Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ЯККАБЕД МОТАМ ДОШТ

ГУЗОРИШ АЗ МАҲАЛИ ВОҚЕА

ЯККАБЕД МОТАМ ДОШТРӮЗИ  АВВАЛ
Деҳаи Яккабед дар баландӣ  ҷойгир будаву бо табиати зебову афсункори худ  ва мардуми сарбаланду меҳнатқаринаш на танҳо дар Файзобод, балки дар саросари кишвар номовар аст. Имрӯз дар ин деҳа 149 хоҷагӣ, ки беш аз 1000 аҳолӣ дорад, зиндагӣ мекунанд. Шуғли асосии  мардуми деҳа  асосан кишоварзию чорводорӣ ва боғдорӣ, хусусан токпарварист. Ангури хуштаъми  Яккабед дар ҳамаи минтақаҳо маълуму  машҳур аст.


Он рӯзи фоҷиа, 3 апрел низ ҳар кадоме аз сокинони деҳа пайи ташвишҳои рӯзгори  худ овора буданд. Боронҳои пай дар пайи  чанд рӯзи охир хати оби нӯшокии сокинони деҳаро канда буд. Хати оби нӯшокии деҳа аз дурии 3-4 киллометр, аз чашмаҳои кӯҳӣ чанд даҳсола пештар оварда шудааст.    Обу ободӣ гуфтаанд. Аз ин хотир     чанд нафар ҷавонони   деҳа ихтиёрӣ  барои пайваст кардани  хати об иқдом гирифтанд.
Бо ғайрату бозуи дучанду нерӯи ҷавонӣ ҳамаи онҳо эҳсос мекарданд, ки баҳри анҷоми кори хайру савоб рафта истодаанд.
Аз   ин рӯ ҳар кадоме мекўшид беист пайи анҷоми ин кори нек бошанд.
Баъди чанд соате кор ба охир расид. Ду нафар ба сароб барои  кушодани қубури  об рафтанд. Дигарон то омадани онҳо   фурсате пайи  истироҳат шуданд.
Аммо касе бехабар аз он ки  лаҳзаҳои охирини  умри хешро баҳри кори нек, баҳри кори савоб сарф кардаанду бори охир аз ҳавои  деҳ нафас гирифтаву аз тамошои талу теппаҳои сабзпӯш ҳаловат мебаранд. Ва бехабар аз сарнавишти тақдир. Соат ба 13-10 майл дошт. Ба ягон- ягон ҷар шудани сангу кулӯх чандон аҳамият намедоданд. Бо омадани рафиқонашон тараддуди бозгашт ба деҳаро карданд. Аммо….
 Дар як чашмакзанӣ хоктеппаи азим аз болои сарашон канда шуд. Тӯдаи хок чун селоб  ба поён даҳшатбор ҳаракат мекард. Ҳамаи чизе ки дар пеши худ  дармеёфт,  ба комаш мекашид. Танҳо   Рустам  аз ин  садои даҳшатангез ба қафо нигарист, ки ҳамаи рафиқонаш дар оғӯши ин хоктӯда ноаён шуда истодаанд. Тарс  тамоми вуҷудашро фаро гирифт. Дигар чизеро ба ёд надорад…
Мегӯянд, ки хабари шум тез паҳн мешавад.
Хабари канда шудани теппа дар Яккабед ва зери хок мондани  даҳ нафар ҷавонони деҳа низ  дар як фурсати кӯтоҳ паҳн шуд.
Дар лаҳзаҳои аввал даҳҳо сокинони деҳа, пасон аз дигар деҳаҳо ба ҷойи ҳодиса мешитофтанд. Бо шунидани ин шумхабар аз лаҳзаҳои аввал бо супориши раиси ноҳия Имомназари Каримиён ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфту  техникаҳои ташкилотҳои ноҳия ва чанд мошини ёрии тиббӣ ва табибон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Бо сарварии раиси ноҳия гурӯҳҳои наҷотдиҳанда ташкил ёфт. Он лаҳзаҳо дидани  ин мусибат бисёр душвор буд, ба қавле, касе ҷойи нишаст намеёфт. Нолаҳои зори  модарону пайвандони  ҳалокшудагон синаҳоро чок-чок мекард. Дар як муддати кӯтоҳ  ҳазорон ҳазор ҷавонон ба ҷойи ҳодиса омада, ба гурӯҳҳои наҷотдиҳанда мепайвастанд.
Пас аз соате аввалин  10 нафар наҷотдиҳанда аз Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи мазхкур, генерал майор Рустам Шоев ҳам дар ҷойи воқеа ҳозир шуданд.
Соати понздаҳу сӣ дақиқа  ҷасади  ду нафарро наҷотдиҳандагон аз зери хоку лой бароварданд. Ҷасади амакбачаҳо Маҳмаду Шодмон, ки яке 25 ва дуюмӣ 27 сола буданд, ба деҳа фиристонида шуд.
Соати шонздаҳу сӣ дақиқа бошад, сарбозони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса   омаданд.
Баъд аз расонаӣ шудани хабари дар зери ярч мондани даҳ сокини ноҳия Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон  бо раиси ноҳия   Имомназар Каримиён   телефонӣ суҳбат намуд. Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.
 Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон, ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса изҳори тасаллият намуда,  ба ӯ дастур дод то  ба зарардидагон кӯмакҳои фаврӣ расонанд.
Ҳамчунин бо супориши  Президенти мамлакат   Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кӯмаку ёрӣ ба зарардиагон бо роҳбарии  муовини нахуствазир Азим Иброҳим комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфта, ба ҷойи ҳодиса омаданд. Ҳамчунин дар ҳайати ин комиссия Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ва дигар роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор шомил буданд.
Мардум дар ин лаҳзаҳои душвор аз ин таваҷҷуҳ ва дастгириву ғамхориҳои падаронаи  Сарвари давлат бениҳоят миннатдор шуданд.
Кофтукови ҷасадҳо то соати бисти  рӯзи 3 апрел идома ёфт.

РӮЗИ ДУЮМ
Субҳи барвақти 4 апрел қатори мошинҳои сӯи деҳаи Яккабед мешитофтанд. Аз ҳамаи деҳаҳои  ноҳия ҷавонмардон барои наҷотдиҳӣ ба маҳали ҳодиса раҳсипор мешуданд. Ҳамчунин сокинони дигар ноҳияҳо  низ барои кӯмаку дастгирӣ ва  изҳори тасаллият ба деҳа меомаданд. Техникаҳо низ машғули тахт намудани роҳро доштанд. Шумораи барои  наҷотдиҳӣ омадагон аз ҳазорон зиёд буд. Ҳама бо умед машғули кор буданд, ки шояд дигар ҷасадҳоро низ дарёфт намоянд. Ба амалиёти наҷотдиҳӣ   муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Рустам Шоев назорат мекард.
Дар дохили деҳа бошад садои гиряи ҷонсӯзи мардумаш ба хотири фарзандони ҷавонмарги худ то ба фалак мепечид. Ҷанозаи  Маҳмаду Шодмон  дар саҳни  масҷиди деҳа баргузор шуд. Дар маросими ҷаноза муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Имомназар Каримиён, вакили Маҷлиси намояндагони  МО Хайрулло Асозода низ иштирок карда, изҳори тасалият намуданд.
Пас аз адои намози ҷаноза ҳозирин ба ҷойи ҳодиса омаданд. Дар ин ҷо воқеан ҳам баръало намоён буд, ки ҳозирин дарди мардуми  Яккабедро чун дарди худ қабул кардаанд. Ба қавли Саъдии бузургвор :


Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як  гавҳаранд.
Чу узве ба дард овард рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор. 


Дар ин ҷо кор нисбати дирӯза душвортар гардида буд. Хоктӯда монеи ҷоришавии об гардидаву болотар аз ҷойи ҳодиса  кӯли сунъие ба вуҷуд омада буд. Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда,мардум аввал роҳи обро кушоданду сипас ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар чанд ҷой ба кофтани ҷасадҳо машғул буданд. Ҳар каси инҷо омада ба қадри тавоноӣ кӯмак мекард. Чашм ба чеҳраҳои шинохтаи  фарзандони ноҳия, ки берун аз диёрамон машғули кору зиндагиянд ва бо  шунидани   хабари фоҷеа онҳоро   ба Яккабед овардааст, дида дӯхтаву эҳсос мекунем, ки  эшон аз чашм дур вале дар ҳар ҳолат ҳамнафаси моянд.  
Дасти хайру сахо дар инҷо хеле зиёд буд. Аксари онҳое, ки имкони кор кардан надоштанд, барои наҷодиҳандагон обу нону мевагӣ меоварданд. Болотар аз ҷойи ҳодиса барои ба ёрӣ омадаҳо   аз ҳисоби чанд саховатманд хӯрок мепӯхтанд. Яъне касе худро дар канор намегирифт. Мақсади ҳама як буд, то ҳарчи зудтар аз зери хок    ҷасадҳоро дарёбанд.
-Худо ин рӯзро ба сари душмани кас наорад, чӣ тавр метавонем дар хона шинем вақте фаҳмидем, ки ба сари сокинони  Яккабед чунин фоҷиа рух додааст, баробари дигар ҳамдеҳагонам ман ҳам  барои  наҷотдиҳӣ инҷо омадам,-оби чашмашро тоза намуда,  иброз дошт сокини деҳаи  Оби сангбур Мирзо Зайниддинов.
Усмон Сафаралиев аз деҳаи Ҷонварсӯз қатори дигар ҳамдеҳагонаш ба ҷойи ҳодиса омадааст,  дар суҳбат ба мо гуфт , ки : Гумон мекунам дарди мардуми Яккабед  дарди тамоми Файзобод аст. Бубинед, ки ҳамагон қарор надоранд. Ҳама мекӯшад пайи коре бошад, то дар   кофтукови ҷасадҳо  кореро ба анҷом расонад.  
Мо як гурӯҳ аз деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат саҳари барвақт ба Яккабед омадем. Ростӣ, шаб аз барномаҳои ахбори  радиову телевизор  дар бораи ин фоҷеа шунидему  хобамон набурд.  Аз сари субҳ  як гурӯҳ шудаву ҳаминҷо омадем. Чӣ коре бошад мекунем, то умедҳои пайвандони шаҳидон барои дарёфти  ҷасадҳои ҷигарбандонашон натиҷае диҳад, -гуфт Ғаюрбек Сангалиев.
Дар ҷойи воқеа ҳамаи масъулон, раисони ҷамоатҳо ҳузур доштаву омодаи  ба таври фаврӣ  ҳалли ҳамагуна мушкилотро менамуданд.
Раиси маҳаллаи деҳаи Яккабед  Аслам Ашӯров  таъкид дошт, ки  баъди ин воқеа сокинони деҳа дар ҳолати парешонӣ қарор доштанд ва маҳз  дастгирию мадади Президенти мамлакат, аъзоёни  комиссияи ҳукуматӣ, раиси ноҳия  ва дигар  масъулон ба дили мо умеду боварӣ бахшид.
Соат ба дувоздаҳ наздик мешуд. Ҳар лаҳза хатари аз нав канда шудани  хоктӯдаҳо аз эҳтимол дур набуд. Зеро ба масофаи қариб панҷсад метр  то ҷойи воқеа ҳарҷо - ҳарҷо лағжиши замин ва  ҷорӣ шудани об ба чашм намудор буд. Лаҳза ба лаҳза фаромадани хок дар макони воқеаъаро мутахассисони  Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ  пешгӯӣ доштанд.
Пас аз маросими ҷаноза аъзоёни комиссияи ҷумҳуриявӣ ва аҳли тақвои ноҳия аз деҳа ба ҷойи ҳодиса омаданд. Вазъияти баамаломадаро ба инобат гирифта, барои рух надодани   фоҷеаи дигар пас аз маслиҳат бо   хонаводаи қурбониён тасмим гирифта шуд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда қатъ гардида,  намози ҷанозаи ҳашт нафари   зери ярч   мондаро    дар ҷои ҳодиса бихонанд.   Ҳамчунин барои чанд муддат сарбозони кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҷо  мондаву дар ҳолати   пайдо шудани ҷасаде,  онро  ба хонаводаашон хоҳанд супурд.  Ҳамин тавр ҷустуҷӯ қатъ карда шуд.
Ҳайати комиссияи  ҳукуматӣ ва аҳли тақво бо гурўҳҳои наҷотдиҳанда ва мардуми ҷамъомада  болотар аз ҷойи ҳодиса мулоқот намуданд.
Сараввал хатиби масҷиди ҷомеъи  Чилчашма  Абдусабур Шарифов назди ҳозирин  баромад намуда, дар хусуси мартабаи  ин шаҳидон сухан гуфт. Таъкид дошт, ки онҳо барои иҷрои амали хайр, ки  садақаи ҷория ба ҳисоб меравад, яъне пайваст намудани хати оби нӯшокии мардум ҷони худро аз даст додаанд.
Имохатими масҷиди марказии ноҳия  Носирхуҷа Раҳимов низ ҳангоми баромади худ аз мартаби ин шаҳидон назди офаридгор ҳарф зад. Воқеан ҳам онҳо шафоаткунандаи худу пайвандонашон дар рӯзи қиёмат  ба ҳисоб мераванд. Чун имрӯз онҳо барои анҷом додани аъмоли нек, яъне бо об таъмин кардани  аҳолии деҳаашон шаҳид шудаанд. Ҳамчунин онҳоеро, ки рӯзи ҷумъа аз дунё гузаштаанд, ҷаноби Пайғамбар мефармояд: «Бандаи муъмине, ки  рӯзи ҷумъа аз дунё  мегузарад, ба таҳқиқ шаҳид аст». Дигар он ки  касе зери девор ва ё хок мемонад шаҳид аст.  Шахсоне, ки барои  анҷоми садақаи  ҷория, ки ҷони худро аз даст додаанд, номи гиромии эшон, ки худо раҳматашон кунад дар сафҳаҳои даҳр боқӣ хоҳад монд. Ва ҳар вақт ки касе аз он об менӯшанд, дар номаи аъмоли шаҳидон  арҷу савоб ворид мешавад. Аз худованд хоҳиш дорем касонеро, ки азизонашонро аз даст додаанд сабри ҷамил ато кунад, зеро Худованд ёри сабурон аст. Чи тавре мебинед, айни ҳол барои идомаи кофтукови ҷасадҳо хатари аз нав кучидани замин таҳдид намуда истодааст, аз ин хотир ҷанозаи ин шаҳидонро бо ризояити пайвандонашон дар якҷоягӣ мегузаронем ва   кофтуковро қатъ менамоем.
  Сипас раиси ноҳия Имомназар Каримиён назди ҳозирин, ки аз дуру наздик барои кӯмак ба мардуми  Яккабед омадаанд, изҳори миннатдорӣ намуд. Маҳз ҳамин муттаҳидию якдилӣ,   рӯзи сахту мусибат дар паҳлӯи якдигарӣ будан аз амалҳои неку ҷавонмардонаи гузаштагони  бо нангу ори моянд. Бори дигар аз номи сокинони  Яккабед ва Файзобод ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириву  тасаллияташ    дар лаҳзаҳои  душвор миннатдорӣ мекунем. Аз лаҳзаҳои аввал комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини   сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар масъулон дар паҳлӯи моянд, ки ба эшон  арзи сипос менамоем.  
Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ҳангоми суханронияш таъкид дошт, ки Сарвари давлат  ба ҳар кадом хонаводаи даҳ қурбонии ярч дар деҳаи Яккабед 10 ҳазор сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 100 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуда, масъулин вазифадор гардидаанд,  то мушкили оби сокинони ин деҳа  ҳал карда шавад.
Баъдан ҷанозаи ҳаштнафар шаҳидон  бо иштироки ҳазорон нафар  ҳозирин баргузор шуд. Баъди ҷаноза Қорӣ Носирхуҷа Раҳимов ба арвоҳи онҳо ояте аз Қуръони карим қироат намуд.

10 НАФАРЕ, КИ ЗЕРИ ЯРЧ МОНДААНД:
Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990
Умаров Маҳмад, соли тавалудаш 1987
Одинаев Худойбердӣ, соли таваллудаш 1963
Абдуллоев Исломиддин, соли тавалудаш 1989
Ҷалилов Саид, соли тавалудаш 1997
Кабиров Далер, соли тавалудаш 1998
Нуров Фахриддин, соли тавалудаш 1986
Толибов Мақсуд, соли тавалудаш 1996
Қурбонов Наим, соли тавалудаш 1979
Шодиев Мақсад, соли тавалудаш 1986.

ЧАНД САТРЕ ДАР АНҶОМ
Пас аз нисфирӯзӣ мо аз деҳаи Яккабед  роҳ пеш гирифтем сӯи маркази ноҳия. Бо вуҷуди қатъ гардидани корҳои кофтуковӣ дар ҷойи ҳодиса, дар деҳа садҳо нафар мардум ба хонаҳои шаҳидони фоҷиа барои изҳори тасаллият омадаанд. Чи илоҷ, ки аз хати кашидаи тақдир ҷойи гурез нест. Аксарияти шаҳидони дар  рӯйхат буда ҷавононанд. Садҳо умеду орзуҳо дар дил, аммо нақше барои  имрӯзу ояндаҳо гузошта. Ҷони хешро барои кори савобу нек қурбон намудаанд. Рӯзҳо мегузаранд, аммо номи неку амали ҷавонмардонаи ин даҳ нафар  барои ҳамагон ҷовидонӣ хоҳад монд.  

 
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он аст, ки номаш  ба накӯӣ бибаранд.

Тиллои  СОҲИБНАЗАР,
Низомиддини ШАМСИЁН.
«НФ».