ВОКУНИШ
АРЗИ МИННАТДОРӢ
- Подробности
- Опубликовано 28.04.2016 22:05
Борони сим-сим оҳиста-оҳиста шиддат гирифту баъди андаке ба жола мубаддал гашт.Ҷӯйю роҳравҳо пур аз об гаштанд. Дар дарёчаи Лояк сел омаду кӯпруки деҳаи Нодириро дар як мижа задан ба коми худ фурӯ бурд.
Ин кӯпрук барои деҳа ҳамчун обу ҳаво зарур буд. Аз ин рӯ кумитаи маҳалла маслиҳат намуда ба хулосае омаданд, ки оқибати офати табииро бартараф намуда, кӯпрукро барқарор кунанд. Зеро рафту омади сокинон ба он тарафи деҳа қатъ гаштаву гузаштан аз болои он хеле хайфнок буд.
Бо дастгирии аҳли деҳа сохтмони кӯпруки нав шурӯъ шуд. Дар як муддати кӯтоҳ навбати якуми сохтмони пул бо дарозии 16 метр ба анҷом расид. Мебоист боз 8 метри дигар онро давом дод. Аз набудани масолеҳи зарурӣсохтмон муддате қатъ гардид. Сокинони деҳа барои кӯмак ба шахси дасткушоду саховатманд Акбар Ҳакимов муроҷиат намуданд. Акбар Ҳакимов хоҳиши аҳли деҳаро хуш пазируфт.
Инак сохтмони пул дар арафаи анҷомёбист. Аҳли деҳаи Нодирӣ аз мадади саховатмандон Акбар Ҳакимов, Зафар Ҳакимов ва Саид Саидов аз онҳо миннатдоранд.
Сокинони деҳа ба истифода додани кӯпруки навро туҳфаи арзанда ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Ҳоҷӣ Шамсуллои Солеҳ,
раиси маҳалла.