ХАБАРҲО
КӮМАК БА ЯТИМХОНА
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 13:05
Соҳибкор Давлатбек Қарчиев мақсад гузошт, ки дар ростои нимпайкараи шоир ва гӯрғӯлисарои машҳур Ҳикмат Ризо барои ободии ин мавзеъ маркази савдо, ошхонаю чойхона, мағозаи китоб, дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаммоми замонавиро сохта мавриди истифодаи мардум қарор диҳад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо суръат ҷараён дорад. Давлатбек Қарчиев ният дорад, ки дар арафаи 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои мазкурро бо ҳамаи шароитҳояш ба истифода диҳад. Ҳамчунин баробари ба истифода додани иншоот ду атрофи роҳрави он асфалтпӯшу гулпӯш карда мешавад.
ДАРАХТШИНОНӢ ОҒОЗ ШУД
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 12:28
Бо омади фасли тирамоҳ дар ноҳия ба маъракаи дарахтшинонӣ шуруъ мекунанд. Тибқи дастури раиси ноҳия пеш аз ҳама талу теппаҳои атрофи шоҳроҳи Душанбе-Рашт ҳамвор шуда истодааст, ки дар навбати аввал дар ин қитъаҳо дарахтони ҳамеша сабз шинондаву атрофи онро маҳкам мегардад. Дурнамои бунёди боғҳои нав низ барои соли оянда аз ҷониби раёсати кишоварзии ноҳия омода шудааст.
ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНД
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:53
Дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии кишварамон чорабиниҳои идона ва мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншоот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардид.
Дар расми кушодашавии аксари иншооти ҷашнӣ раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ ширкат намуда, сокинони деҳотро ба Рӯзи Истқлолияти давлатӣ муборакбод гуфт.
КӮПРУКИ ХӮҶАМАРД - ТУҲФА БА ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯ
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 12:26
Дар деҳаи Хӯҷамард арафаи иди Конститутсияи мамлакат ду кӯпрук мавриди истифодаи сокинони деҳа қарор дода шуд. Баҳори соли ҷорӣ дар натиҷаи омадани сел кӯпрукҳои деҳа корношоям шуданд. Мактаббачаҳо имкони мактаб рафтанро надоштанд. Кумитаи маҳаллаи деҳа таъҷилӣ рафтуомади мактабиёнро тавассути кӯпруки муваққатӣ ташкил намудаву дар фикри бунёди кӯпруки нав шуданд. Кори дастҷамъонаи мардум самараи нек дод.
ВОХӮРИИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:49
Дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар муассисаи Шабакаҳои барқи ноҳия бо иштироки Асрориддин Соҳибов, сардори Хадамоти энергетикии мудофиаи граждании Шабакаҳои барқи марказӣ, Нуриддинов Мақсуд сардори Хадамоти таъмири таҷҳизотҳои барқии хизматрасонии хатҳои кабелии “Барқи тоҷик” вохӯрӣ баргузор гардид.
Асрориддин Соҳибов оид ба дастовардҳои шабакаҳои барқи марказӣ ва комёбию пешравиҳо дар даврони Истиқлолият назди ҳозирин сухан гуфт.
«НФ».
СИПОСГУЗОРИИ ҶАВОНОН АЗ РАИС
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 12:21
Ҷавонони шаҳраки Лолагӣ солҳо орзуи ташкили майдончаи варзиширо доштанд. Онҳо чанд маротиба барои ҷудо намудани қитъаи замин ба идораҳои дахлдор муроҷиат карда бошанд ҳам, дастгирӣ наёфтанд. Имсол бо аризаи дастҷамъона ҷавонон аз раиси ноҳия муҳтарам Раҷабзода Миралӣ дархост намуданд, ки дар ин кор онҳоро дастгирӣ кунад. Хоҳиши ҷавононро раис пазируфта, як қитъаи заминро барои сохтани майдончаи варзишӣ дар шаҳраки Лолагӣ иҷозат дод.
МАШВАРАТ ДАР КАРСАНГ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:40
Дар пойгоҳи институти хокшиносии АИКТ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” машварати минтақавӣ дар мавзӯи “Усулҳои пешгирии таназзулёбии нишебизаминҳо” баргузор гашт. Ҳадаф аз баргузории ин машварат дар алоқа бо арзишҳои илмӣ таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва пешниҳодҳо оид ба усулҳои ҷадиди баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо баҳри ташаккул додани маърифати истифодабарии самаранокии замин мебошад. Ин омили коргузорӣ ба мо имкон медиҳад, ки минбаъд дар ҳудуди кишварамон амнияти бехатарии озуқавориро таъмин намоем. Дар машварати мазкур баробари олимону коршиносон инчунин Раёсати кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат доштанд.
Ҳасан АСОЕВ.
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ МЕВЛЮТ ЧОВУШОҒЛӢ
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 12:02
Дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
ЧОРГОНИКХО –ФАЙЗИ ҚУДУМИ САРВАРИ ДАВЛАТ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:33
Арафаи ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабаре дар ҷумҳурӣ паҳн гардид, ки пеш аз ҳама боиси хурсандии мо, мардуми диёр гардид. Санаи 24 август дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе сокини деҳаи Даштимарзо Шаҳодатхон Нуралиева якбора чор тифл - ду духтару ду писар таваллуд кард. Аз ин пеш ин оила соҳиби ду духтарчаи дӯстрӯяк - Раҳмияю Шукрона буданд. Мардуми деҳа тавлиди чоргоникҳоро файзи қудуми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки ду сол пеш ба деҳаи онҳо омадаю ба хонадони ҳар як сокини он файзу баракат, хушрӯзию пирӯзӣ, барору комёбӣ таманно намуда буд.