ВОКУНИШ
КАМБУДИҲО ҶОЙ ДОРАД
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2015 15:03
КВД-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ба маълумоти шумо мерасонад, ки маводи танқидии «Ҳафтчашма куҷо равон аст?» таҳти № 23 аз 27.07.2015-ро дар маҷлиси васеи назди роҳбари корхона муҳокима намуда, фаврӣ аз пайи ислоҳи камбудиҳо шудем. Рӯзи дигар бо роҳбарии сарвари корхона Розиқов М. гурӯҳи 28-нафара аз ҳисоби коргарони идора бо техника ва маводҳои зарурӣ ба саргаҳи оби «Ҳафтчашма» омадем. Ҳавзҳои сарчашма аз қуму рег пурра тоза карда шуда, 10 нуқтаи садамавӣ, ки солҳои тӯлонӣ рӯйи таъмирро надида буданд, пурра бетонпӯш карда шуданд. Ҳамчунин дар хатти оби Ҳафтчашма зиёда аз 15 нуқтаи ғайриқонунӣ, ки аз он заминҳои кишоварзӣ обёрӣ мешуд, маҳкам шуданд ва рӯйхати шахсони воқеӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод гардид.
Бояд қайд кард, ки давоми 10 соли охир як хатти қубури обгузари Ҳафтчашма дар мавзеи Карсанг маҳкам шуда будааст. Меҳнати хуби кормандони идораи коммуналӣ буд, ки ҷойи маҳкамшударо ёфтаву роҳи об кушода шуд. Агар пеш обанбори ноҳия дар давоми 8-10 соат аз об пур мешуд, акнун дар давоми 4 соат обанбор пур мешавад. Ин имкон зиёд кардани соатҳои истифодаи обро муҳайё кард. Айни ҳол норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳрак қисман бартараф шудааст. Чанд рӯз пеш хатти оби «Чува»-ро, ки таъмирталаб буд, дуруст намудем. Ин ба зиёдшавии оби нӯшокӣ мусоидат кард. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз кормандони нашрияи «Набзи Файзобод» эҳтиромона хоҳиш дорад, ки ба воситаи нашрия дар бораи истифодаи босамари об ва бо ҷумакҳо таъмин намудани нуқтаҳои обгирӣ ба мо кӯмак намоянд. Об ин ҳаёт аст. Бояд ҳар як сокини шаҳрак дар истифодаи сарфакоронаи оби нӯшокӣ саҳм дошта бошад.
Розиқов М, директори КВД «ХМК»-и ноҳия.