Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ЯККАБЕД, РӮЗИ ҶУМЪАИ 3 АПРЕЛ

Дар Яккабеди Файзобод баҳор ҳукмравоӣ дошт. Гулу гиёҳ руста, дарахту буттаҳо ҳама дар нашъунамо. Субҳи офтобии деҳа дару бомҳо мекӯфт. Офтоб бо вуҷуди нурафшонӣ чеҳраи мотамзада дошт. Саҳари 3-юми апрел, рӯзи ҷумъа соатҳои тахминан 9-10-и рӯз деҳаро садои ғул-ғуладори номусу нанги ҷавонмардон фаро гирифт. Онҳо ҳамдигарро овоз медоданд, ки барои таъмири қубурҳои оби нӯшокӣ ба саргаҳи об мераванд. Гулу гиёҳи лабташна, кӯдаку пири деҳа аз ин амали нек хурсандиву шодӣ мекарданд.
Вале…


Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл,
Мо аз пайи ободиву фалак вайронкор.


Садҳо дареғ, ки хурсандӣ дер напоид, ҷойи хандаро нола, ҷойи умедро ноумедӣ, ҷойи зиндагиро марг иваз кард. Рӯзи ҷумъа фоли нек асту марги қурбоншудагон, шаҳидони пок низ, гӯё аз ин ҳодисаи фалокатовар огоҳӣ доштанд, имон дар лабонашон, калимаи шаҳодатро зери лаб мехонданду омади ҳодисаро интизорӣ доштанд. Шодмони 25-сола  ҳазломез аз Худойбердии шӯхтабъ суол кард, ки ӯро Муллороҳат лақаб додаанду чаро хафа намешавад?
Дар ҷавоб бо шӯхиҳои ирсиаш мегӯяд: ҷавониам миёни хандаю бепарвоию роҳат гузашт. Акнун Муллороҳат нею ҳоҷӣ Худойбердӣ гӯед, ки нияти ҳаҷ кардан дорам, - гӯё аз ҳоҷии якумра шудани худ бохабар буд.
Соатҳо аз байн гузаштанд. Даҳшате, Яккабедро фаро гирифт. Мардуми сарсон аз хона баромада сӯйи теппаи Ханҷарӣ, ба саргаҳи оби нӯшокӣ ҷое, ки ҷавонмардон белу каланд мезаданд, медавиданд. Хабари даҳшатангез дару бомҳоро мезад, ки теппаи Ханҷарӣ бар сари ҷавонон афтодааст. Фиғону «вой»-ю «дод»-и мардум ба фалак печид. Аз мавзее, ки пеш аз дақиқаҳо овози тақ-тақи белу болғаю анбӯру сим бо овози шӯхӣ ба гӯш мерасид, садое шунида намешуд ҷуз чангу хок ва нолаи ҳазин. Он мазраъ гӯё таронаи мотамро дар зери лаб мехонд.
Куҷо шудед? Ҷасорату ҷавонмардиатонро дар як мижа задан наҳанг ба комаш фурӯ бурд! Ҷаҳли ифрит аз ин матонат чунон боло шуд, ки ба ҷавонию муҷаррадии Далерҷон, Саидбек, Мақсуди навшукуфта раҳме накард? Ё садои тешаи Исломиддин, Мақсад, Наимҷону Шодмон ба қалби аз хашм решшудааш асар кард?! Наход дустрӯякони онҳоро ба ёд наовард
Не, не, зарофату шӯхтабъии падари Ходойбердии аз дидори рӯйи фарзандон сернашуда ба торҳои асабаш чанг задааст. Наход ба Маҳмадҷони 28 - солаи  дар орзӯи фарзанд раҳм накард?. Ё ҷилваи хушхироми шаҳи 3-моҳа Фахриддини 29- сола оташи рашкашро баланд кард? Нӯги ин риштаи мусибатро меҷӯем. Калобаи қалбҳо бе аввалу охир аст…
Сад ҳайф, гулеро аз боғи мурод начида рафтанд, кӯҳи муродашон акнун кӯҳи номуродӣ, ҷойи ҷӯшу хурӯши мардиашонро сукути абадӣ иваз кард. Кӣ вопасинсухани шумоёнро шунид, дар кӯйи нокомӣ давиданҳо, роҳи амон ҷустану илоҷкобӣ, зарбаи хораҳоро бар сару бадани шумоён, кӣ диду шунид?!
Рӯзҳои сангин паси сар шуданду обе, ки дар ҷустуҷӯяш шаҳид шудед, як-як аз ҷасадҳои шумо пайк фиристод, бо пусти даридаю сарҳои кафида, тани сиёҳу кабуд ва сурху сафед. «Гулу гиёҳ, сарву санавбар лабташна монду теппа дар хоби гарону қиссаи сарсупурдагон нотамом».
Эй ҷонсупурдагони кори хайр, шумо аз баҳори гулрез баҳрае набурдед. Аммо ором бихобед, ки мо тамоми гулҳои Яккабедро барои шумо ба дасти нозуки арӯсонатон ва модарони бузургу меҳрубон то ҳастем, тақдим хоҳем кард…

 

Даҳ нафари бародар,
Яъне акаву додар.
Ҳар яке белҳо ба даст,
Баромада ба сафар.
Бо чақ-чақ хандон, хандон,
Чун гулҳои шукуфон.
Ниятҳошон, ки пок буд,
Ободии диёр буд.
Гуфтанд об биёрем,
Файзу сафо биёрем.
Ба хотири рӯзи сахт,
Анбуру асбоб ба даст.
Дар даҳони аждармор,
Кор мекарданд ба як шаст.
Ғулғула дар куҳ фитод,
Теппа ба саршон афтод.
Ин шумхабар ҳамчу бод,
Деҳаро овард ба дод.
Деҳа ба ҷунбиш омад,
Халқ ба теппа баромад.
Теппа шуд мотамкада,
Нола аз ҳар сӯ омад.
Аз оби шӯхи ин деҳ,
Он рӯз хуну гил омад.
Сӯзиш ба ҳар дил омад,
Ба сабзаю гил омад.
Яқин донам азизон,
Аз хуни ин шаҳидон,
Дар дараи Яккабед,
Рӯяд сабзаи яксон--
Рангаш сурху ҷигарист,
Ё гулобӣ, осмонист.
Чи ранге, ки набошад,
Аз дилҳои ормонист.

Саидҷаъфар ОДИНАЕВ,
Сироҷиддин РАҶАБОВ,
Амриддин ГУЛОВ.