ХАБАРҲО
ДӮСТӢ МОРО БА ПИРӮЗӢ РАСОНД
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:46
Баробари шунидани калимаи “ҷанг” вайрониву даҳшат, қурбониву валангории шаҳру деҳот, бепарастор мондани тифлон пеши назар ҷилвагар мешавад.
Инсонҳо борҳо бо ин фоҷиа рӯ ба рӯ шуда, шикасти азиме дидаанд. Даҳҳо шаҳру деҳот ба иллати оташи ҷанг комилан маҳв гардидаанд. Ҳазорон нафар мардон ва ҷавонон қурбонии ин фоҷиа гаштаанд. 22 июни соли 1941 армияи Германияи фашистӣ аҳдшиканона, бе эълони ҷанг ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Навобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби қувваи техникии ҷангӣ ба мардуми шарафманду бономуси Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбанд. Сабаби асосии пирӯзӣ дар ҷанг дӯстиву бародарии халқҳои мухталифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
КИШТИ КАРТОШКА СУСТ ҶАРАЁН ДОРАД
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:27
Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сайдалӣ Шамсов аз рафти кишти картошка дар ноҳия нигаронӣ карда таъкид дошт, ки то имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ноҳия 220 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда хеле кам аст.
АМАЛИЁТИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ
- Подробности
- Опубликовано 28.04.2016 21:52
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и ноҳия рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, полковник Каримҷон Ашӯров, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Баҳриддин Холиқов, мудири шуъбаи маориф Файзулло Наҷмиддинов ва устодону шогирдони таълимгоҳи мазкур иштирок намуданд.
ОМОДАГӢ БА РАЪЙПУРСӢ
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:14
Участкаи раъйдиҳии Устошамс рақами 5 ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор
мегардад, тайёрии хуб дидаанд.
Дар участкаи раъйдиҳӣ рӯйхати навбатдорон, раъйдиҳандагон, кабинаҳои овоздиҳӣ, сандуқи раъйдиҳӣ ва тамоми таҷҳизоти лозима пурра омодаанд.
ИҶРОИ ҲАМАИ НАҚШАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ- ТУҲФА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
- Подробности
- Опубликовано 28.04.2016 20:52
Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия, ки рӯзи 18 апрели соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар семоҳаи аввали соли 2016 мавриди таҳлил қарор дод. Муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А. ва муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва Раҷабзода С.Б. дастоварду камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тайи ин муддат ба даст омадаро (Гузоришҳо дар ҳамин шумора дар шакли мухтасар чоп гардидаааст) ҳамаҷониба муҳокима намуда, асосан атрофи камбудиҳо ва роҳҳои ислоҳи онҳо сухан гуфтанд.
ТУҲФА БА СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 15:54
Дар арафаи таҷлили ҷашни 71-солагии Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 8 нафар иштирокчиёни ҶВБ-и ноҳия - Аҳмад Бердиев, Аҳмад Қурбонов, Зоир Тоиров, Абдӣ Комилов, Маҳмадлоиқ Сафаров, Ятим Табаров, Маҳмадалӣ Табаров ва Шариф Содиқов дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонигӣ расонда шуд.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 28.04.2016 20:44
Рӯзи 11 апрели соли 2016 Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Қанғелӣ рақами 14 Азизов Абдулло котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Сафаров Рустам, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 39, Бӯриев Абӯбакр, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 21, Шарифова Мукаррама, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 11 интихоб гардиданд.
ВОХӮРИИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 15:50
Чанде пеш дар толори хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Меҳробод бо сокинони ҳудуди ҷамоат вохӯрии судманд атрофи баргузории раъйпурсӣ баргузор гардид.
КАШФИ ДАСТОНИ МОҲИР
- Подробности
- Опубликовано 14.04.2016 15:39
Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Дастони моҳир” доир гардид. Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани ҷаҳонбинии маънавию фарҳангӣ, дарки зебоипарастии кӯдакону наврасон, ҳамчунин дарёфт ва ҳавасманд намудани ҳунармандони навраси боистеъдод буд.