ХАБАРҲО
ОМОДАГӢ БА РАЪЙПУРСӢ
- Подробности
- Опубликовано 10.05.2016 16:14
Участкаи раъйдиҳии Устошамс рақами 5 ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор
мегардад, тайёрии хуб дидаанд.
Дар участкаи раъйдиҳӣ рӯйхати навбатдорон, раъйдиҳандагон, кабинаҳои овоздиҳӣ, сандуқи раъйдиҳӣ ва тамоми таҷҳизоти лозима пурра омодаанд.
Раиси участкаи раъйдиҳӣ Нисо Шукурова зимни суҳбат ба мо гуфт, ки 1596 нафар раъйдиҳанда, аз он ҷумла 32 нафар бори аввал, сабти ном шудаанд.
Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 Ҳ.Ёров, М.Маҳмадиева, М.Каримов ва Д. Қосимова ба раъйдиҳандагон вохӯриҳо намуда, моҳият ва зарурияти пеш омадани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мефаҳмонанд.
С. Ҳоҷӣ.