Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ФОҶЕА БО САЙЁҲОН - ФИТНАИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

 

Фоҷеаи  даҳшатангезу  нангине, ки рӯзи 29 июл дар шоҳроҳи Кӯлоб -Душанбе ба вуқӯъ пайваст, тамоми миллати тоҷикро ба ташвиш ва изтироб овард. Чанд нафар фарзандони нахалафи миллате, ки тайи асрҳо ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар дунё овозаю эътибор дошта дастархонаш барои худию бегона ва пиру барно доим кушода буд, халқе, ки тӯли асрҳо аз дигарон зулм дидаю ба сари касе мушт набардоштааст, имрӯз дар Ватани худ бар зидди меҳмонони азизи хеш куштор ташкил намудаву бо ин амали хеш обрӯю этибори халқи тоҷикро дар арсаи байналмиллӣ  коста кардан мехоҳанд.

Подробнее...

ҶОНИ ТУ ҶОНИ КАСЕ ҶОН НАБУДААСТ?!

 

БОЗ ЯК ИҒВОИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИТ ХТТТТттттТТОНА

 Шабакаи Паём.нет боз як иғвои навбатиро  алайҳи  миллати тоҷик пеш гирифтааст.  Ва аз саҳифаи интернетии худ  тавассути Ду узви ситод — Алим Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев ҷор мезананд, ки   эълони тазоҳурот дар кишварҳои ғарбӣ барои ҳимоят аз Ҳамза Тиллозода ба роҳ мемонанд.  Бешармона тифлеро , ки имрӯз миёни маргу ҳаёт даст ба гиребон аст дар манзари сиёсати хеш қарор додаанд. Ва боз мехоҳанд тавассути Ҳамза  таваҷҷуҳи оламиёнро  ба Ҳизби терроистиву хунхори наҳзат  ҷалб намоянд.

Подробнее...

ҒАРАЗ ДАР РАФТОРУ ГУФТОРИ “ВАТАНХОҲОН” ҲАМОИШИ ДОРМУНТ ЧЕҲРАИ НАҲЗАТИЁНРО БОРИ ДИГАР РАВШАН КАРД

 

Чӣ тавре аз ВАО ва  шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ дорем, чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия ба ном як ҳамоиши наҳзатиҳо баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш  роҳбари номуваффақи ТТЭ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ хостори созмон додани эътилофи наве шудааст, ки зидди мардуми тоҷику кишвари тоҷик нигаронида шудаву мақсадашон боз бо ивази ҷони садҳо ҳамиллатони зудбоварамон  соҳиби ҷоҳу ҷалол шуданиянд. Бо ин мақсад хоҳиши онро карданд, ки дар ин гуруҳи навтаъсисашон аз номи «ислом»-у «наҳзат» дури биҷуянд.

Подробнее...

ТАЛОШИ ДУБОРАИ МАНФИАТТАЛАБОН

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъомади боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ баргузор шуд. Дар он як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин нақшаи муғризонаи онҳо бори дигар шикаст хӯрд

Подробнее...

“РЕШАҲОИ НОАЙЁН” ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТ

 

Гумраҳе дар  ботлоқи гумраҳон,

Мезанад даст, мезанад по ҳар замон.

Динфурӯш мазҳабфурӯши беимон,

Ҳамчу хар афтода дар гил ногумон.

Тамошои филми “Решаҳои ноайён”, ки шоми 18 июни соли равон аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионҳои кишвар  намоиш дода шуд ва аз кору пайкори сиёҳи як тан аз хоинони  ватан,  воизи шинохтаи  даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки имрӯз аз карда пушаймону иқрор ба гуноҳи худ аст,  бешак  ҳар фарди мусалмонро ба  андеша водор месозад.

Подробнее...