ВОКУНИШ
ҲНИТ - ДОМИ ФИРЕБИ МАРДУМ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 09:24
Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷаҳони ислом таърихи тӯлонӣ надорад ва ҳамагӣ як аср аст, ки ҳамчун омили низоъҳои дохили мусулмонон аз ҷониби хоҷагони берунӣ дастгирӣ мешавад. Вале асоси онро бо давраи ибтидои ислом пайванд карда онро мазмуни динӣ медиҳанд. Аммо калимаи ҳизб дар забони арабӣ ҳанӯз пеш аз ислом вуҷуд доштааст ва дар Қуръон ҳамчун истилоҳ ба маънии гурӯҳи мушаххас ва созмонёфта бо ҳадафҳо ба кор рафтааст. Дар ибтидои ислом гурӯҳи мухолифони Паёмбар ба мубориза хестанд ва ба Мадина ҳуҷум карданд. Баъд аз ин ҳодиса чунин гурӯҳҳои созмонёфтаро, ки мақсади муайян доштанд ва барои он мубориза мебурданд, лашкар ё аҳзоб ном гирифтанд. Чуноне ки маълум аст, дар Қуръон бо ҳамин ном зикри ин воқеа омадааст. Бинобар ин пайванд кардани ҳизб бо дин бофтаи сиёсӣ аст, на динӣ. Зеро дар Қуръон баёни муфассали мафҳуми «ҳизбуллоҳ» ҳамчун муъминон ва бандагони солеҳ ва вафодори Худо ва баръакс мункирон ва кофирон ва мулҳидони Худо-«ҳизбушшайтон» зикр шудааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки он далелҳои бардурӯғе, ки пайравони ҲНИТ барои раҳгум кардани мардум меоварданд, ҳамааш доми фитна асту халос. Ин ҳама бори дигар собит мекунад, ки онҳое аъзои ҲНИТ буданд, мухолифи ҳақиқати таълимоти Қуръон буданд ва ошкоро таълимоти динро барои манфиатҳои ҳизбии худ истифода мебурданд. Ин дар ҳолест, ки онҳо дар тамоми суҳбату вохӯриҳояшон аз номи дини ислом ҳарф мезаданд. Ба маврид аст агар мо барои хонандагони гиромӣ далели роҳбарияти ҲНИТ-ро зикр кунем, ки то мардум донанд, ки ин ҳарфҳо аз ҳақиқат холианд. Ҳанӯз дар солҳои 1990-2000 марҳум сарвари ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо зикри ин оят таъсиси ҳизби мазкурро асоснок карда буд: «Бигзор аз байни шумо гурӯҳе бошад, ки мардумро ба накукорӣ даъват намуда, миёни онҳо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар анҷом бидиҳанд ва ин гурӯҳ растагоронанд». (Қуръон, Оли Имрон, ояти 104). Чуноне ки аз тафсири уламои мазҳаби ҳанафӣ маълум аст, ин оят ишора ба гурӯҳи уламо ва умуман ба ашхоси соҳибмаърифат ва рӯҳониёни асили ислом аст. Яъне, ба саҳобагон, ки таълимоти Паёмбарро ба мардум мерасонданд, дахл дорад. Ва таълимоти онҳо мазмуну моҳияти ҳикматомезу ахлоқӣ дошта, аз андешаҳои сиёсӣ ва низоъангезӣ орист. Бо пайдо шудани чунин ҳизбҳои сиёсӣ таълимоти динӣ тағйир дода шуда, таълимоти динӣ хусусияти сиёсӣ касб кард ва ин раванд то ҳол идома дорад.
Агар имрӯз ба ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ нигарем, мебинем, ки чандин гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ бо дастгирии ин ё он кишварҳои манфиатдор таъсис дода шудаанд. Вале то ҳол ягон ҳизби сиёсии динӣ ба манфиати мусулмонон кор накардааст. Аксарияти онҳо бо дастгирии молиявӣ ва барномаҳои хоҷагони бегона кор мекунанд. Аз ҷумла, ҲНИТ ҳам мисли ҳамин ҳизбҳои зархаридон буд.
Бинобар ин, мо имрӯз бояд ба афсонаҳои бофтаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо дода нашуда, дар таҳкими давлати миллӣ саҳмгузор бошем. Тарғиби чунин андешаҳои ифротӣ дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонони кишвар таъсири манфӣ расонда, мероси миллиро беарзиш мекунанд ва табиист, ки дар ин раванд бегонашавии мардум ба арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон зиёд мегардад.
Имрӯз бояд ҳар як фарди солимфикр дарк кунад, ки чунин ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрате, ки дар ин кишварҳо манфиатҳои зиёд доранд, бо мақсади нигоҳ доштани як манбаи низоъ дар олами ислом ташкил дода шудаанд ва онҳоро ҳамон хоҷагони бурунмарзӣ дифоъ менамоянд.