ВОКУНИШ
АҚЛИ СОЛИМ МАҒЛУБ НЕСТ ВА ИНСОНИ КОМИЛ ФИРЕФТА НАХОҲАД ШУД
- Подробности
- Опубликовано 08.06.2018 14:10
Замоне, ки мо ҳаёт ба сар дорем пур аз таззоду таҳавулот аст. Ҳар рӯзу ҳар соат дар ақсои олам зуҳуроти номатлуб ё дасисае сар мезанад, ки ҳушу хаёли мардум ба он нигаронда мешавад. Ва ба ин раванди зиндагӣ инсонҳо дар доираи ақлу фаҳмишу саводи худ баҳогузорӣ мекунанд. Сари хат бояд зикр намуд, ки танҳо ақли солим, малакаи хуби кору дониш, ба тарзи дигар саводи казоӣ доштан дар арсаи сиёсат ба ин падидаҳо баҳои сазовор дода метавонад. Дар акси ҳол чӣ ҷавон , чи марду зани рузгордидаву солхурда фирефта ба ин баҳсу мунозираҳои сиёсӣ ва дар доми гурӯҳи ҷоҳталабу мансабхоҳ дода мешавад. Вожаҳои экстремисту терорист ё тероризм солҳои охир чи дар расонаҳо ва чӣ дар миёни мардум зиёд корбаст мешавад.
Ҳатто нафарони ба умқи ин ду калима сарфаҳм нарафта ҳам бо ишораи даст ину онро бо ин дуи калимаи номатлуб доғдор мекунанд. Аммо бояд донист, ки зиёни экстремисту терорист ба мардуми тоҷик кам нарасида ва то ҳанӯз доғи он аз дилу дидаҳо нарафтааст. Экстремист онҳоеанд, ки амалҳои тундравона дошта ,афкору ақидаи номатлуби худро зуран сари мардум бор карданианд. Ва ин зурию дастдарозии онҳо бо амалҳои терористӣ, яъне миёни ом тарсу ваҳмро ҷорӣ кардану нақшаҳои номатлуби худро ба бор овардан аст.
Ҳадаф аз гуфтаҳои боло он аст, ки панҷсолаи охир ин зуҳуроти якравию худсарона дар кишвари азизи мо низ садҳо хонавода ва аҳолии осоиштаро ба коми худ фаро гирифтааст. Навад дар сади ин тоифа дар кишварҳои хориҷ аз ватан беватан, дур аз хешу ақрабо сари сангар нишастаанд. Онҳо сари сангар на танҳо камон дар китф, балки бо ана ҳамон ақидаҳои тундравона бар зидди кишвари азизи хеш аз минбарҳои хоҷагони хориҷӣ берую беибо ҳарф мезананд, то як кишвари ободу озоду осоиштаро боз ба коми нооромиҳо кашанд. Дар ҳамин сурат барои мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо ақлу идроки солим, муҳаббат ба ватани аҷдодӣ ва меҳри беандоза ба кишвари биҳишосо зарур аст, то ба доми ватангумкардаҳо наафтанд. Зеро мо шаҳди ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомониии солҳои навадумро дидаем ва доғи он то дер гоҳ аз хотирҳо намеравад. Пас, ин рӯзу соатро бо ҳама ваҳшонияту қатлу ғорат, ки гуруҳи ба ном муҷоҳидин ба сари мардум оварда буданд, бояд ба насли ҷавон расонд, то дубора ба гирдоби ғаму андуҳ мондани модарон аз рӯи қавоини ислом ҳам нест. Имрӯз шукр, ки дар Тоҷикистон ҳаво софу беғубор аст, ба қадри ин неъмат бояд расид ва ин фазои солимро бояд ҳифз намуд. Тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ саропо ба навсозию ободгароӣ баргаштаанд, ҳазорҳо ҷои кор дар минтақаҳо ва сохтмонҳои азим, аз қабили НБО- Роғун ва иншоотҳои коммуникатсионию манзилҳо дар ихтиёри қорҷуён, хосатан ҷавонон қарор дорад.
Метавон ҳам дар кишвар ва ҳам дар хориҷ бемамониат ба кору таҳсил фарогир бошем. Пас, чаро ва ба кадом мақсад ба ақидаҳои тундравӣ , ки мояи нигаронии роҳбарияти кишвар ва ҳам мардуми шарифи Тоҷикистон шудааст, дода шавем. Як нуктаро ҳеҷ гоҳ бояд фаромуш накард, ки дар ҳама давру замон, дар ҳама вақту соат ва даст задан ба амале аз ақли солим бояд кор гирифт. Танҳо ҳамин ақли солим ва фикру андешаи солим моро аз вартаи ҳалокат раҳо хоҳад кард. Ақли солим аз инсони комил будани мо дарак медиҳад ва инсони комил ҳеҷ гоҳ фирефтаи молу сарват ва афкору ғарази бегонаҳо нахоҳад шуд.
Р.НАВДИЛ.