Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

АМАЛИЁТИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и ноҳия рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, полковник Каримҷон Ашӯров, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Баҳриддин Холиқов, мудири шуъбаи маориф Файзулло Наҷмиддинов ва устодону шогирдони таълимгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Директори муассиса Ф.Ҳалимов ҷамъомадро ифтитоҳ бахшид. Баъдан бо сардории ситоди ҳолатҳои мудофияи граждании муассиса Ф.Ҳалимов  гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ба амалиёт шурӯъ карданд. Дар амалиёти наҷотдиҳӣ 7 гурӯҳ иштирок намуда аз иҷрои амалиёт ба хубӣ баромаданд. 

Саидмурод ЮСУФОВ,

омӯзгори МТМУ-ии рақами 59