Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲНИТ!! ХУНИ ШАҲИДОНИ МО, МЕЧАКАД АЗ ЧАНГАТОН!!!

 

(Аз қатли  Муҳиддини Олимпур 22 сол  пур гардид)

Аксари донишҷуёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира ”-и ДДМТ субҳи хунини 13- уми декабри соли 1995-ро ёд доранд. Он субҳи тираи борони цасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои фи­лология ва журналистикаю шаркщиносй мехобид.

Имруз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содца менамояд ва онро кори дасти се-чор кртили касбӣ(киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд.

Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шуҳраташро зиёд кард, омода кардани барномахри телевизионие бо номи "Ситораҳои Шарк,” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод.

Ва ҳатто соли кушта шуданаш, ки дар хиёбонҳои Душанбе хун мерехт, Сатторро ба Тоҷикистон оварда буд.

Албатта, ба кӣ ва кадом кишвар аз ҳунармандону шоирону нависандагони фирорияшон нақл карданаш писанд набуд, дарк кардан кори душворе нест.

Шояд бо назардошти ин хафв сентябри соли 1995 Саттор маънидорона дар суханронии кутоҳе, ки дар "Кохи Борбад” дошт, аз аҳли толор хоҳиш кард, ки “Олимпурро эҳтиёт кунед”...

Солҳо гузаштанд...

Соли 2001 аз чор нафар қотилони Олим­пур ду нафар ва баъдтар соли 2005 қотили сеюм боздошт шудаву ба курсии айбдорӣ нишастанд ва ба гуноҳи хеш иқрор шуданд. Маълум шуд, ки ин куштор бо дасти аъзои гуруҳи мусаллаҳи наҳзатӣ, таҳти фармондеҳии Нозим Юнусов ("Эшони Нозим”) сурат гирифта будааст. Агар ӯ имрӯз зинда мебуд, шояд мегуфт, ки дар навбати худ ин амрро аз куҷо гирифтааст. Вале соли 1999, дар натиҷаи як амалиёт қумондони номбурда кушта шуду бо ҳамин асрори кӣ будани фармоишгарро бо худ бурд.

Соли 2012 масъалаиқатли  Муҳиддини  Олимпур дубора дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Интизор мерафт, ки ба муносибати 15-солагии Иститиқлол афви тиллоӣ эълон мегардад. Ба ин муносибат вакили парлу- мони он замон Муҳиддин Кабирӣ рӯйхате аз 161 нафар размандагони маҳбуси ҲНИТ-ро таъсис дода, аз Президент хоҳиш кард, то онҳо афв бишаванд. Ин руйхат авввал баъзе аз худи размандагони ҲНИТ-ро ба эътироз водор кард. Ба кадом роҳе шикояти собик, кумондони ҲНИТ Садриддин Тошев ба расонаҳо роҳ ёфт. Номбурда шиква аз он дошт, ки номи баъзе ду маротиба, - таҳти рақамҳои 57-58-59 ва рақамҳои 98-99-102 оварда шудааст ва номи қумондонҳои ба ҲНИТ “хизматкарда” чун Нозим Қурбоналиев нест. Номҳои такроршуда дар номаи эътирозии Тошев набуд ва табиист, ин даъвои Тошев рӯзноманигоронро водор кард, то ба ин рӯйхат таваҷҷуҳ намоянд ва фаҳманд, ки ин “эркаҳои раиси ҲНИТ” киҳо ҳастанд.

Барои рӯзноманигорон шигифтовар он буд, ки номҳои такрорӣ дар он нома ба номи Президент... қотилони Муҳиддини Олимпур буданд! Чаро Муҳиддин Кабирӣ маҳз ба такрор аз онҳо мегӯяд? Чаро? Ин талаб реша аз куҷо мегирифт? Наход раҳбари як ҳизбе, ки дар муқоиса бо дигар сиёсатма- дорон миёни доираҳои журналистӣ аз ҳама фаъол худро ҳисоб мекард ва бисёр мехост ба журналистон ҳамеша писандида бошад, дидаву дониста, барои қотилони журнали­сте озодӣ  хоҳад, ки Олимпур барои онҳо як идеали зиндагӣ ва эҷод ҳисоб мешавад?

Охир, ҳамон тавре пешвоёни маънавиашон барои онҳо  қадру қиммат доранд, барои ҳар нафари рӯзноманигор Муҳиддини Олимпур ҳамин гуна қадр дорад!

Болои ин, набудани ному насаби '‘қумон­дони демократ” Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки ба муҳити журналистон наздиктар буд, аз ҲНИТ канор рафта буд, андешаеро қавитар мегардонд, ки ин рӯйхат тасодуф пайдо нашудааст.

Ёдам намеравад, ки он замон Кабирӣ дар аввал изҳор дошта буд, ки ба мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ овора буду рӯйхатро муовинонаш омода кардаанд. Баъдтар гуфт, ки рӯйхат саросемавор омода шудааст ва он  ҳама хатоӣ техникӣ аст. Вақте ин андешаро ба яке аз муовинонаш гуфтам, лабханд заду ба суоли ман суол дод:

- Ба андешаи ту, раҳбари якҳизби сиёсӣ, ки даъвои Ҳукумат дорад, ба ҳуҷҷати муҳиме, ки ба Президент ва ҷомеа пешниҳод карданӣ аст, нахонда имзо мекунад? Оё намедонад, ки озодии киро мехоҳад? Дар паси ҳар номи ин рӯйхат нафаре ё манфиате меистад?

Ин фақат як мисоли зинда барои онҳое аст, ки бут тарошидан ва бутпарастию дастбусиро дӯст медоранд. Ба ранги “галстукҳои аврупоӣ” фирефта мешаванд, хатоеро, ки соли 1992 бо интихобашон, - думравӣ аз онҳое, ки афви қотилонашонро мехоҳанд, такрор мекунанд.

Барои мисол, як маърӯзаи ахири шоир ва журналист Темур Варқӣ дар шаҳри Ве­наро зикр мекунам. Ҳамкасби мо ба ҳадде дуруғ мегӯяд, ки ҳатто ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор мегузорад. Ӯ даъво мекунад, ки нашрияҳои «Рӯзгор», «Овоза ва ҳақиқат», «Нигоҳ» аз ҷониби  ҳукумат баста шудаанд.

Хушбахтона, соҳибони ин расонаҳо ва доираҳои журналистӣ посухаш доданд, вале фикр мекунам барои “справкаи Кабирӣ" (то ҷое шунидам, агар маълумотномаи ин шахс дар бораи мухолифи давлат будани паноҳҷӯй набошад, касе наметавонад дар Аврупо паноҳгоҳ гирад) барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсй ба ин ҳад ҳамкасбони хешро туҳмат задан нашояд.

Дар ин маврид вобаста ба дигар ҷузъиёти маърӯзаи Темур Варқӣ журналист Додоҷони Атовулло менависад; «Яке аз бонувони рӯзноманигори тоҷик, ки ба далели таҳдидҳо маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуда ва паноҳандагии сиёсй дар яке аз кишварҳои урупоӣ дарёфт намудааст, дар яксуҳбати хусусӣ, барои ман (Темур Варқӣ дар назар аст) нақл кард, ки як корманди амниятӣ ӯро маҷбур ба нишастан дар мошини хидматии худ карда ва чанд соат нагузошта ӯ аз мошин берун ояд ва ҳатто иҷоза надода ба ҳоҷатхона биравад ва бар ӯ фишори руҳӣ ворид месохта ва бадараш мекарда ва тахдидаш менамуда, ки ӯро дар зерзамини КДАМ ва ё дар берун аз шаҳр бурда ва ба номусаш таҷовуз хоҳад кард».

«1. Ин бону кист, ки иҷозаташ надодаанд ба ҳоҷатхона биравад, пас чӣ гуна руйхат додаанд, ки ба хориҷа бигурезад?

  1. Агар ин «хонуми озодманиш ва журналисти бебок» гурехтааст ва статуси паноҳандагӣ дар Аврупо гирифтааст, чаро номашро ниҳон медорад ва аз кӣ меҳаросад, ки саргузашташро танҳо ба гуши Варқӣ мегӯяд? Ё ин саргузашт афсона аст ва ё дар Аврупо ҳам ӯро намемонанд, қазои ҳоҷат кунад?
  2. Агар ин бону номусашро  ҳанӯз ҳам ҳифз карда бошад, чаро худаш хомӯш аст? Шояд ин саҳфаи ҳасби худаш беҳтарин гузориш ё мақолаи ӯ мешуд. Гуфтани ҳақиқат аз рисолати асосии пешаи журналистист. Дигар ҳама баҳона ё афсона барои паноҳандагӣ гирифтан асту бас!»

Баргардем сари мавзуъ:

Дар ҳамон дархост Кабирӣ ба Президент навишта буд: «Ҷашни 15- солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои афви ин шаҳрвандон ва ҳадяи идона ба ҳазорон падару модар ва фарзандон дар арафаи ин санаи таърихй мебошад. Шакке нест, ки ин амали хайр як саҳифаи навро дар корномаи сулҳофаринии Шумо ва хотираи неки миллат изофа хоҳад кард».,,

Фикр мекунам ин дархост тире буд ба ҷигари ҳар рӯзноманигоре, ки Олимпурро мешинохт, ҳар нафаре барномаҳои ӯро боре дида буд, ҳар нафаре дар ҷодаи журналистикаи касбӣ қадам мебардорад. Эҳтиёт бошед, рӯзноманигорон, аз сиёсатмадоре, ки маҳз дар назди шумо ҷилва мекунад ва медонад, ки фардо маҳз шумо он хиромидан ва он ҷилваро тасвир хоҳед кард. Мисли тасвири ҷасади хунини Олимпур...

Хуни шаҳидони ҳамкасби мо ҳанӯз аз чангатон мечакад, эй ҷанобони наҳзатӣ!

Хуршед АТОВУЛЛО

«Фараж»,№52, 27 декабри соли 2017.