ВОКУНИШ
ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР
- Подробности
- Опубликовано 23.10.2015 10:30
“Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, тероризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муарифӣ набояд кард” иброз намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони милали муттаҳид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ягона сиёсатмадоре мебошанд, ки дини мубини Ислом ва мусулмононро аз терроризму экстремизм орӣ ва беолоиш дониста, бо дифоъ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид борҳо матраҳ намудаанд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини Ислом анҷом дода мешавад. Омили асосие, ки боиси бештар гаравидани ҷавонон дар шароити имрӯза гаштааст ин шабакаҳои интернетӣ мебошад, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муайян барои мағзшӯии ҷавонони камогоҳу камсавод роҳандозӣ мешавад. Муттаасифона, шоҳиди он мегардем, ки гурӯҳе аз соҳибназарон ва ходимони дин иштироки баъзе аз ҷавонон дар низоъҳои мазҳабиро як василаи худкушӣ медонанд. Ба назари эшон ин зумра ноогоҳона вориди майдонҳо гардида мусулмонони дигарро ба қатл мерасонанд ва ҷони худро низ дар ин роҳ талаф медиҳанд. Тибқи иттилои расмӣ зиёда аз 300 ҷавони тоҷик дар ин майдонҳо қарор доранд ва ҷавонони кишварҳои мусулмониро бо баҳонаи “ҷиҳод” фирефта намуда, дар асл ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ месозанд. Аз наворҳое, ки онҳо дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет ҷой додаанд, бармеояд, ки мақсад аз иштирок дар низоъҳои Сурия, ин “ҷиҳод” дар роҳи Худост. Аммо чӣ гуна ҷиҳод? Магар рехтани хуни як мусулмони дигар ҷиҳод аст? Дар кишваре, ки зиёда аз 95 фоизи он мусулмон аст, пас ин “муҷоҳидон” бар муқобили кӣ ҷиҳод мекунанд? Зеро Худованд дар Қурони карим дар ояти 10-уми сураи “Ҳуҷурот” мефармояд:
“Ҷуз ин нест, ки мӯъминон бародари якдигаранд пас миёни бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад” .
Пайвастан ба гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва муқобили дигар мусулмонон ба даст силоҳ гирифтан навъе аз худкушист. Худкӯшие, ки назди Парвардигор наҳйи шудааст ва Худованд шахси худкушро ҳаргиз дӯст надорад. Аз ин рӯ дар сураи “Бақара” ояти 195 чунин ҳушдор медиҳад:
"Ва хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маяфканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо накӯкоронро дӯст медорад".
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб, ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки онҳо натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Намояндагони равияҳои тундгаро аз камсаводии онҳо истифода намуда, эшонро ба равияҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеа, ки ба тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистон бетараф нест, вазифадор аст, ки ба ободии кишвар, тинҷию оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремист, ки номи поки исломро олуда мекунад, бетараф набошад. Сарбаландии миллат, тараққӣ ва рушди тамоми соҳаи ҳаёт бар дӯши ҷавонони бофарҳанг буда, онҳо монанди аскаре ҳастанд, ки дар эҳёи саноат, зироату тиҷорат ва тамоми падидаҳои пешбарандаи ҳаёти халқ дастони моҳиру ақлҳои ихтироъкори онҳо хеле зарур мебошад. Пас, бояд ба тарбияву таълими неки фарзандон аҳмият дод ва онҳоро бо илми фоидаовар ва амали хуб мусаллаҳ намуд.
С. Воҳидов,мудири бахш
оид ба корҳои дин, танзими анъана
ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатиии ноҳия.