ВОКУНИШ
ХИЁНАТ БА ВАТАН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ!
- Подробности
- Опубликовано 16.02.2018 09:58
--- ДУНЁИ АНДЕША ---
Замин–модархудои мутлақи мо – ба хотири оромию осоиши ҷони инсонҳо якмаром дар гирди меҳвари худ давр мезанад, чун модари гаҳвораҷунбон шабзиндадорӣ мекашад, ки тифлонаш қисмати нек ёбанду фирефтаи “андешаҳои” бофтаю тофта нашуда, дар дунёи рӯшан барои худ ҷаннат бунёд кунанд ва ҳаёти хуррам ороянд. Фарзандони некбину тарбиятдида дар ивази некиҳои ин сайёраи хушбин бо дасту дили пок ба модархудои хеш аз дилу ҷон, бо амри имону виҷдон хизмат мекунанд, то ба гулҳои даршукуфти зиндагии худ обу ғизо бахшанд.
Афсӯс, ки дар баҳору табиати нотакрори ин Замини нозпарвар хорҳои нешдор мерӯянду бӯю таровати онро халалдор мекунанд.
Банда бо ин образ фарзандони нохалаферо дар назар дорам, ки ба модархудои мутлақи худ хиёнат мекунанд, бо рехтани хуни ноҳақ замини нозанинро доғдор мегардонанд, накҳату таровати онро коҳиш медиҳанд.
Мо ин ҳарфҳоро на ба он хотир рӯйи коғаз мерезем, ки ҷанги таҳмилии солҳои навадуми асри пешини кишварро ба ёд биёрем. Сарвари давлатамон дар ин замина “Ба гузашта саловот”- гуфта буд.
Ғараз аз муқадимаи боло он аст, ки баъди гузашти ҳамон солҳои мудҳиш тоқа-тоқа нохалафон, - албатта, бо дастури хоҷагони муғризсифати худ, - ба сари маъруфтарин шахсиятҳои давлатию ҷамъиятӣ теғу туфанги террор мекашанд. Яке аз ин гуна даҳшатафканон генерали лаънатшунида Ҳалим Назарзода буд, ки бо вуҷуди мансаби баландро ишғол карданаш, зиди давлат баромад. Ӯ чеҳраи манфур ва тинати ноҷури худро 4 сентябри соли 2015 аён карда буд. Табаддулоти давлатии ин гургбачаи палангшуда чанд ҳафта фазои кишварро ноором гардонда, халқи осоиштаро ба таҳлука андохт. Хуни ноҳақи чандин нафар фарзандони Ватан дар гардани ӯст! Ду тан аз ҷавонмардони файзободии ташнаи зиндагӣ Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифов қурбони “табаддулот”-и ӯ шуданд.
Ҳалим Назарзода байни кӯҳу камар ба қатл расид, ба сахтӣ ҷон ба Ҷаббор супурд.
Аз даҳшатафании ӯ ва ғаразҳои бефосилаи хоҷагони эронии ҲНИТ собиқ қумандони ИНОТ, ҳоло соҳибкор дар ноҳияи Панҷ Ҳаким Қаландаров дар мусоҳибааш бо журналист, инчунин мақолаи аъзои собиқи ҲНИТ, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур, номзади илмҳои таърих Иззатулло Саъдулло ва мақолаи Эҳсони Ёдгор, ки дар матбуоти ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ (“Набзи Файзобод”) далелҳо меоранд. Ҳаким Қаландаров мегӯяд, ки ду эронӣ дар хонаи Абдуллои Нурӣ аз хусуси ба Ҳоҷӣ Ҳалим (Ҳалим Назарзода) додани як миллион (!) доллар ба устод Нурӣ хабар додаанд. Ҳ.Қаландаров ҷойи дигар зикр мекунад, ки Ҳоҷӣ Ҳалим “дар ҳавлии корхонаи нонпазиаш 400-500 нафарро ҷамъ оварда мусаллаҳ карда буд”.
Терроршудагони дасти Назарзода Ҳалим, аз ҷумла Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон буданд. Онҳо метавонистанд ба хизматҳои кардаашон хизматҳои арзандатар зам намоянд.
Мо ба мардуми Эрон хешии забонӣ дошта, ба ин хотир муносибати самимонаи дӯстона мепарварем. Ба руҳонияти Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ, Фирдавсии бузург, ки зодагони ин сарзамин буда, ҳамчун классикони адабиёти форс-тоҷик писандида мешаванд, ба Эрон бо назари неку дили пок менигорем. Медонем, ки турбати Хайёми фалсафасарои мо дар Нишопур ба зиёратгоҳи ин халқ табдил ёфтааст. Мо бошем, ба Мир Алии Ҳамадонӣ ихлосу эҳтироми хоса нишон медиҳем. Воқеан, шахсиятҳои бузург чун Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳида маҳдуд нестанд. Пас чаро ёрони носипоси мо барои аз байн бурдани фарҳанги ҳазорсолаҳои халқи тоҷик дасту остин бар зада, ба ин кор маблағ ҷудо мекарда бошанд?! Кош арвоҳи Саъдию Ҳофизу Хайём дар хоби ин тоифа инсонҳо ба сурати аждаҳо дарояду талхакафашон кунад!
Дар расонаҳо номи Абдуллои Нурӣ ба бадӣ зикр мешавад. Кас дар ҳайрат мемонад: шахсе, ки дар музокираҳои расмии байни ҳукумату неруҳои мухолифин аз хонавайронии фарзандони модари тоҷик, хору залиливу овораю саргардониҳои “муҷоҳидин” бо дилсӯзӣ ҳарф мезад, ин қадар дилсардона рафтор доштааст!
Мо, халқи тоҷик, пас аз ҳазору чанд сол соҳиби давлати мустақил шудем. Шояд дӯстони дар нохунаки мо инро намехостаанд, ки баъди ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони бегуноҳи модари тоҷик аз ҷанги бародаркушии кишвар раҳо ёфтанамон ҳам бо дили пурғараз торику рӯшан, аёну ноаён ба сӯямон санг мепартоянд. Онҳо ақли фарзандониноасли моро харидорӣ карда ба пояҳои фарҳанги дар тараққиамон теша мезананд, мехоҳанд ба сохтори имрӯза халал диҳанд. Чаро ба садои баланд нагӯем, ки дирафш ҳеҷ гоҳ ба пӯлод кора намекунад, ду-се нафар ватанфурӯш шуд, ҳазорону милёнҳо дар ҳифзи Ватан, дар сангари номуси он истодаанд, то рушду нумӯи Ватан халадор нагардаду дасти нопоке ба моҳу ситораи дурахшони ин сарзамин расоӣ надошта бошад.
Хиёнат ба Ватан хиёнат ба модар аст! Ҳар кӣ субҳашро бо ин ният оғоз мекунад, рӯзаш ба шаби тор табдил меёбад.
Маъруфи МАРОФЕЪ,
рӯзноманигор.