ВОКУНИШ
З. АЛИХОНОВ: “ҲНИТ ДАР ПОКИСТОН БАРОИ ОЯНДАИ ХУД АРТИШ ОМОДА МЕКАРД”
- Подробности
- Опубликовано 10.11.2017 14:59
Суҳбати ихтисосии нашрияи “Хатлон” бо Зафар Алихонов, ҷавоне, ки 8 сол дар Покистон таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифта, дар ҳайати созмони экстремистии “Содиқлар” - як ҷиноҳи “Ҳаракати исломии Туркистон” - дар пойгоҳи низомии террористон дар Вазиристон машқу тамрин кардааст.
Зафар Алихонов, ки 34 сол дошта, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёна, оиладор, падари чор фарзанд аст, чанде пеш аз Туркия ба Тоҷикистон депорт шуд. Вай мегӯяд, танҳо баъди чанд соли таҳсили динӣ дар Покистон дарк кард, ки аксари ҷавонон он ҷо фирефтаи гурӯҳу созмонҳои ифротгарою тахрибгаре, чун ҲНИТ, ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар” мешуданд. Ин ташкилотҳо, ба гуфтаи З. Алихонов, аз ҳисоби муҳассилони мадрасаҳо барои худ сарбоз омода мекарданд, то дар оянда барои амалисозии ҳадафҳои низомию идеологиашон истифода баранд.
- Зафар, метавонед аз достони зиндагӣ ва чӣ тавр ба таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар ҷалб шуданатон нақл кунед?
- Соли 2000-ум мактаби миёнаи №3-и деҳаи Ваҳдати ноҳияи Хуросонро хатм намудам. Баъд аз он ба деҳаамон мавлавӣ Боймуҳаммад, бо тахаллуси мавлавӣ Раҳматулло, ки чанд солдар Покистон таҳсил карда буд, омад. Ӯ, ки ҳам ҳамсоя ва ҳам хешамон буд, ба наздаш рафтам ва ҳамин тавр, таҳсилоти ибтидоии диниро шурӯъ кардам. Баъдан ӯ ба ман тавсия дод, ки ба шаҳри Карочии Покистон сафар карда, таҳсилоти диниро дар мадрасае, ки ӯ хатм кардааст, идома диҳам. “Он ҷо беҳтар ва зудтар меомӯзӣ”, - гуфт мавлавӣ. Бо роҳнамоии ӯ азми сафар кардам. Падару модарро розӣ намудам, маблағ ҷамъ карда, шиноснома ва раводид гирифта, ба он ҷо рафтам. Соли 2003 буд. Дар Карочи маро мавлавӣ Муъин ном шахсепешвоз гирифт. Маро ба мадрасае, ки устодамон мавлавӣ Раҳматулло тавсия дода буд, бурданд. Он ҷо дер шуда буд, қабулам накарданд. Баъдан ба мадрасаи “Бибинурия” оварданд. Фаҳмидам, ки дар ин мадраса пеш аз мо ҳам тоҷикон мехондаанд. Соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва даврони гурезагӣ, чандин ҷавони тоҷик ба таҳсил дар ин мадраса ҷалб шуда, ҳамон ҷо мондаанд. Маро ҳам пеши ҳамонҳо бурданд. Калонашон Маҳмадшариф, Иброҳим, Саид, Талабшоҳ буда, дар умум, тақрибан 30 нафар ҷавони тоҷик таҳсил мекарданд. Ман ҳам он ҷо мондам ва чор сол таҳсил кардам.
- Чунин ақидаҳо низ дар миёни коршиносон роиҷ аст, ки он ҷо аз рӯзҳои аввали таҳсил як навъ зеҳнсозии муҳассилон шурӯъ мешавад ва ин зеҳнсозӣ ба шинохти асли ислом – он ҳадаф, ки бисёриҳоро ба кишварҳои исломӣ мебарад, ҳеҷ рабте надорад...
- Дуруст аст. Дар чаҳор соли аввали таҳсил шоҳид будам, ки ҷавононе, ки қабл аз мо ба мадрасаи “Бинурия” рафтаанд, ба истилоҳ “ҳама чиро дида буданд”. Яъне як қисмашон дар сафи “Толибон” ҳам ҷангидаанд, қисме дар Афғонистон зиндагӣ кардаанд, ҳама чиро медонистанд. Дар тамрингоҳҳои Пешовар ҳам аз машқҳо гузаштаанд. Баъзеяшон гашта омадаанд ва боз рафтаанд “хонданӣ”.
Дар ҳамон ҷо зеҳнсозии маро ҳам шурӯъ карда буданд. Ҷиҳод рафтану чӣ қадар савоб доштани онро ташвиқ мекарданд. Дар зеҳни муҳассилон эҳсоси нафрату бадбинӣ нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистонро бедор мекарданд, тавассути ҳар гуна наворҳои таҳрифшуда Тоҷикистонро бад нишон медоданд. Он замон ин ҳамаро нафаҳмидам. Баъд маълум гардид, ки ҳамон вақтҳо дар миёни бачаҳо аъзои гурӯҳҳои террористӣ ҳам будаанд. Оҳиста-оҳиста дар зеҳни мо таъсир мерасониданд. Гурӯҳҳое буданд, ки аз ҳисоби муҳассилони ҷавон барои худ ҷонибдор, ташвиқотчӣ ва террорист тайёр мекарданд.
- Кадом гурӯҳҳоро дар назар доред?
- Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳо, аз он ҷумла “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ансоруллоҳ” ва “Содиқлар”. Инҳо бештар ӯзбекзабонҳоро ҷалб мекарданд. Намояндагони ин ташкилотҳо ба муҳассилони мадраса бо баҳонаи ин ки муҳтоҷанд, маблағу либосворӣ ва маводи озуқа тақсим намуда, ба ин васила ба худашон ҷалб мекарданд.
- Чор сол таҳсил кардед. Баъд чӣ шуд?
- Соли 2007 гашта ба ватан омадам. Таҳсилам пурра анҷом наёфта буд, аз ин рӯ, бояд бармегаштам. Ин дафъа ҳамроҳи худ ҷиянам Муродҷон ва ҳамдеҳаам Ибрагимов Садриддинро ба мадраса бурдам. Он вақт дуруст намефаҳмидам, ки мо ба роҳи бад рафта истодаем, иштибоҳ мекунем. Ба дарки ин воқеият, ки гумроҳ шудаам, дар соли шашуми таҳсил расидам. Ба ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сабаб шуд.
- ҲНИТ? Чӣ тавр?
- Замони таҳсилам дар Покистон медидам, ки раҳбарону фаъолони ҲНИТ ба шогирдони мадрасаҳое, ки ғайриҳанафиянд, яъне мавдудӣ мегӯянд, кумакҳои фаровон мерасониданд. Намояндагони ҲНИТ ба раҳбарии Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба бачаҳое, ки зеҳнашон ба шиагӣ яқин аст, ҳар моҳ стипендияи муайян, инчунин маводи ғизоӣ тақсим мекарданд. Намегуфтанд, ки ин маблағ аз куҷост ва барои чӣ дода мешавад. Хусусан, дар идҳои мазҳабӣ, иди Қурбон маблағ равон мекарданд ва бачаҳои калон гов гирифта, забҳ менамуданд, ба бачаҳо тақсим карда ва барояшон мавъизаҳо мехонданд.
- Мавзӯи мавъизаҳо чӣ буд ва чӣ рабте ба ҲНИТ дошт?
- Дар “мавъизаҳо” асосан аз ҷавонон даъват мешуд, ки ҲНИТ-ро дастгирӣ кунанд, ба узвияти он бипайванданд. “Агар мо аъзо нашавем, ҳизбро дастгирӣ накунем, кӣ мекунад?” мегуфтанд. Бо ин роҳ одам ҷалб мекарданд.
- ҲНИТ он солҳо дар Тоҷикистон расман фаъолият мекард. Пас, ҷалби муҳассилони мадрасаҳо дар Покистон ба узвияти ин ҳизб бо чӣ мақсад буд?
- Ин ҳизб шумораи тарафдоронашро аз ҳисоби одамони мазҳабӣ, бахусус онҳое, ки бештар ба равияи мавдудиҳо ва шиаҳо гаравиш доранд, афзудан мехост.
- Чаро маҳз инҳо?
- Равияи мавдудиҳо дар Покистон, ба қавли устодон, ба шиагӣ яқин аст. Равия, ақида, амалаш ба шиагӣ яқин аст. Ин муҳассилон ҳарчанд дар шароити люкс таҳсил мекарданд, ба онҳо аз ҷониби ҲНИТ кумакҳои фаровони доимӣ мерасид. Баъдтар фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон низ эмиссарҳои ҲНИТ бачаҳоро ҷалб намуда, ба Эрон, ба мадрасаҳои Қум барои омӯхтани мазҳаби шиаҳо бо маблағи худашон равон мекарданд.
Бо маблағи ҲНИТ барои ҷавонон дар Қум ҳамаи чизҳоро фароҳам меоварданд, яъне ҷойи хондан, хоб, стипендия, ҳама шароит муҳайё. Ҳоло ҳам чунин мекунанд. Бачаҳои ҳанафимазҳабе, ки он ҷо мехонданд, наметавонистанд аз ҲНИТ кумак дарёфт кунанд. Барои ин бачаҳо ақаллан, дар омодасозии ягон санад мусоидат намекарданд. Дертар фаҳмидем, ки мақсади аслии ҲНИТ паҳн намудани шиагарӣ дар Тоҷикистон будаву ҳадаф доштанд, ки мусулмонон, тоҷиконро шиа кунанд. Ҳамзамон, маълум гардид, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф ҲНИТ як шабакаи пурзӯри таблиғгаронро таъсис дода истодааст.
- Ин чӣ маънӣ дошт?
- Азбаски наҳзатиён кумакҳоро аз Эрон мегирифтанд, (дертар фаҳмидам, ки Эрон сарпарасти ҲНИТ будааст), табиист, ки сиёсат ва маҳзаби расмии он кишвар - шиаро таблиғ мекарданд. Борҳо буд, ки аз Эрон пул гирифта, ба бачаҳо тақсим мекарданд. Масъулони ин ҳизб, аз ҷумла Маҳмудҷон Файзраҳмонов, кумакҳои моддиро оварда, дар миёни муҳассилин таблиғот мебурданд, ки ба Тоҷикистон баргашта, ба узвияти ҲНИТ пайвандед. Баъди бозгаштан ба ватан шахсан маро не, аммо чанде аз ҳамдеҳагон ва онҳоеро, ки дар Покистону Афғонистон таҳсил кардаанд, ба узвияти ин ҳизб ҷалб намуданд. Фикр мекунам, ба зудӣ ба ин ҳизб ҷалб шудани онҳо зери таъсири ҳамон ба ном кумакҳое буданд, ки наҳзатиҳо дар он кишварҳо мерасонданд.
- Бисёр вақт достони ҷавонҳоеро, ки ба таълимоти ғайрирасмӣ мераванд, мешунавем, ки дар бораи ҷалб шуданашон ба машқҳои низомӣ мегӯянд. Шумо низ шоҳиди ҳамчунон ҳолат будед?
- Шоҳид будем. Ба бачаҳо амалҳои ифротгароию тахрибкорӣ омӯзонида шуда, ташвиқоти зиддидавлатӣ бурда мешуд. Ин гурӯҳҳо дар даруни мадраса махсус одам доштаанд. Ҳамонҳо ташвиқот мебурданд, ки ҷавонон дар вақти таътил омада машқи низомӣ гирифта, бо пешвоҳояшон шинос шуда раванд. “Баъдан, ҳар вақте лозим ояд, худамон меёбематон” мегуфтанд. Дар таътил аксар бачаҳо бекор мемонданд. Аз ин фурсат истифода бурда, онҳоро даъват мекарданд, ки аз тамринҳои низомӣ гузаранд.
- Чӣ меомӯзанд дар он машқгоҳҳо?
- Ба он ҷо аксар вақт бачаҳои ҷоҳилу ба омӯзиши илм камтаваҷҷуҳ мерафтанд: онҳое, ки нав намозро шурӯъ кардаанд, ё ба омӯзиши ислом тоза пардохтаанд.Онҳо мағзшӯӣ мешуданд: барояшон наворҳои видеоиро аз интернет ва дискҳо нишон медоданд ва мегуфтанд, ки исломи ҳақиқӣ ҳамин аст. Дар навбати аввал, рукнҳои намозро нишон медоданд, дуоро меомӯзонданд, баъдан машқҳои ҷисмонӣ мегузаронданд, истифода аз автоматро дар кӯҳҳо нишон медоданд.
- Ин таълимот аз якчанд марҳила иборат аст?
- Таълимоташон якчанд марҳила ё давраро дар бар мегирифт. Масалан, як моҳ омӯзишҳои назариявӣ мегузаштанд, моҳи дуюм истифодаи силоҳи калон, дар марҳилаи сеюм таҷҳизоти худкафонӣ ва мисли ҳамин чизҳоро нишон медоданд. Ман ҳам як дафъа аз ҷониби ташвиқгарони гурӯҳи “Содиқлар” ба чунин таълимоти низомӣ ҷалб шуда будам.
- Гуфтед, ки истифодаи силоҳро низ меомӯзонанд. Оё муҳассилин дар ин тамрингоҳҳо ба аслиҳа дастрасии озод доштанд?
- Нахуст истифодаи автомати Калашниковро меомӯзонанд. Ман он ҷо зиёд набудам, танҳо медонам, ки анборҳои калони силоҳ доранд.
- Дар мадрасаи “Бинурия”, ки таълимоти динӣ мегирифтед, ба масъалаи ахлоқ ва тарбияи шогирдон чӣ гуна муносибат мешуд?
- Ростӣ, азбаски мадраса бисёр калон буд, мудирият рафтори бачаҳоро контрол карда наметавонист. Бадахлоқӣ, аз ҷумла қимору мухаддироту бачабозӣ зиёд буд дар мадраса. Масалан, қариб ҳар рӯз мешунавидем, ки яке бо дигаре бозӣ карда истодааст. Ба ҳамин монанд бадахлоқиҳои дигарро низ ҳар лаҳза шунидан ва ҳатто мушоҳида кардан мумкин буд.
- Шумо гуфтед, ки дар он ҷо чанд созмону ташкилоте ҳаст, мисли “Содиқлар”-у “Ансоруллоҳ”, ки ҷавононро, ба қавле “вербовка” ё мағзшӯӣ мекунанд. Ин ташкилотҳо чӣ ҳадафҳо доранд ва аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд?
- Ҳадафу идеологияашон аз ҳамдигар зиёд фарқ намекунад. Фақат дар забон. Тавре болотар гуфтам, раҳбарони ташкилоти “Содиқлар” аксаран ӯзбекистонианд ва сиёсаташонро ба самти Ӯзбекистон нигаронидаанд. Масалан, дар ин бораҳо меандешанду нақшакашӣ мекунанд, ки дар дохили Ӯзбекистон бояд чӣ кор кунанд, куҷоро таркиш диҳанд, киро террор кунанд. “Содиқлар” асосан ӯзбекзабонҳоро ба сафи худ ҷалб мекунад. Калонҳои “Ансоруллоҳ” бошанд, тоҷикҳо буданд ва сиёсаташонро асосан ба самти Тоҷикистон нигаронидаанд. Бо ҳамин фарқ доранд, дигар ҳадафҳояшон муштарак аст.
- Ҷамъан, дар Покистон чанд сол таҳсил кардед?
- Дар он ҷо 8 сол дар мадраса хондам. Соли 2007 ба зиёрати падару модарам омадаму баргашта рафтам. Дубора соли 2009 барои издивоҷ кардан ба Тоҷикистон омадам. Соли 2010, вақте ки бо дастури роҳбарияти давлат ҳамаи донишҷӯёни дар кишварҳои хориҷӣ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ҷалбшуда ба ватан бозгардонида шуданд, ман низ баргаштам. Дар Тоҷикистон тақрибан ду моҳ истодам. Ҷавоне, ки соли 2007 бо худ ба Покистон бурда будам, нахост ба ватан баргардад. Баъдтар фаҳмидам, ки вай ба узвияти ДИИШ пайваста, дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад. Дар Тоҷикистон хешу табори он ҷавон ба ман зиёд фишор оварданд, аз ин рӯ, маҷбур шудам, ки ба тарафи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намоям.
- Пас, чӣ хел шуд, ки шуморо ба Тоҷикистон аз Туркия депорт карданд?
- Вақти дар Россия буданам аз Тоҷикистон, аз деҳаамон Бобохонов Ҷамолиддин рафта буд, ки ҳоло низ дар Туркия аст. Вай аз Туркия чизҳои куҳна ҷамъ мекарду мисле ки ба тиҷорат машғул буд. Шумораи телефони ӯро ёфта, ҳолати Туркияро пурсидам, ки он ҷо барои коркунӣ ва зиндагӣ мешавад ё не. Хуллас, бо мусоидати ӯ ба Туркия рафтем. Дар он ҷо кор ёфтам - кори сохтмонӣ. Баъди чанде зану фарзандонамро, ки дар Тоҷикистон буданд, низ ба Туркия даъват кардам ва якҷоя зиндагӣ доштем. Азбаски ҳуҷҷатҳоям чандон дуруст набуданд, маро дар Туркия боздоштанд ва депортатсия карданд.
- Дар Туркия чӣ рӯзгор доштед? Оё он ҷо намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ бо шумо кӯшиши тамос гирифтан нишон намедоданд?
- Дарвоқеъ, он ҷо низ ташвиқгарон ҳастанд. Масалан, як донишҷӯи тоҷик бо номи Сайраҳмон дар суҳбат бо ман гуфт, ки он ҷо ҲНИТ ячейкаҳои худро дорад. Намояндагони ин ҳизб ҳуҷраҳои кории люкс, яъне хеле хуб доранд, бо мошинҳои гаронбаҳо мегарданд, дар тарабхонаҳои гаронарзиш хӯрок мехӯранд. Аммо ягон нафарашон дар ҷое расман кор намекунанд. Бачаҳое, ки аъзои ин ҳизб шудаанд, аз ҷое кумакпулӣ ё маош мегиранд, ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, бидуни мушкил гаштугузор ва фаъолият мекунанд. Ҳамон ҷо ҳам маълумам шуд, ки ҲНИТ сарпарастони хориҷӣ дорад, маблағҳои зиёд мегирад, аз ин рӯ, аъзояш ранҷи муҳтоҷӣ намекашанд.
- Ба фикри шумо, кадом усулҳо, методҳо барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ истифода мешаванд?
- Методи асосиашон маблағ аст. Онҳо ба ҷавононе, ки муҳтоҷанд, кумакҳои моддӣ расонида, онҳоро ба қавле миннатшунав ва ба навъе вобастаи худашон мекунанд. Худашонро хизматгори аслии дин нишон дода, бо намоиши видеоҳои сохтаву қалбакӣ онҳоро зидди ҳукумати қонунӣ мешӯронанд. Яъне ба эҳсоси ҷавон бозӣ мекунанд. Ҷавононе, ки ҳанӯз аз ҷиҳати илм ва донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ нестанд, бо ин роҳ зеҳншӯӣ мекунанд. Бархеҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мешаванд. Хуллас, ин гурӯҳҳо ташвиқгарони пурқуввате доранд, ки баъди якчанд суҳбат гузаронидан ҷавонони камтаҷрибаро зуд ба сӯйи худ моил карда метавонанд.
- Шумо, ки таҳсилдидаи мадрасаи динӣ дар як кишвари исломӣ ҳастед, ба назаратон, сохти демократии давлатдорӣ чӣ мухолифате бо идеологияи он гурӯҳҳои ифротӣ дорад? Демократияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Демократия, яъне... Дар ин бора ягон фикр надорам. Шарҳ дода наметавонам...
- Имрӯз давлати Тоҷикистон аз он ки шаҳрвандонаш бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар фаро гирифта шудаанд, ё аз онҳое, ки дар сафи ДИИШ дар ҷангҳои Сурияву давлатҳои ҷангзада иштирок мекунанд, нигарон аст. Фикр мекунед, то куҷо ин хавотиршавӣ асос дорад?
- Ин нигаронӣ асос дорад. Набояд гузошт, ки масалан, идеологияи ДИИШ ва дигар созмонҳои ифротӣ ба ҷавонони мо таъсир кунад, ақидаҳои онҳо ба дили ҷавонони Тоҷикистон роҳ ёбад. Бубинед, идеологияи ин гурӯҳҳо чист: Онҳо хуб медонанд, ки бо роҳи низомӣ вориди як давлат шудан мушкил аст. Аз ин рӯ, мехоҳанд бо роҳи ақидатӣ ва идеологӣ ба ҷомеа таъсир гузоранд ва суботи ҷомеаву давлатро халалдор созанд. Барои онҳо осон аст, ки бо қишри ҷавон, ки зеҳни тоза доранд, кор баранд. Пайравони ДИИШ, ки як созмони террористӣ аст, одамони ғайри худашонро мусалмон намеҳисобанд. Аз ақидаҳои онҳо бояд гурехт, зеро бисёр радикал ҳастанд.
Инчунин онҳоеро, ки ҳоло ҳам дар мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, бояд баргардонид ва мағзшӯӣ кард, зеро ҳама созмонҳои ифротгарою террористӣ онҳоро зеҳнсозӣ мекунанд.
Аслан, ҳеҷ касе, созмоне, гурӯҳе, ҳизбе бидуни ғараз ба каси дигар кумак намекунад, пул намедиҳад. Ин ҳизбу созмонҳо бо роҳи дастгирии молиявӣ, пардохти маблағи таҳсил ва ҷалби онҳо ба машқу тамринҳои низомӣ дар миёни муҳассилони мадрасаҳо барои худ дар оянда артиш тайёр мекунанд.
- Ба таблиғоти ҷавонон ба сафи ДИИШ-у созмонҳои дигар асосан киҳо машғул мешаванд? Оё таблиғгарон омӯзишҳои махсусеро гузаштаанд?
- Таблиғгаронро асосан аз ҷумлаи пайравони ин созмонҳо, ки дар навбати худ, манфиатҳо доранд, интихоб мекунанд, асосан онҳоеро, ки идеологияи гурӯҳ ё ҳизбашонро хуб медонанд, илми фалсафа ва психологияи инсонро балад ҳастанд. Ба шунидаам, дар Туркия як таблиғгари фаъоли ДИИШ-ро барои он ки одамони бисёреро аз роҳи ташвиқот ба сафи ин гурӯҳ ҷалб карда буд, ҳатто маоши моҳона таъин карда буданд. Тавре гуфтам, ҲНИТ ҳам дар он ҷо барои таблиғгаронаш шароитҳои хуб муҳайё кардааст. Яъне байни таблиғгарони наҳзатӣ ва таблиғгарони ДИИШ-ӣ тақрибан тафовуте мавҷуд нест, чун дар ниҳоят ҳамагӣ як ҳадаф доранд: бо роҳи зӯроварӣ ва қатли инсонҳо ба даст овардани қудрат.
- Тавсияи шумо ба ҷавонони тоҷик чӣ аст?
- Асло фирефта нашаванд, ба мадрасаҳои номуайяни динӣ нараванд. Фиреби онро нахӯранд, ки дар ин мадрасаҳо таҳсил ройгон аст, шароити хуб дорад, зеро банда бо чашми худ дидаму шоҳид будам, ки муҳассилин дар он ҷо чӣ рӯзгори сахту сангине доранд. Дар кишвари худамон ҳамин хел мадрасаҳо ҳастанд, донишҳое, ки кифоя ба ислом аст, дар Тоҷикистон гирифтан мумкин аст. Дар он кишварҳо гурӯҳҳои террористӣ зеҳнҳоро хароб мекунанд. Нафаре, ки шомили ин гурӯҳҳо шуд, агар пушаймон ҳам шавад, дигар аз он баромада наметавонад. Дигар барояшон баромада ба хона рафтанро иҷоза намедиҳанд. Немегузоранд, ё ба сӯят тир холӣ мекунанд, ё саратро аз тан ҷудо мекунанд.
Ба падару модарон ҳам муроҷиатам ин аст, ки аз гумроҳшавии фарзандонашон пешгирӣ кунанд. Нагузоранд, ки ҷигарбандашон қурбони бозиҳои ҳароми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд, ба қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зананд, нисбаташон ҷиноятҳои бадахлоқона содир шавад.
Вақте ки дар Покистон мехондам, ҷиҳодро фақат ба маънои “кушокуш”, “ғайр аз худат касе бошад, қатл кардан”, “куштан” медонистам. Ҳозир яқин медонам, ки ин ҷиҳод нест. Ҷиҳод ин ҳимояи ватан, ёрӣ ва хизмат ба падару модар, тарбияи хубу шоистаи фарзандон аст. Ҷиҳод ба маънои дар роҳи ислом ҳаракат кардан аст. Дар даст силоҳ гирию бо мусулмонон ҷанг кунӣ, ба зидди давлату мардумат бароӣ ин ҷиҳод нест. Ҳоло фикр мекунам, ки ҳамон идеологҳои гурӯҳу созмонҳои ифротӣ барои расидан ба ҳадафашон баъзан ба таҳрифи китоби Қуръон низ даст мезаданд. Ба назарам, яке аз сабабҳои асосии “ифротӣ” хондани онҳо маҳз ҳамин аст, ки ҳама чиро – шурӯъ аз муқаддасоти динӣ то зиндагии дунявӣ – ба ҳадди ифроту ифлосӣ расонидаанд.
Мусоҳибаи
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”