ХАБАРҲО
ҶАВОНОН СОЗАНДААНД АГАР ҲАМРОҲАШОН БОШЕМ
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2014 11:16
Зери ин мафҳум шоми 13-уми декабр дар чойхонаи миллии ноҳия ҷавонони диёр гирд омада буданд. Бояд гуфт, ки ин маротибаи дуюм аст, ки ба хотири рушду инкишофи диёр ва саҳми ҷавонон дар созандагиву бунёдкории ноҳия маҳфили «Шоми ҷавонӣ»-ро бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор менамояд.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2014 11:14
12 декабри соли 2014 Иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия иштирок доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд.
ПАХТАОБИ ПЕШ АЗ МАРГ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 22:31
Фасли баҳор аз рафти маъракаи ниҳолшинонии ноҳия шарҳи муфассале дар шумораи №11-уми нашрия зери унвони «Сарсабзии диёр-мароми ҳамагон» ба чоп дода будем. Он шабу рӯз (10 апрели соли ҷорӣ дар назар аст-С.Р) дар ноҳия 61 ҳазору 917 ниҳоли дарахтони гуногун шинонда буданд. Он рӯзҳо ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бо сабаби сардии ҳаво ва об нашудани барфи зимистон дар ин маърака иштирок надоштанд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ:
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2014 11:11
Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод
Мутобиқи моддаи 7, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва пешниҳоди раиси ноҳия аз 12 декабри соли 2014, №272 Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод
ТАЪИНОТ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 22:04
1. Бо қарори раиси ноҳия аз 18.08.2014, №671 Насриддинов Сафомуддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин шуд.
2. Бо амрҳои раиси ноҳия Холиқов Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Абдулҳаев Маҳмадлатиф сармутахассиси ҳамин шуъба таъин гардиданд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ
- Подробности
- Опубликовано 18.12.2014 11:06
Дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод
Мутобиқи моддаи 10, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва пешниҳоди раиси ноҳия аз 12 декабри соли 2014, №273 Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод
КАДРҲОИ НАВ САРИ КОР ОМАДАНД
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 22:03
Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Каримиён Имомназар, ки рӯзи 18 август доир гардид, сараввал масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Каримиён Имомназар қарорҳои раиси ноҳия аз 18.08.2014, №671 ва 670 дар бораи иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин намудани Насриддинов Сафомуддин ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъин гардидани Восеев Шаъбон, амрҳои раиси ноҳия дар бораи таъин шудани Холиқов Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Абдулҳаев Маҳмадлатиф сармутахассиси ҳамин шуъба, ҳамчунин қарори ҷамоати деҳоти Чашмасор аз рӯзи 16 августи соли 2014 оид ба раиси ҷамоати мазкур интихоб шудани Амонатов Фатҳиддин ва фармони директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сардори шуъбаи ноҳиявии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин кардани Ҷалилов Раҷабалиро ба диққати ҳозирин расонида, ба онҳо баҳри фаъолияти босамар дар сохторҳои давлатӣ барор хост.
ЯРМАРКАҲОИ МАКТАБӢ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 22:42
Бо наздик омадани соли нави хониш раиси ноҳия Каримиён Имомназар роҳбарияти ҷамъияти матлубот ва ҳамаи тоҷирону соҳибкоронро вазифадор намуд, ки барои осон намудани мушкилии падару модарон дар ин фасли гармо барои фарзандони мактабхони онҳо сару либоси мактабӣ ва ашёву ҷиҳози хониши босифат омода намоянд. Масъулин пайи ин супориш дар ҳамаи нуқтаҳои савдои нохия ин амалро хуб ба роҳ монда, хамчунин дар маркази ҷамоатҳо ва ҷамоати шаҳраки Файзобод нуқтаҳои калони ярмаркаи мактаббачаҳоро ташкил намуданд.
ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН БАРОИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2014 20:43
Сешанбеи ҳамин ҳафтаро сокинони деҳаҳои Қанғелї ва Кенҷаобод бо лаҳзаҳои хурсандиовар дар шумори рӯзҳои хотирмону фаромӯшнопазири хеш қарор доданд. Ба деҳаи аввалӣ агар аз масофаи хеле дур оби нушокӣ оварда бошанд, дар деҳаи дигар ба бунёди мактаби ибтидоӣ хишти аввал гузошта шуд.