Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

КАБИРӢ МУҲСИДДИНРО ДАР РӮЗИ МАВЛУДАШ КУШТ

3-юми майи соли 2012 Ортиқзода Муҳсиддин, сокини деҳаи Андигони шаҳри Ваҳдат  рӯзи мавлуд дошт. Ӯ 12 сола мешуд. Чанд ҳамсинфашро ба хона даъват карду модараш ба оростани дастурхон машғул буд. Ин лаҳза Муҳсиддинро ба наздаш хонд ва чанд сомоние дода хоҳиш кард, ки аз мағозаи наздиктарин рафта камтар ширинии дигар биёрад. Муҳсиддин - «Не модарҷон ташвиш накашед, басанда аст, ин пулро барои дигар корҳои рӯзгор сарф кунед» - гӯён пулро баргардониданӣ буд. Аммо модараш бо дилсӯзию ифтихор ва шукргузорӣ аз ақлу фаросати писараш, ки ба синну соли кӯчак нигоҳ накарда, ғами хонаводаро мехӯрд, ҷавоб дод: «Писарҷонам, ту марди хонадони моӣ, падарат дар ғарибисту худат пушту паноҳ, сутуни хонадон гаштаӣ. Ҳоло туӣ ноновару нигаҳбони хона. Туӣ, ки замини наздиҳавлиро кишт ва парвариш мекунӣ, ҳосилашро меғундорӣ. Туӣ, ки ҳезуму  алаф ҷамъ меоварӣ, молу говамонро саробонӣ мекунӣ. Рав, ба нодориамон нигоҳ накун, ҳарчӣ хоҳӣ биёр, пулат нарасад қарз гир, коре карда бармегардонем. Коре кун, ки сарат назди ҳамсинфон паст нашавад».

Муҳсиддин рафту чанд соат барнагашт. Модари бечора зору ҳайрон сари роҳ мебаромаду медаромад. Мардуми қишлоқ, ҳамсояҳо аз назди хонаашон тез мегузаштанду  кӯшиш мекарданд, ки ҳамгап нашаванд, то аз ваҷоҳаташон мусибат аён нагардад.  Ҳамсинфонаш ҳам наомаданд.

Ду соат пас ҷасади беҷон ва афгоргаштаи Муҳсиддинро ҳамсояҳо ба хона дароварданд. Доду фиғони модари бечора ба фалак печид. Даме аз ҳуш мерафту дақиқае «марди хонадонам рафт, пушту паноҳам рафт»,  гӯён зор-зор мегирист. То ҳол худро гунаҳгор меҳисобад ва маломат мекунад, ки чаро он рӯз ҷигарбандашро  мағоза фиристод. Дар ҳоле ки гунаҳгорон,   кушандагони Муҳсиддини 12 сола дигаронанд.

Он рӯз вақте Муҳсиддин хурсандона аз мағоза бармегашт, автомашинаи шахсии тамғаи «Тайёта Кемри», рақами давлатиаш 39-26 АМ 01 РТ бо суръати 110-120 км дар соат, аз роҳи байни деҳа убур мекард. Маълум буд, ки мошин нав харидорӣ шудааст ва ронандааш хеле ҷавон, ҳоло риш набароварда буд.  Чанд нафар сокинони деҳа, ки қад-қади роҳ ҳаракат доштанд, ҷон дар кафи даст, худро базӯр канор кашиданд. Танҳо Муҳсиддин натавонист. Ӯ рӯ ҷониби хона равон буду мошин аз пушт ҳаракат мекард. Зарбаи мошин ба дараҷае сахт буд, ки дар бадани навраси бечора узви обод намонд. Муҳсиддин аз ғояти дард ва талвосаи ҷонканӣ болои замини баъди борони баҳорӣ лойолуд дар худ мепечид, қотили ӯ дар андешаи он буд, ки чӣ тавр ҷинояташро рӯйпӯш кунад.

Ӯ баъди пахш намудани кӯдак ҳаракаташро бо ҳамон суръат давом дод. Мардум бо  доду фарёд ҷониби кӯдак давиданд. Ӯро бардоштанд ва ҳар нафаре бо умеди ёфтани мошине ҳар ҷониб даводав доштанд. Баъди 15-20 дақиқа мошинеро аз роҳи дуртар ёфтанду оварданд. Муҳсиддин аллакай аз ҳаракат монда буд.

Вақте ӯро ба беморхона оварданд кор аз кор гузашта буд. Духтури навбатдор бисёр талош намуд, вале суде накард. Бо таассуфи зиёд иброз дошт, ки: «Хунаш зиёд рафтааст, агар сари вақт меовардед, наҷот додан мумкин буд». Онҳое ки кӯдакро оварда буданд бо нафрин лаънат бар ронанда мехонданд.

Ронандаи  чинояткор   Муҳаммад Тиллозода – писари раиси Ҳизби нахзати исломи Точикистон Муҳиддин Кабирӣ буд. Ӯ 19 сол дошту он рӯз падараш барояш мошини хориҷии тамғаи навбаромади «Тайёта  Кемри»-ро бо маблағи 120 ҳазор доллари ИМА харидорӣ карда буд.

Беадолатии зиндагиро бубинед, ки падаре бо пули  аҷнабиён  барои фарзанди ҳанӯз санади ронандагӣ надоштааш чунин мошин гароннарх  мехарад ва навраси 12-солае, ки ранҷи рӯзгори хонадон бар гарданаш бор аст, барои як пора нон ҷон меканад, аз дасти писари ин ғаддор кушта мешавад. Наврасе бо марг мувоҷеҳ гардонида шуд, ҳазорон орзую умеди волидайн ба ӯ буданд. Ҳанӯз аз дунё чизе надида буд  ва шояд калон шуда як инсони шарифе  мешуд, ки ифтихори падару модар, диёру Ватани худ мегашт.  Имрӯз падари хонадон дар Русия барои ёфтани қути лоямуте саргардон аст ва модари Муҳсиддини ҷавонмарг Ғафурова Фариза дар ёди фарзанди гумкарда ғамбемору дучор бо ранҷҳои рӯзгор. Қотили фарзандашон дар Аврупо машғули кайфу сафо.

Он шабу рӯз Муҳиддин Кабирӣмеҳри падарии худро нисбати фарзанди ҷинояткор намоиш дод. Муҳаббати падару модари бо ғаму кулфат ва қалбҳои якумра сӯзон гирифтор, ба назараш намерасид. Ӯ назди падару модари кӯдак рафта, бо истифода аз чарбзабонию пеш овардани ҳадисҳои  авомфиребона оид ба "тақдиру насиб", «қазову қадар», «сарнавишту хати пешонӣ» ва монанди инҳо, онҳоро моил ба он сохт, ки даъвое накунанд. Дар ивазаш ба онҳо ваъдаи дастгирии якумриро дод.

«Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз…». Дар қазияи садамаи автомобилӣ, ҷинояткори дигар, адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки ҳоло бо ҷурми фиреб додани даҳҳо нафар  муштариёнаш, инчунин дастдорӣ дар амалҳои ҷинояткоронаи дигар аз озодӣ маҳрум карда шудааст, ҳамчун вакили Муҳаммад Тиллозода, бо корчалонии ба худаш хосу маблағҳои  Кабирӣ тавонист, ки Муҳаммад Тиллозодаро бегуноҳ муаррифӣ кунад. Дар сурате, ки ҳангоми пахши Ортиқов М. суръати мошин 110-120 км дар соат зиёд буд ва худи М. Тиллозода дар баёноташ ин далелро тасдиқ мекунад, суръати онро  44 километр дар соат  ва  писарбачаи кушташударо айбдор нишон доданд. Ва бо ҳамин роҳ Муҳаммад Кабирӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд.

Дар бораи  кӯмакҳои Кабирӣ ба хонаводаи Муҳсиддини ноком чанд рӯз пеш бо модараш - Ғафурова Фариза суҳбате доштем, ки мухтасараш ин аст:

         «Баъди ҷанозаи ҷигарбандам  (модари дилфигор худашро дошта наметавонад ва зор-гиря мекунад), аниқтараш дар рӯзи ҳафти писарам,  Кабирӣ ба хонаамон омад. Бо виқор вориди ҳавлӣ шуд ва тавре худро вонамуд мекард, ки гӯё ҳодисае нашудааст. Худам дар як гӯшаи хона будаму бо шавҳарам муддати чанд дақиқа гуфтугӯ намуданд. Як халта орд ва 30 килограмм биринҷ оварда буд. Ӯ баҳои умри писарамро ҳамин қадар нарх  карда буд. Ваъдаҳои зиёд доду рафт. Мусулмонии роҳбари ҳизби исломро ҳамин қадар дидам. Не, анқтараш баъди чанд сол дар хона нишаста будам, ки ҳамсояамон Саодат давида омад ва гуфт: «Телевизорро мон, ҳамоне ки писараш Муҳсиддинро кушт, дар борааш гап мезананд». Вақте мондам сухан дар бораи он мерафт, ки қотилони писарам яку ним миллион доллар ба дастаи одамкушон додаанд, ки аз нав Тоҷикистонро хуношом созанд. Аламам тоза шуд ва аз нав дар ёди писари ҷавонмаргам гиря кардам. Ҳамсоя тассалоям дод, ки «Дигар гиряю нола фақат бар саломатии худат зиён дораду халос. Онҳо парво надоранд. Бубин боз чӣ қадар бегуноҳро куштаанд».

Ҳангоми суҳбати мо бо Ғафурова Фариза боз чанд ҳамсояи дигар ҳамроҳ шуда буданд. Яке аз онҳо илова кард, ки «Ин одам (манзураш Кабирӣ) ба дараҷае пастигарӣ дорад, ки ҳатто дар ҷанозаи модараш, ки кампири Сочак ном дошт, аз Маскав наомад. Он вақт ӯ вакили мардумӣ буд. Дигарон ӯро гӯру чӯб намуданду ҷаноза хонданд. Аз нафаре, ки қадри модари ҳаётбахшидаашро надонист, ҷои озору гила чист? Худро ҳомии дину ойин мегираду аз мусулмонӣ фарсахҳо дур аст. Яку ним миллион доллар барои куштани тоҷикҳо дод, вале барои ба ҷанозаи модараш омадан чанд сомониро дареғ дошт. Худро мусулмон меномаду 4 зани беникоҳ дорад ва дар Аврупо бо онҳо кайфу сафо мекунад. Барои  чунин одам ҳаёти яку даҳ, саду ҳазорҳо Муҳсиддин  чӣ қадру манзалат дорад?

Аз суҳбат мегаштаму пеши худ фикр мекардам. Кӣ беҳтар аз зани деҳотӣ хислати ашхосеро чун Кабирӣ омиёна, вале ба ин дақиқӣ   ошкор мекунад? Ҳеҷ кас. 

Эҳсони Ёдгор