ВОКУНИШ
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ- ВАБОИ АСР
- Подробности
- Опубликовано 12.09.2017 10:58
Инсоният дар оғози қарни навин ба марҳилаи ҷаҳонишавӣ, ки омили муҳими баҳамназдикшавии кишварҳо ва халқҳои сайёра, рушди илму техника ва технологияҳои муосир мебошад, ворид гардидааст.
Дар баробари ин, равандҳои навин ба пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ, кӯч бастани садҳо ҳазор шаҳрвандони давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни олам мусоидат намудааст.
Ин тамоилҳои манфӣ, аз ҷумла бӯҳрони чаҳонии молиявӣ ва болоравии сатҳи экстремизми сиёсӣ ва динӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд.
Дар дохили кишвар низ баъзан чунин гурӯҳҳои ба халалдор сохтани зиндагии орому осудаи сокинони кишвар манфиатдор ошкор шудаву безарар гардонида мешаванд.
Ҳодисаи рӯзҳои 4-16 сентябри соли 2015 аз ҷониби хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик даст задан ба амалҳои террористӣ ва халалдор намудани оромии кишвар тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд.
Кирдори нангини хоинона аз ҷониби ин гурӯҳи террористӣ тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ шуда, хушбахтона ин мақсади нопоки хиёнаткоронаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон бо шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи мазкур ба Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон муносибати бевосита дошта, ҳама амалҳои он аз ҷониби роҳбарияти ҳизби мазкур тарҳрезӣ ва роҳбарӣ карда мешуд.
Солҳои охир аъзоёни он даст ба қонунвайронкуниҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои террористиву экстремистидошта содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адоват барангехтаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд.
Аз ҷумла танҳо дар зарфи 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, 17 нафар аз онҳо бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Ҳамин аст, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлату давлатдории миллӣ аз ҳар як фарди огоҳу бедордили ҷомеа ва тамоми афроди бонангу номуси миллат тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошанд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад карданд.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръони Маҷид бо забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп карда шуда, дастраси шаҳрвандон гаштааст. Имрӯз, дар тамоми хонаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ китоби Қуръони Маҷидро дарёфт кардан мумкин аст.
Инчунин, дар давраи истиқлолияти ҷумҳурӣ зиёда аз даҳ баробар зиёд шудани микдори намозхонҳо, садҳо маротиба афзудани миқдори ҳоҷиён, фароҳам овардани шароит барои бе ягон мамоният адо намудани ҳама фароизи динӣ дар кишвар нишони эҳтиром ва арҷ гузоштани роҳбари кишвар ба арзишҳои муқаддаси динӣ мебошанд.
Тавре ки маълум аст, мақсадҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёт, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Бо вуҷуди мавҷудияти душвориҳо, бахусус буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, мухолифиатҳои геополитикӣ, мушкилии таъсиси миқдори зарурии ҷойҳои корӣ ва ғайра, мо барои амалӣ намудани ин мақсадҳо имконияту шароити мусоид, аз ҷумла захираҳои азими энергетикӣ, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қимматбаҳо, заминҳои кишт ва ҳамзамон неруи баланди ақлонӣ ва таҷрибаи таърихӣ дорем.
Аз ин хотир боварии комил дорем, ки мо ба ин ҳадафҳои бузургу созандаи худ комёб хоҳем шуд.
Исмоилзода У.С., и.в. прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.