ВОКУНИШ
ТЕРРОРИСТ ДӮЗАХИСТ
- Подробности
- Опубликовано 14.07.2017 16:30
Рӯ овардан ё пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ мушкилоте мебошад, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Вақтҳои охир дастаҳои таблиғотии ин гурӯҳҳо фаъол гардида, ҷонибдорони худро барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ даъват менамоянд. Баъзе ҷавонони гумроҳу фиребхӯрдаи кишварамон тавассути қаламрави кишварҳои дигар ба гурӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ” ҷалб мешавад.
Ифротгароӣ аз замонҳои қадим то имрӯз барои ҷомеа ва кишварҳои пешрафтаю босубот хатари ҷиддӣ ҳисоб мешавад. Гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ бештар ба гумроҳсозии динӣ такя мекунанд.
Дини ислом дар замони зиндагии Пайғамбар (с) як дини дорои низоми ягона буд. Тамоми масъалаҳои ҳалталаб аз ҷониби Пайғамбар (с) ҳаллу фасл карда мешуд. Даъват ба амали хайру савоб, бародарию баробарӣ, адолату инсоф, итоат ба неруи ягона, ба дини ахлоқӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва ҳатто ба ваҳдати сиёсӣ мусоидат намуд.
Ислом дар асл аз ибтидо дини сиёсӣ набуд. Раванди бунёди давлатҳо, муборизаҳо оиди муҳофизати манфиатҳо дар заминаи сохтори вайроншудаи қавми араб ба он ҷомаи сиёсӣ пӯшонд.
Аввалин ихтилофе, ки пас аз вафоти Пайғамбар (с) пайдо шуд, рӯ ба сиёсишавии исломро тавсия дод. Пас аз марги Пайғамбар (с) боқӣ равия, фирқаҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ва то ҳол таъсири онҳо дар ислом монд. Асоситарин тафриқа дар ислом ба масъалаи сиёсӣ иртибот дошта, вобаста ба халифати пайғамбар дар давлатдории араб ба вуҷуд омадааст. Дар ин баҳс аз мероси пайғамбар не, балки аз ваколат ва мақоми пешвоӣ мерафт, ки баъдан дар даврони интиҳои хилофати рошиддин моҳияти дунявӣ ва сиёсиро касб кард. Равияҳои асосии он аҳли суннат ва ҷамоат, шиа ва хавориҷ ба вуҷуд омада ба ин муборизаҳои сиёсӣ, неруи манфӣ бахшиданд. Ислом дар таърихи худ ба ғайр аз равияҳо боз чандин мазҳабу шохаҳоро ба вуҷуд овардааст. Ба фирқаю мазҳабҳо ҷудо гардидани исломро Пайғамбар (с) пешгӯӣ кардааст. Дар ҳадисе омадааст: “Яҳудиён ба 71 гурӯҳ, масеҳиён ба 72 гурӯҳ тақсим шудаанд ва уммати ман ба 73 гурӯҳ тақсим мешаванд, ки аз он 72 гурӯҳи гумроҳ дар гетӣ бо ҳоли табоҳ, бад-он сарои дохили дӯзах хоҳанд шуд ва танҳо як гурӯҳи растагор наҷот меёбад ва ба ҷаннат дохил мешавад”.
Баъзе фирқаю мазҳабҳои исломӣ дар як давраи муайяни таърихӣ ба миён омада, дар як муддати муайян фаъолият карда, баъдан нопадид шуданд. Таълимоти баъзеи дигарашон зиёда аз ҳазор сол сайқал ёфта, гурӯҳи зиёди мусулмононро ба коми худ кашиданд. Ин амалҳои террористие, ки аз номи Ислом ҳамарӯза мебинему мешунавем, ба ислом робита надорад. Дини ислом дини сулҳу суббот, амну амал буда, рисолати он ислоҳи ҷомеъа ва нафъу салоҳи он дар дунё ва охират аст. Аз ин ҷиҳат ҷон, ақл, обрӯ, насаб, дин ва молро муқаддасот шуморида, барои онҳое ки дар ин муқаддасот таҳдид мекунад, ҷазои қатъӣ муайян кардааст.
Раванди хатарноки гароиши наврасону ҷавонон, ҳатто духтарону занон дар маркази таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдори кишвар қарор дорад ва дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешида шудаанд.Гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хавфнок танҳо вазифаи сохтору мақомотҳои давлатӣ нест, балки қарзи ҳар як фарди солимфикр, ватандӯсту ватанхоҳ, падару модарон ва аҳли зиё, ҷавонони устувор низ бояд бошад.Ватанро дӯст доштан, ба қадри сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ истиқлолияти давлатӣ расидан арзишҳое мебошад, ки мардум онро чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ доранд.
Шарофиддин ВОҲИДОВ.