ВОКУНИШ
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2017 16:36
Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастурхони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастурхони пурнозу неъмат ва он дастархони дирӯз холӣ аз нон низ як қадам аст. Ва ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рӯдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ӯ мепурсам:
—Ин хона хонаи шумост?
Ӯ табассум мекунад, ба аҳли гирди дастархон менигарад ва мегӯяд:
-Тамоми Тоҷикистон хонаи ман аст.
Суҳбати мо аз ободкориҳои Ҳаким Қаландаров то ба домони сарнавишти талхи дирӯзи тоҷикон мекашад.
—Чӣ гуна муяссар гашт, ки шумо силоҳи марг гӯшае гузореду даст ба ободкорӣ иваз бизанед?
— Оини ватандорӣ инро тақозо дорад, — мегӯяд ӯ ва идома медиҳад: — Оқибати ҷанг сулҳ аст, агар сад сол ҳам давом кунад. Ман дар миёни неруҳои мухолифини тоҷик қумондони бонуфуз, одами наздики устод Нурӣ будам. Он чизе, ки ман медонам шояд кам касе донад. Агар он ҷанг идома меёфт на тоҷик мемонду на Тоҷикистон, Ироқу Сурия мешудем. Инро устод Нурӣ, ки ҳамеша бо ман машварат мекард ва дар рӯзҳои сахт барояш мутакко будам, борҳо гуфта буд.
— Пас шумо шоҳиди бастани сулҳ аз рӯзҳои аввал будед?
— Бале. Рӯзе, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифин Саидабдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Фархори Афғонистон гуфтушунид доштанд, ман аз ҷумлаи муҳофизони онҳо будам.
—Мегӯянд, ки бисёре аз қумандонҳо мухолифи сулҳ буданд, магар шумо аз он ҷумла набудед?
— Ман дар мавқеи устод Нурӣ қарор доштам. Вай моил ба сулҳ буд. Аммо касоне буданд, ки сулҳ бар манфиаташон набуд. Албатта, ин кор бе мудохилаи кишварҳои хориҷӣ намешуд. Аммо дар мулоқоти Теҳрон Нурӣ ба ин масъала нуқта гузошт. Он рӯзҳо нияти ҳаҷ рафтан доштам. Бо ҳавопаймои ҳарбии Эрон аз Қундуз ба Эрон парвоз кардам. Дар ҳавопаймо ман ва сафири Эрон будем. Он вақт Эрон ягона кишваре буд, ки дарТахор намояндагии расмӣ дошт, Кобул дар дасти толибон буд. Дар Теҳрон ҳуҷҷатҳоямро барои ҳаҷ кардан омода сохтам. То сафар ду рӯз монда буд, ки Нурӣ маро наздаш даъват кард.
– Ҳаҷ намеравӣ, — гуфт.
— Барои чи? – пурсидам.
— Инҳо маро барои “разбор” даъват карданд, ту бояд дар паҳлуи ман бошӣ ва баъзе гапҳое ҳаст, ки бояд ошкор намоӣ. Тоҷикистон, ки рафтем, баъд ба ҳаҷ меравӣ.
Ман розӣ шудам. Устод маро ба маҷлис омода сохт, баъзе сирру асрори муллоҳоро гуфт. Аммо таъкид кард, ки онҳо дипломат ҳастанд, дағал гап назанам. Мулоқот шом дар хонаи устод Тӯраҷонзода баргузор гашт. Муллоҳо Ҳимматзода, Маҳмадрасул, Абдураҳим, раиси «Растохез» Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон», як намояндаи Ҳизби демократ, раиси муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, журналист Олег Панфилов, Мулло Амриддин ва дигарон ҳузур доштанд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон халос кардааст, неруҳои оппозитсия дар ҷабҳа муваффақ мебошанд. Пешниҳод карданд, ки ҳамаро ба ҷиҳод даъват кунем. Дар бораи муттаҳидӣ гап заданд. Устод Нурӣ гуфт, ки «мо дар ин ҷо муттаҳид нестем, дар Тоҷикистон чӣ тавр муттаҳид мешавем?»
Ман чанд бор даст бардоштам, ки гап занам, аммо сухан надоданд. Насиҳати устод Нурӣ аз гӯшам рафт, бо ғазаб аз ҷой хестам ва гуфтам, ки дар бораи кадом ҷиҳод гап мезанед, ҳама мусулмон, ҳама намозхон, шумоён моро ҷанг меандозеду худатон паҳлу зада роҳат доред. Ба ҳамагон рӯй овардам, ки “4 миллион доллари гирифтаатро чӣ кардед?” “- Дар Покистон, дар оборот”- гуфт. “Кадом бачаҳо” – боз пурсидам. Ҷавоб хомӯшӣ буд. Ин ғазаби маро зиёдтар кард. Аз онҳо пурсидам, ки фарзанд, наздикони кадомат дар ҷабҳаанд? Агар ҷиҳод мехоҳед, биёед, граната ба миёнатон бандед, худатонро бо танк тарконед. Хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Олег Панфилов бо қаҳр аз маҷлис баромад. Ниҳоят сухан ба устод Нурӣ расид. Вай гуфт, ки ҷиҳод ҷойи худро дорад, халқро гирифта, ба Тоҷикистон мебарем, тоҷиккушӣ бас аст, мусулмонҳоро муттаҳид месозем.
—Кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг пул ҷудо мекарданд, аммо мухолифати тоҷикон ниҳоят ба сулҳ анҷомид. Магар иноқибат надошт?
-Оқибат дошт. Пули суруна гирифтан ҷавоб ҳам дорад. Як вақт устод Нурӣ пинҳонӣ ба ман гуфт, ки Эрон ӯро ба “разбор” даъват кардааст. Сабаб пурсидам, гуфт, ки сабаб он пулҳое, ки дар вақташ ба мо ҷудо карда буданд. Ман гуфтам, ки ту пулҳоро ба гурезаҳою мо муҷоҳидон додӣ, барояшон ҳамин хел ҷавоб гӯй. Дигар бечора касал шуду ман ҳам дида натавонистам пурсам, ки ҳамон “разбор” чӣ шуд.
— Шумо муҷоҳид, қумандон будед. Магар ин мушкилот назди шумо пеш наомад?
— Мо мустақим бо пул кор надоштем. Халта-халта, ошкору ниҳон долларҳоро роҳбарони мо мегирифтанд ва баъд қисман ба мо медоданд. Агар пурсише буд, онҳо ҷавоб доданд. Вале мо сулҳ кардем, ин бурди калон буд. Боре Кабирӣ назди ман омад, пул овард — се ҳазор доллар. Гуфтам, ки ба пули шумо ҳаромхӯрҳо эҳтиёҷ надорам. Ман кор мекунам, заҳмат мекашам, пул меёбам. Аммо шумо фикри онҳоеро, ки барои шумо шуда ҷон доданд, накардед. Занҳошон бева, фарзандонашон ятим монданд, метавонистед 50-100 долларӣ ба онҳо диҳед, ки рӯзгузарониашон шавад. Ин пули туро ман ба кадом яки онҳо диҳам? Ҳоло пул меорӣ, пулат ба ман лозим нест. Равед, ман бо шумо нестам, будан ҳам намехоҳам. Ин сун, ун сун гуфт. Гуфтам ин сун, ун сун нест. Ту мехоҳӣ ки муттаҳид бошем? Аввал, биё, аз рӯзи аввал ин ноҳақиҳо, нобаробариҳоро баробар кунем, баъд он сунаша мебинем. Агар ту мегӯӣ ки пагоҳ хезем ҷанг кунем, ҷанг барои чи мекунем? Ҷиҳод мегуӣ? Ҷиҳод барои чӣ мешавад? Ҳама тинҷ, масҷидҳо обод, дар ноҳияи Панҷ панҷ масҷиди ҷуъмахонӣ, ҳар деҳа масҷиди худа дорад. Охири гап хестам рафтам. Гуфтам, ки бачаҳои мо дар ин ҷо, дар Русия ҳастанд. Касе, ки гапи маро мегирад, намегузорам, ки бо шумо бошад. Худо аз дасти беадолатии шумо баракатро гирифт. Ҳама дар ба дар шуданд. Ман шахсан Кабириро тарафдорӣ ҳам намекунам, ба гапаш ҳам намекунам. Аз ҳама командирҳои бонуфузу ҷанг кардагӣ мо бачаҳои Панҷ ҳастем. Вақте ки роҳбар шуд, баъзе беадолатиҳои кардаи ӯро дида, аз вай дур шудем.
— Шумо дар бораи кадом беадолатиҳо мегӯед?
— Магар фаромӯш кардани зану фарзандони муҷоҳидине, ки ба гапи онҳо бовар карда, қурбон шуданд, маҷруҳанд, беадолатӣ нест? Замоне буд, ки онҳо ба як бурида нон зор шуданд, аммо роҳбарони ҲНИТ танҳо дар ғами худ буданд. Худованд ҳамин Ҷаноби Олиро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ҳама бечораю сағераю бепарасторро нон медиҳад. Ба мардум замин додааст, як бурида нонашонро ёфта мехӯранд. Дуъои ҳамин сағераю кабера ба кораш баракат медиҳад. Кабирию ҳаммаслаконаш баръакс ба корҳои дигар машғуланд. Агар Кабирӣ боақл, бофарҳанг мебуд, ҳизб пароканда намешуд. Баъд, дар доираи давлатдорӣ натавонист худро қапидану кор кардан. Дар ба дар шуд, дигаронро ҳам дар ба дар кард. Оқибати кори ноҳақ ҳамин аст.
— Шумо гумон мекунед, ки ӯ ва ҲНИТ танҳоянд, пушту паноҳ надоранд, дастгирӣ намеёбанд?
— Не. Дигар кӣ ҳаст?
— Масалан, шумо.
— Онҳоро худованд шарманда сохт. Онҳо дигар ҳеҷ чиз намешаванд, ҳеҷ кас дастгирӣ намекунад. Ҳеҷ кас. Агар ман онҳоро дастгирӣ мекардам, ҳеҷ гоҳ ба ҳоҷӣ Ҳалим такя намекарданд, маро даъват мекарданд. Чунки ман қумандони разманда будам. Дар ҷанг на ҳоҷӣ Ҳалим буд, на Кабирӣ. Бо онҳо будан намехоҳам, намехоҳам, ки дубора ватанам ба хоку хун олуда шавад.
— ҲНИТ, тарзе ки расонаҳо менависанд, аз пуштибонии Эрон бархурдор аст.
— Шояд. Аммо тарафдорӣ аз ҲНИТ ҳаргиз бар манфиати Эрон нест.
Ин ҷанге, ки меравад, ҷанги мазҳабӣ, ҷанги Эрону Араб аст. Вақто ки мавзӯи интихоби арабу форс меояд, дар рӯзи сахтӣ араб шиамазҳаб ҳам бошад, ҳаргиз форсро ҷонибдорӣ намекунад. Дар ҳашт соли ҷанги Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаб аз Саддам Ҳусейн ҷонибдорӣ карданд. Аз як араби доро он замон мепурсанд, ки дар ин ҷанг чаро Садами кофирро пуштибонӣ мекунию шиаҳои эрониро не. Медонед, дар ҷавоб чӣ мегӯяд? Мегӯяд, ки “Саддам араб асту шиъа эронӣ”. Хулоса, ман араб ҳастам арабро дастгирӣ мекунам. Бубин, аввал миллатро мегузорад, баъд дину мазҳабро. Мо бо мардуми Эрон ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.
Ман дипломат нестам. Ман қумандоне ҳастам, ки шоҳиди ин ҳама бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омада аст ва намехоҳам, ки он дубора такрор ёбад. Дар Тоҷикистон такя ба мазҳаб кардан оқибатҳои ногувор дорад. Мардуме, ки аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд инро ҳаргиз қабул надоранд. Роҳбарияти Эрон ҳам шояд асли воқеиятро надонад. Шояд қувваҳое бошанд, ки ба хотири манфиатҳо ва фош ношудани ҳисоботи беасосашон ба роҳбари аввал маълумоти нодуруст диҳанд.
— Пас Эрон метавонад аз пуштибонии ҲНИТ даст кашад?
— Албатта метавонад. Агар хоҳад, ки муносибаташ бо Тоҷикистон нағз шавад, дар ин минтақа такягоҳе дошта бошад, ин корро мекунад. Барои ин бояд аз самти мазҳабӣ даст кашад ва рӯй ба забону фарҳанги муштарак орад. Мардуми Тоҷикистон Эронро форсзабон гуфта, эътироф мекунад. Аммо дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас эътирофашон намекунад. Эрон чораи дигар надорад. Ман мактаби Аҳмадшоҳи Масъудро гузаштаам ва вазъиятро хуб медонам. Агар дар Афғонистон Эрон такя ба забону фарҳанг мекард, вазъи тоҷикон, вазъ дар ин кишвар ба ин ҳолат намерасид. Эронро танҳо тоҷикон метавонад дастгирӣ кунад. Ҳеҷ арабе дар ҳолати сахтӣ Эронро дастгирӣ намекунад.
Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, чун дар Афғонистон даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нест кардани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану куштани мусулмонҳост. Ҳизби исломиро бо ҳизби исломӣҷанг меандозанд, бо пули мусулмон мусулмонкушӣ мекунанд.
Эрон як кишвари бузург аст ва бояд дарк кунад, ки дар Тоҷикистон дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас онро эътироф намекунад. Ягона воситаи боэътимоди ба ҳам омадан забону фарҳанг аст.
—Чаро шумо инро ба дӯстони эронӣ намегӯед?
— Як ҳодисаро мегӯям. Боре устод Нурӣ гуфт, ки Эрон қарзи бефоиз медиҳад. Ба ӯ гуфтам, ки намешавад бигӯӣ, ки ба ман 200-300 ҳазор қарз диҳад, ки соҳибкорӣ кунам. Устод гуфт, ки пулро биёранд, туро даъват мекунам. Як вақт ба хонааш даъват кард. Ба хонаи Нурӣ ду эронӣ омаданд. Чой хӯрдем. Устод гуфт, ки камтар пул барои тиҷорати ман диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки устод, агар ду рӯз пеш мегуфтӣ, медодем. Ҳама пулҳоро додем. Пурсид, ки киро додед? Як миллион доллар ба ҳоҷӣ Ҳалима додем гуфтанд. Устод нороҳат шуд ва пурсид, ки чаро ба Ҳоҷӣ Ҳалим додед, маслиҳат шуда буд, ки 50 – 100 ҳазор долларӣ ба командирҳо тақсим мекунем, ки дар тиҷорату деҳқонӣ истифода кунанд. Ман қаҳр карда, аз Душанбе ба Панҷ омада будам. Нурӣ одам фиристод, нарафтам. Худаш омад. Маро, гуфт Президент фиристод, ки туро командир монем. Назди Ҷаноби Олӣ рафтем. Маро дар қувваҳои сарҳадӣ муовин монданд. Гуфт, ки туро командир мондем. Маро дар қувваҳои сарҳадӣ муовин монданд. Баъди ҳамин муносибати ман бо эрониҳо канда шуд.
Эрон кишвари бузург аст, бояд чуқур таҳлил мекард, аз кори ҳоҷӣ Ҳалим хулоса мебаровард. Ӯ дар ҳавлии корхонаи нонпазиаш 400-500 нафарро ҷамъ оварда, мусаллаҳ карда буд. Онҳо, вақте ки мақсад ҷанг буданро фаҳмиданд, раҳораҳ то Ромит силоҳҳоро партофта, ба хонаҳояшон рафтанд. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалим ҳамагӣ 14 нафар монд. Мардум бо Ҳукумат, мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ карданд, ҷои пинҳоншудаи ҳоҷӣ Ҳалимро хабар доданд. Мардуми моро акнун фиреб кардан душвор аст.
—Шумо вазъи сарҳадро хуб медонед, хатар аз ҷониби ДИИШ ба Тоҷикистонҷой дорад?
— Хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Аммо бовар дорам, ки чунин намешавад. Зеро Тоҷикистон сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Мардум моҳияти равияи салафиро дарк карданд, ба мубориза мехезанд, роҳ намедиҳанд, ки як Афғонистони дигар шавад.Мақсади ДИИШ на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳатто Русия аст. Онҳо мехоҳанд, ки нооромӣ то сарҳади Русия равад. Дар Афғонистон ӯзбекҳои муҷоҳид ҳам хеле зиёд ҳастанд. Ҷумъабою, Қори Тоҳиру дигарон аз 10 ҳазор зиёд қувва доштанд. Кӯдаки ҳамон вақт таваллудшуда имрӯз 17-сола шуд. Фаҳмидам, ки аз бачаҳои Ҷумъабой ҳам аз зани ӯзбакаш, ҳам аз зани язғуломиаш қумандон шудаанд. Барои ҳамин давлатҳои ҳамсояи мо дар ин мубориза бояд бо ҳам муттаҳид бошанд. Ин роҳи ягонаи таъмини оромӣ дар минтақа аст.
Ҳафтаномаи “Фараж”
№ 50(576), 13.12.2017
РАДИКАЛИЗМИ ИСЛОМӢ ВА АМНИЯТИ КИШВАР
- Подробности
- Опубликовано 15.12.2017 15:07
Ба амнияти шаҳрвандон ва давлатҳо хатарҳое таҳдид намуда истодаанд, ки на танҳо таъсироти моддӣ, балки мафкуравӣ ё худ идеологиро ба миён оварда, ба ҳастии миллату тамаддунҳо осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ин хатарҳо хеле гуногун буда, яке аз онҳо радикализм мебошад. Ин равия дорои ҷанбаи муқтадири мафкуравист ва новобаста аз муборизаҳо ва аксулҳаракатҳо, бадбахтона, дар инкишоф аст.
Чунонки собит шудааст, радикализм маҳсули эҷоди идораҳои иктишофии давлатҳои абарқудрат дар нуқтаҳои муҳими даргир буда, коргардонҳояшон макон, вақт, сабаб, ҳолатҳои ихтилоф, оғози табаддулот ва ҷангҳои таҳмилиро тарҳрезӣ намуда, аз ин бадбахтиҳо барои давлатҳои худ фоидаи калон ба даст меоранд.
Ислом ҳамчун дин ва идеология то ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба ҳайати давлати Россия арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, вобаста ба шароитҳои таърихӣ тағйир меёфт. Пайдо гаштани ҳаракати маорифпарваронаи «ҷадидия» характери динӣ-идеологӣ дошт. Дар ибтидои таъсисёбии ҳокимияти Шӯравӣ дар манотиқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ислом ба сифати рақиби асосӣ ва душмани идеологияи коммунистӣ муқобили давлати Шӯравӣ мубориза оғоз намуд. Ин муқовиматҳо дар шакли ҳарбӣ-сиёсӣ бо номи «босмачиҳо» оғоз гардида, бештар аз номи ислом фаъолият намуданд. Дар ибтидои асри ХХ дар натиҷаи ҳодисаву воқеаҳои маълум ислом ҳамчун як раванди муташаккил ва институти иҷтимоӣ дар бисёр самт ва равандҳои зиндагии ҷомеаи тоҷик аз нав рушд ёфт ва муаррифӣ гардид.
Баъди шикасти давлати Шӯравӣ ислом ҳамчун идеологияи навбатӣ рӯи кор омад. Истифода намудан аз ин дин бо мақсади ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ барои хоҷагон осон ва мақсаднок буд. Мардум ба ҳар иғвову дасиса зуд бовар намуда, аз надоштани дониш ва маълумоти динӣ ва надонистани исломи ноб ба зоҳирпарастиву бегонапарастӣ оғоз менамоянд. Ин раванд хоси мусулмонҳои тамоми дунёст. Дар ибтидои даврони бозсозӣ бо шиорҳои даъватии мисли «Аз хоби гарон хез!» тӯдаи одамони гумроҳу ғофил аз шароитҳои ба вуҷудомадаи «демократӣ», ки хоҷагон барояшон муҳайё намуда буданд, ба по хестанд. Воқеаҳои февралии соли 1990 дар шаҳри Душанбе тахрибкориро оғоз бахшиданд. Шӯришгарон ба ин васила, таъсиррасонӣ ба ҳукумат ва ишғоли онро вазифаи худ қарор доданд. Воқеаҳои фоҷеабори солҳои навадум ҷони ҳазорҳо одамро рабуда, тараққиёти Ватанамонро даҳсолаҳо ба ақиб кашид. Ин ҳаводису бадбахтиҳо ба мо дарси ибрати таърих нагашта будааст магар, ки Ҳоҷӣ Ҳалим бо дастури собиқ ҲНИТ майли табаддулоти давлатӣ намуд. Хушбахтона, тири нобакорон хок хӯрду ноком ва шармандаи олам гардиданд.
Раванди инкишофи миллат дар ҳама вазъу шароитҳои таърихӣ ба мавқеъ ва вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ вобастагӣ дошта, дар навбати худ инсонҳо худ шароитҳои мувофиқ баҳри рушд ва инкишофро ба миён меоранд. Яъне, чӣ гуна зистан, ҳаёти шоиста намудан ба тафаккуру ақл ва ҷаҳонбинии инсонҳо вобаста аст. Ҳар қадар ҷомеа моили ҷаҳолату афкори нобасомон гашта бошад, ҳамон қадар хатари реалии ифроту радикализм зиёд гардида, озодандешӣ ва бедории фардӣ аз миён рафта, маънии зиндагӣ дигар мегардад.
Дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротиву радикалӣ надорад. Муаллифони сенарияҳои давлатҳои абарқудрат, намояндагони худро ба ҳайси сайёҳ, донишҷӯ, тоҷир, корманди корхонаҳои байналхалқӣ, варзишгар фиристода, маълумоти заруриро, аз қабили теъдоди аҳолӣ, таърих, ҷуғрофия, маданият, расму оин, зарфияти ақл, мансубият ба дину мазҳаб, макон, замон, ҳолати воқеӣ, масоил, қувваҳои ҳаракатдиҳанда, нозукиҳо ва мушкилотҳои тез барангезандаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро чунон ҳадафмандона амалӣ менамоянд, ки гӯё ҳодисаҳо ба таври воқеӣ суръат мегирифта бошанд.
Барои давлатҳои абарқудрат ташкили ҳизби исломӣ ва ё ташкили давлат зери ниқоби ислом манфиатбахш аз он хотир аст, ки ҳукуматҳои динӣ таъсиргузор ба мардуми содаву мусулмон буда, идора намудан ва ҳар чӣ фоида ситондан аз ин кишварҳои ҷангзада ба манфиати абарқудратҳо қарор мегирад. Имрӯз ваҳшоният ва ҷиноятҳое, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё, аз қабили Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ба вуқӯъ омадаанд, наметавонанд ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузоранд.
Ба мақсади дар оянда вайрон намудани мувозинати диниву мазҳабӣ, сиёсиву идеологӣ ва аз байн бурдани суботу амният аз ҷониби кишварҳои бегона ба Осиёи Миёна, алалхусус, ба Тоҷикистон ворид намудани гурӯҳҳои ифротгаро дар заминаҳои эътиқодоти динӣ ба нақша гирифта шудааст, ки яке аз мушкилоти на танҳо минтақа, балки умумиҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, намояндагони ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мехостанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намуда, сипас давлатро соҳибӣ намоянд. Воқеаҳои фоҷеабори солҳои навадум дар Чумҳурии Тоҷикистон маҳз натиҷаи он талошҳои ниқобпӯшонаи гурӯҳе аз наҳзатиён буданд, ки ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нагардидаанд.
Гурӯҳҳои мансабталошу иғвогар дар шаклҳову равияҳои мухталиф ақидаҳо ва мақсадҳои худро амалӣ месозанд. Яке аз гурӯҳҳои иртиҷоӣ равияи салафия ба шумор меравад. Имрӯз аксари гурӯҳу дастаҳои ифротӣ дар олами ислом худро ба салафия марбут медонанд. Ба гурӯҳи салафия «Ихвон-ул- муслимин» бо тамоми гурӯҳ ва зергурӯҳҳояш, аз қабили «Ат-Такфир в-ал-ҳиҷра», «Ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут- таҳрир Ал-исломия», «Ҳизб-ут таҳрир ал-исломия», «Ал-Қоида», «Ас-салафия Ал-ҷиҳодия» дохил мешавад. Дар навбати худ салафия боз ба се гурӯҳ ҷудо мешавад. Ин гурӯҳҳо мақсаднок барпо шуда миссияҳои худро доро мебошанд.
Ҳаракат ва фаъолияти салафия, пеш аз ҳама, ба идеологияи миллӣ, пояҳои ҳувият, дастовардҳои фарҳангӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо таъсир расонида, дар ибтидо дар шакли мудохила таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангӣ намуда, баъдтар таъсиргузории сиёсиро рӯи кор оварда, зарар ба пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расонида метавонад.
Яке аз омилҳои ҳифзи пояҳои давлати миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа ва рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ пешгирии амалҳои номатлуб ва ҷилавгирӣ аз ифрот ва ақидаҳои бегона ба ҳисоб меравад. Вазифаи ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари азиз, аз он иборат аст, ки бо талошҳои ҳамарӯзаву ҳарлаҳзаина нагузорем, ки ақидаҳои носолиму ихтилофӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ёвон
ИНТЕРПОЛ: «АЪЗОИ ФАЪОЛИ ТТЭ ҲНИТ ДАР КОФТУКОВАНД»
- Подробности
- Опубликовано 08.12.2017 13:08
Интерпол (Interpol) Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ соли 1956 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Айни замон 194 кишвари дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ин ташкилот мебошад. Вазифаи асосии ташкилот ҳамоҳангсозии муборизаи муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад.
Дар сохтори ҳар давлати аъзои Интерпол Бюрои миллии марказии Интерпол таъсис дода шуда, фаъолияти сохторро бо Котиботи генералии ин ташкилот ҳамоҳанг месозад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин ниҳод чӣ вазифаю уҳдадориҳо дорад? Барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ, чӣ тадбир меандешад? Доир ба ин ва дигар масоили умдаи рӯз суҳбати ихтисосии шореҳи масъалаҳои ҳуқуқии рӯзномаи «Ҷумҳурият» Додоҷон Рӯзиев бо сарвари ин ниҳод генерал - майор Абдуғаффор Азизов пешкаши хонандагон мегардад.
- Шояд дар ибтидои суҳбатамон дар бораи ваколату вазифаҳои Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар маълумот медодед?
- Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз сохторҳои муҳим ба ҳисоб рафта, доир ба масоили эълон намудани ҷустуҷӯи байналмилалӣ нисбат ба ҷинояткорон, ашхоси беному нишон ғайбзада, ҷасадҳои дарёфтгардидаи номаълум, инчунин ҷустуҷӯи воситаҳои нақлиёти рабудашуда, ашёҳои аҳамияти таърихидошта ва антиқӣ, чораҳои мушаххас меандешад.
Дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳайати шахсии бюро дар кушодани ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, пешниҳод намудани ахбори дорои аҳамияти оперативӣ ва дигар самтҳои фаъолият, ки мақомоти корҳои дохилӣ пеш мебарад, вазифадор карда шудааст.
- Айни замон чанд нафар дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд ва онҳо ба кадом категорияи ҷинояткорон дохил мешаванд?
- Дар ҳолати имрӯза аз тарафи БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон 2528 ҷинояткор ба махзани иттилооти Котиботи генералии Интерпол ворид карда шуда, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳо, мавриди пайгард қарор гирифтаанд.
- Аз теъдоди умумии зикрнамудаи шумо, чанд нафарашро аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ ташкил медиҳанд ва аз тарафи аъзои ин ҳизби мамнуъ боз кадом намуди ҷиноятҳо содир шудаанд?
- Аз шумораи умумӣ - 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафараш аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ мебошад. Онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм ва экстремизм, тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 186 (бандитизм), 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 185 (ташкили воҳидҳои мусаллаҳ), 306 (ғасб намудани ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани экстремизм), 313 (исёни мусаллаҳона) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд.
Мувофиқи маълумотҳои мо дар баробари ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, аъзои ҲНИТ, инчунин, дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои дигар, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста мешаванд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ 1610 ҷиноят содир шудааст. Ҳизбе, ки ҳангоми фаъолияти расмиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебурд, аъзои он ба чунин ҷиноятҳои ниҳоят мудҳиш ва нанговар даст задаанд.
- Тартиби эълон намудани кофтуков чӣ гуна сурат мегирад ва оё рӯйхати шахсони мавриди пайгард қарордошта дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Интерпол мавҷуд аст?
- Баъди ба махзани иттилоотӣ ворид шудани маълумоти зарурӣ оид ба шахси кофтуковшаванда, кормандони мо асноди мавҷударо бори дигар пурра меомӯзанд, сипас маълумоти заруриро ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда, фавран тавассути системаи махсус ба Котиботи генералии Интерпол ирсол менамоянд.
Дар навбати худ, котибот маълумотро ба тамоми намояндагони давлатҳои узви Интерпол барои эълони кофтуков равон менамояд. Ҳамзамон, маълумот нисбат ба ҷинояткор бо расмаш дар гӯшаи «Шахсони кофтуковшаванда» гузошта мешавад. Шакли эълони кофтуков ду намуд аст: ошкоро ва пӯшида. Шакли эълони ошкороро ҳама шаҳрвандон дар сомонаи расмии Интерпол (www.interpol.int) дида метавонанд. Шакли пӯшидаи эълони кофтуков махфӣ буда, танҳо кормандони Интерполи давлатҳои аъзо ба он дастрасӣ доранд.
- Сабаб чист, ки баъзан номи роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз рӯйхати кофтуковшавандагони Интерпол, ки дар интернет нашр мегардад, бардошта мешавад? Магар ӯ дар кофтуков нест?
- Ин хабар асос надорад ва овозаҳо низ бепояанд. Тавре дар боло зикр кардам, шакли эълони кофтуков ду намуд мешавад. Баъзе аъзои фаъол ва роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ расман дар шакли пӯшида мавриди кофтуков қарор доранд ва аз ин рӯ, рӯйхати мазкур на ба ҳама дастрас аст.
Дар асоси далелҳои боэътимод пурра собит шудааст, ки Кабирӣ ва дигар роҳбарону фаъолони ҲНИТ дар табаддулоти давлатӣ даст доштаанд. Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 - юми июни соли 2016 - ум, 14 узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, исёни мусаллаҳона, терроризм ва маблағгузории он гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд. Маҳз бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятҳои зикршуда М. Кабирӣ ва баъзе ҳамдастонаш дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд.
- Ба андешаи шумо ҳадафи аслӣ дар кӯшиши анҷоми табаддулоти давлатӣ, ки шаби 4 сентябри соли 2015 сурат гирифт, аз чӣ иборат буд?
- Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин дар доираи қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошад. Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукаммал ва манфиатовар барои ҷомеаро пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки шанси охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Ин ошӯби душманона ва мусаллаҳонаи ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳалим Назарзода, бо дастгирии худи мардуми Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қудратии кишвар пахш карда шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ ҳадафи душман барбод дода, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон безарар гардонда шуд.
Қаблан низ дар тӯли фаъолияташ ҲНИТ ба ҷуз ихтилофу ҷудоиандозӣ дигар кору амали манфиатоваре ба нафъи давлату миллат ва халқ анҷом надода буд. Бо мурури вақт мақсадҳои душманона ва дар оянда хатар доштани фаъолияти ин ҳизбро дар ҷомеаи навини Тоҷикистон дарк намуда, қисмати зиёди аъзои ин ҳизб онро тарк карданд.
Барои мардуми Тоҷикистон чеҳраи аслии ин ҳизби ифротӣ ошкор гардид ва 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эълон гардид.
- Аз нигоҳи шумо, аъзои боқимондаи ҲНИТ барои ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ хатарҳое метавонанд дошта бошанд?
- Фикр мекунам, агар фаъолияти ҲНИТ сари вақт боздошта намешуд, такрори пайомадҳои солҳои 90 - ум аз ҷониби он бар сари миллати тоҷик овардашуда имконпазир мегашт. Вале ҳоло ин гурӯҳ ягон хатаре дошта наметавонад, ба ҷуз барои ёфтани луқмаи ноне халқу миллати худро дар назди бегонагон сиёҳ кардан. Ман бо итминон гуфта метавонам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дигар ҳаргиз ба фиреби ин гурӯҳ, ки соли 1992 мардумро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид, намеафтад.
- Вобаста ба маълумоте, ки шумо доред, ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ аз куҷо сарчашмаи молӣ мегирифт ва баъди аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намудан аъзои ин ташкилот дар куҷо паноҳ мебарад ва аз куҷо дастгирии молӣ меёбад?
- Чи дар вақти фаъолияти расмӣ ва чи баъд аз он, маълум буд, ки ҲНИТ мунтазам аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешавад. Барои сокинони Тоҷикистон пӯшида нест, ки он кишварҳое, ки маблағгузорӣ мекарданд, имрӯз низ аз боқимондаи аъзои ҲНИТ пуштибонӣ доранд.
Суиқасд ба сохти конститутсионӣ, ки 4 сентябри соли 2015 аз ҷониби ҲНИТ рӯйи даст гирифта шуда буд, маҳз аз хориҷа тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ шуд. Ҳоло аз рӯйи маълумоти мавҷуда аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ дар яке аз давлатҳои Аврупо қарор дошта, аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ то ҳол дастгирии молӣ меёбанд. Филми ба наздикӣ таҳиякардаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзури омма гардид, пардаро аз рӯйи ин хоҷагон бардошт ва ман зарурати тафсири такрории онро намебинам. Дар ин филм ҳақиқат, воқеият пурра ошкор гардидааст ва он беҳтарин далел барои ташкилоти террористии ҲНИТ ва пуштибонони хориҷии он аст.
- БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгир намудани аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, чӣ чораҳо меандешад?
- БММ Интерполи ВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аъзои комилҳуқуқи ташкилоти байналмилалии Интерпол шуданаш, дар соли 2004-ум бо 194 давлати аъзои ин ниҳод муносибати хуб дошта, пайваста дар ҳамкории зич қарор дорад. Бо гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи ҷойи қароргирифтаи шахсони дар кофтуковбуда БММ Интерпол фавран бо Котиботи генералии Интерпол дар тамос шуда, чорабиниҳои мақсаднок баҳри боздошт намудани ҷинояткорон мегузаронад. Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои мо муяссар гашт, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шаванд. Инчунин, ба наздикӣ дар Юнон ҳангоми убури сарҳад ва парвоз ба шаҳри Теҳрон аъзои фаъол ва узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Шоҳнаими Каримӣ (Мирзораҳим Кузов) боздошт шуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани ӯ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад. Дар самти боздошт ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани аъзои фаъоли ҲНИТ мо бо як қатор давлатҳо гуфтушунид дорем ва умед ҳаст, ки ин робитаҳои мо натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд дод.
- Шумо зикр кардед, ки БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо 194 давлати ҷаҳон ба роҳ мондааст. Гуфта метавонед, ки ин ҳамкориҳо дар кадом сатҳ қарор доранд ва модоме ки муносибатҳо хуб бошанд, барои дастгир намудани аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИТ, хусусан роҳбарони он, чӣ мушкилӣ ҷой дорад?
- Дар ҳақиқат, БММ Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи намояндагони узви Интерполи давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории зич дорад ва инро дар ҳама ҷаласаву конфронсҳо таъкид медорем. Бо вуҷуди ин, ҳастанд намояндагиҳои баъзе давлатҳо, ки сиёсати духӯраро пеш гирифта, бо сабабҳои ба мо номаълум, ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорон ва террористону экстремистон кӯшиши зарурӣ зоҳир намекунанд. Албатта, боиси таассуф аст, ки аъзои чунин як ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба ҷинояткорону террористон минбар медиҳанд.
Маҳз ба ҳамин далел ишора намуда, 26 сентябри соли 2017, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, зимни ҷаласаи 86-уми Ассамблеяи генералии Интерпол вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳама паҳлуҳои ҳамкориҳоро дар ин самт таъкид намуданд ва изҳор доштанд, ки «Мутаассифона, гоҳо, бинобар холигӣ дар қонунҳо ва тамоюли сиёсӣ имконият медиҳад, ки ҷинояткорон баъди содир намудани ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин ва террористию экстремистӣ ба хотири раҳоӣ аз ҷавобгарӣ фирор намуда, қатъи назар аз он, ки дар рӯйхати кофтуковшавандагони Интерпол қарор доранд, дар дигар давлатҳо паноҳ бурда, озодона гашту гузор менамоянд».
Як нуктаро таъкид намуданиам, онҳое, ки хиёнат ба давлату миллат мекунанд, ҳадафҳои душманонаи хоҷагони хориҷиро дар ватанашон пиёда карданӣ мешаванд, агар имрӯз не, ҳатман фардо дастгир шуда, дар назди қонун ва халқу миллати тоҷик ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро мувофиқи моддаи 31-уми Оинномаи Ташкилоти байналмилалии Интерпол, давлатҳое, ки узви ин ташкилот ҳастанд, бобати иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда бояд ба таври доимӣ ва устувор ҳамкориро ба роҳ монанд ва уҳдадоранд, ки кори худро софдилона иҷро намоянд.
АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲНИТ БОЯД ДАР НАЗДИ МАРДУМ ҶАВОБ ДИҲАНД
- Подробности
- Опубликовано 15.12.2017 15:05
22 ноябри соли 2017 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» суҳбати ихтисосии шореҳи масъалаҳои ҳуқуқии рӯзнома Додоҷон Рӯзиевро бо сарвари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуғаффор Азизов таҳти унвони «Интерпол: аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИТ дар кофтукованд» мутолиа карда, ба чунин қарор омадам, ки перомуни ин мавзӯъ андешаҳоямро баён намоям.
Роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон арз менамояд, ки дар ҳолати имрӯза 2528 ҷинояткор ба махзани иттилоотии Котиботи генералии Интерпол ворид шуда, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин ашхос барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳо мавриди пайгард қарор гирифтаанд. Тибқи омори дар ин мақола зикргардида, аз маҷмӯи умумии ҷиноятҳо 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафарашон аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ мебошанд.
Тавре аз нишондодҳо пайдост, яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки ҳеҷ як кишварро дар канор намегузорад, масъалаи терроризм ва экстремизм аст. Имрӯз терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Новобаста аз радабандии давлатҳо, ки онҳо дар кадом сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, аз хатари терроризму экстремизм дар амн нестанд. Ба таври дигар, терроризму экстремизм дар асри равон хусусияти фаромиллӣ касб карда, мубориза алайҳи ин зуҳурот метавонад танҳо дар шакли муташаккил ва ниҳодина байни давлатҳо сурат бигирад.
Вазъи имрӯзаи кишварҳои Шарқи Наздик, инчунин, таҳдиду хатарҳое, ки ҳатто дар кишварҳои Аврупою Осиё мавҷуданд, далели гуфтаҳои болост. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ махсусан бо истифодаи бовару эътиқодоти мардум дар шакли динӣ зуҳур ёфтаанд, ки аз ин роҳ гурӯҳҳои осебпазирро ба доми худ мекашанд. Чунин амал дар кишвари мо аз ҷониби Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ ба роҳ монда шуда буд. Ба гуфтаи роҳбари БММ Интерполи Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷониби аъзои ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ 1610 ҷиноят, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани аслиҳа, терроризм, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, воҳидҳои мусаллаҳ, ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани экстремизм, исёни мусаллаҳона мебошанд.
Бо ҳамаи ин ҷиноятҳои содиркардаашон Муҳиддин Кабирӣ ва баъзе аъзои ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, тавассути расонаҳои ифротӣ бадгӯӣ ва таҳқиру туҳматро дар ҳаққи мардум ва Ҳукумати мамлакат ба роҳ мондаанд. Ба тасдиқи роҳбари БММ Интерполи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар пайгарди қонунии пулиси байналмилалӣ қарор доранд. Дар ин росто, бояд ҳама давлатҳои аъзои Интерпол аз рӯи стандарти ягона амал намуда, террористон ва ҷинояткоронро боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Зеро имрӯз терроризму экстремизми динӣ хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст ва шахсони ба ин гуна ҷиноят дастзада, ҳангоми дар озодӣ қарор доштан, метавонанд ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон хатар эҷод кунанд. Инро даҳҳо ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар кишварҳои Аврупо, Амрико ва Осиё сурат гирифтаанд, собит менамоянд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки барои ҳар чи муассиртар ба роҳ мондани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткории сатҳи байналмилалӣ, махсусан мубориза алайҳи экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон аз рӯи стандарти ягона амал намоянд.
Аз мусоҳибаи чопшуда умедвор шудан мумкин аст, ки шахсони ҷиноятсодиркарда ва кишварро таркнамуда дер ё зуд дар назди миллату мардум ҷавоб хоҳанд гуфт. Махсусан, роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИТ, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти сиёсӣ ва терроризму экстремизм дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. Ин нафарон бо ҳама ҷиноятҳои содиркардаи хеш имрӯзҳо шарм надошта, тариқи расонаҳои ифротӣ худро бегуноҳу мазлум нишон медиҳанд. Вале аъмоли содирнамудаи онҳо, ки саросар ҷиноятист, бо ин бечоранолиҳо тағйир нахоҳад кард ва аз зеҳни мардум онро наметавон пок сохт.
Эҳсони ИЛҲОМ
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро, ки бар зидди фашистон ҷангида буд, террористони ТЭТ ҲНИТ куштанд
- Подробности
- Опубликовано 08.12.2017 13:07
Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегӯянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ ва дигар ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ афроди дастнишондаи ҲНИТ ба хотири ангеза додани ҷонибҳои даргир ва ба шӯр овардани мардуми осоишта ба қатл расонидаанд.
Қаноатшо Абдуллоев, сарвари МТМУ №4-и ноҳияи Ҷайҳун ва Зулматов Қобилҷон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҳамин ноҳия, дар суҳбати ихтисосӣ бо рӯзномаи “Хатлон” ёддошти худро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳодисаи нопадидшавию қатли бераҳмонаи охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов, ҷамъоварии иҷбории маблағ барои хариди силоҳ ва дасисакорию зулму ситами аъзои фаъоли ҲНИТ варақгардон намуданд.
- Қаблан, мехостам чанд ҷумла дар бораи Қаҳрамони СССР Ҳайдар Қосимов, ки яке аз чеҳраҳои бисёр намоён дар дунёи сиёсат буданд ва натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ шуҳрат доштанд, ёдовар мешудед. Чӣ гуна риштаҳои хешу таборӣ доред?
Қ. Абдуллоев: - Аммаам Тоҷиннисо ҳамсари Ҳайдар Қосимов буд. Оилаи тифоқу мустаҳкам доштанд. Ӯ омӯзгор, “Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ” ва Ҳайдар Қосимов як шахси обруманд, иштирокчии ҶБВ, Қаҳрамони СССР, чанд маротиба вакили мардумӣ интихоб шуда буд. Солҳои 1978-83 дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯғонтеппа таҳсил мекардам ва он вақт қариб ҳар ҳафта дар хонаи Ҳайдар Қосимов будам.
- Хонаи ин кас дар ноҳияи Вахш буд?
- Он вақтҳо дар ноҳияи Вахш, совхози “Туркманистон” (ҳоло Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”), деҳаи “Сохтмон” мезистанд. Ҳоло ҳам набераю абераҳояшон он ҷо умр ба сар мебаранд.
- Вақте ки чанд сол пеш дар бораи корномаи Ҳайдар Қосимов мақола менавиштам, ҳамсуҳбати мо аз мақомоти Прокуратура гуфта буд, ки Ҳайдар Қосимов дар охирҳои соли 1992 ҳамроҳи пайвандонаш ба ноҳияи Ҷайҳун гуреза шуда буданд ва ҳамон айём Қаҳрамони СССР-ро афроди номаълум ба самти номаълум бурда ва ба қатл расонидаанд...
- Ҳайдар Қосимов ва ақрабояш дар хонаи мо панаҳ бурда буданд. Баъди даргириҳо дар водии Вахш, Ҳайдар Қосимов бо аҳли байташ тахминан моҳҳои август-сентябри соли 1992 ба хонаи мо, ба ноҳияи Қумсангир омаданд. Оилаи мо, ки аз 14 нафар иборат буд, бо ҷамъи хешу таборе, ки гуреза шуда омаданд, қариб 60 нафар шудем дар як хона. Як бурда нонро бо ҳам тақсим мекардем. Падари ман ҳам иштирокчии ҶБВ буданд. Ҳарду шабҳои дароз суҳбатҳо доштанд. Аз моҳи ноябри соли 1992 фирори иҷбории мардум ба самти Ҷумҳурии исломии Афғонистон оғоз гардид. Аз ҷумла, оилаи мо ва оилаи Ҳайдар Қосимов якҷоя то назди сарҳади ҶИА рафтем. Дар ҳамон ҷо Ҳайдар Қосимов гуфт, ки “аз сарҳад намегузарем, дар Ватан мемонем!”. Ҳарчанд писари хурдиаш Абдумуқаддир зораю тавалло намуд, ки равем, нарафт. “Мурам ҳам, дар Ватан мурам! Ман барои ин Ватан ҷонбозӣ намудаам, хун рехтаам. Ба касе душманӣ накардаам, чӣ хел маро мекушанд?!”, - хитоб кард ӯ. Бо ин ки Ҳайдар Қосимов аз сарҳад нагузашт, қариб 30-40%-и мардуми рӯ ба фирорниҳодаи совхози “Туркманистон” аз роҳ баргаштанд, зеро Ҳайдар Қосимовро мардум бисёр ҳурмат мекарданд, ба харфаш гӯш медоданд. Қариб ҳар шаб мардуми ҳаммаҳаллааш ба хонаи мо омада, ҳамроҳи Ҳайдар Қосимов суҳбат мекарданд. Хуллас, нарафт, танҳо писараш рафту тамом. Чандин гурӯҳҳо аз навкарони ҲНИТ буданд, ки ташвиқ намуданд, то мардум ба он сӯйи марз гузаранд, яроқбадастон фишор меоварданд, вале Ҳайдар Қосимов, ки марди якрав буд, гапи онҳоро намегирифт.
- Ин чигуна гурӯҳҳо буданд ва чаро ташвиқ мекарданд?
- Ин гурӯҳҳои ба истилоҳ “зархарид” буданд. Баъдан маълум гашт, ки он ҳама аз ҷониби “наҳзатиён” маблағгузорӣ мешуд ва нафароне, ки “саҳм”-и худро дар гурезонидани мардум мегузоштанд, дар он сӯи марз аз ҷониби эрониён соҳиби имтиёзҳои зиёд мешудаанд. Миёни мардум дасиса бунёд мекарданд, шӯру ғавғо мебардоштанд. Дар ивази он ки хонаводаҳо ба он сӯйи сарҳад мегузаштанд, маблағ мегирифтанд. Онҳо мехостанд, ки мардуми ба истилоҳ “қаротегинӣ” ҳама бояд ба Афғонистон равад. Аммо Ҳайдар Қосимов ба найрангҳои онҳо бовар намекард ва фармони онҳоро ба калла намегирифт.
- Чаро онҳо бояд мерафтанд?
- Якум ин ки тавре гуфтам, вақте гурезаҳо сарҳади Афғонистонро мегузаштанд, он ҷо шахсҳои ангуштшумори наҳзатӣ даромади калон мегирифтанд. Он замон тахминан аз вилояти Қӯрғонтеппа тахминан 300-400 ҳазор гуреза ба Қумсангир (Ҷайҳуни имрӯза) омада буданд. Аз ҳисоби «наҳзатиён» гурӯҳҳое таъсис дода шуда буд, ки дар ҳамин ҷо кор мекарданд, ё мардумро беҳудаву баҳуда ташвиқ намуда, ба тарки хоки диёр водор месохтанд. Инҳо гурӯҳҳои махсуси пешакӣ омодагаштаи ҲНИТ, ба ибораи дигар авбошону дуздони наҳзатӣ буданд. Фикр мекунам, онҳо мақсадҳои сиёсӣ доштанд, амри калонҳои худро иҷро мекарданд, дигар чора надоштанд. Муттаҳами эрониён шуда буданд.
- Баъд чӣ шуд?
- Ҳайдар Қосимов ва қисме аз мардум аз сарҳад гашта омаданд. Баъзеашонро дар мактаб, масҷид ва хонаҳо ҷой намуданд. Фарорасии соли нави 1993-ро якҷоя бо Ҳайдар Қосимов пешвоз гирифтем. Як саҳари моҳи январ яроқбадастони ришдор омада, ӯро аз сари дастархон гирифта бурданд.
- Чӣ гуфта бурданд?
- Сиёсат ва дуғу пӯписа намуданд, ки “ту комунисти ҳаром, барои давлати СССР геройӣ кардаӣ, барои чӣ ҷанг кардӣ??! Бо имрӯз гапи мора не мегуй??? Ту кии худат?? Қаҳрамонӣ, барои худат қахрамонӣ!! Хез, рафтем бо мо!!!”. Ду рӯз гузашт, аммо Ҳайдар Қосимов пайдо нашуд. Он вақт метарсидӣ, ки берун рафта ҷустуҷӯ намоӣ. Ҳамроҳи аммаам, ки муаллима буд, ба идораи прокуроратураи ноҳия рафта ариза навиштем. Аз тарафи прокуратура кофтуков эълон намуданд, вале аз ягон ҷо хабар намерасид. Ҳамин тавр, баҳор ҳам расид, аммо дараке набуд. Як саҳар шиносе омада, гуфт, ки дар назди ПМК ду ҷасад дарёфт шуд, ки аз рӯйи нишонаҳояш ба Ҳайдар Қосимов монандӣ дорад. Рафтему дидем. Ҷасадҳо вайрон шуда буданд. Танҳо аз либосаш шинохтем, ки ӯ Ҳайдар Қосимов - охирин қаҳрамони зиндаи СССР дар ҶБВ аст ва аз дасти насли кӯрнамаки худ ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст. Оне, ки барои ғасби душман ҷонбозиҳои қаҳрамонона кард, оне, ки барои насли ояндаи худ заминаи сулҳ офарид, номи тоҷикро шарафмандона боло бардошт!!! Часади беҷони “Рустам-қаҳрамон”-ро , ки аз дасти шағолҳо кушта шуда буд, бардошта намешуд, чунки аллакай се моҳ сипарӣ шуда буд. Ҳамин тавр, ҷасадашро дар “Деҳаи Боло” моҳи марти соли 1993 ба хок супоридем.
- Ниҳоят нафаҳмидед, ки киҳо даст доштаанд дар ин ҳодиса?
- Албатта, ин кори дасти одамони иғвобарангез буд. Бале, ман маҳз “наҳзатиён”-и бешарафро дар назар дорам, ки иғвогарон буданд. Ҳама наҳсӣ аз онҳо пайдо шуд, шукр накарданд, нони худро пеши по заданд, саркардаҳои худро куштанд, аввалин шуда митингу митингбозӣ карданд, ба қатли оммавӣ даст заданд, мардумро фирорӣ карданд,... Эҳҳ, чи гӯям... оқибат Худо онҳоро зад!!! Он вақтҳо чеҳраҳои намоёни миллатро ба хотири шӯр андохтани мардум бартараф мекарданд. Ҳангоме ки ба хона омада, ба Ҳайдар Қосимов носазо мегуфтанд, вай онҳоро сарзаниш мекард, ки чаро дар миёни мардум дасисакорӣ мекунед?? “Мо ҳама як миллатем, тоҷикем, гурӯҳбозиву маҳалбозӣ накунед!!! Роҳбарони шумо киҳоянд???” – мегуфт ӯ. Маҳз баъди чунин суханҳо ӯро бурданд.
- Онҳо мансуб ба кадом гурӯҳҳо буданд?
- Онҳо шахсиятҳое буданд, ки медуздиданд, байни мардум тухми нифоқ мекоштанд, тинҷию амонии миллатро намехостанд. Онҳо террористу авбошони ҲНИТ буданд. Барояшон фарқ надошт, ки тоҷик, ӯзбек ё афғон аст, барои манфиати шахсии худ ба ҳама кор қодир буданд. Фикр мекунам, ки онҳо аз тарафи хориҷи кишвар зархарид буданд. Ҳеҷ гоҳ тоҷике, ки миллат ва ватанашро дӯст медорад, чунин корро намекунад. Ҳайдар Қосимов ҳамон шабу рӯз 71-сола буд. На даъвои вазифа дошт, на даъвои бойигарӣ. Ӯ қурбони бозиҳои сиёсӣ, қурбони муллоҳо, қурбони наҳзатиён шуд.. Чандин олимони забардасти тоҷикро дар ҷанг барқасдона куштанд, ба хотири иғво андохтан. Яъне бо қатли Ҳайдар Қосимов мардуми қаротегиниро ба истилоҳ “алов» монданд, хостанд зидди мардуми хатлонзамин бишӯронанд. Мақсади аслиашон мардумони ду минтақаро бар зидди ҳам шӯрондан ва Тоҷикистонро ба коми оташ кашидан буд.
Имрӯз ҳам ҲНИТ, ки дар қатлу куштори чеҳраҳои намоёни таърихӣ даст дошт, талоши бесубот кардани вазъи кишварро мекунанд. Гузашти вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо зархариди кишварҳои дигар буданд. Онҳо ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври махфиёна ҳизби худро таъсис дода, ба вайрон кардани мафкураи мардум оғоз карда буданд. Фаъолони ин ҳизбу ҳаракатҳо дар хориҷа таҳсил дидаанд. Гирдиҳамоӣ ва кушторҳо дар солҳои 90-ум аввал аз ҳаминҳо шурӯъ шуд. Ин ҳамаро кори дасти ҲНИТ ва сарпарастонаш мешуморам. Ислом дар қалб аст. Пуштибони ислом будан магар танҳо бо билети ҳизбӣ маълум мешавад?! Бо ҳар хел роҳҳо ба ин ҳизб одамонро ҷалб намуданд. “Бори каҷ ба манзил намерасад”, - мегӯянд, ки рост аст. Ин ҳамон бори каҷ буд, ки кулли мардум аз он даст кашид.
- Яъне, ишораи Шумо ба он аст, ки ҲНИТ дар саргаҳи он ҳама рӯйдодҳо буд?
- Ҳо!!. Дар ноҳияи Қумсангир ин ҳизб ҳамон замон нуфуз дошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзе намояндагони ҳизби наҳзат дар тарки хоки диёр намудани тоҷикон алоқамандӣ нишон медоданд. Чуноне, ки боло ишора кардам, намояндагони ин ҳизб мардумро ташвиқот мебурданд, ки ба он тарафи марз гузаранд. Мақсадашон он буд, ки шумораи ҳарчи бештари мардум ба он тараф гузаранд, барномаашон ин буд, ки норозиҳо аз давлату ҳукумат бисёр шаванд ва ҳамин тавр, барои бунёди давлати исломӣ замина бисозанд.
Дар Ҷайҳун зиёиён, омӯзгорони маҳаллӣ як навъ мухолифати идеологӣ нишон медоданд, ки мардум зиёд фирифтаи баъзе созмонҳои ифротӣ нашаванд. Ҳамон шабу рӯз шояд аз суст будани тафаккуру ҷаҳонбинии баъзе сокинони кишвар буд, ки ду-се нафари ба ном “мулло” мардумро саргаранг карданд, ки Давлати Исломӣ месозем. Дидем ҳамин Давлати исломиашонро. Фикр мекунам, ҳамин «ДИИШ»-и ҳозира баъзе ваҳшониятро маҳз аз наҳзатиҳои мо омӯхтааст. Ягон фарқияте байни инҳо намебинам! Гирдиҳамоӣ карданд, мардумонро фиреб доданд, барои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразолудашон истифода бурданд.
Чӣ қадар аламовар аст, ки шахсиятҳои барҷастаи миллат, чун Ҳайдар Қосимов қурбонии дасисиаҳои онҳо гаштанд.
Дар ҳамин ҷо, Зулматов Қобилҷон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун, ҳамзамон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ин ноҳия, ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд.
- Ҳайдар Қосимов як чеҳраи сиёсӣ буданд. Вақте ки дар ноҳияи Қумсангир котиби якуми комитети комсомол будам, ҷавонони ноҳия бисёр талаб мекарданд, ки бо Ҳайдар Қосимов як вохӯрӣ доир намоянд. Бо мусоидати роҳбарияти онвақтаи ноҳия бо Ҳайдар Қосимов дидору мулоқот оростем, ки он рӯз бароям хотирмон буд...
Бо Ҳайдар Қосимов пасон борҳо дар маркази вилоят вохӯрда ва ҳамкориҳо низ доштем. Дар давраҳои гурезагӣ бо ин кас дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрдем. Афсӯс, мақсади душманони миллат, ки ҳамин хел шахсиятҳои бузургро кушта, дар байни халқ ғавғои ҷангро хезонидан буд, амалӣ шуд.
- Фикр мекунед, кори дасти кӣ буд?
- Душманони миллат. Онҳое, ки дар ниқоби оппозитсия зери “мусиқии хориҷиҳо мерақсиданд”. Инҳо ҳамин хел шахсиятҳо буданд. Ҳоло ҷойи шубҳа нест, ки асоси даргириҳои ҷанг дар Тоҷикистон ҲНИТ буд. Суоли ман ин аст, ки магар то рӯйи саҳнаи сиёсӣ омадани онҳо мардуми Тоҷикистон мусалмон набуданд?! Раҳбарону фаъолони ҲНИТ дар Эрону Покистон тарбият гирифтанд. Ҳадафи ниҳоияшон барҳам додани давлатдории мо буд. Ҳамин наҳзатиҳо дар ҳамаи он кашмакашҳое, ки аввали солҳои 90-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, даст доштанд. “70 сол ҳизби коммунист хӯрд, бурд, моро кофир кард, аз дин баровард!” гуфта, мардумро мешӯрониданд. Онҳо яроқ ба даст гирифта, халқи гумроҳро истифода бурданд. Магар дар давраи шӯравӣ нафаре, бубахшед, хатна нокарда оиладор шуд? Кӣ бе никоҳ оиладор мешуд ё кӣ беҷаноза ба хок супорида мешуд? Ин душманони миллат, рӯйирост мегуфтанд, ки мо «давлати исломӣ» месозем.
- Гуфтед, ки солҳои 90-ум дар ноҳияи Ҷайҳун кор мекардед. Дар он айём, ки вазъи сиёсӣ муътадил набуд ва шумори гурезаҳо рӯзафзун буд, то куҷо иҷрои масъулият дар идораи давлатӣ бароятон осон даст медод?
- Ёдам ҳаст, ки дар ноҳияи мо ҲНИТ штаб дошт. Он вақт директори совхози чорводорӣ будам. Мухолифин аз ҳамаи ташкилотҳо иҷборан пул меситониданд.
- Чаро маблағ талаб мекарданд?
- Рӯйирост мегуфтанд, ки мо бояд яроқ харем, мо бояд давлатро ба даст гирему сохти давлатдориро исломӣ кунем. Ба сармуҳосиб гуфтам, ки чӣ қадар пул дар суратҳисобамон бошад, ду-семоҳа маоши кормандонро пешпардохт намоед ва боқимондаашро ба ҳисоби заводҳое, ки қарздор ҳастем, гузаронед, то ба дасти наҳзатиҳо наафтад.
Дар Афғонистон ҳам ҲНИТ базаи худро таъсис дода буд. Мутмаинам, ки ҲНИТ давоми босмачигарии солҳои 1920-30 аст, ки муаллимро мекуштанд, зиёиро сар мебуриданд. Одамонеро, ки барои пешравии давлат кор мекарданд, мешикастанд. Босмачиҳо низ болшевикҳоро кофир мегуфтанд. Агар “кофир” мактаб месохт, роҳу кӯпрук бунёд мекард, бе пул таълиму тарбия медод, табобат мекард, чӣ кори хилофи ислом мекард?! Баръакс, ба ном “исломиҳо” харобкориҳо карданд, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор овехтанд, роҳу пулҳоро вайрон карданд, зиёиёнро куштанд.
- Шумо дар ноҳияи Ҷайҳун раҳбарии созмони Ҳизби коммунистро ба уҳда доред. Бигӯед, ки ҲНИТ то расман баста шуданаш дар Тоҷикистон чӣ фаъолиятҳое дошт дар сатҳи маҳал?
- Конститутсияи кишвари мо фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсиро кафолат медиҳад. Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизб фаъолият доранд. Аммо Конститутсия иҷозат намедиҳад, ки ҳизбҳо бо роҳи нотинҷию кашмокашию куштору хунрезӣ ба сари қудрат бирасанд. Вақти роҳбарии созмони ҲКТ буданам дар ноҳия, аъзоёни ҳизби наҳзат омада фишор ва таҳдид намуданд, ки “аҳли оилаатро нест мекунем”, “билети партиявиатро то напартоӣ, ту мусалмон нестӣ!” ва монанди инҳо. Фикр мекунам Қаҳрамони СССР Ҳайдар Қосимовро низ барои он куштанд, ки на ҳамфикри онҳо балки муқобили онҳо, муқобили идеология ва ҳадафҳои зиддимиллии онҳо буд.
P.S. Ҳайдар Қосимов дар беш 1200 муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағйир хӯрдаву ӯ танҳо зинда мондааст. Вай барои шикаст додани нерӯҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш соли 1957 бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст. Аммо соли 1993 ӯ, ки охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон буд, дар 70-солагӣ, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангир, аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст.
Баъд аз омода намудани мақола, яке аз муовинони сардори САМНИТ (созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон) Сайҷалол Сияҳаков дар мусоҳибаи тахассусияш ба рузномаи “Хатлон” изҳор дошт, ки Ҳайдар Қосимов аз ҷониби аъзои фаъоли ҲНИТ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо __________ (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), бо дастури хадамотҳои махсуси ҶИЭ, дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонида шудааст. Маконе, ки Ҳ.Қосимов кушта шудааст, он замон таҳти нуфузи “наҳзатиён” қарор дошт. Дертар, тахминан солҳои 1994 худи Мустафо ба ҳамсӯҳбат лоф задааст, ки “Ҳайдар Қосими қаҳрамона” мурғворӣ куштам..”
Мусоҳиб:
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
рӯзномаи «Хатлон»