Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

РОҲИ БОЗГАШТ НАДОРАНД БОЯД БАРОИ МАБЛАҒҲОИ БУЗУРГИ АЗ САРПАРАСТОН ГИРИФТААШОН ҶАВОБ ГӮЯНД

Дар давоми чанд даҳ солаи охир яке аз тамо илҳои бисёр номатлуб ва хавфноке, ки дар сатҳи кишварҳои мусулмонни шини ҷаҳон беш аз пеш густариш пайдо карда, бо­иси ташаннучи вазъи сиёсӣ гардидааст, ин политизатсияи дин, яъне ба абзори сиёсӣ табдил додани дин ва ба ин васила суиистифода аз эътикоди пайравони дин барои амалӣ кардани ҳадафҳои муайяни сиёсӣ мебошад. Дар пушти по- литизатсия ё сиёсикунонии дин аслан коргардонҳои сатҳи минтака ва байналмилалие карор доранд, ки масъулияти иҷрои накшҳои асосиро дар ин саҳнаи фочеабор аслан ба зиммаи лидерҳои мазҳабиву динии чомеаҳои ҳамчун ҳадаф интихобкардаи худ мегузоранд. Бидуни шубҳа, ҳадафи асосӣ ва стратегии чунин лоиҳаҳои монароҷуёнаи қудратҳои манфиатҷуи байналмилалӣ аслан, ба вучуд овардани омилҳои низоъ дар кишварҳои мусулмонни- шинест, ки аз лиҳози гео­политики барои онҳо дорои аҳамиятанд.

Усули кори ин неруҳои манфиатчу дар он асос ёфтааст, ки аз эътикоду боварҳои динии мардуми мусулмони кишварҳои мадди назари худ суиистифода карда, ба таври ошкору пинҳон онҳоро барои мубориза алайҳи ҳукуматҳои мавчудаи миллиашон таҳрик диҳанд. Ҳадафи чунин тавтиаангезии кудратҳои мазкур он аст, ки дар мин- такаҳои муҳими геопо­литики таносуби нерукои мавчудаи сиёсӣ ва амну суботи чамъиятиро бардам зада, вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оваранд ва ба ин ва­сила заминаи дахолати сиёсиву ҳузури низомии худро матраҷ карда, роэфо барои густариши нуфузу таҳкими ҷойгоҳи хеш дар арсаҳои муайяншуда ҳамвор намоянд.

Аз тарафи қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди татбики чунин лоиҳаҳо аслан аз он лидерони мазҳабие истифода карда мешавад, ки аз лиҳози назарӣ афкори мутаассибонаву иртиҷоӣ дошта, аз лиҳози амалӣ ифротиву тундгаро ҳастанд. Чунин ашхос агарчанде ки дар забон шиорҳои исломӣ доранду дар зоҳир муқаррароти диниро пайравӣ мекунанд, дар амал ҳеч гуна ҳадди савобу гуноҳ ва сапеду сиёҳро намешиносанд ва эътироф намекунанд. Воқеаҳои даҳшатборе, ки феълан дао кишвари аст. Тули қариб 40 сол аст, ки дар ин кишвари ба ном исломӣ бахше аз мардуми Афғонистон таҳти ливои ҳизби исломӣ бо бахши дигаре аз ин мардум, ки низ таҳти ливои ҳизби ди- гари исломӣ аст, машғули қатлу куштори ҳамдигар мебошанд. Ҳодисаҳои кушторҳои ваҳшиёнаи террористии паёпай дар масҷҳои ин кишвар, ки ҳатто дар моҳи рамазон ҳам қатъ нашуда буд ва то кунун идома доранд, истидлоли он аст, ки исломгароии чу­нин ҳизбҳои исломӣ танҳо шиори фиребоест, ки бо он мардумони хушбовару зудбоварро ба доми макру дасисаи худ меафкананд ва ба ин васила ҳадафҳои нопоки сиёсии хеш ва сарпарастони бурунмарзии худро пайгирӣ менамоянд.

Боиси таассуф аст, ки кишвари мо низ ду даҳсола қабл айнан ба чунин майдони фоҷиабори набарди манфиатҷуёни дохиливу хориҷӣ табдил шуда буд. Дар ин фоҷиаи миллӣ ва ҷанги бародаркуш беш аз 160 ҳазор ҳамватани мо талаф шуда, Ватани азиз ба мотамсарои умумй мубаддал гардид. Аксари ин ҳамватанони мо афроди бегуноҳе буданд, ки бо дасисаи исломгароёни беислом қурбон шуданд. Ҳазорон нафари дигар дар пайи ин сиёсатбозиҳои динӣ ятиму бепарастор ва бехонумону фирорӣ гардиданд. Дар ин росто метавон садҳо саҳнаҳои даҳшатбори катлу кушто­ри ҳамватанони бегуноҳро ба дасти афроди ифротиву тундгарои исломӣ ёдовар шуд, ки ҳатто баъд аз тасвиби Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ низ идома доштанд. Аз ҷумла, хҳодидарович, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Файзобод, узви ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ, ки аъзои дастаи мусаллаку ҷиноятпешаи “Эшони Дароз” (Хайриддинов Фатҳулло) буданд, ба вуқуъ пайваста буд, нишонаи ваҳшонияти бемисл нисбат ба одамони бегунов ва минҷумла кӯдакону тифлон аст. Дар он шаби фоҷиабор Асроров Хоксор Самандарович ва х,аммаслакони ӯ ба хонаи шаҳрванд Буриев Юнус, сокини чамоати деҳоти ба номи Д. Алиеви ноҳияи Файзобод даромада, ӯро бо аҳли оилааш куштанд. Аламовараш он аст, ки сокинони хона онҳоро ҳамчун меҳмон пазироӣ карда, барояшон ба қадри тавон анвои хӯрока омода ва пешкаш мекунанд. Аммо ин хабисон дар ивази илтифоти соҳибони хона 8 нафар аз онҳоро ба шумули занону кӯдакони ноболиғ, аз ҷумла 2 на­фар ақрабояшонро, ки аз деҳаи Тангелии ноҳияи Файзобод буданд, ба яке аз хонаҳо дароварда, би­дуни ягон сабаби мушаххас бо ваҳшонияти бемисл тирборон карда баромада мераванд. Дар натича ҳамроҳи соҳиби хона ҳамсараш Буриева Зулайхо, с.т. 1956, фарзандонаш Буриева Парвина Юнусов­на, с.т. 1973 Буриева Ма­лика Юнусовна с.т. 1975, Буриев Ғайрат Юнусович, с.т. 1993, Буриева Мадина Юнусовна, с.т. 1996, домодаш Раҳмонов Қурбоналӣ Ибодович, с.т. 1968 ва бародари домодаш Райо­нов Маҳмадшариф Ибодо­вич, соли таваллудаш 1969 ваҳшиёна ба қатл расонда мешаванд. Дар ҳодисаи фоҷиабор дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто баъд аз он низ аз тарафи афроди ифротиву тундга­рои исломӣ хеле зиёд рӯй дода, боиси марги ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ ва ҳатто атфолу кӯдакони маъсуми кишвари мо шуда буданд.

Мисоли дигари амалҳои даҳшатбори наҳзатиҳо чинояти сангини узви дигари ҲНИТ “Нурулло полковник(Ҳабиб, писа­ри яке аз роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ИНОТ бо тахалусси “Кури Абдураззоқ”) мебошад. Ин узви ҲНИТ шаҳрванд Тоҳиров Убайдро дар макони зисташ ба таври ваҳшиёна бо роҳи ҷудо кардани cap аз тан ба қатл расонидааст.

Суоле оа миён меояд, ки оё содир кардани чу­нин аъмоли ғайриинсонӣ ва ваҳшиёна ба дасти нафароне, ки худро ҳомии дину мазҳаб ва арзишҳои исломӣ медонанд, дуруст ва ҷоиз аст? Оё со­дир кардани чунин ҷино­яти вазнин, яъне куштани нафарони бегуноҳ  ва ба вижа кӯдакон аз дидгоҳи муқаррароти исломӣ гуноҳи кабира нест? Он ҳама қатлу ғорати  ҳамватанон оё барои дини ислом манфиате дошт? ҲНИТ ва раҳбарони моҷароҷӯи он, ки худро ҳомии дину мазҳаб вонамуд мекарданд, чаро даст ба чунин аъмоли ғайриинсонӣ мезаданд?

Чаро феълан низ ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ҲНИТ дар хориҷӣ кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бу- рунмарзиашон моҷароҷӯй карда, такрори чунин ҳодисаҳои ваҳшатборро талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва раф- тори бадхоҳонги онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи ис­ломӣ донист? Албатта, не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъ­моли ифроттароёнаву тундравонаи намояндагони ҲНИТ ба меъёрҳои ах- лоқӣ инсониву юломӣ, аз ҷумла, барои хуҷи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои онҳо ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо ас­лан на дар паии ҳакикат, балки дар пайи манфиат ҳастанд. Онҳо хуб медонад, ки худ бозори сиё­сии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори си­ёсии дигарон табдил додаанд. Исломгароии онҳо на барои ислом, балки барои манфиат аст. Аммо бо далели ин ки бояд барои маблағҳои  бузурги аз сарпарастон гирифтаашон ҷавоб гӯянд, роҳи бозгашт надоранд.

Хусрави Шерзод.