ВОКУНИШ
ИСЛОМРО ТАХРИБ НАКУНЕМ
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:33
Инсоният аз замоне, ки дар рӯи замин барои ободии замин халқ карда шуд, аз миёни худ рақибонеро дошт, ки дар муқобили ҳар нафари накукор ва ояндасозаш муқовимат намуда, садди роҳи ободкориву созандагии онҳо мешуданд. Табиист, ки ба вуҷуд омадани чунин бархурд, новобаста аз вазъи иҷтимоияш, ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа таъсири манфии хешро мерасонад. Ба хонанда қобили дарҷ медонем, ки аз замони пайдоиши одам то ба имрӯз чунин бархурд дар ҳар дину оин ва миллату давлат арзи ҳастӣ дорад. Дар чунин вазъият фаромӯш набояд кард, ки яке аз сифатҳои Худованд ғаюрист ва дар чунин ҳолат Ӯ ҳамеша бо бандагони накукору ғаюраш аст. Албатта, то ба имрӯз ғайрати пешвоёни дин буд, ки дини Ислом побарҷост. Ҳамчунин ғайрати пешвоён ва бузургони ин миллат буд, ки пас аз гузашти ҳазорсолаҳо ба замми талаву тороҷ кардани молу мулкашон ҷойгоҳ ва мақоми миллати азизамон аз байн нарафт. Аз ҷумла, ғайрату шаҳомату мардонагии Худододаи Сарвари давлатамон буд, ки мо, мардуми ҳазорсолаҳо давлатдории худро аздастнадода, соҳиби давлати соҳибистиқлол гардидем. Барҳақ, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз бармадҳояшон атрофи ба даст овардани истиқлолияти миллӣ шоёни гуфтан аст, ки: «Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодии миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт».
Албатта, чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кутоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Бешубҳа, аз пеши назари ҳар фарди соҳибхирад ҷилваи вазъияти ногувори он давра фаромӯш намегардад. Таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ болои сари мардуми тоҷик ба дасти муғризонаву ҳасудонаи хоинони миллат бо дастгирии аҷнабиён роҳандозӣ гардид. Онҳо аз бехабарии қишри поёнии ҷомеа истифода намуда, моҳияти аслии дини Исломро тахриб карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бародарро душмани бародар сохта, занону модаронро бехонаву кӯдаконро ятиму бенаво намуданд. Чунин гардид, ки бародар бо бародар , шогирд бо устод нафрат пайдо кард ва он мафкураҳое, ки инсонро ба гуманизму созандагӣ мебарад, тағйир хӯрда ба ҷояш бо дасти ин ҳасудон, аз ҷумла ҲНИТ тухми кинаву адоват кошта шуд.
Чунин тоифаи афроди бадхоҳ айёми ҷавонии шермардони миллати моро, ки беҳтарину пурсамартарин давраи камолоти инсонист, тира намуда, бо фиребу найранг қурбони муноқишаҳои ҳадафҳои разилонаи хеш сохта, қисми дигарашро бошад, ба таълимгоҳҳои террористии хориҷа фиристода, онҳоро мағзшӯӣ намуда, баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки хеш то ба имрӯз онҳоро ҳамчун ба ном фидоии роҳи Ҳақ истифода мебарад. Амалисоз ва пиёдакунандаи идеяҳои нопоки аҷнабиён дар кишвари мо ҲНИТ ва пайравонаш буд, ки баҳри амалӣ намудани чунин андешаҳои ғаразнокашон душманони хориҷӣ таҳкурсии онро аз охирҳои даҳаи нуҳуми қарни гузашта дар кишвари мо гузошта буданд.
Барои эмин нигоҳ доштани ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеа аз макри фиреби душманони миллат ва дин, хусусан дастандаркорони ТТЭ ҲНИТ моро зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва моҳияти диндорӣ тарбия кунему ба кору амалҳои нек ҷалб намоем.
Ҷавононро лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳамовардаи давлату миллат ва ғамхориҳои Сарвари давлат истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Ба ин роҳу равиш мо метавонем, ки дар оянда аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни ниёгони худ ва дину оини аз гузашта ба мо меросмонда ҳифозат намоем.