Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

КӮПРУКИ ХӮҶАМАРД - ТУҲФА БА ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯ

КӮПРУКИ ХӮҶАМАРД - ТУҲФА БА ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯДар деҳаи Хӯҷамард арафаи иди  Конститутсияи  мамлакат ду кӯпрук мавриди истифодаи сокинони деҳа  қарор дода шуд. Баҳори  соли ҷорӣ дар натиҷаи омадани сел кӯпрукҳои деҳа  корношоям шуданд. Мактаббачаҳо имкони мактаб рафтанро надоштанд. Кумитаи маҳаллаи деҳа таъҷилӣ рафтуомади мактабиёнро тавассути кӯпруки муваққатӣ ташкил намудаву дар фикри  бунёди  кӯпруки нав шуданд. Кори дастҷамъонаи мардум самараи нек дод.

Кӯпруки нав аз болои  дарёчаи Обисангбур бо маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд шуд. Дарозии кӯпрук 24 метр аст. Кӯпруки дуюм, ки 13 метр дарозӣ дорад, ду маҳали деҳаро ба ҳам мепайвандад. Аҳолии деҳа бо маслиҳат кӯпруки дуюмиро низ  аз нав сохтанд.

-Албатта имрӯз хурсандии мардумро ҳаду канор нест, зеро тифоқии мардум имкон дод, ки дар якҷоягӣ зарари расонидаи офати табииро бартараф намуда, дилпурона фарзандонамонро ба мактаб гусел намоем, - қаноатмандона мегӯяд раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Хӯҷамард   Ҳанон Мирзоев.

Чи тавре аз суҳбат бо раиси  Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳонбек Боев  огоҳӣ ёфтем, воқеан ҳам, соли ҷорӣ барои  мардуми деҳаи мазкур соли бунёдкориҳо ба ҳисоб меравад. Онҳо ду километр  роҳи навро тахту ҳамвор ва сангфарш намуда, имкони ба шоҳроҳ бе мамониат баромаданро таъмин карданд. Ҳамчунин  сохтмони толори варзиширо  ба анҷом расонида барои машқу тамрини  ҷавонони деҳа ҳамаи шароитҳоро муҳайё сохтаанд, ки ҷавонону наврасон аз ин иқдом қаноатманд мебошанд.

Воқеан ҳам, дуруст мегӯянд, ки «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад». Ҳиммати баланди сокинони деҳаи Хӯҷамард ва сарҷамъию тифоқии онҳо  боис  шудааст, ки деҳа рӯз аз рӯз ободу  рӯзгори мардумонаш осуда гардад.

 «НФ».