор мекунанд.

Банда бо ин образ фарзандони нохалаферо дар назар дорам, ки ба модархудои  мутлақи худ хиёнат мекунанд, бо рехтани хуни ноҳақ замини нозанинро доғдор мегардонанд, накҳату таровати онро коҳиш медиҳанд.

Мо ин ҳарфҳоро на ба он хотир рӯйи коғаз мерезем, ки ҷанги таҳмилии солҳои навадуми асри пешини кишварро ба ёд биёрем. Сарвари давлатамон дар ин замина “Ба гузашта саловот”- гуфта буд.

Ғараз аз муқадимаи боло он аст, ки баъди гузашти ҳамон солҳои мудҳиш тоқа-тоқа нохалафон, - албатта, бо дастури хоҷагони муғризсифати худ, - ба сари маъруфтарин шахсиятҳои давлатию ҷамъиятӣ теғу туфанги террор мекашанд. Яке аз ин гуна даҳшатафканон генерали лаънатшунида Ҳалим Назарзода буд, ки бо вуҷуди мансаби баландро ишғол карданаш, зиди давлат баромад. Ӯ чеҳраи манфур ва тинати ноҷури худро 4 сентябри соли 2015 аён карда буд. Табаддулоти давлатии ин гургбачаи палангшуда чанд ҳафта фазои кишварро ноором гардонда, халқи осоиштаро ба таҳлука андохт. Хуни ноҳақи чандин нафар фарзандони Ватан дар гардани ӯст! Ду тан аз ҷавонмардони файзободии ташнаи зиндагӣ Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифов қурбони “табаддулот”-и ӯ шуданд.

Ҳалим Назарзода байни кӯҳу камар ба қатл расид, ба сахтӣ ҷон ба Ҷаббор супурд.

Аз даҳшатафании ӯ ва ғаразҳои бефосилаи хоҷагони эронии ҲНИТ собиқ қумандони ИНОТ, ҳоло соҳибкор дар ноҳияи Панҷ Ҳаким Қаландаров дар мусоҳибааш бо журналист, инчунин мақолаи аъзои собиқи ҲНИТ, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур, номзади илмҳои таърих Иззатулло Саъдулло ва мақолаи Эҳсони Ёдгор, ки дар матбуоти ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ (“Набзи Файзобод”) далелҳо меоранд. Ҳаким Қаландаров мегӯяд, ки ду эронӣ дар хонаи Абдуллои Нурӣ аз хусуси ба Ҳоҷӣ Ҳалим (Ҳалим Назарзода) додани як миллион (!) доллар ба устод Нурӣ хабар додаанд. Ҳ.Қаландаров ҷойи дигар зикр мекунад, ки Ҳоҷӣ Ҳалим “дар ҳавлии корхонаи нонпазиаш 400-500 нафарро ҷамъ оварда мусаллаҳ карда буд”. 

Терроршудагони дасти Назарзода Ҳалим, аз ҷумла Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон буданд. Онҳо метавонистанд ба хизматҳои кардаашон хизматҳои арзандатар зам намоянд.

Мо ба мардуми Эрон хешии забонӣ дошта, ба ин хотир муносибати самимонаи дӯстона мепарварем. Ба руҳонияти Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ, Фирдавсии бузург, ки зодагони ин сарзамин буда, ҳамчун классикони адабиёти форс-тоҷик  писандида мешаванд, ба Эрон бо назари неку дили пок менигорем. Медонем, ки турбати Хайёми фалсафасарои мо дар Нишопур ба зиёратгоҳи ин халқ табдил ёфтааст. Мо бошем, ба Мир Алии Ҳамадонӣ ихлосу эҳтироми хоса нишон медиҳем. Воқеан, шахсиятҳои бузург чун Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳида  маҳдуд нестанд. Пас чаро ёрони  носипоси мо барои аз байн бурдани фарҳанги ҳазорсолаҳои халқи тоҷик дасту остин бар зада, ба ин кор маблағ ҷудо мекарда бошанд?! Кош арвоҳи Саъдию Ҳофизу Хайём дар хоби ин тоифа инсонҳо ба сурати аждаҳо дарояду талхакафашон кунад!

Дар расонаҳо номи Абдуллои Нурӣ ба бадӣ зикр мешавад. Кас дар ҳайрат мемонад: шахсе, ки дар музокираҳои расмии байни ҳукумату неруҳои мухолифин аз хонавайронии фарзандони модари тоҷик, хору залиливу овораю саргардониҳои “муҷоҳидин” бо дилсӯзӣ ҳарф мезад, ин қадар дилсардона рафтор доштааст!

Мо, халқи тоҷик, пас аз ҳазору чанд сол соҳиби давлати мустақил шудем. Шояд дӯстони дар нохунаки мо инро намехостаанд, ки баъди ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони бегуноҳи модари тоҷик аз ҷанги бародаркушии кишвар раҳо ёфтанамон ҳам бо дили пурғараз торику рӯшан, аёну ноаён ба сӯямон санг мепартоянд. Онҳо ақли фарзандониноасли моро харидорӣ карда ба пояҳои фарҳанги дар тараққиамон теша мезананд, мехоҳанд ба сохтори имрӯза халал диҳанд. Чаро ба садои баланд нагӯем, ки дирафш ҳеҷ гоҳ ба пӯлод кора намекунад, ду-се нафар ватанфурӯш шуд, ҳазорону милёнҳо  дар ҳифзи Ватан, дар сангари номуси он истодаанд, то рушду нумӯи Ватан халадор нагардаду дасти нопоке ба моҳу ситораи дурахшони ин сарзамин расоӣ надошта бошад.

Хиёнат ба Ватан хиёнат ба модар аст! Ҳар кӣ субҳашро бо ин ният оғоз мекунад, рӯзаш ба шаби тор табдил меёбад.

 

Маъруфи МАРОФЕЪ,

 рӯзноманигор.

«АЛ-АҲРОМ»-И МИСР: ХАРИТАИ ПАҲНШАВӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ҶАНГОВАРОНИ ТЭТ “ҲНИТ” ДАР САФИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ХОВАРИ МИЁНА

Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна - «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуд. Зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.

Байни ду гурӯҳи террористӣ - Наҳзат ва ДИИШ- дар робита ба кумакҳои логистикӣ ва тайёркунонии кадрӣҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкорҳо роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзоёни Ҳизби Наҳзат дар сафи ташкилоти террористии “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Адади дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», “Лашкари озоди Сурия” ва Ҳаракати исломии Узбекистон ҷангида истодаанд.

Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзатро мамнуъ эълон намуда, ҳизбро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил намуд. Ин воқеа баъд аз сар задани амали ҷинояткоронаи инқилоби нокоми аъзоёни Ҳизби наҳзат бар зидди Ҳукумат, сурат гирифт. Ҳизби Наҳзат ин амали худро бо кумаки собиқ муовини Вазири мудофиа генерал Абдулҳалим Назарзода анҷом додан мехост. Дар асоси Созишномаи ваҳдати миллӣ, ки соли 1997 дар Москва сурат гирифт, А. Назарзода яке аз аъзоёни фаъоли ҳизб ба шумор меравад.

Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо

Мувофиқи гузориши хабарнигори “Ховар”, ТТЭ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзат ташкил ёфтааст.

Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар аврупо қарор доранд, эмин намондаанд.

Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд.

Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд.

Асоси ақидаи ДИИШ ва Ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби “Маолим ала Тариқ” ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои Ҷамоати муслимин, Такфир, Ҳиҷра ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма неруи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани “Давлати исломӣ” буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол он ки дини Ислом аз ин корҳо пок аст. Рафтори ДИИШ дар минтақҳое, ки зери нуфузи онҳо дар Сурия, Ироқ ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисоле барои кирдори онҳо мебошад.

Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмуҳтавои ваҳшиёнаи ҳарду гурӯҳ

Муқоисаи фаъолияти аъзоёни ДИИШ ва Ҳизби Наҳзати исломӣ, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шуравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа рух дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро, дар ҳайрат гузошта буд. Баъд аз интиҳои намози Ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзоёни Ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми ҳозиршуда дар намози Ҷумъа ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби Наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии Ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадафи анҷом додани чунин як амали террористӣ ба даст овардани нуфузи эмомхатибӣ дар дохили ҳарду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда аз мазҳаби Имом Абуҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзоёни Ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум мунташир намоянд.

Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали Ҳизб ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави Ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзоёни Ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи Ҳизб пайдо гардидаст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуйян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасид. Ҳамаи онҳо дар дохили як матоъ ҷамъ оварда, барояшон намози ҷаноза хонда, дар қабристони “Заргар” ба хок супурда шуд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунин гузаштаро ёдовар мешаванд.

Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии Ҳизб ба шумор меравад. Ӯ ҳоло дар кучаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад Ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани ҳукми Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард.

Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзоёни Ҳизби наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои “кофир” дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд. Дар аввал, адади зиёди аъзоёни Наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра ва Ҷунбиши исломии Узбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин “подоши некӣ”-и гурӯҳи Толибон маҳсуб мегардид, ки кумакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби Наҳзат тақдим намуда буд. Дар он вақт шахсе бо номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби Наҳзат пеш мебурд.

«Ҷабҳат ан-Нусра»

Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кумаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъйин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад.

ДИИШ

- Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавассила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. дар айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Дар мақолаҳояш ҷанбаҳои ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Ироқ қарор дошта, бо Шералиев А. дар алоқа мебошанд.

- Ғайратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» шинохта мешавад. Аъзои ТТЭ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кумаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.

Лашкари озоди Сурия

Артиши озодихоҳи Сурия аз ҷониби кишварҳои бонуфузи минтақа дастгирӣ ёфта, кумакҳои он барои Ҳизби Наҳзат низ расидааст. Ба саффи ин гурӯҳ Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод пайваст гардид. Ӯ бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекард. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ҷунбиши исломии Узбекистон

- Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар онҷо қарор доранд, рафтааст.

- Ризвонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

- Исоев Умед Ҳабибович, ки масъули қисми даъват дар гурӯҳи Толибон ба шумор меравад. Исоев У. Ҳ. соли 1985 дар шаҳри Роғун таваллуд ёфта, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ мебошад. Номбурда солҳои 2008 то 2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

МУҲАББАТ – ПУЛ, ТАҒО – ПУЛ, ОШНО – ПУЛ

Барпокунандаи аввалин дар ҷаҳон давлати шӯравӣ Владимир Илич Ленин гуфта буд:  вақте мерасад, ки ҳама чиро пул ҳал мекунад.

Касе, ки «Капитал»-и Карл Марксро хонда бошад, ба маънии сухани олимонаи Владимир Илич (Улянов) хуб сарфаҳм меравад. Сухани Ленин ҷиддӣ аст.

Агар тарафи дигари сухани Уляновро гардонем, ҷиддият (ҷиддияти мусбат) ба танз, содатар, ба киноя мебарад. Бесабаб маталҳои шеършудаи  маъникаш, аз қабили «Тағо-пул, обрӯ - пул, ошно-пул, - Муҳаббат – пул, садоқат – пул, даво – пул» – пайдо нашудааст. Яъне ба фаҳмиши имрӯза ҳама чиз ба воситаи пул ҳал мешавад. Пул ба ҷони мо чунон «тавъам» аст, ки бе он нафас гирифта наметавонем. Ҳоло табобат пурра пулакист. Ва ҳеҷ пӯшида нест, ки дар ин кор фасод набошад. Инкор накунед, ки дар касалхона ба ғайри «пули кафолат» боз чанд даҳсомонаи шумо «ҳавоӣ» меравад. Агар надиҳед, табобаткунандаҳо қавоқ мегиронанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор ба таъкид зикр мекунад, ки мансабдорон нисбат ба мардуми оддӣ, эҳтиёҷмандон ғамхор бошанд, ба онҳо ҷавр накунанд, раҳму шафқат зоҳир намоянд. Не, мебинӣ ва мешунавӣ, ки ҳангоми «буд кардани» кори корафтодаҳо (мисоли равшан, тақсими қитъаи замини ҳавлӣ) пора мегиранд. Борҳо тавассути оинаи нилгун мебинем, ки раисони ҷамоатҳои ин ё он минтақа, кормандони идораҳои заминсозӣ дар ивази маблағҳои калон замин медиҳанд. Ҳол он ки, охир, давлат ба шаҳрвандон дар асосҳои қонунӣ тақсими заминро барои манзилгоҳ раво медонад. Ришвахӯрон, албатта, дар сурати ошкор шуданашон, ҷазо мебинанд. Афсӯс, ки муҷозот ба дигарҳо дарс намешавад. Мувофиқи шунидаҳоямон, «нафси сабил» оромашон намегузорад.

Мо баъзан дар хоктӯдаи андеша меафтем, ки кормандони идораҳои давлатиро худи худамон порахӯр кардаем. Ба мисол, шахсе, ки бе навбат барои сохтмони манзили иқоматӣ,  ё умуман қитъаи замин барои сохтмон, замин гирифтааст, ба одаме, ки солҳо дар навбат истода, ба мурод намерасад, маслиҳат медиҳад: «то пул надиҳӣ, замин намегирӣ». Ана ҳамин тавр, пора додан ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ифодаи мардумӣ, мансабдоронро худамон омӯхта кардаем.

Як шинос шиква кард, ки барои қонунӣ гардондани замини гирду атрофи амволи харидааш се сол боз  ба кумитаи заминсозӣ равуо мекунад, вале кораш буд намешавад. «Ҳуҷҷатҳо бошанд, - ба дард мегӯяд ӯ, - ягон камбудӣ надоранд».

Кашолкорӣ манфиатҷӯйӣ талаб мекунад.

Ҳамин гуна дард дили бисёриҳоро иллатӣ кардааст.

Чашми тамаъҷӯ ҳамеша чор аст. Зарофате ҳаст: «Назди мулло даст сӯйи киса набар, ки боумед мешавад». Дар идораҳое, ки корафтодаи бисёр доранд, мисли мулло рафтор мекунанд.

Боре сухан аз фарогирии коррупсия мерафт, сардори идораи муътабаре, ки он қадар хазинаи дилхоҳ надорад, гуфт: «Ҳатто дар ҷойи мо ҳам коррупсия ҳаст, - ва шаҳр дод, - агар бо пули идора дар як сол аз бозор панҷ ҷорӯб харидорӣ кунем, шашта санад карда, «зиёдатиаш»-ро хона мебарем».

Ин гап ҳарчанд шӯхӣ буд, вале ҳақиқат дошт. Охир, «сӯзандузд ҳам дузду говдузд ҳам дузд» мегӯянд. Чаро аз ҳаққи умум як кас (сардор ё сармуҳосиб) баҳра мебурдааст?

Ҳоло кам хонаест, ки фарзандаш мактабхон набошад. Чаро ғалат гӯем, ки охир дар як сол «барои пардаи синф», «барои қулф», «барои газетаи деворӣ», «барои журнали синф» (ҳатто барои бӯр) ва ғайраву ҳоказо пул медиҳем. Ҳол он ки ба муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи давлат ҳамасола маблағ  ҷудо карда мешавад. Дар рафти гап зикр мекунем, ки дар соли 2018 ҳаҷми умумии маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудогардида 28269519 сомониро ташкил мекунад, ки ин 63,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳия аст. Аз ин маблағ 83,4 фоизаш музди меҳнати кормандони соҳа. Роҳбари синф магар наметавонад чанд варақи сафед барои «Гӯшаҳои синфӣ» харидорӣ намояд?

Ба омӯзгорони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ сахт нарасад, зеро дар баъзе таълимгоҳҳо расм шудааст, ки барои рӯзи таваллуди муаллим (аслан муаллимаҳо) хонандаҳо пул ҷамъ мекунанд. Пӯшида нест, ки фаросати талабаҳои синфҳои поёнӣ ба ин чиз намерасад, то худи омӯзгоронашон «рӯшанӣ» наандозанд. Мо, худамон баъзан бедилӣ мекунем, ки охир, чаро дар рӯзи таваллуди муаллими азиз ба ӯ туҳфа нагирем? Агар чунин аст, пас бояд дар ҳаққи директори мактаб низ ҳамин гуна «лутф» кунем.

Агар чашм напӯшем, дар фурӯшгоҳҳову ошхонаҳо, умуман ҷойҳое, ки андозсупорандаанд, фасодро мебинем. Як далел: аз рӯи талабот ҳамаи нуқтаҳои молфурӯшӣ бояд мошини назорати хазинавӣ дошта бошанд. Ҳамин гуна дастгоҳ дар ноҳия танҳо дар се ё чор нуқта мавҷуд аст. Саркашӣ аз ин кор пинҳон кардани даромад аст. Агар ҳамаи нуқтаҳои савдо чунин дастгоҳ дошта бошанду мизоҷон мувофиқи харидашон чек талаб кунанд, аз даромад ба буҷет бештар маблағ ворид мегардад. Мутасаддиёни ин кор панҷ панҷаашон барин медонанд, ки кор муҷозот дорад, мутаассифона, бо мақсади манфиатҷӯйӣ соҳибмулконро озор намедиҳанд.

Фасодро (коррупсияро) аз байн бардоштан басо мушкил аст. Вале барои кам карданаш бояд виҷдону имону садоқат ба халқу давлатро тарбият намоем.

ИСЛОМРО ТАХРИБ НАКУНЕМ

Инсоният аз замоне, ки дар рӯи замин барои ободии замин халқ карда шуд, аз миёни худ рақибонеро дошт, ки дар муқобили ҳар нафари накукор ва ояндасозаш муқовимат намуда, садди роҳи ободкориву созандагии онҳо мешуданд. Табиист, ки ба вуҷуд омадани чунин бархурд, новобаста аз вазъи иҷтимоияш, ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа таъсири манфии хешро мерасонад. Ба хонанда қобили дарҷ медонем, ки аз замони пайдоиши одам то ба имрӯз чунин бархурд дар ҳар дину оин ва миллату давлат арзи ҳастӣ дорад. Дар чунин вазъият фаромӯш набояд кард, ки  яке аз сифатҳои Худованд ғаюрист ва дар чунин ҳолат Ӯ ҳамеша бо бандагони накукору ғаюраш  аст. Албатта, то ба имрӯз ғайрати пешвоёни дин буд, ки дини Ислом побарҷост. Ҳамчунин ғайрати пешвоён ва бузургони ин миллат буд, ки пас аз гузашти ҳазорсолаҳо ба замми талаву тороҷ кардани молу мулкашон ҷойгоҳ ва мақоми миллати азизамон аз байн нарафт. Аз ҷумла, ғайрату шаҳомату мардонагии Худододаи Сарвари давлатамон буд, ки мо, мардуми ҳазорсолаҳо давлатдории худро аздастнадода, соҳиби давлати соҳибистиқлол гардидем. Барҳақ, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз бармадҳояшон атрофи ба даст овардани истиқлолияти миллӣ шоёни гуфтан аст, ки: «Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодии миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт».

Албатта, чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии  миллатро пеш оварда буд. Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кутоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Бешубҳа, аз пеши назари ҳар фарди соҳибхирад ҷилваи вазъияти ногувори он давра фаромӯш намегардад.  Таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ болои сари мардуми тоҷик ба дасти муғризонаву ҳасудонаи хоинони миллат бо дастгирии аҷнабиён роҳандозӣ гардид. Онҳо аз бехабарии қишри поёнии ҷомеа истифода намуда, моҳияти аслии дини Исломро тахриб карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бародарро душмани бародар сохта, занону модаронро бехонаву кӯдаконро ятиму  бенаво намуданд. Чунин гардид, ки бародар бо бародар , шогирд бо устод нафрат пайдо кард ва он мафкураҳое, ки инсонро ба гуманизму созандагӣ мебарад, тағйир хӯрда ба ҷояш бо дасти ин ҳасудон, аз ҷумла ҲНИТ тухми кинаву адоват кошта шуд.  

Чунин тоифаи афроди бадхоҳ айёми ҷавонии шермардони миллати моро, ки беҳтарину пурсамартарин давраи камолоти инсонист, тира намуда, бо фиребу найранг қурбони муноқишаҳои ҳадафҳои разилонаи хеш сохта, қисми дигарашро бошад, ба таълимгоҳҳои террористии хориҷа фиристода, онҳоро мағзшӯӣ намуда, баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки хеш то ба имрӯз онҳоро ҳамчун ба ном фидоии роҳи Ҳақ истифода мебарад. Амалисоз ва пиёдакунандаи идеяҳои нопоки аҷнабиён дар кишвари мо ҲНИТ ва пайравонаш буд, ки баҳри амалӣ намудани чунин андешаҳои ғаразнокашон  душманони хориҷӣ таҳкурсии онро аз охирҳои даҳаи нуҳуми қарни гузашта дар кишвари мо гузошта буданд.

Барои эмин нигоҳ доштани ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеа аз макри фиреби душманони миллат ва дин, хусусан дастандаркорони ТТЭ ҲНИТ моро зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва моҳияти диндорӣ тарбия кунему ба кору амалҳои нек ҷалб намоем.

Ҷавононро лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳамовардаи давлату миллат ва ғамхориҳои Сарвари давлат  истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Ба ин роҳу равиш мо метавонем, ки дар оянда аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни ниёгони худ ва дину оини аз гузашта ба мо меросмонда ҳифозат намоем.

ТЕРРОРИЗМ БО ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ МУХОЛИФАТ ДОРАД

«Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёре аз мушкилоти фаромилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили мубрам ва актуалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба яке аз мавзуҳои доғ мубаддал шудааст, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо дар ин бора иттилоъ мегирем.

Шояд имрӯз давлате вуҷуд надошта бошад, ки онро хатари терроризм таҳдид накунад. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри XXI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардаанд. Аммо калимаҳои ба ин монанди радикализм (тундгароӣ), фанатизм (таассубгароӣ), фундаментализм (бунёдгароӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) ба маъноҳои зайл омадаанд:

Мафҳуми «радикализм» маънои амали канорагириро дорад. Дар китоби «Донишномаи сиёсӣ» таърифи он чунин оварда шудааст: “Радикализм фаъолияти сиёсии гуруҳ, ҳизби сиёсӣ буда, нисбат ба ҳалли ислоҳот ва тағйироти демократӣ амали устувор дошта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи аъзо мубориза мебарад”. 
Имрӯзҳо аксари мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш амалҳои ифротӣ ва террористиро танҳо ба мусулмонҳо нисбат медиҳанд ва ифротгароёнро мусулмон медонанду гумон мекунанд, ки ифрот зодаи Ислом аст.

Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дастуроти воқеии на дини Яҳудӣ, на Масеҳӣ ва на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Худованд (ҷ) дар ояи 13-и сураи Ҳуҷурот мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо гардонидем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина, гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумо аст”.

Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат изҳор доштанд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он, ки ифроти сӯйистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд. Қуръони карим ҳам уммати Исломро уммати васат (миёна) номидааст: «Ва ҳамчунин, шуморо уммати васат сохтем, то ба мардум гувоҳ бошед...» (Сураи «Бақара», ояти 143).
Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад. Балки бо таълимоти дини мубини Ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, мухолифат дорад. Худованди бузург ба Паёмбараш (с) хитоб намуда мефармояд: «Ва мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён» (Сураи “Анбиё”, ояти 107).

Паёмбар (с) вақте ҳазрати Алӣ (р)-ро барои фатҳи Хайбар амр намуданд, гуфтанд: “Аввал, онҳоро ба накӯӣ даъват кунед, пирон, занон ва кӯдаконро накушед, ҳар касе, ки дар маъбади худ ибодат мекунад (чи маҷусӣ, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ), накушед, ҳар кӣ дар мазрааш кор мекунад, ӯро ҳам накушед, хонаву дар ва замини полезро вайрону поймол насозед, дарахтонро набуред! Танҳо нафароне, ки сӯи Шумо силоҳ мекашанд, бо онҳо муқотала кунед”. Акнун рафтори ДИИШ-ро бо сухани Паёмбар (с) муқоиса мекунем, ки онҳо на ба пир раҳм доранд, на нисбати кӯдакон шафқат доранд, мардуми бегуноҳро сар мебуранд ва бераҳмона ба занҳо дасти таҷовуз дароз мекунанд ва ғайра. Ҳол он ки, дар таълимоти исломӣ ҳатто куштан ва озор додани ҳайвонот ҷоиз нест. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Зане гурбаеро ҳабс намуда, таом надод ва нагузошт, ки аз ҳашароти замин бихӯрад, аз ин сабаб дохили дӯзах шуд» (Ривояти Бухорӣ, 3318 ва Муслим, 2242 аз Ибни Умар (р)). Пас, худ хулоса бароред, ки ҳоли ононе, ки мусулмононро озор медиҳанду мекушанд ва ба молу мулк ва аҳлу иёлашон дасти таҷовуз дароз мекунанд, чӣ мешаванд?

Худованд дар Қуръони карим, сураи “Нисо”, ояти 93 мефармояд: “Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”. Дар ин оят 5 таъкиди ҷиддӣ аст, ки дар ягон гуноҳи кабираи дигар Худованд чунин масъаларо сахт таъкид накардааст:

  1. Ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст.
  2. Дар дӯзах ҷовид бошад.
  3. Худо бар ӯ хашм гирифтааст.
  4. Худо ӯро лаънат кардааст.
  5. Азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.

Воқеан, ин таъкидот аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Ин на ривоят аст ва на ҳадис, ки саҳеҳиву заифиашро биҷӯем, ин Каломи Худо аст ва ҷои баҳс надорад. Аз ин сухани боризу равшантаре нест, ки як нафар муъмин ё имондорро қатл кардан чи гуна оқибати вазнин дорад. То дараҷае, ки Худованд ӯро лаънат мекунад ва азоби бузурге барои қотил омода месозад.

Искандаршо УМАРОВ, муовини ректор оид ба тарбияи ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа (р)