Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНД

Дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии  кишварамон чорабиниҳои идона ва мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншоот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  доир гардид.

Дар расми кушодашавии  аксари  иншооти ҷашнӣ раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ ширкат намуда, сокинони деҳотро ба Рӯзи Истқлолияти давлатӣ муборакбод гуфт.

ХХХ

Дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Чашмасор  меҳмонхонаи хуштарҳу замонавии  соҳибкор Мансур Ҳаётов  дар шафати  шоҳроҳи Душанбе-Лахш ба истифода дода шуд. Соҳибкор М. Ҳаётов  ҳамчунин  хатнасури 50 нафар  писарбачаҳоро аз оилаҳои камбизоати ноҳия дар сатҳи баланд доир кард.

ХХХ

Дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт  бинои  сехи дӯзандагӣ ва толори   варзишӣ, ки бо иқдоми сархатиби ноҳия  Носирхӯҷа Раҳимов бунёд шудааст, мавриди истифодаи  ҳамдеҳагон қарор гирифт, ки ин ҷо беш аз 10 нафар  бонувони    деҳа соҳиби  ҷои кори доимӣ хоҳанд шуд.

ХХХ

Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии рақами 24   нимпайкараи  Исмоилҷон Пиров, ки  ҳангоми амали террористии генерали хиёнаткор  Ҳалим Назаров қаҳрамонона ҳалок гардида буд, гузошта шуд. Исмоилҷон шогирди мактаби мазкур буда, устодону ҳаммактабиён  аз корнамоии ӯ ифтихор доранд. Соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз маҳз бо ҷонисориҳои чунин қаҳрамонон моро насиб гаштааст.

ХХХ

Дар даромадгоҳи шаҳраки Файзобод рамзи   Нишони давлатии ҷумҳурӣ гузошта шуд. Он бисёр зебову диққатҷалбкунанда буда, таваҷҷуҳи меҳмонону роҳгузаронро  ба худ ҷалб менамояд.

ХХХ

Дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон   ҳафт иншооти ҷашнӣ мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифт.  Мавриди зикр аст, ки аз ҳафт иншоот чортои он: майдончаи варзишии волейбол, мағозаи молҳои ниёзи мардум ва сехи дӯзандагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва оби нӯшокӣ дар деҳаи Чилчашма ба истифода дода шуд.