ВОКУНИШ
ШУКРГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ БОШЕМ
- Подробности
- Опубликовано 29.05.2018 16:06
Шукронаи Худованди бузург, ки имрӯзҳо моҳи мубораки Рамазон идома дораду мо муслимини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи онро озодона иҷро намуда истодаем. Тавре маълум аст ин моҳи шариф давраи имтиҳони нафсу ҷисми инсонӣ буда, одамонро ба парҳезкорию боинсофӣ, футуввату саховатмандӣ, сабру таҳаммул, эҳтирому қадршиносӣ водор менамояд.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бо муносибати фарорасии моҳ,и шарифи Рамазон (12.05.2018), ки хушбахтона банда низ иштирокчии ин мулоқот буд, моҳи Рамазони имсоларо барои мардуми кишварамон боз ҳам бобаракаттару гиромитар гардонд. Маърифату андешаи ҳамагонро оиди мақому мартабаи ин моҳи шарифи Худованд, караму фазилатҳои он аз қабили хайру саховат, баракат ободкорӣҷалб намуд. Аз ин рӯ, ҳар як нуқтаву таъкидҳои ин суханронӣ роҳнамои имрӯзу фардои ҳамаи сокинони кишварамон, аз чумла мо, тақводорон мебошад.
Мо аз он ифтихору мамнуният менамоем, ки дар ватани ободу осоишта, орому пурфайз бо роҳбарии чунин шахси хирадманд рӯз аз рӯз шуҳратёр шуда истодааст, зиндагӣ карда, имкон дорем бе ягон мушкилӣ тамоми фаризаҳои дар ин моҳи шариф ва аҳкоми барои пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ муайяншударо иҷро намоем. Фаромӯш набояд кунем, чунин шароитро мусулмонони дигар давлатҳо кам дар кам доранд. Ҳар рӯз аз расонаҳои хабарӣ мебинему мешунавем, ки муслимини давлатҳои олам дар чӣ шароит зиндагӣ доранду чӣ хел хуни бегуноҳи онҳо рехта шуда истодааст. Гурӯснагию қашшоқӣ, норасоии оддитарин шароити зист, ҳифзи саломатӣ дар аксар давлатҳои мусулмонӣҳукумрон аст.
Суханронии Сарвари давлатамон моро водор месозад, ки аз ин ҳама нобасомониву проблемаҳои ҷаҳони имрӯз сабақу пандҳои ибратомӯз гирему аз хурд то калон, аз мансабдор то оддитарин кас шукронаи амонию осоиштагӣ карда, ба корҳои ободкорию пояндагии кишварамон мусоидату ҳамкорӣ намоем. Исрофкорию намоишкорӣ, зиёдаравию, гурӯҳбозию тафриқаандозиро барҳам зада, бештар аз пайи таълиму тарбия, соҳибмаърифату ботадбир намудани фарзандон бошем. Маънавиёти ҷавонону наврасонро бо дӯстию рафоқат, эҳтироми калонсолон, ҳуввияти миллӣ, раҳму шавқат, саховатмандӣ, мардонагӣ, ободкорӣ ва ватандустӣ пур намоем. Дасти мададу кумак, хайру саховат ба ятимону бепарасторон ва дардмандону камбизоатон дароз кунем. Чунин амалҳои шоиставу гиромиро пайваставу ҳамешагӣ амалӣ намоем.
Дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар суханрониашон таъкид доштанд: "…ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо дар як моҳи Рамазон маҳдуд нашуда, дар ҳаёти мо бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад. Зеро караму раҳмати Худованд беҳаду ҳамарӯз аст ва муъмин бояд аз он пайваста ғизо гирад", роҳнамои ҳаррӯзаи хеш қарор дода, дар атрофи роҳбарияти давлату ҳукуматамон боз ҳам зичтару қавитар истода, аз сиёсати созандаи пешгирифтаи Пешвои миллатамон пуштибонӣ намоем.
Ҷиёншоҳ НАЗАРОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Домуллошоҳи Ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод.