ВОКУНИШ
НОМИ КАЛОНУ ДЕВОРҲОИ УРЁН!
- Подробности
- Опубликовано 23.06.2015 12:03
Бинои сеқабатаи собиқ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия воқеан ҳам бо намуди берунии худ замоне яке аз биноҳои зебои шаҳраки Файзобод ба ҳисоб мерафт. Имрӯз дар ин бино бисёр бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ноҳия фаъолият доранд. Яъне зиёиёни пешқадам сари вазифаанду дар таблиғи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои худ сарикоранд. Зеро ҳамарӯза садҳо корафтодаҳо бо умед вориди ин бино мешаванд. Аммо аз қадами нахустин боварии эшон нахоҳад омад, ки ба идораи давлатӣ ворид шудаанд. Зеро ба ҷуз шиносномаи паси дарҳо дигар нишоне аз овезаҳои таблиғотӣ мавҷуд нест. Мутаассуф, дар се ошёнаи ин бино танҳо се овеза ба чашми мо расид. Дуи аввал дар долони даромадгоҳи ошёнаи якум, ки, ростӣ, бо чунин ҳаҷму чунин сифат ҷойи онҳо бинои давлатӣ нест ва сеюмӣ дар ошёнаи дуюм, даромадгоҳи шуъбаи маориф. Овезаи мазкур воқеан ҳам сифату маънии баланд дошта, бори дигар аз аҳмияти воситаҳои таблиғотӣ ва чи гуна фаъолият доштани ин идораҳо сухан мегӯяд.
Ҳеҷ боварии кас намеояд, ки беш аз бист идораҳои инҷо фаъолиятдошта сухани гуфтанӣ, дастовардҳои диданӣ ва ё гӯшаҳои таблиғотӣ надошта бошанд, то корафтодаҳои дар навбатбуда лаҳзае аз онҳо иттилое барои худ гиранд.
Деворҳои урёни ин бино мақоли «номи калону шаҳри вайрон»-ро ба ёд меорад. Магар вақти он нарасидааст, ки роҳбарони бахшу шуъбаҳои бинои мазкур муносибати хешро дар ин самт таъғйир диҳанд.
Ҳамчунин гулгашти назди ин бино, ки замоне ороиши сарсабз дошту кас лаҳзае назди он нишастану ҳаловат бурданро ҳавас мекард, ба ҳоли худ гузошта шудааст. Ҳамагӣ ҳафтае пештар, каме ин гулгашти фаромӯшшударо ба тартиб дароварданд. Агар бо навбат кормандони ин идораҳо инҷо дастҷамъона кор мекарданд, он ба гулистони ҳақиқӣ табдил меёфт. Барои ин танҳо ҳавасу дарки масъулияти вазифадорӣ лозим асту бас!
"НФ".