Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲАФТ ЧАШМА КУҶО РАВОН АСТ? - БОНГИ ИЗТИРОБ АЗ НОРАСОИИ ОБ

ҲАФТ ЧАШМА КУҶО РАВОН АСТ? - БОНГИ ИЗТИРОБ АЗ НОРАСОИИ ОБСокинони шаҳраки Файзобод тантанаи шодмонии тирамоҳи соли 2003-юмро аз хотир набаровардаанд. Ин тантана рӯзи чоршанбеи 20 ноябр ба воқеаи муҳимтарини диёр, ба маркази ноҳия омадани оби мавзеи Ҳафтчашма бахшида шуда буд. Вобаста ба ин воқеа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамоҳангсози Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, Вазири маорифи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Раҷабов (рӯҳаш шод бод), Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Рафиқа Мӯсоева, намояндагони як қатор ташкилоту муассисаҳои кишвар ба Файзобод омада, таъминоти оби нӯшиданиро ба сокинони шаҳрак муборакбод гуфтанд.

Подробнее...

НОМИ КАЛОНУ ДЕВОРҲОИ УРЁН!

НОМИ КАЛОНУ ДЕВОРҲОИ УРЁН!Бинои сеқабатаи собиқ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  воқеан ҳам  бо намуди берунии  худ замоне яке аз биноҳои зебои шаҳраки Файзобод ба ҳисоб мерафт.   Имрӯз дар ин бино бисёр бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи ноҳия  фаъолият доранд.  Яъне зиёиёни пешқадам сари вазифаанду  дар таблиғи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои худ сарикоранд. Зеро ҳамарӯза садҳо корафтодаҳо бо умед вориди  ин бино мешаванд.  Аммо аз қадами нахустин  боварии эшон  нахоҳад омад, ки ба идораи давлатӣ ворид шудаанд.

Подробнее...

ЯККАБЕД, РӮЗИ ҶУМЪАИ 3 АПРЕЛ

Дар Яккабеди Файзобод баҳор ҳукмравоӣ дошт. Гулу гиёҳ руста, дарахту буттаҳо ҳама дар нашъунамо. Субҳи офтобии деҳа дару бомҳо мекӯфт. Офтоб бо вуҷуди нурафшонӣ чеҳраи мотамзада дошт. Саҳари 3-юми апрел, рӯзи ҷумъа соатҳои тахминан 9-10-и рӯз деҳаро садои ғул-ғуладори номусу нанги ҷавонмардон фаро гирифт. Онҳо ҳамдигарро овоз медоданд, ки барои таъмири қубурҳои оби нӯшокӣ ба саргаҳи об мераванд. Гулу гиёҳи лабташна, кӯдаку пири деҳа аз ин амали нек хурсандиву шодӣ мекарданд.

Подробнее...

НАРХИ ДОРУ ОСМОНИСТ…

Теъдоди дорухонаҳо дар ҳудуди ноҳия рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аммо  нарху навои доруворӣ гарон аст. Нарх дар   дорухонаҳо  аз якдигараш фарқ мекунад. Барои мисол, агар дар дорухонаҳои ҶДММ «Сорбон» як малҳами «Бол-нол» 8 сомонӣ, «Синепар» 8 сомонӣ   нарх дошта бошад, дар дигар дорухонаҳои маркази ноҳия, ин дорувориҳо аз 12 сомонӣ болотар аст.

Подробнее...

СУБҲИ ТИРАИ ЯККАБЕД Ё АФСОНАИ НОТАМОМИ ЗИНДАГӢ

СУБҲИ ТИРАИ ЯККАБЕД Ё  АФСОНАИ НОТАМОМИ ЗИНДАГӢСӯзиши қалб

Чанд субҳ аст, ки деҳаи Яккабед ба назарҳо тира менамояд. Не, ин дашти паҳно хомӯш ҳам нест. Саҳаргоҳонаш, ки басо тозаву озода ва ҳавои форам дошт, кунун бӯйи ғаму дарду марг мекунад. Пиру барно чанд рӯз аст, ки ҳазин нафас мегиранд. Ғубори ашк дар чашмонашон ва дарду ҳасрат дар қалбҳошон бараъло ҳувайдост. Инак, боз субҳи тоза дамид, субҳи тираи Яккабед. Ҷои шир-шири ҷӯйҳои равону   чир-чири мурғакони нағмахонро ин пагоҳ хам садои гиряи модарону наварӯсон, оҳу фиғони хоҳарону бародарон иваз намуд.

Подробнее...