ВОКУНИШ
ХАТОҲО КАЙ ИСЛОҲ МЕШАВАНД?
- Подробности
- Опубликовано 23.10.2015 10:25
"Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст". Эмомалӣ Раҳмон.
Албатта, забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин аслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихори наслҳои минбаъда мегардад. Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ маншаъ мегирад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шурӯъ шавад, баъдан дар муассисаҳои таълимии миёна ва идораву корхонаҳо.
Шоири ширинкалом Лоиқ гуфтааст, ки;
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Воқеан ҳам бадбахтист, ки инсон аз асолати хеш дур гардаду забони модариашро фаромӯш созад.
Дар арафаи иди забони давлатӣ мо ба лавҳаву овезаҳои шаҳраки Файзобод таваҷҷуҳ намудем, зеро маркази ноҳия муаррифгари симои ноҳия ба ояндагон аст.
Шумо дар роҳи марказии шаҳраки ноҳия қадам зада ба ду ҷониб назар дӯзед, хатову ғалатҳои забониро мебинад, ки ин таҳқири забони давлатӣ аст. Шиору овезаҳои фарсудаву офтобхӯрда пурғалатанд. Аксари ин шиору овезаҳо назди дӯкону марказҳои савдои хусусист. Шахсони масъул мегӯянд, ки борҳо соҳибони марказҳои савдои ду тарафи роҳи марказиро барои иваз намудани шиору овеза ва эълону рекламаҳояшон таъкид кардаанд. Ҳар даъфа як ҷавоб-«хуб ака, иваз мекунем»-мешунаванд. Мутаассифона, то ба имрӯз чизе иваз нагаштаву ҳарфе ислоҳ нашудааст. Аз ин бармеояд, ки парвои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро надорем. Охир, забони модарӣ ҷузъе аз муқаддасоти миллист. Бояд донем: бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбониву пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.
Р.СОБИР, «НФ».